! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

05 марта, 2011

Wellcome, Сурайёи Ҳаким! / خوش آمدی، ثریای حکیم

Боз як нафари дигар ба сафи веблогнависон, ё беҳтараш веблогдорони тоҷик, пайваст. Ин ҳам Сурайёи Ҳаким аст, ки бо шеъру таронаву нақдҳои худ ба майдон омадааст ва умед дорам, кӯлбораш ҳамеша пур аз хонданиҳо хоҳад буд. Сурайё феълан дар Хуҷанд зиндагӣ ва дар идораи нашрияи "Ҳақиқати Суғд" кор мекунад.

Замоне ки ман бори аввал донишҷӯ шудам, ӯ чор сол болотар аз мо таҳсил мекард ва пас аз хатми донишгоҳ дар шӯъбаи журналистикаи факултаи суханшиносии донишгоҳи Хуҷанд ба фаъолият пардохт.

Аз он замон то кунун бо ӯ сӯҳбати рӯбарӯ надоштаам, вале интернет аст, ки паёми моро ба дӯстон ва паёми дӯстонро ба мо мерасонад. Аз омаданат ба майдони веблогнависии тоҷик хушҳолам, Сурайё!

Дӯстони азиз, шумо ҳам ба дунёи Сурайёи Ҳаким ворид шавед ва аз навиштаҳои ширини ӯ огоҳ шавед.

ЯК АРМУҒОН АЗ САФҲАИ СУРАЙЁ:


Зиндагиро
Ишқи ту маънист
Медонӣ???
Буданамро буданат ҳастист
Медонӣ???
На, намедонӣ!!!
Ту бехабарӣ
Ва дарди ишқро дар вуҷудат, ки боварро холист
сабз накардаӣ.
Кош, ошиқ шавӣ!!!
Ва сӯзиши ҷонро
Дар оташи танҳоӣ
Андар биёбони ҳасрат
Зери дарахти хушкидаи умед
Эҳсос кунӣ…
Кош, ошиқ шавӣ!!!
Ва
онгаҳ дарди маро донӣ.
Бубахш,
дуоямро!!!

Комментариев нет:

Отправить комментарий