! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

12 января, 2011

Чаро эҷодиёти Шайдои Хуҷандӣ таҳқиқ нашудааст? / چرا آثار «شیدای خجندی» تحقیق نشده است؟

http://cm-1tj.com/
Эшони Шайдо ва ё Шайдои Хуҷандӣ яке аз шоирони барҷастаи асри 17 ва 18 ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд дар даврони худ шоир маъруфияти зиёд дошт, вале дар адабиёти тоҷик як шахсияти ношинохта боқӣ мондааст. 


Ғазалҳои шоир асосан ҷанбаи мазҳабию ирфонӣ дорад. Яке аз сабабҳои дар даврони советӣ таҳқиқ нашудани осору эҷодиёти Эшони Шайдоро адабиётшиносон ба ҳамин вобаста медонанд.

Баъди солҳои тӯлонӣ аввалин шуда дар мавзӯӣ «Шайдои Хуҷандӣ ва аҳволу осори ӯ» дар назди Шӯроӣ дифои рисолаҳои илмии ДДХ рисолаи илмӣ навишта шуд. 

Унвонҷӯи донишгоҳ Мавлуда Неъматова таҳти роҳбарии профессор Абдуманнон Насриддинов рисолаи илмии худро дар ҳамин мавзӯъ ҳимоя кард.Ӯ мегӯяд, ки асрҳои 17-18 аз ҷониби адабиётшиносони шӯравӣ он қадар таҳқиқу омӯхта нашудааст.

Шайдои Хуҷандӣ низ яке аз шоироне мебошад, ки туфайли эҷодиёти ирфонӣ шахсият ва осораш ношинохта монданд. Ин дар ҳолест, ки эҷодиёти шоир аз 6000 байт иборат аст. 

То ин дам ҳарчанд баъзе аз муҳаққиқон ба Шайдои Хуҷандӣ ишораҳо карда буданд, вале рисолаи илмӣ навишта шуда набуд. Аъзоёни комиссия якдилона ба рисолаи илмӣ баҳои сазовор дода гирифтани унвони илмиро ба муаллифаш сазовор донистанд. Акнун Мавлуда Неъматова тасмим дорад 550-ғазали шоирро бо хаттӣ кириллӣ нашр намояд.

Ӯ барои навиштани ин рисола аз соли 2004-ум инҷониб дастхату маълумотҳои вобаста ба Шайдои Хуҷандиро гирдоварӣ кардааст. Зеро аксарияти дастхатҳо ба хориҷа рафтанд ва боқи монда ҳам он қадар омӯхта нашудаанд. 

Ҳоло дар маҳаллае, ки Эшони Шайдо умр ба сар мебурд, чанде аз ворисонаш зиндагӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки Шайдои Хуҷандӣ ба ғайр аз шоири эшонӣ маъруф низ будааст. Аз Эшони Шайдо ба ғайр аз осори адабӣ дарахти туте низ мерос мондааст, ки онро бахосият медонанд. 

Бино ба ривоятҳо дарахтро худи эшон шинонидааст ва мардум ба он эҳтиром меварзанд. Дарахт ҳоло 7,5 метр ғафсӣ дорад. Эшони Шайдоро дар дохили масҷиди шайх Маслиҳаддин дафн карда буданд. Вале чанд сол пеш бо таъғир ёфтани шакли меъмории масҷид қабристон аз байн гирифта шуд. Ҷисми Эшони Шайдо низ дар қабристони дигар мадфун шуд.

Хуҷанд, «СМ-1» /Бобоҷон Қурбонов/.

Комментариев нет:

Отправить комментарий