! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

26 декабря, 2010

Мухтор Боқизода: Соле, ки озодии баёнро "футбол" карданд!

Мухтор Боқизода
Соле, ки мардумро бо ҳар роҳ фиребид!
Соле, ки дар ҳар ҳар қадам хушомад гуфтем!
Соле, ки нархҳо ба осмон дакка хӯрд!
Соле, ки қонунҳои ҷумҳурӣ амал накарданд!
Соле, ки ҷилави Озодии суханро кашиданд! 

Соле, ки Тоҷикистонро чун тӯби футбол аз як

дарвоза ба дарвозаи дигар ҳаво доданд!

Соле, ки умеди орзуи мардумро ба ҳукми нестӣ бурд!

Соле, ки беқудратии мақомоти қудратиро нишон дод!

Соле, ки хиёнат ва риёкорӣ боло гирифт!

Соле, ки Роғун кисаҳои баъзеҳоро пур карду оҳ

аз дили дардманди дигарон баровард!

Соле, ки маорифу тиббу маърифат хор гашт!

Соле, ки зиндониён фирор карданду ноком гаштанд!

Соле, ки ҳизбҳо хомӯшӣ ихтиёр карданду хок

ба чашми ҷомеа пошиданд!

Соле, ки ду фарзонамарди миллат Шириншо Шотемуров ва

Нусратулло Махсумов унвони қаҳрамони миллиро

гирифтанд!

Соле, ки ҳукумати Тоҷикистон каме ҳам бошад тавонист дар

қиболи бозиҳои сиёсии ҷаҳон истодагарӣ кунад!

Соле, ки рӯзномаи «Имрӯз news» ба майдони матбуоти тоҷик ворид шуд!

Соле, ки «Шӯрои ВАО-и ҷТ»тавлид шуд!

Соле, ки ҳафтаномаҳои «Фараж», «Пайкон» дар нимароҳ

мондаву рӯи чоп наомаданд!

Соле, ки роҳи Худоро пулакӣ карданду эътирозҳои мардум

оид ба ин амал ба миён омад!

Соле, ки интихобот доир гардиду он чизе бештар аз такрори

интихоботҳои пешина набуд!

Соле, ки ба маблағи 6 миллиард сомонӣ саҳмия нашр шудааасту

лек фурӯши он ҳамагӣ 820 миллион сомониро ташкил дод!

Соле, ки зиёни боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар Узбакистон

ба мардуми тоҷик 1 миллиард долларро фаро гирифт.

Соле, ки 25 зиндонӣ фирор карданд (23-юми август), аввалин

таркиши худкушона Хуҷандро такон дод (3-юми сентябр),

таҳаввулот дар Камароб (19-уми сентябр) дар ин ҷо

ба корвони мошинҳои Вазорати дифоъ ҳамла шуд ва

25 нафар ба ҳалокат расид.

Се рӯз баъдаш амалиёти Рашт шурӯъ шуд!

Соле, ки Созмонҳои гуногуни байнулмилалӣ воқеияти Тоҷикистонро

дар соли 2010 тавре баҳо додаанд:

Бино бар раддабандии созмони "Хонаи озодӣ", Тоҷикистон кишвари ноозод боқӣ монда, аз лиҳози озодии матбуот як зина поён ва аз зовияи "Гузоришгарони бидуни марз" ду зина поён афтодааст. "Wall Street Jornal" ва бунёди "Мерос" дар раддабандии озодиҳои иқтисодӣ, Тоҷикистонро аз ҷои 122-юм ба 128-ум фуроварданд. "Foreign Policy" ва бунёди "Барои сулҳ" Тоҷикистонро дар байни 177 кишвари ноком дар ҷои 38-ум қарор дод. Пажӯҳишгоҳи "Экономист" аз рӯи шохиси демократия ба Тоҷикистон яке аз ҷойҳои охирин, 149-умро раво дид. Танҳо Бонки Ҷаҳонӣ аз лиҳози соҳибкорӣ пешрафти Тоҷикистонро аз ҷои 152 ба ҷои 139 ишора кардааст, ки ба коҳиши андоз ва низоми мавсум ба "равзанаи ягона" рабт дорад. Ва созмони Шаффофияти байнулмилал барои талошҳои ҳукумати Тоҷикистон зидди фасод онро дар раддабандии хеш ду зина боло қарор додааст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий