! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

27 декабря, 2010

2010: Соли "гусел"-и ситораҳо



Дар листи гузоришҳое, ки имсол барои Радиои Озодӣ таҳия кардам, беш аз ҳама сарлавҳаи “Маросими ба хоксупории…”-ро хоҳед дид.

Шахсан вақте чунин сарлавҳаҳоро дидам, ба ёди бузургоне афтодам, ки моро танҳо гузоштанду рафтанд.

Воқеан, хеле дардовар буд, ки бо ашки гирён устоди зиндаёд Муҳаммадшарифи Ҳимматзодаро дар аввалҳои соли 2001 ба хок супурдем.


Ҳамон рӯз аз субҳ то замони бурдан ба сари хок дар манзили устод будам ва дар як даст дастгоҳи аксбардорӣ доштаму дар дасти дигар дастгоҳи сабти овоз.

Он рӯз Муҳиддин Кабирӣ Муҳаммадшарифи Ҳимматзодаро яке аз сутунҳои Ҳизби наҳзати исломӣ номид, ки бо вуҷуди беморияш онҳоро роҳнамоӣ мекард, ба онҳо рӯҳ мебахшид.

Дар маросими ҷанозаи устод Эшони Нуриддин ва худораҳматии Шайх Амонуллоҳи Неъматзода ҳам иштирок доштанд.

Аммо ба ҷуз Сайфуло Сафаров ва Абдунабӣ Сатторзода касе аз идораҳои давлатӣ ба чашм намехӯрд.

Ҳатто нафаре аз ҳукумат ҳозир нашуд, ки биёяд ва даргузашти ӯро барои Ҳизби наҳзат таъзия гӯяд.
Ҷанозаи А.Неъматзода


Ҳарчӣ ҳам набошад, устод дар тарафе буд, ки бо ин ҳукумат созиш карду тавофуқномаи сулҳро имзо кард.

Гузашта аз ин, ҳукумати шаҳри Душанбе ҳам иҷоза надод, ки намози ҷанозаи устод Ҳимматзода дар берун аз масҷиди Имом Бухорӣ гузошта шавад.

Ин лаҳзаҳо гузаштанд.

Лекин Ҳимматзода дар ёдҳо боқӣ мондааст.

Ҳамчунин, имсол корвони суруди Зафари Нозим аз рафтан бозмонд.

Мо бо андӯҳи гарон ин устоди гиромиро, ки солҳо дар саҳна барои мо хондааст ва номи тоҷикро ба ҳар гӯша бурдааст, ба хок супоридем.

Дигар шояд чунин овозе мисли овози Зафари Нозим пайдо нашавад.

Ва ҳоло маълум нест, ки дигар Ёй сорбон, оҳиста ронро ба гӯши мо ки фораму дилнишин хоҳад хонд?


Ҷанозаи Р.Ҳодизода


Даргузашти Расул Ҳодизода ҳам барои мо набояд осон бошад.

Фарде, ки солҳои тӯлонӣ барои адабиёти мо заҳмат кашиду билахира моро партофту рафт.

Ҳамон рӯзи дафнаш ҳамагӣ уммедвор буданд, ки ӯро ба оромгоҳи Лучоб, ба канори бузургони миллат ҷо хоҳанд кард.

Лекин ӯро дар мазори Сари Осиё гӯрониданд.

Аҳли адаб, ки он рӯз бо дидаи гирён ба маросими дафни ӯ омода буданд, мегуфтанд, ки ҷоизаву рутбаҳои илмияш гӯё нарасиданд, ки ӯ ба оромгоҳи Лучоб роҳхат бигирад.

Аммо ҳисоб кунед, ки мо куҷову Расул Ҳодизода куҷо?

Шайх Амонуллоҳи Неъматзода, собиқ муфтии Тоҷикистон,ки дар замони зинда буданаш як шахсияти ҷанҷолӣ буд, низ имсол рафт.

Баъд аз рафтани ӯ Шӯрои уламои маркази исломиро тағйир доданд.

Чанд пиракие, ки аз мактаби Шайх Амонуллоҳи Неъматзода гузашта, дар ин шӯро кор мекарданд, баробари рафтани муфтӣ, онҳо низ рафтанд.

Барои мисол, Маъруфулло Раҳимов, ки аксарият гумон доштанд, ӯ ба унвони муфтӣ интихоб мешавад, ҳоло дар як масҷиди ҷомеи Файзобод имомхатиб аст.

Ҳарчӣ ҳам набуд, муффтӣ ҳам моро ба ҳоли худамон гузашту рафт. Муфтие, ки борҳо дар замони зинда буданаш дархости сӯҳбат кардам, вале ё дастнорас буд, ё фурсати сӯҳбат карданро надошт.

Вақте дар кохи ваҳдат раиси ҷумҳур бахшида ба Соли Имоми Аъзам бо рӯҳониён мулоқот карду муфтиро барои сурату либосҳояш мавриди таваҷҷӯҳи ҳама қарор дод, зиёд мехостам сӯҳбат кунам.

Вале ӯ аслан моили сӯҳбат набуд, ки ҳамчунон дастафшон рафт...


Ҷанозаи С.Сафарзод


Марги то ҳанӯз мармузи Сӯҳроби Сафарзод ҳам дардовар аст.

Ӯ ҷавон буд, бо таронаҳояш ба дили ҷавонон гармӣ мебахшид.

Бо рафтанаш дили ҳамаи моро хун кард.

Ба ин нигоҳ накарда, Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода болои тобути ӯ аз зарари маводди мухаддир сӯҳбат кард ва ҳамаро ба шумҳа андохт, ки воқаен Сӯҳроб аз истифодаи маводи мухаддир фавтидааст ва ё аз сактаи қалбӣ.

Бо ин вуҷуд, сӯҳроб як ҳунарманд буд ва ин ҳунараш, хоҳему нахоҳем, боқӣ хоҳад монд. Ҳадди ақал ҳамон сабки муинияш.
Ҷанозаи Н.Рауфова


Оҳ, имсол, чӣ соле буд, ки апаи Нигина ҳам моро партофту рафт.

Ба гуфтаи Саидқули Билол, Нигина дар шабе даргузашт, ки шаби гирифтани моҳ буд.

Бале, шаби гирифтани моҳ буд, ки моҳи моро аз осмони ҳунару мусиқии тоҷик бурд.

Акнун кӣ барои мо Аскарбачамеро хоҳад хонд?

Воқеан, соли 2010 соли рафтани ситораҳо буд. Ситораҳое, ки бо рафтани худ дили моро хуну осмонамонро ториктар мекунанд...

Комментариев нет:

Отправить комментарий