! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

26 декабря, 2010

"Чойхонаи Роҳат"-и Қодири Рустам: Достони Шарифмурод

Қодири Рустам,
адиби тоҷик

Ба ёди неки Шарифмурод Мелибой, Худо аз биҳишти аълояш ҷой бидиҳод!
Муҳаммадакбар занг зад, ки вақти наҳор биё ба чойхонаи «Роҳат», Исомиддину Шарифмурод омадаанд, камтар менишинем, ҳам хўрок мехурем, ҳам суҳбат мекунему ғубори дил мебарорем.

Пас аз чандин сол бори аввал буд, ки ба мо ҳамсинфон муяссар шуд, гирди як дастархон ҷамъ биёем. Аз ин дару он дар суҳбат кардем, гуфтему хандидем, ба ёд овардему ҳасрат хўрдем, гила кардему гузаштем. Аз ҷумла, Шарифмурод лаҳзае чанд ба чашмонам нигаристу сухане кудомеро бурид ва гила кард:
- Ҳар рўз дар газетаҳо дар бораи ину он менависӣ, ман шиш сол ҳамроҳат дар паси як парта нишастам, як ҷумла ҳам наменависӣ, ки Шарифмуроди Холзода гуфтанӣ ронанда ҳам ҳаст.
Муҳаммадакбар эътироз кард:
- О, ту ягон кори аҷиб кун, қаҳрамонӣ нишон деҳ, ки ин нависад, ҳеч кори ғайриоддӣ накарда бошӣ, корнамоӣ накарда бошӣ, чӣ гуфта нависадат!
Шарифмурод бо ҳайрат ба ману Муҳаммадакбар нигарист:
- Аз корнамоии ман хабар надоред! Исомиддин, ино шўхӣ мекунанд ё ростӣ, ки хабар надоранд! Қисса кун, аз барои Худо, фаҳманд, чи тавр ман ба ақиб ҳай кардани мошина ёд гирифтам, дарду балота гирам, нарезондаю начаконда қисса кун, иғроқу муболиға лозим нест, бемуболиға ҳам қиссаи аҷиб аст, орову торо надода ҳикоят кун, агар ман худам гўям, гумон мекунанд, ки худама таъриф мекунам, худситоӣ мекунам.
- Не, сухан аз даҳони Луқмон хуш аст, худат гўй, ягон кас мисли худат ҳикоят кардан наметавонад.
Шарифмурод аввал хоксорона неву нестон кард, вале чун маҷбураш кардем, даст боло карда гиребони пироҳанашро кашид, дар ҷой ҷунбиду дурусттар нишаст ва ба қисса гуфтан оғоз намуд.

Мактабро тамом кардему шумо чанд кас ба Душанбе хондан рафтед. Мо дар деҳа мондем. Дар колхоз кор кардан фоидае надошт, гуфтам, ба ҷойи дигар равам, боз фикр кардам, ки кирои рафтан надорад, то меравӣ чанд каса восита мекунӣ ба кори дурусте медароҷ, ки ба армия даъват мекунанд. Гуфтам, беҳтар аст дастёрии падару модара карда савобу дуъошона гирифта гаштан гирам ҳоло. Як сол гузашта буд, ки ба армия даъват карданд; се бор дари дарвоза бо падару модару хешу ҳамсояҳо хайрухуш кардем, се бор дар истгоҳ бо ҷўраҳо паноҳихудо кардем, се бор ба Панҷекат рафтаму се бор ҳам гардонданд, гуфтанд, баргарду интизор бош. Бори чорум, ки ба военкомат омадем, гуфтам, ки мефиристондагӣ бошед, фиристонед, ки рафтану омадан ба дили худам ҳам заду ба дилу ёру ошно ҳам; ба дилам гуфтам, аз армия, ки ҷойи гурез нест, беҳтар аст тезтар раваму тезтар биёям; зан гирифтан лозим, хона пўшондан лозим, бори рўзгор кашидан лозим. Хайр, гуфтанд, ин қадар иштиёқманд, ки бошӣ савор шав ба ҳамин автобус. Ман ҳам савор шудам. Ба Ленинобод оварданамон, ҷўраҳои ҷон. Гуфтанд, ки имсол дар Қазоқистон гандум зиёд шудаст, механизатору ронанда намерасад, мо бояд ронандагиро ёд гирему ба Қазоқистон равем. Як моҳи дароз ёд додандамон. Инструктори ман гуфт, ин чист? Гуфтам, ки рул. Ин чист? Гуфтам, ки скорост. Инаш чӣ? Тормоз, гуфтам. Э, балое, гуфт, ҳамаашро медонӣ-ку? Албатта, гуфтам, ман чанд бор ЗиЛ-и Шодибоя ҳам ҳай кардагӣ. Шодибойаш кӣ, гуфт. Шодии Бўта гуфтам, ҳамқишлоқемон, бисту панҷ сол стажи шофирӣ дорад. Хайр, ҳай кун набошад, гуфт. Худаш дар паҳлўям шишт. Дусад—дусаду панҷоҳ метр ҳай карда будам, ки гуфт, нигоҳ дор, ту шофери тайёр будагӣ, ҳамаашро медонӣ, ба ту гувоҳнома додан даркор. Баъди ду рўз гувоҳномаи ронандагӣ навиштанду ба дастам доданд, баъд ҳамроҳи шаш нафари дигар ба поезд шинонданду ба Қазоқистон оварданд. Дар Қазоқистон як мошин доданд, гуфтанд, ки гандум мекашонӣ. Чанд моҳ гандум кашондем. Мавсими дарави гандум, ки тамом шуд, ҳеч кори дигар намонд магар, ки мошина гирифтанду ба Сибир фиристоданд. Дигар мошин надоданд. Қариб яку ним соли дигар, то тамом шудани хидмати аскарӣ дар сохтмон кор кардем. Хидмат ҳам тамом шуду ба ватан баргаштем. Ду-се моҳ ки гузашт, додом гуфтанд, сакалтугӣ бас будагист акнун, ҳел-ҳел гаштан мегири чӣ, рав, ба геологияи худамон меравӣ, ба Қизилқум меравӣ, ё ягон ҷойи дигар, ихтиёрат, ба ягон кор даро, пул ҷамъ кун, ки сарата ҷуфт кардан даркор, як нафақапулии ману очет катӣ гуфтанд, бори рўзгора кашидан намешавад. Чаро ба геология равам, гуфтам, чаро ба Қизилқум равам, гуфтам, ман шофер, гувоҳнома дорам, ронанда мешавам. Ту, гуфтанд, кай шофер шудӣ, ки чанд бор сурат фиристодӣ, бушлат дар танату белу метин дар дастат буд, ба ҳолат нигоҳ кардан намешуд, раҳми одам меомад, аз кай боз ту шофер шудӣ. Дар мактубам навишта будам, шофер шудам, гуфта, ё аз хотирашон баромадаст, ё бовар накарден. Гувоҳномая баровардаму нишон додам. Ин тавр, ки бошад, гуфтанд, Панҷекат рав, ба автобаза, рост пеши Нарзии Нор медароӣ, мегўӣ, ки ман панҷрўдӣ, писари Мелибой мешавам, ман шофер мегўӣ, дар қатори ҳамин қадар сағираҳо ба ман ҳам мошин диҳед.
Баъди ду рўз, ҷўраҷоно, пеши Нарзии Нор рафтам. Гапҳои додом гуфтагия, нарезондаву начаконда гуфтам. Гуфт, ки шумо панҷрўдиҳо ба ғайри шоферӣ касби дигара ҳам медонед ё не? Забонам лол монд, надонистам чӣ гўям. Лекин худаш ҳам медонистаст, ки ҷавобе намешунавад, аз ҷош хесту дара кушоду фарёд зад, ки «Карим, ҳамун «ЗиЛ»- а ин тараф он тарафаша бин, пагоҳ ҳамин бача меояд, ба ҳамин медиҳӣ».
Тамом, бо ҳамин, шофери автобазаи 37 шудем, ҷўраҳои ҷони ман, мошинро гирифтем. Мошинро гирифтему баъди ду рўз диспечтер гуфт, ки ба Самарқанд меравӣ, орд мебиёрӣ. Албатта, номардӣ кард, даррав мана ба Самарқанд фиристонданаш лозим набуд, лекин гап назадам, дар дилам гуфтам, боз фикр накунанд, ки Нарзии Нор ҳамқишлоқиҳои беҳунараша ба кор мегирад. Ҳамроҳи шиш мошини дигар ба Самарқанд омадем, пасу пеш ба дарвозаи база даромадем. Анбори орд, як дари калон дошт, бояд мошинҳо як-як ақибнокӣ ба ҳамин дарвоза меомаданд, ки орда бор кунанд. Як вақт, ҷўраҷоно, ба кадом як сабаби номаълум, дилама сиёҳӣ зер кард. Фикр кардам, ки сабаб чӣ бошад, ронандаҳои ҳамроҳам ҳамешон одамои хуб, ягонтеш ягон гапи беҷо нагуфтаст. Фикр кардам, фикр кардаму… эҳ, гуфтам Шарифмурод, ошно, шарманда шудҷ! Ба ёдам расид, ки охир, ман ягон бор ҳам мошина ақибрў ҳай накардагам! Фақат медонам, ки скороста задан даркор, вале чи хел намедонам! Дар Қазоқистон дашти васеъ буд, лозим набуд, ки мошина ақибрў ҳай кунҷ, меомадӣ ба таги комбайн, гандума холӣ мекард, аз тарафи дигар мебаромадӣ мерафтӣ, анбораш ҳам шипанги калон буд, аз ин тарафаш медаромадӣ холӣ мекардию аз тарафи дигар мебаромадӣ мерафтӣ. Акнун чӣ кор кунам! Фикр кун, гуфтам, Шарифмурод, фикр кун, одамо ба кайҳон парвоз мекунанд, ба таги уқёнусҳо медароянд, аз худи Рассияю Украина ба Чимтарғаю Помир бароем гуфта, мебиёянд, наход ту илоҷи ҳамин корака ёфтан натонӣ! Фикр кун, гуфтам, Шарифмурод, фикр кун, ки ҳам худата шарманда мекунӣ, ҳам Нарзии Нора, ки ба ту бовар карда, насанҷида, мошин дод. Ман, ҷўраҳои ҷон, ба каллем бовар доштам, дар мактаб танбалӣ мекардам, дарс намехондам, вале медонистам, ки каллем бад нест, шарманда намекунад, каллаи шумоҳону Каромтилло барин зўр набошад ҳам, каллаи Абўю сағераи Рабим барин дундук ҳам нест. Фикр кардам, фикр кардаму илоҷа ёфтам. Дар як тарафи база, дар буни девор, ҷўраҷоно, ҳоҷатхона буд, ҳамин, ки дидам, ки ду-се дақиқаи дигар мошини таги бор пур мешаваду навбати мошини ман мерасад, дурўға ишкама дошта, хаму рост шудан гирифтам. Дар роҳ, дар даромадгоҳи Самарқанд шўрбо хўрда будем, кадоме аз шоферо гуфт, ки шўрбои гўшти гов буд, хунукӣ кардагист! Э, намедонам, гуфтам, хунукӣ кард, ё балои дигар, аҳвол бад, Салимҷон гуфтам, ҳозир навбати ман, маҳтал накунем дигароя, то ман омадана, мошини мана ақиб те, калидаш дар ҷош. Худам рафтам туалет даромадаму аз роғи дар нигоҳ карда истодам. Салим мошина ақиб дод, ордборкунӣ сар шуд, ман ду-се дақиқаи дигар истодаму баъд тагбанда гузаронда-гузаронда баромадам омадам. Хайрияте, сабук шудам, қариб аҳвол бад шуда буд, гуфтам. Ҳеч кас нафаҳмид, орда гирифтему овардем. Рост ба магазини Навобод бурдаму холӣ кардам. Дигар бе ҳеч воқеъае кор карда гаштан гирифтам. Лекин аз байн ягон даҳ рўз гузашта буд, ки ҳоло дар хотирам нест барои чӣ кор бошад, ба Ёрӣ рафтам. Баҳор буд, гулу сабза шукуфта, шамолак вазида бўйи хуши гулу сабзая меовард, магнитофон мондагӣ Ҷўрабек Мурод мехонд, худам ҳам ҷавон будам аз гулу бўйи баҳор маст сари овози Ҷўрабека гирифта суруд мехондам. Лекин як хамгашта гузаштаму кайфом парид, Ҷўрабек танҳо монд, ман сурудхония бас кардам, аз пеш як Газ-66-и лаънатӣ мефуромад, дар болош пури одам. Як метр ба ҳамдигар нарасида, мошинҳоя нигоҳ доштем. Шофери Газ дастоша болои рул монда интизор нишаст; мувофиқи қоида ман бояд ақиб мерафтам, лекин ман ҳам худама ба нодонӣ задаму шиштан гирифтам. Шофери Газ дид, ки ман аз ҷоям ҷунбиданӣ нестам, сарашро аз кабина баровард.
- Ақиб рав, – гуфт, – чаро нигоҳ карда истодагӣ?
- Қишлоқ қишлоқи шумоён, ман меҳмон, роҳҳотона намедонам, худатон ақиб тед, пеши потон мурам!
- Чӣ хел намедонӣ, надонӣ чи тавр омадӣ, бо ҳамон раҳ, ки омадӣ, рафтан гир! Мошината ақиб тею рула тов, худаш ғелида рафтан мегирад!
Дидам, ки намешавад, агар суст биём, ё ақиб ҳай карда натавонистам фош мешаваду шарманда мешавам, ё ҷанҷол мешаваду дастбагиребон мешавему ман ки танҳо будам, шаллоқ мехурам. Қиёфаро ҷиддӣ гирифтаму гуфтам:
- Ман, ошно, Ёрии шуморо хуб медонам, Худо накарда, як санг аз девори ягонтетон афтад, дар бало мондагӣ ҳастам, то Суди Олия даводав мекунетон. Беҳтараш худат ақиб те, забони мурғоя мурғо медонанд, ягон девора харошида кунҷ ҳам, ҳамдеҳаи худат, ягон созиш мекунед. Мани бегоная ба бало намунон.
Худоба шукр, ки одамои мошинаш тарафи мана гирифтанд. Меҳмон рост мегўяд, меҳмон рост мегўяд, гардон Акрам гуфтанд, ақиб те.
Лекин Акрам ҳам аз шоферои гарданшах будаст, о гуфт, даҳ метр равад, пеши дарвозаи Мўсо роҳ васеъ аст, ман бемалол мегузарам меравам, вай ҳам роҳаша давом медиҳад. Агар, гуфт, ман ақиб гардам, бояд қўтала пуштнокӣ аз сад метр зиёд равам.
Дидам, ки намешавад, аз тарафгирии ёригиҳо шерак шудам. Ба ҳурмати Худо, акаи Акрам гуфтам, агар аз ҷоям ҷунбам. Ман кори зарур надорам, то бегоҳа истодан мегирам, шаб монам меҳмонатон мешавам. Намедонам, ё аз меҳмондорӣ тарсид, ва ё дид, ки аз кору бораш мемонад, зери лаб ғур-ғур карда мошина ақиб дод. Ман ҳам, Худо ба шукр гуфтаму гузаштам рафтам, ҷўраҷон.
Лекин баъди ин хеле фикр кардам, гуфтам, ки Шарифмурод, ошно, ягон бало кун, ки ин тур намешавад, Панҷеката ҳама қишлоқош кўҳистон, роҳош танг, ҳар рўз нашавад, ки бо шоферо дастбагиребон шавию номат ба бадӣ овоза шавад. Мабод ба ягон асабонии девонааш вохурӣ, ягон мушт ба таги колингат ҳам мезанад.
Фикр кун, гуфтам, фикр кун! Гуфтам, пеши ягон бачаи худӣ раваму рости гапа гўям, илтимос кунам, ки ба ақиб ҳай кардани мошина ёд диҳад, чӣ мешуда бошад. Албатта, не намегўд ягонтеш, ёд медиҳад, лекин овоза ҳам мекунанд, баъд номат ки баромад, тамом, то охири умрата гуфтан мегиранд. Як-ду рўз дар ҳамин фикру хаёлҳо гузашта буд, ки як саҳарҷ дидам, комбайнҳо гандуми дашти Кали Маллая медараванд. Паяи гандума дидам, ҷураҳои ҷону гуфтам, эҳе, Шарифмурод, ин майдону ин ҳам асп, ҳунар дошта бошӣ, нишон деҳ. Ду рўз баъдаш, ки ҳама гандумҳоро даравиданд, аз Панҷекат дер баргаштам. Торик шуда буд, рула тофтаму ба гандумпая даромадам. Бисмиллоҳи раҳмони раҳим, гуфтам, дасти ман не, дасти Шодии Бўта гуфтам, дасти Ҳасани Набера гуфтам, дасти Абдунозиру Нормаҳмаду Муродбек гуфтам, чашмома пўшидам, балотона гираму скороста задам. Бовар мекунӣ, худаш рафт, худаш рафтан гирифт-е! Эҳе, кайф кардам, гўё ки аз тори Сўхта ҳезум гирифта, хаставу шалпар шуда, аз қафои хар по кашола карда мебиёию сари Парпот, ки омадӣ ҳам хона намоён мешавад, ҳам шамолаки форам вазидан мегираду роҳат мекунӣ, ҳама мондагӣ мебурояд, дар ин ҷа ҳам ҳамин хел шуд. Ба суруд хондан даромадам, ба суруд хондан сар кардаму дидам, ки чӣ ҷои дурўғ гуфтан аст, ягон суруда то охираш намедонам, ба Худо, камтар аз Ҷўрабек гирифтам, камтар аз Зафар, андаки дигар аз Аҳмад Зоҳиру Одина Ҳошиму Ҳалим Ёров, ҳатто аз Зайниддини писари амаки Зиёваддин ҳам ҳамроҳ кардам, хулоса чанд суруда дарбеҳ карда, хондам. Гумон накунед, ки махсус карда бошам, худаш аз дилам баромадан гирифт, ман фақат даҳон мекушодам, хиёл мекардам, ки агар даҳон намекушодаму суруд намехондам, шодию хурсандӣ дилама пур карда мекафонад.
Лекин, ҷўраҷон мошин рост намерафт, ба чап мегашт, ба рост мерафт, давр мезад, ман ҳам кордор нашудам, рула зиёд наметофтам, ба ихтиёраш монда будам. Якум бор буд, ки ақибрў мошин ҳай мекардам, ба худам гуфтам, ки Шарифмурод, ошно, аз ин зиёд чӣ мехоҳӣ, зиёдхоҳӣ накун, ки қаҳри Худо мебурод, ба ҳамин қадараш шукр кун. Як вақт дидам, ки шаб аз шаб гузаштааст, баъд бензин ҳам бебаркаш нест, охир. Боз тамом нашавад, ки дар ҳамин шабӣ дар роҳ монам!
Боз се шаби дигар, ҷўраҷонои ман, ҳар баҳона катӣ аз Панҷекат дер мебаромадаму ба дашти Кали Малла меомадам. Боз мошина ақибнокӣ ҳай кардан мегирифтам. Оҳиста-оҳиста рост ҳай карданашро ҳам ёд гирифтаму тез, бо суръати баланд ҳай карданашро ҳам. Рости гап дар автобазаи 37 ягон шофер баробари ман мошинро ақибрў сахт ҳай кардан наметавонист ва ҳоле ҳам наметонад.
Баъд аз дилам гузашт, ки равам ба Нарзии Нор гўям, ки мусобиқаи ақибрў ҳай кардани мошина ташкил кунад, лекин тарсидам, рости гап. Албатта, гапама то охир гўш намекард, ҳам ки мумкин фикр мекард, ки писари Мелибой девона шудаст чӣ бало!
Аз байн чанд рўз гузашта буд, ки дидам суратгири «Зарафшон» аз кўча мегузарад. Баъди раҳматӣ Қиём Шароф як бачаи ҷавон дар ин газит суратгир шуда буд, вай як бор сурати мана дар кабинаи «Зил»-ам гирифта, чоп карда буд ва ман ҳам як зиёфати калон дода будам ба вай. Мошина нигоҳ доштаму ҷеғ задамша. Гуфтам, як бало кун, аз номи худат, ё аз номи ягон каси дигар дар «Зарафшон» пешниҳод чоп кун, ки мехоҳем дар ноҳия ва баъдан дар вилояту республика мусобиқаи ақибрў ҳай кардани мошин ташкил шавад. Дидам, ки гапама шўхӣ фаҳмид, гуфтам шўхӣ намекунам, ту як илоҷ карда ҳамин пешниҳода чоп кун, фақат аз номи ман не, албатта, ман як палави чойхонаи сари чашма аз ту қарздор. Мебинем гуфту рафт, лекин чоп накард, суволич! Баъд замонаҳо дигар шуд, мусобиқа ҳам ба гўшаи хиёли ягон кас намеомад ва ман натавонистам ҳунарама нишон диҳам, лекин аниқ ки дар Панҷекат, Панҷекат чӣ, мумкин дар тамоми Тоҷикистон ҳам ягон кас ман борин мошина ақибрў ҳай карда натонад!
Шарифмурод чойи сардшудаи пиёлаашро ба сар кашиду суоломез ба мо нигарист.
- Тамом, – пурсидам ман!
- Ҳа, тамом, гуфтам, ки мусобиқа нашуд.
- Хайр, ин қиссаи ту чӣ чизи аҷиб дорад, ки бояд дар рўзномаву китоб чоп шавад, – гуфт Муҳаммадакбар.
- Эҳ-э-э, чӣ хел чӣ чизи аҷиб надорад?! Исомиддин ба ино худат фаҳмон, дарду балот занад! Охир, таҷрибаи ман аҳамияти бузурги ахлоқию тарбиявӣ дорад! Пионерҳою талабаҳоя ба саъю қўшиш кардан даъват мекунад! Ин ки навишту чоп кард, муаллими баақл бошад, ба синф мебараду мехонад, мегўяд, ки дидед бачаҳо Шарифмуроди Холзода, ки ба ақиб ҳай кардани мошина наметонист, руҳафтода нашуд, дилаш сард нашуд, касбашро, ки дўст медошт, саъйу талош кард ва ниҳоят ба мақсадаш расид. Шумо ҳам бояд аз вай пайравӣ кунетон, беҳавсалагӣ, танбалӣ накунетон, хонетон, хонетон, боз хонетон, агар ҳар рўз вазифаҳои хонагиро тайёр кунетон… Баъди як ҳафта мебинед, ки духонҳо сею чор мегирифтагӣ мешаванд, хубхонҳо аълохон мешаванд.
Муҳаммадакбар ба ин гуфтаҳо розӣ нашуд. Вай изҳор кард:
- Рўдакию Саъдӣ ҳамин қадар панду насиҳат навиштанд, ба ту чӣ қадар таъсир кард, ки акнун ақибрў мошин ҳай кардана ёд гирифтани ту ба талабаҳо сабақ шавад.
Шарифмурод эътироз кард:
- Рўдакиву Саъдӣ шоирҳои бузург, одамои бузург буданд, ба назари бачаҳо онҳо дар осмони ҳафтуманд, ба уно расидан намешавад, ба уно наздик шудан намешавад, бачаҳо ҳам мегўянд, ки ин насиҳатҳо ки уно кардаанд барои одамои бузург аст. Лекин ман мисли худашон, як бачеки одии қишлоқӣ, уно мегўянд, ҳамин Шарифмурод ҳам, ки мисли мо будаст, бачаи одии қишлоқӣ будаст, вай ки тавонист, вай ки ба мақсадаш расид, мо чаро нарасем, мо чаро натавонем, ҷони гап дар ҳамин ҷост, унҳо аз ман пайравӣ мекунанд, аз Рўдакиву Саъдӣ не!
Шарифмурод мисли ғолиби майдони гуштӣ ёлу кифт афшонда, аввал ба атроф нигарист ва баъд ба мо чашм дўхт.
Ба ин ҳарфи бомантиқи Шарифмурод посухе намешуд гуфт ва ман ҳам қиссаи ўро нарезондаву начаконда навиштам. Ҳар талабаи ақибмонда, ки бихоҳад мисли ў саъйу талош ба харҷ диҳад, албатта, пушаймон нахоҳад шуд. Вале барои он ки аз Шарифмурод ибрат бигирад, бояд аввал ин ҳикоятро бихонаду бифаҳмад, ки вай чи корнома кардааст!

Комментариев нет:

Отправить комментарий