! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

21 декабря, 2009

Чодурӣ: “Мусулмонон дар Аврупо табъйиз мешаванд”

Гузориши Институти Ҷомеаи кушод, ки ҳафтаи ҷорӣ дар Лондон муаррифӣ шуд, ҳокист, ки барои ҷилавгирӣ аз табъйизи мазҳабӣ дар Аврупо дар сатҳи шаҳриву давлатӣ ва ҳам дар пояи Иттиҳодияи Аврупо андешидани тадбирҳои фаврӣ зарур аст. “Аврупо бояд ӯҳдадориҳояшро барои эҷоди як ҷомеаи бозу фарогир иҷро кунад”,- мегӯянд муаллифони ин гузориш.

Ин таҳқиқот бар пояи мусоҳибаҳои рӯ ба рӯ бо ду ҳазор сокини 11 шаҳри Иттиҳодияи Аврупо - ҳам пайравони оддии дини ислом ва ҳам бо рӯшанфикрон ба мисли донишмандону журналистон, фаъолони ҷамъиятӣ, аъзои ҳукумат ва раҳбарони мазҳабӣ анҷом шудааст.

Дар пурсиш ҳамчунин аврупоиҳои ғайримусалмон ҳам иштирок кардаанд. Ин нафарон аз миёни сокинони Парижу Амстердам, Роттердам ва Антверпен, Берлину Ҳамбург, Копенҳагену Лондон, Марселю Стокҳолм ва Лейсестер интихоб шудаанд. Дар саросари Иттиҳодияи Аврупо, асосан дар шаҳрҳои калону пойтахтҳо айни замон 20 миллион пайрави дини Ислом ба сар мебаранд.

Раҳбари гурӯҳи таҳқиқотии Институти Ҷомеаи кушод ва мушовири аршади ин созмон Туфайл Чодурӣ дар як сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Лондон розӣ шуд ба пурсишҳои мо дар бораи вазъи мусулмонон дар Аврупо посух диҳад.

-Aслан, мусулмонҳо дар Аврупо аз чӣ нигаронӣ доранд? Оё чӣ мушкиле дар Аврупо онҳоро дунболагир аст?

Чодурӣ: “Хулосаи калидие, ки ба даст овардем, ин аст, ки қисмати қобили мулоҳизаи мусалмонҳо худро мансуби давлате мешиносанд, ки дар он зиндагӣ доранд: яъне онҳо худро бритониёӣ, фаронсавӣ, белжикӣ, ё ҳолландӣ мегуфтанд. Вале дар айни замон нисфи онҳое, ки худро табааи ин ё он давлат мешиносанд, мегуфтанд, ки чунин бархӯрдро аз ҷониби аъзои дигари ҷомеа дар нисбати худ намебинанд. Яъне масалан агар мусалмони фаронсавие худро фаронсавӣ эҳсос кунад, дар айни замон ҳис мекунад, ки шаҳрвандони дигар ӯро ҳамчун фаронсавӣ қабул намекунанд. Масалан, нисфи мусалмонҳои бритониёӣ, ки худро чун табааи Бритониё муаррифӣ мекунанд, мегӯянд, ки аз ҷониби дигар бритониёиҳо ба ҳайси шаҳрванди комилҳуқуқи ин кишвар қабул мешаванд. Ба назари ман, масъалаи калидӣ дар ин аст, ки ин мусалмонҳо чӣ тавр қабул мешаванд, бархӯрд бо онҳо чӣ тавр оддӣ мешаваду боиси он мегардад, ки мусалмонҳо чун бахшеа аз Аврупо ба ҳайси шаҳрвандони комилҳуқуқи Аврупо қабул шаванд”.

- Бархӯрди аврупоиҳо бо мусулмонон чӣ гуна аст? Оё аврупоиҳо аз ҳузури мусулмонон дар кишварҳои худ то чӣ ҳадд розӣ ҳастанд ва то чӣ ҳад нигарон?

Чодурӣ: “Дар таҳқиқоти худ мо ҳам бо мусалмонҳо ва ҳам ғайримусалмонҳои сокини як маҳал мусоҳиба кардем. Аксарият гуфтанд, ки ба ҳамзистӣ бо ҳамдигар одат кардаанд, омодаанд ба ҳамдигар кӯмак кунанду ба ҳамдигар эътимод доранд. Ин аломати хуби ваҳдат аст. Вале вақте сӯҳбат аз арзишҳо рафт, аксари мусалмонҳову ғайримусалмонҳо гуфтанд, ки онҳо арзишҳои муштарак надоранд. Ва ин масъалаи тафовути назари онҳо гоҳо боиси эҷоди мавқеи манфӣ мегардад. Тавре гуфтам, ҷиҳати хуби масъала ин аст, ки мардум бо ҳамдигар равобити хуб дошта омодаи кӯмак ва эътимод ба ҳамдигар ҳастанд”.

- Оё мусулмонҳо дар Аврупо ҳамон ҳаққеро доранд, ки масалан як масеҳӣ ва ё як яҳудӣ дорад?

Чодурӣ: “Дар маҷмӯъ дар кишварҳои мухталиф қонунҳои ҳимояткунандаи озодиҳои мазҳабӣ амал мекунад, вале боз ҳам ҳар кишвар вижагиҳои худро дар равобити миёни калисову давлат дорад, ки ба равобити онҳо таъсир мегузорад. Дар сатҳи расмӣ ҳимояту баробарӣ вуҷуд дорад, ҳарчанд барои расидан ба ин баробарӣ мушкилоти зиёд будааст. Масалан дар Ҳолланд барои маблағгузории мактабҳои мазҳабӣ буҷаи махсус вуҷуд дорад, вале дар айни замон, дарёфти маблағ дар сатҳи расмӣ барои кори мактабҳои мусалмонӣ як кори душвор аст. Ин ҷо мушкил дар мутобиқати барномаҳои таълимӣ ва мутақоидсозии мақомот дар ин аст, ки ингуна мактабҳо ҳақи амал карданро доранду ба талаботи низоми маориф мутобиқат мекунанд”.

-Натиҷаи куллии шумо чист? Оё маҳалли созгор барои зиндагии мусалмонҳо дар шаҳрҳои аврупоӣ кадом аст?

Чодурӣ: “Мо дарк кардем, ки аксари мардуме, ки дар ин шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд, аз маҳалли зисти худ розӣ ҳастанд. Онҳо бештар майли зиндагӣ дар маҳалҳои омехтаро доранд, ки на танҳо аз мусалмонҳо, балки аз намояндаҳои миллату мазҳбаҳои дигар ҳам бошад. Ҳадафи онҳо ҳамоиши зудтару беҳтар ва муошират мебошад. Дар ин маҳалҳо албатта мушкилоти худ вуҷуд дошта метавонад, вале хулосаи аслӣ ин аст, ки онҳо бештар зиндагиро дар муҳити рангаву сермиллат мепазиранд”.

Комментариев нет:

Отправить комментарий