! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

13 декабря, 2011

Тӯраҷонзодаҳо: Аз раҳмати Худо ноумед намешавем



Бо арзи таассуф ба ҳамаи хоҳарону бародарони мусалмон мерасонем, ки суҳби рӯзи душанбе мувофиқ бо 12.12.2011 дар ҷаласаи Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон, ки бо иштироки раиси ин кумита Холиқов бо ҷойнишинон ва кормандони кумитааш, раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин ва аз ҷониби дигар намояндагон ва муассисони масҷиди мо баргузор гардид.

Хулоса, раиси кумитаи дин Холиқов қарор карданд, ки аз ҳамин рӯз иборат фаъолияти масҷиди ҷомеъи Тураҷонзодаҳо ба мудати се моҳ аз сабаби “қонуншиканиҳое”, ки гӯиё содир шудааст қатъ карда шавад. Даъвои онҳо ин буд, ки дар рузи боздиди ғайримунтазираи раиси Кумитаи дин, раиси ноҳияи Ваҳдат ва раиси шурои уламо Мукаррам якҷо бо адади зиёди кормандони ниҳодҳои амниятию қудратӣ, ки таърихи 09.12.2011 ҷараён гирифт, гӯиё Эшони Нуриддинҷон мардумро ба шуру ошуб даъват карда нисбати масъулини давлатӣ гуё беҳурматӣ содир шуда бошад ва ҳоло он, ки навори видоёии он руз, чуноне, ки ба шумо расид дар он ҳеҷ гуна тафриқаандозӣ аз тарафи ҳазрати Эшон набуд. Баракс Эшон ба шиддат аз мардум ором шуданро талаб мекарданд.

Бародарон ва хоҳарони исломӣ, албатта аз баста шудани масҷиди ҷомеъ ва маҳрум шудани даҳ-понздаҳ ҳазор намозгузор аз ин файзи илоҳӣ қалбҳои моро маҳзун кардааст, вале мо ҳаргиз руҳафтода ва аз раҳмати Худо ноумед намешавем. Зеро роҳи даъвати исломиро ҳеҷ кас ва ҳеҷ неруе хомуш карда наметавонад. Агар минбари масҷидро аз ҳазароти муҳтарам Эшони Нуриддинҷон ва Эшони Маҳмудҷон гирифта бошанд ҳам мо дастандаркорони сомона ҳаракат мекунем, ки суҳбатҳои онҳоро дар оянда низ аз тариқи интернет ва наворҳо хидмати шумо мерасонем.

Хеле ҷои таассуф аст як нафаре, ки худро руҳонӣ меҳисобад ва раиси шурои уламои исломии Тоҷикистон аст кушиш мекунад, ки чунин масҷиди бузург бо анбуҳи зиёди намозгузоронаш аз файзи намози ҷумъа маҳрум гарданд ва дигар дар он масҷиди бузург садои амри ба маъруфу наҳйи мункар ва тарбияву одоби исломӣ баланд нагардад. Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун!!!

Идораи сомонаи Оли Тӯраҷон -- www.turajon.com

3 комментария:

  1. бисёр капхои даркори лекин бадвоима бисёр дар
    гапи ин эшони нуриддин

    ОтветитьУдалить
  2. ҳак ҷониби ЭШОН ҳаст

    ОтветитьУдалить
  3. Ҳақ ҷониби Эшон аст
    зеро аз Қурону Ҳадис аст
    ва аз тарихи ҳазорсолаҳо

    ОтветитьУдалить