! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

19 декабря, 2011

Ё қаноат, ё хоки гӯр...

Хаста мешавам, вақте мебинам, ки одамон аз мансабҳои зиёду пулҳои бе дарди миён сер намешаванд. Худоро шукр, байтҳое ҳастанд, ки дар ин лаҳзаҳо бо хонданашон дили инсон таскин меёбад... 
Чашми танги дунёдорро
Ё қаноат пур кунад, ё хоки гӯр! 

+ + +


Баҳром, ки гӯр мегирифтӣ ҳама умр, 
Дидӣ, ки чӣ гуна гӯр Баҳром гирифт?!


+ + +


Имрӯз туро қасри забарҷад созанд, 
Таъриф кунанд, аз ту Муҳаммад созанд.
Чун даргузарему гӯрҳамсоя шавем, 
Қабри ману ту баробари қад созанд...

Комментариев нет:

Отправить комментарий