! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

25 декабря, 2011

Сарватмандони тоҷик -- мансабдорон?!


(Ин гузориш моҳи январи соли 2011 навишта шуд, вале рӯи чоп наомад)


Танҳо 3 дарсад аз ҷамъияти тақрибан ҳафтуним миллионафарии Тоҷикистон ба гурӯҳи афроди доро шомил ҳастанд. Коршиносони Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯянд, ба ин гурӯҳ кормандони сатҳи баланди давлатӣ ва соҳибони тиҷорати бузург дохил мешаванд.
Фирӯз Саидов, коршиноси ин марказ, ки бо “Озодӣ” сӯҳбат мекард, гуфт, “муҳоҷиронро ба ин гурӯҳ наметавонам ҳамроҳ бикунам. Бисёртар ба ин гурӯҳ кормандони давлатӣ дохил мешаванд. Қисме аз тоҷирон низ дар ин гурӯҳанд.”

Баръакси феҳрасти афроди доро дар ҷаҳон, ки овозхонҳову ҳунармандони синамо ва тоҷирону варзишкорон дар сафи пешанд, дар Тоҷикистон аксаран аз мансабдорони давлатӣ ҳамчун афроди доро ном бурда мешавад.


Раҳмонов: Ман сарват надорам


Аммо Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, худро аз ҷумлаи афроди миёнаҳол медонад ва сарватмандияшро ба унвони мансабдори давлатӣ рад мекунад.


Вай мегӯяд, бо 2 ҳазору 800 сомонӣ, муодили каме бештар аз 600 доллар, маоши худ бори зиндагияшро мекашад ва дар ягон бонки дохиливу хориҷӣ ҳисобе низ надорад:


Сарват надорам. Сарвати ман - фарзандонам, фарзандони маънавиям, китобҳоям, шогирдон, дӯстон ва бародарони мананд”, - афзуд ӯ.


Эъломияи дороиҳои Кабирӣ


Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, мегӯяд, худро аз нигоҳи иқтисодӣ таъмин меҳисобад ва дар бораи дороиҳои худ ҳамчун вакили порлумон эъломия пур кардааст.
Вакилони порлумони Тоҷикистон, ки дар панҷ сол як бор интихоб мешаванд, дар оғози кори худ ва вазирону раисони шаҳру навоҳӣ бояд ҳар сол то моҳи апрел дороиҳои худро ба Кумитаи андози Тоҷикистон рӯшан бикунанд.


Тоҷикистон қишри миёнаҳол дорад?


Дар кӯчаҳои Душанбе кам касеро мешавад пайдо кард, ки худро аз ҷумлаи афроди доро ном баранд. Бештари раҳгузарон мегӯянд, бори зиндагиро ба сахтӣ мекашанд ва намедонанд худро миёнаҳол ҳисоб кунанд ё нодор.


Як сокини шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба мо худро аз ҷумлаи онҳое донист, ки дар зинаи аввали миёнаҳолӣ қарор доранд: “Ман худамро наздик ба қишри миёнаҳол ҳис мекунам. Тоза ба кор шурӯъ кардам ва тақрибан 1 ҳазор сомонӣ моҳона мегирам, ки аз ин моҳ то он моҳ базӯр мерасад.”


Сарвати «дурусту нодуруст»
Бо ин ҳол, Сӯҳроб Шарифов, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон (ҳоло вакили Маҷлиси Намояндагон), мегӯяд, то ҳанӯз пажӯҳиши расмӣ дар заминаи мушаххас кардани афроди доро дар Тоҷикистон анҷом нашуда ва худи сарватмандону мансабдорон низ моил нестанд, ки дар ин бора ошкоро ҳарф зананд ва дороии пинҳони худро “рӯйи об бароранд”.


Бой будан гуноҳ нест. Чӣ қадаре, ки дар кишвар одамони бой бисёр бошанд, давлат ҳамон қадар нерӯманд мешавад. Вале мо мефаҳмем, ки аксарияти он сарватмандоне, ки ҳастанд, моликияти худро ба ҳар роҳ ба даст овардаанд. Аз роҳи дурусту нодуруст...”, - афзуд ӯ.


Кишвари дороён ва нодорон


Коршиносон низ яке аз роҳҳои муҳими мубориза бо коррпусия ва рушди иқтисод дар Тоҷикистонро дар ошкор шудани дороиҳои сарватмандон ва мансабдорон мебинанд.


Вале нигаронии аксар таҳлилгарон ин аст, ки дар Тоҷикистон рӯз то рӯз қишри миёнаҳол, ки иқтисоди ҳар кишвар ба онҳо бастагӣ дорад, рӯ ба коҳиш дорад ва Тоҷикистон тақрибан миёни дорову нодор тақсим шудааст.


Ғаюр Қаҳҳоров, коршиноси тоҷик, ки дар мавриди қишрҳои миёнаҳоли Тоҷикистон, матолиби илмӣ навиштааст, мегӯяд, давлат бояд дар ин замина ба соҳибкорони хурд имкони бештаре бидиҳад ва онҳоро ба муддати то се соли дигар аз пардохти андоз озод бикунад.


Бо ин вуҷуд, ҳоло расман 43 дарсади ҷомеаи Тоҷикистон аз фақр ранҷ мебаранд ва 12 дарсад аз онҳо “афроди камбизоаттарин”-и кишвар ҳисобида мешаванд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий