! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

11 декабря, 2011

Посухи Эшони Нуриддин ба Шӯрои уламо: "Ман шиа нестам"


Эшони Нуриддин бародарону ҳаводоронашро ба оромиш даъват карда ва гуфтааст, ба дасиса дода нашаванд. Нуриддин Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин, ки аз сӯҳбат бо расонаҳо худдорӣ меварзид, ин бор ба баёнияи Шӯрои уламои Маркази исломӣ бо баёнияе посух гуфт.

Ӯ дар ин изҳороти худ иддаои Шӯрои уламоро, ки хонаводааш -- Тӯраҷонзодаҳоро барои ёдоварӣ аз рӯзи шаҳодати Имом Ҳусейн ба шиагароӣ муттаҳам карда буд, “дасиса” номид. Эшони Нуриддин мегӯяд, ӯ ҳаргиз пайрави шиа набуду нест ва нахоҳад шуд, ҳамчуноне ки ҳаргиз салафӣ набуду намешавад.

Ин рӯҳонии саршиноси тоҷик бо ишора ба баҳси бархоста миёни Шӯрои уламо ва хонаводаи онҳо аз дӯстону шогирдон, бародарон ва муридонаш даъват кардааст, ки ваҳдат, оромиш ва амнияти кишварро ҳамчун мардумаки чашм эҳтиёт кунанд ва ба ҳеҷ дасиса дода нашаванд. Вай изҳори умедворӣ кардааст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ин масъаларо баррасӣ карда, “мӯйро аз хамир ҷудо мекунад.”

Аз он, ки баъзе афроди манфиатдори идораҳои ҳукуматӣ дар ин иғво даст доштанд, ин маънои онро надорад, ки ҷаноби президент аз ин кор хабар доранд",-гуфтааст Эшони Нуриддин.

Вай дар ин баёнияи худ изҳори таассуф кардааст, ки пас аз сӯҳбаташ пиромуни таърихи шаҳодати Имом Ҳусейн - набераи паёмбари ислом сарусадоҳои иғвоангез эҷод кардаанд. Эшони Нуриддин менависад, “хусусан нашр шудани баёнияи аз якдигар фарқкунанда аз номи “Шӯрои уламо” дар як рӯз ва маҷбур намудани тамоми имомҳои масоҷиди кишвар барои ба намозгузорон қироат кардани ин баёнияҳо супоришӣ будани ин амали иғвогаронаро тасдиқ мекунад.”

Дар ҳоле ки ба қавли Эшони Нуриддин, ёдоварии онҳо аз ҳазрати Ҳусейн ҳеҷ иртиботе ба рӯзҳои мотам ва азодории шиаҳо надорад. Гузашта аз ин, ба гуфтаи ӯ “Ҳусейн фақат имоми шиаҳо нест. Муҳаббати Ҳусейн дар дили тамоми мусулмонон ба хотири он аст, ки паёмбари Худо ӯро дӯст медошт.”

Илова ба ин, маҷлиси мо аз навҳа, синазанӣ ва аз роҳпаймоӣ холӣ буд. Онро мо на дар рӯзи хос, яъне даҳуми моҳи муҳаррам, балки дар рӯзи ҷумъа шашуми моҳи муҳаррам зикр кардем. Агар мо шиа мешудем, ҳаргиз барои дифоъ аз асҳоби киром, хусусан ҳазрати Умар, дар радди шубаҳоти як шиа мақолае пур аз далелҳои ақлию нақлӣ наменавиштем. Агар мо шиа мебудем барои радди “никоҳи мутъа ва ҳаром будани он” ва инчунин дар фазилати уммулмӯъминин Оиша мақолаҳо наменавиштем”,-омадааст дар изҳорот.

Эшони Нуриддин гуфтааст, “пайравони мазҳаби шиа, аз ҷумла бародарони эрониро бародарони исломии худ медонем ва ба аҳкоми мазҳабии онҳо коре надорем ва ин ҳама ба хотири ваҳдати суфуфи муслимин аст.” Ин дар ҳолест, ки баҳси бархоста миёни Шӯрои уламо ва хонаводаи рӯҳониён -- Тӯраҷонзодаҳо, қарор аст, то ба додгоҳ ва ҳамин тавр ба дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳам кашонда шавад.

Ахиран Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз хонаводаи рӯҳониёни шинохта -- Тӯраҷонзодаҳо барои ёдоварӣ аз рӯзи шаҳодати Имом Ҳусейн, набераи паёмбари ислом, интиқод кард ва онҳоро ба тафриқаандозиву эҷоди фитна ва тағйири мазҳаб муттаҳам намуд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий