! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

05 декабря, 2011

Тоифае аз бани Тоҷик – дӯстдори фарҳанг ва ҳуввияти бегонагон


Ҳаводиси ахири марбут ба қазияи халабонҳои муҷрим ва гуҳнаҳкор дар Тоҷикистон, ба ҷуз аз аз тоҷикситезии бемисл аз тарафи миллатгароёни рус ва мақомдорони кунунии Русия, боз як хосияти аҷиби мардуми Тоҷикистонро ҳувайдо кард.

Сафаҳоти фейсбукӣ то ба ҳол дар ҳоли набарди афкор ва назарот, миёни тоҷикон, марбут ба он ҳаводис аст. Бале, набард, набарди афкор ва назарот миёни тоҷик ва тоҷик, миёни боҳуввиятон ва беҳуввиятон!


Қалбхарош аст, тасвире, ки иддае аз тоҷикон бо тамоми ҳастияшон дар ин рӯзҳо барои дифоъ аз иқдоми Русия бархостаанд. Онон, бо забони бегона, яъне русӣ, талош доранд ба мо бирасонанд, ки мо гунаҳкорем, ки мусибати мо сохтаи дасти мост, ки мо бояд (бале, бояд) дар ҳар ҳол аз Русия миннатдор бошем, новобаста аз чизе. 

Ин хоҳар-бародарони ҳуввиятгумкарда - ҷону, ҷисму, донишу, сарвату иззати худро моли Русия ва мадюни рус медонанд. Кор то ҷое расида, ки бархе аз ашхоси фарҳангии мо, касоне, ки ҳаводорони пешаи худро доранд низ шомили ин тоифаи бегонапараст гаштаанд. 

Яке аз ин ашхос, ки аз нашри номаш худдорӣ мекунам, бароям бо лаҳни таҳдид хитоб кард, ки: “онон мардумони хубанд”. Яъне ин сарбурон, яъне ин ишғолгарон, яъне мардумони ин мулке, ки пулисаш ҳамарӯза аз таҳқир, азоб, шиканҷа, гирифтани ришва аз тоҷики бесарпаноҳ ҳаловат дорад, яъне ин мардуме, ки қодиранд кӯдаки нӯҳсоларо ҳабдаҳ (!!!) корд зананд, мардумони хубанд.

Ман бахубиҳои хуб медонам, ки дар байни миллати рус иддае аз ашхоси хуб, бофарҳанг, инсондӯст ва воқеъбин ҳастанд ва ман асло ононро гунаҳкор намегӯям, баръакс, барояшон иззату қадрдониро қоилам, аммо ин иддаи номбурда, имрӯз дар Русия манзалате надорад ва садои онон ба гӯшеву ба ҷое намерасад.

Барои ин ҳаммилатони бемилат, гуфтан мехоҳам, ки: агар Шуморо фарҳангу ҳуввияту афкору кирдори бегонагон хуш аст, пас, хат миёни мову шумо ҷудо! Ман аз ин ҳаводиси дарсбахш дарёфте бароям кардам ва бо эҳсоси дард бар умқи ҷонам, аз забони Носири Хусрав фарёде дорам:

Гуфто, зи ки нолем? Ки аз мост, ки бар мост...
Бале, дарёфт кардам, ки ин ҳамон қисме аз пайкараи миллати ман аст, ки мебоист маро ба қуллаҳои баланди пешрафт ва шараф мерасонд, аммо афсӯс. Дарёфтам, ки чунин нест ва метарсам, ки чунин нахоҳад шуд.
Дарёфтам, ки ин ҳаммилатони ман сабаби фанои мананд, ин ҳамон бахше аз ман аст, ки сабаби уруҷ ё суқути ман мешавад. Бароям хитобе кардам, ки аз қудрати ин чиз, яъне “аз мост, ки бар мост”, ки дар дохил ва даруни ман аст, бояд ҳаросам, бояд дар ҳазар бошам...

Ханҷарбек Қурбонбеков

1 комментарий:

  1. Бародар Ханчарбек кош ки хамаи он точикони бегайрату беномус фикри халки худ мекардан.
    Ман аз бегонагон харгиз нанолам,
    бо ман хар чи кард он ошно кард !!!

    ОтветитьУдалить