! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

10 октября, 2011

Ба Рухшона кӯмак кунед! Вай ба кӯмаки мову Шумо ниёз дорад...


Ҳакимзода Рухшонаи Мустафохон, ки ҳамагӣ 21-сола аст, барои пайванди гурда ба кӯмаки ҳамватанон ниёз дорад.
Вай аз даврони тифлӣ гирифтори бемории санги гурда ва пешобдон буда, ахиран ин беморияш авҷ гирифтааст.

Ӯ танҳо духтари хонадон аст, ки волидонаш барои сиҳатии ӯ ҳама чизи доштаи худро сарф карда ва имрӯз аз ҳамватанону саховатмандон мехоҳанд, ки дасти кӯмаки хӯдро ба онҳо дароз кунанд, то тавонанд, духтари ҷавони худро наҷот бидиҳанд.

Дар хонаводаи Рухшона танҳо падараш кор мекунад. Илова ба ин дар тарбияи худ Фотима ва Зӯҳрои 2-солаву ҳаштмоҳаро доранд, ки онҳоро ба фарзандхондагӣ гирифтаанд. 

Майрам Ҳакимова, модари Рухшона мегӯяд, духтараш чандин ҷарроҳиро аз сар гузаронида, дар ин муддат мактаби миёнаро хатм ва ба Коллеҷи тиббӣ шомил шудааст. Ҳоло ӯ хатмкардаи соли дувуми ин коллеҷ аст.

Ҳакимзода Рухшонаи Мустафохон ва Фотимаву Зӯҳро
Вале баҳори имсол бемории Рухшона авҷ гирифт ва ӯ аввал дар шӯъбаи эҳё ва сипас дар шӯъбаи бемориҳои гурда дар Бемористони клиникии рақами 5-и Душанбе бистарӣ шуд. Пас аз ташхис табибон бемории Рухшонаро ин гуна хулоса намудаанд: “Норасоии музмини гурдаҳо, гломерулонефрити музмин дар марҳилаи интиҳоӣ, пучшавии гурдаи рост, Анемияи Брайт”

Модари Рухшона омода шуд, як гурдаи худро ба духтараш бидиҳад. Барои ҷарроҳии пайванди гурда онҳо ба Машҳади Эрон сафар карданд. Вале табибон пешниҳод модарро рад кардаанд, зеро ба гуфтаи онҳо, худи холаи Майрам 53 сол дошта, маъюби гурӯҳи севум аст.

Харидории гурдаи донорӣ ва пайванди он барои Рухшона маблағи зиёдеро талаб мекунад, ки аҳли хонаводааш имкони пардохти онро надоранд ва ҳоло чашм ба кӯмаки ҳамватанони худ дӯхтаанд.

Телефонҳо барои тамос:

(+992 37) 238 50 75; (+992) 98 583 54 38; 919 00 06 57

Ҳисоби бонкӣ:

Бо сомонӣ


ПОЛУЧАТЕЛЬ (Ф.И.О ДЕРЖАТЕЛЯ КАРТЫ)
ХАКИМЗОДА РУХШОНАИ МУСТАФОХОН
СЧЕТ ПОЛУЧАТЕЛЯ

20216972190000000022
БАНК ПОЛУЧАТЕЛЯ
ОПЕРУ ОАО «АГРОИНВЕСТБАНК»
АДРЕС
ТАДЖИКИСТАН, г.ДУШАНБЕ, 734018, СААДИ ШЕРОЗИ, 21
КОРР/СЧЕТ
20402972714031
БИК
350101403
ИНН

040000053
НАЗНАЧЕНИЕ ПЛАТЕЖА
ПОПОЛНЕНИЕ КАРТСЧЕТА:
20216972614770182993

Бо доллар

BENEFICIARY (CARDHOLDER'S NAME)
KHAKIMZODA RUKHSHONAI
ACCOUNT IN AGROINVESTBANK

24606840590000000043
BANK BENEFICIARY
OJSC AGROINVESTBANK
ADRESS
DUSHANBE, 21, SHEROZI AVENUE, TAJIKISTAN
SWIFT
AGIBTJ22
ACCOUNT IN CITIBANK
3625-3384
CORRESPONDENT BANK
CITIBANK N.A
ADRESS
399, PARK AVENUE, NEW YORK, 10043, USA
SWIFT
CITIUS33
DATAILS OF PAYMENT
PAY TO ACCOUNT:
202216972614770182993


Комментариев нет:

Отправить комментарий