! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

09 апреля, 2011

Дунявӣ, аммо бо ҷомаи шариат / دنیوی، امآ در جامه شریعت


Иддае аз сокинон мегӯянд, бо вуҷуди он ки дар кишвари дунявие чун Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, вале ҳамоно меъёрҳои шариату одатҳои исломӣ аз қонунҳои дунявии ҳукумат барояшон муқаддамтар будааст.

Барои мисол, қонунҳои ҳукумат кайҳо чандҳамсарӣ ё серзанагӣ, пӯшидани ҳиҷоб дар идораҳои давлативу донишгоҳҳоро манъ карда, ҳамчунин, хондани намоз дар қади кӯча ва берун аз масҷидро раво надонистааст.
Шоҳидони ҳол мегӯянд, агарчӣ мардум тавонистаанд, ки баъзе аз ин қонунҳои дунявии ҳукуматро муроот накунанд, аммо нагузоштаанд, ки меъёрҳои шариати ислом, аз ҷумла хондани намоз дар қади кӯча халал бинад.
Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон аксарият ба ин боваранд, ки панҷаҳои меъёри шариат акнун бо муносиб омадани вазъи динӣ дар кишвар дар баъзе ҳолат қонунҳои дунявии ҳукуматро пахш мекунад.
Ҳатто имрӯз ҳарфи аввалро дар ҷомиаи мусулмони Тоҷикистон тақрибан рӯҳониён мезананд ва садҳо ҳазор мардуманд, ки бо эътиқоду боварӣ аз муллоҳо барои худ кӯмак мехоҳанд.
Акнун баҳсҳои хонаводагӣ, масъалаи хариду фурӯши замин, ҳаққи волидон, мушкили муҳоҷират, нарх дар бозорҳо ва сиёсати давлатӣ ба ҷои ин ки дар идораҳои давлатӣ ва бар асоси қонунҳо баҳс шаванд, ба назди муллоҳо кашида шудаанд.
Бибизайнура, ки як соли пеш аз шавҳари худ талоқ гирифта буд, мегӯяд, пас аз муроҷиатҳои пай дар пай ба идораҳои давлатӣ натавонист барои панҷ фарзанди танҳояш аз падари онҳо алимент ситонад.
Вай мегӯяд, пас аз ин бо маслиҳати занони деҳа ба назди имомхатиби масҷиди маҳаллаашон рафт, то аз ӯ бихоҳад, ки мушкили миёни ӯ ва шавҳарашро ҳал намояд: “”
Қобилҷон Боев, собиқ мудири шӯъбаи фатвои Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, ҳам мегӯяд, аксари мардум барои дарёфти посух ба мушкилоти худ ба онҳо муроҷиат мекунанд, то хубиву бадии корро аз дидгоҳи шариати ислом бисанҷанд.
Вале ӯ мегӯяд, ҳоло аксари муроҷиатҳо ба онҳо дар бораи талоқанд, ки баъд аз муддате зану шавҳар аз он пушаймон шудаву мехоҳанд дубора бо ҳам зиндагӣ кунанд.
Ба гуфтаи оқои Боев, дар ин маврид зоҳиран никоҳи давлатии зану шавҳар халалдор нашудааст ва аз дидгоҳи қонунҳои ҳукумат низ бар сари худ мушкиле надорад, аммо шариати ислом бошад, дар аксари ҳолат онро ҳаром шуморидааст. Гуфта мешавад, сокинони Тоҷикистон дар ҳафтод соли ҳукумати Шӯравӣ низ бо вуҷуди мушкилиҳо дар қайди меъёрҳои шариат боқӣ мондаанд.
Он замон низ мардум тавонистаанд, ки мухолфи қонунҳои зиддидинии Шӯравӣ амал карда, дар назди муллоҳо таълими динӣ гиранд, пинҳонӣ намозҳояшонро бигузоранду рӯза гиранд.
Сайид Аҳмадов, собиқ раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, мегӯяд, дар бист соли гузашта итоати сокинон аз меъёрҳои шариат дар кишвар қавитар шудааст. Вай ин тамоюли сокинонро ба огоҳии ҳарчӣ бештари онҳо аз дини мубини ислом бастагӣ медиҳад: “”
Аммо Мулло Абдураҳим, сархатиби масҷиди Қазоқон дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ин маънои онро надорад, ки сокинони мусулмони Тоҷикистон ҳамагӣ аз чорчӯби меъёрҳои шариат берун по намегузоранд.
Вай мегӯяд, аксари мардум аз меъёрҳое, ки акнун ба одати зиндагии ҳамарӯзаашон табдил ёфтааст, ба мисли хатна кардани мардон, никоҳи духтару писар, ҷаноза хондан пайравӣ мекунанду халос.
Аммо дар баробари ин мегӯяд ӯ, даҳҳо меъёри дигаре ҳастанд, ки агар аз тарафи як гурӯҳ риоя шавад, аз тарафи гурӯҳи дигар аслан муроот намешавад. Дар ҳамин ҳол, Иброҳим Усмон, проффесори тоҷик, мегӯяд, феълан кӯшишҳое ҳастанд, ки меъёрҳои шариат ба шиддат дар ҳаёти шаҳрвандии Тоҷикистон амалӣ шавад. Вале мегӯяд, оқои Усмон, ин кӯшишҳо, ки бо қонунҳои дунявии ҳукумат, дақиқтараш, сиёсати ҳукмат, мухолифанд, метавонанд дар охир ба тундгароӣ табдил шаванд.
Бо ин ҳол, солҳост, ки Тоҷикистони дунявӣ дар либоси шариати исломӣ вуҷуд дорад. Ҳама аз хурду бузург имрӯз дунболи фатвову хитобаҳои рӯҳониён мераванд ва аз рӯйи гуфтаҳои онҳо амал мекунанд.
Ҳатто мансабдорони тоҷик аз муллоҳо дуову фотиҳа мехоҳанд. Худи давлат низ бо вуҷуди он ки дунявист ва дар баъзе ҳолат талош мекунад, ки аз исломишавии башиддати ҷомиа ҷилавгирӣ кунад, вале ё барои оромиши мардум ва ё аз рӯйи майле, ки дорад, исломро муаррифӣ ва ҷашнвораҳои пешвоёни исломро баргузор мекунад.  

Комментариев нет:

Отправить комментарий