! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

13 января, 2012

Захми корд ва захми сухан

Хабари захмӣ шудани Додоҷони Атовуллоҳ ва он ҳам дар ғарибӣ дили маро ба дард овард. Дарди сангину бе дармон. Ӯ ҳамеша ҷасур буд, ки ҷасурона ба мулоқот рафт. Вале номарде ба синаи ӯ корд зад. 



Корде, ки мисли таънаву бӯҳтонномаҳои бархе аз ҳамватанон ба дили ӯ кора накард. Касе буд, беҳуда худро ранҷ дод. Беҳуда ба худ номи номардро гирифт. Номи ғиромбозро гирифт.


Додоҷонеро, ки ман мешиносам, якрӯву якроҳ аст. Ман ҳаргиз ин ҳарфи ӯро фаромӯш нахоҳам кард, ки дар яке аз мусоҳибаҳояш дар нашрияи "Ҳафтганҷ" гуфта буд: "Роҳи ман яктост ва ба ҳама ошност". 


Вай дар тӯли ин муддат, ки ҳамеша ранҷу кулфатҳо ва ҷудоиҳо ба дунбол дошт, аз роҳаш барнагашт. Ба пешниҳодҳо розӣ нашуд. Ӯ роҳашро мисли баъзеи дигарон тағйир надоду фурӯхта ҳам нашуд. Ӯ ҳанӯз дар роҳи худ равон аст. Ҳатто зарбаи корд ё чоқу ҳам ӯро аз роҳаш барнахоҳад гардонд.



Ман Додоҷонро солҳо боз мешиносам. Аз навиштаҳояш. Зеро ман бо ӯ ҳаргиз рӯ ба рӯ сӯҳбат надоштам. Фақат як бор дар бинои ГЖК дидаам, ки ҳамроҳ бо як гурӯҳ хабарнигорони олмонӣ омада буд. 


Сурату сирати ӯро навиштаҳояш барои ман боз кардаанд. Медонам, ки баъзеҳо ӯро дидан намехоҳанд ё чандон хуш надоранд. Вале ӯ ҳар он чи навишт, аз таҳи дил навишт, самимона навишт. Ҳарчанд дар баъзе ҳолат хеле талху тунд гуфт, ки шояд ҷигари иддаеро сурох кард.


Аммо зарбаи корде, ки ба синаи ӯ заданд, посух ба ин зарбаҳо ё захмҳои сухани ӯ буда наметавонад. Зеро зарбаи корд пас аз ҷарроҳӣ ва бо гузашти солҳо хоҳад рафт, вале зарбаи сухан, захми сухани ӯ, ки бар рӯй ва дили гурӯҳе гузоштааст, барои ҳамеша боқӣ хоҳад монд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий