! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

09 октября, 2011

Браво Ҷӯрабек! Браво Ҷонибек!


Қариб ҳашт сол мешавад, ки дар шаҳри Душанбе, пойтахти кишвари азизам -- Тоҷикистон зиндагӣ мекунам. Агарчӣ борҳо ба ҳамдеҳагони меҳмонам бинои Кохи Борбад ва ё Филармонияи давлатиро нишон дода, барояшон муаррифӣ кардаам, аммо ҳаргиз вориди онҳо шудаву консертеро тамошо накарда будам.

Аз наврасӣ ҳам шавқи онро надоштам, ки дар консертҳо иштирок бикунам. Ҳамеша беҳтар медонистам, ки фитта ё дискнавори овозхонҳои писандидаамро дар хона ва мувофиқ ба табъу завқи худам тамошо ё гӯш кунам. 

Вале ин бор бо тақозои кор ба консерти Ҷонибеки Мурод, ки бояд дар Кохи Борбад баргузор мешуду вале дар Филармонияи давлатӣ иттифоқ уфтод, иштирок кардам. 

Ин барои аввалин бор буд, ки консерти як ҳунармандро аз наздик тамошо мекардам ва гоҳо даст меафшондаму гоҳе дигар ба рақсу бозии духтарони ҳампаҳлуям менигаристаму дар ҳайрат меуфтодам. Ба ҳар ҳол, ин бор пушаймон нашудам.

Бар хилофи онҳое, ки ҳамеша устод Ҷӯрабеки Муроду фарзандаш Ҷонибекро мавриди интиқод қарор медиҳанд, падару писар як лаҳза саҳнаро ором нагузоштанд ва мардумро хушҳол карда гусел намуданд. Бовар кунед, Ҷӯрабеку Ҷонибек, ки ҳар кадоме дар деги алоҳида меҷӯшанд, агар ба ҳамдигар омезиш ёбанд, ҷаҳони дигар аст!

Бисёриҳо то кунун аз ман мепурсанд, ки чаро ин консерт дар Кохи Борбад неву дар Филармонияи давлатӣ баргузор шуд?

Дақиқан посухи ин суолро намедонам. Ҳамон тавре Устод Ҷӯрабеки Мурод гуфтанд, масъулин хостаанд, ки моро аз сӯхтор эмин нигоҳ бидоранд ва барои ҳамин ба Филармония фиристоаданд.

Шояд... Вале чаро даҳҳо фачу лачхонакҳо дар Кохи Борбад консерт додаанду медиҳанд, сӯхтор нашудааст ва ин бор бишавад? Онҳое, ки мехостанд аз ин тариқ монеи консерту маҳбубияти Ҷонибеку Ҷӯрабек бишаванд, шикаст хӯрданд.

Зеро аксари мардум мавзӯъи эҳтиёт аз сӯхтор дар Кохи Бробадро ба масхара кашиданд. Дуввум ин ки мардум фаҳмид, ки ин мавзӯъ решаи сиёсӣ дорад, на чизе дигар. 

Илова ба ин, ин талошҳо ба обрӯи падару писар афзуду аз обрӯи эътибори онҳо кам накард.

Пас, браво Ҷӯрабек ва браво Ҷонибек! Маҳбубияти мардумро аз Шумо касе наметавонад бигирад. Интихоби ҳунарманди писандида маҷбурӣ нест ва ин дар ихтиёри дили мухлисон аст, на мақомдорон! 

Худоё, ҳамин қадар интихоби шаффоф дорем дар Тоҷикистон, ки онро ҳам мехоҳанд ба интихоби "сеҳрогин" табдил диҳанд. Лекин намешавад.
Ман он чиро гӯш медиҳаму дӯст медорам, ки дилам мехоҳад. Шумо чӣ?

Комментариев нет:

Отправить комментарий