! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

09 октября, 2011

Оҳангашон ҳанги хару...


Беғам ҳама ғамхорҳо, бесар ҳама сардорҳо,
Аз ваъда пур толорҳо, холӣ ҳама анборҳо.
Пур шуд агар сад кисае, холист милйун косае,
Хории миллатро бубин дар кӯчаву бозорҳо.
Хушкида оби рӯйҳо, гандида оби ҷӯйҳо,
Пӯсида наъши одамӣ дар чолаҳо, дар ғорҳо.

Оҳангашон ҳанги хару фарҳангашон банг асту ҷанг,
Симои миллат зишт шуд аз зиштии кирдорҳо.
Оне, ки хонӣ дӯстат, каҳ ҷо кунад дар пӯстат,
Гирдат гирифта чор сӯ гирдоби гирудорҳо.
Асъор дорад, пур хурад, ашъор зери по ниҳад,
Помол шуд ақлу хирад аз тозиши дулорҳо.
Тири мусалсал оварад ганҷинаҳо, нақдинаҳо,
Мили камонча офарад ҳинҷорҳо, меъёрҳо.
Фарёдҳо, афсӯсҳо аз марги созу сӯзҳо!
Вовайлато, воҳасрато аз марги нангу орҳо!
Бар ҳоли ту мегирямо, ҳар лаҳзае мемирамо
Эй халқ, халқи содадил, бо андуҳу тиморҳо...


Лоиқ Шералӣ, 14.10.1996

Комментариев нет:

Отправить комментарий