! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

18 декабря, 2010

Шаби Ялдо, Шаби чилла ва Соли нави мелодӣ

Дилшод Раҳимов
Дар шеъри форсӣ-тоҷикӣ образу тасвирҳо, чеҳраҳои таърихию асотирӣ ва ишораҳои зиёде ба ойину анъанаҳои бостонии эронӣ мавҷуданд, ки барои кушодани маънӣ ва фаҳмидани мазмуни баъзеи онҳо хонандаро лозим меояд, ки ба ҷустуҷӯ ва ва ковишу пажӯҳиш даст занад. 

Яке аз ишораҳое, ки дар тасвири шаби дароз ва ё замони тӯлонии марбут ба фироқи маҳбуба ба назар мерасад, ибораи «шаби ялдо» мебошад. Чуноне ки Убайди Зоконӣ гуфтааст: 

Бо зулфи ту қиссаест моро мушкил,

ҳамчун шаби ялдо ба дарозӣ машҳур.


Ё худ Мавлоно Ҷомӣ мефармояд:


Эй хуш он оташи рахшанда, к-аз оинаи субҳ

Мебарад шӯълаи он занги шаби ялдоро.


Дар фарҳангу луғатномаҳо калимаи «ялдо» ба маънии шаби торик ва тӯлонӣ ва шаби дарозтар аз ҳама шабҳои сол омадааст. Инчунин «ялдо» ба маънои маҷозии сиёҳ ва торик ва киноя аз зулфи маҳбуб низ ба кор рафтааст (ниг. Фарҳанги забони тоҷикӣ, ҷ.2. М.: 1969, с. 634; ғиёс-ул-луғот, ҷ.2. Д.: Адиб, с.414). Аммо ҳамчун истилоҳ ин ибора чӣ таъриху тафсире дорад, дар луғатномаҳо камтар шарҳ ёфтаанд.

Ба аҳли илму фарҳанг маълум аст, ки қабл аз дини ислом ва кеши зартуштӣ ниёгони мо – тоҷикону эрониҳо пайрави ойини меҳрпарастӣ ё худ митраизм будаанд. Дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва фарҳангӣ роҷеъ ба унсурҳои боқимондаи ин ойин ишораҳо мавҷуданд, ки аз назари устурашиносону муаррихон ва диншиносон дур намондаанд. қабл аз ин ки ба баррасии маросими шаби Ялдо пардозем, зарур аст, ки ба устураҳои марбути эзади Меҳр назари кӯтоҳе андозем.

Роҷеъ ба муаррифии Меҳр устурашиноси эронӣ Меҳрдоди Баҳор навиштааст: «Меҳр эзаде аст ҳиндуэронӣ, ки номи ӯ дар ҳиндӣ маънои «дӯст»-ро дорад ва дар Авесто ба маънои «паймон» ва дар форсӣ ба маъноӣ дӯстӣ ва хуршед аст. Ин эзад, ба эҳтимоли қавӣ, дар назди ҳиндуэрониёни аъсори бисёр куҳан мазҳари паймону дӯстӣ миёни афроди қабила бо якдигар ва мазҳари ваҳдату муқарароту равобити ойинӣ дар кулли қабила будааст ва метавон бовар дошт, ки ӯ эзади баракатбахшандаи хуршедӣ низ ба шумор меомадааст» (Баҳор М. Аз устура то таърих. 1379, с.332).

Меҳр дар Авесто (Митра) – эзади фурӯғу рӯшноӣ ва паймоншиносиву садоқат аст. Дар замонҳои хеле қадим, ки қавмҳои ориёӣ дини митроизм ё меҳрпарастӣ доштаанд, Митра ҳамчун худои осмони пурнур парастиш мешуд ва яздони бузургу муқтадир ба шумор мерафт. Пас аз зуҳури Зартушт ва пайдоиши кеши маздоясноӣ ё худ зартуштӣ мавқеи ӯ ба тадриҷ таназзул меёбад. Яъне аз мақоми худованди офаридгору пурқудрат ба эзади иҷрогар табдил меёбад. Бисёр сифатҳову афрӯзаҳои Меҳр ба худои ягонаи офаридгори зартуштӣ – Аҳура Маздо ва қисман ба эздони дигар ба монанди Баҳрому Суруш ва Рашн нисбат дода мешаванд.

Дар фарҳанги мардумони эронитабор бозмондаҳои аз ойини меҳрпарастӣ дар шаклҳои бовару эътиқод, ҷашну маросимҳо ва дар шакли рамзҳову тасвирҳо боқӣ мондаанд. Чунончи, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, шаби Ялдо ва ғайра.

Мувофиқи тақвими суннатии эронӣ шаби 30-юми моҳи Озар (22-уми декабр) рӯзи таваллуди Меҳр мебошад, зеро аз ҳамин вақт сар карда, рӯзҳо дарозтар ва тобиши офтоб бештар мегардад. Шаби ин рӯзро эрониён Ялдо меномиданд ва бахшида ба ҳамин сана шабнишиниҳо барпо мекарданд. Вожаи «ялдо» аз забони сурёнӣ буда, маънои валодат ё таваллудро дорад. Яъне дар ин шаби дарозтарини сол Меҳр таваллуд шудааст, чун ӯ эзади рушноӣ ва фурӯғ буд, аз ҳамон замони зода шудани ӯ рӯзҳо ба дарозшавӣ сар мекунанд.

Оид ба макон ва наҳваи таваллуди Митра ақидаҳо гуногунанд. Мутобиқи асотири халқҳои аврупоии меҳрпараст Митра аз тахтасанге таваллуд шудааст, аммо дар устураҳои меҳрпарастони румӣ ӯ аз гули нилуфар ба дунё омадааст. Дар асотир ва боварҳои қадимаи эрониён гуфта шудааст, ки Митра аз нуре, ки аз паси кӯҳҳои Албурз меояд, мутаваллид гаштааст. Эрониёни қадим дар шаби ялдо ба домани ин кӯҳ мерафтаанд, то ки субҳ шафақи сурхро ҳамчун намоди таваллуди Меҳрро мушоҳида намоянд.

Муҳаққиқи эронӣ Хусрави қулизода дар як асараш оид ба таваллуди Меҳр чунин овардааст: «Меҳр аз тахтасанге, ки дар канори рӯдхона, зери сояи дарахти анҷир қарор дошт, зода шуд ва ҳангоми таваллуд дар як даст машъале фурӯзон ва дар дасти дигар ҳанҷаре дорад. Машъал нишонаи нуре аст, ки ба аъмоқи торикиҳо нур метобад ва ханҷар нишонаи силоҳе, ки бо он говро мекушад. Меҳр ибтидо аз баргҳои анҷир барои худ ҷомае сохт ва сипас бар он шуд, бар мавҷудоте, ки пеш аз худаш офарида шуда буданд, чира гардад…

Макони Меҳр болои кӯҳи Албурз аст. ӯ бар тан зиреҳи заррин ва бар дӯш сипари симин ва дар даст гурзе гарон дорад. Бар гардунаи минуии бо ситораҳо муннақаш, бо чаҳор аспи сафеди намиранда, ки наълҳои заррин ва симин доранд, савор аст». (Х. қулизода. Фарҳанги асотири эронӣ. Теҳрон: 1388 ш., с.395-397).

Олими энсиклопедисти тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» ҳарчанд номи ялдоро наовардааст, аммо онро, азбаски дар охири моҳи озар барпо мешуд, бо номи «Озарҷашн» чунин ишорат кардааст: «Ва ин ид дар қадим оғози зимистон буда ва дар ин ид оташҳои бузург дар хонаҳо меафрӯхтанд ва ибодати худованду ситоиши ӯро зиёд менамуданд. Ва барои сарфи ғизо ва дигар шодмониҳо гирди ҳам меомаданд». («Осор-ул-боқия», Д.: Ирфон, 1990, с. 241)

Имрӯзҳо дар бисёр устонҳои Эрон шаби дарозтарини солро бо номи шаби Ялдо муаррифӣ мекунанд ва дар ин шаб бо ғизоҳои махсус тановул карда ва амалу одатҳои суннатиро иҷро мекунанд. Дар рӯи суфраи маросими Ялдо меваҳои сурхранги себ, анор, ангур ва қанду мағзу мавиз мегузоранд. Яке аз неъматҳои шартии ин дастархони ҷашнӣ тарбуз ё ба қавли худи эрониҳо – ҳиндувона мебошад. Аз таомҳо оши шир, биринҷ, мурғ бештар таҳия ва тановул мегардад, ки аксаран ранги сафед, зард ва ё сурх доранд. Албатта ҳар як мева ё ғизое, ки дар суфраи маросимӣ ниҳода мешавад, рамзу намоди хосеро ифода мекунанд.

Дар бисёр манотиқи Эрон, ба монанди тоҷикон, мардум зимистонро ба ду чилла: бузург ва кӯчак ҷудо мекунанд ва шаби нахустини чиллаи бузургро ба шаби Ялдо баробар медонанд. Аз ин хотир, таъбири «шаби чилла» низ дар гуфтори мардум роиҷ аст.

Мардуми устони Хуросон дар ин шаби муқаддас бедор мемонанд ва ба ибодату қироати қуръони маҷид мепардозанд. Дар бисёр деҳаҳо ҷавонон қиссахонӣ, шоҳномахонӣ ва саргармиҳои дигаре чун фолкушоӣ, чистонёбӣ, шеърхонӣ барпо мекунанд.

Бурдани ҳадя ба арӯс бо унвони «Шаби чиллаӣ» аз дигар маросимҳои шаби Ялдо дар ҷануби устони Хуросон аст. Дар ин шаб барои духтароне, ки ба тозагӣ номзад шудаанд, аз тарафи хонаводаи домод ҳадяҳо фиристода мешаванд ва хонаводаҳои арӯсу домод даври ҳам ҷамъ мешаванд.

Дар устони қазвин пирону миёнсолон аз эътиқоду шугунҳои суннатӣ аҳли нишастро ёдовар мешаванд, ки «агар Нана-сармо дар ин шаб гиря кунад, борон меборад; агар пунбаҳои лиҳоф (кӯрпа)-ро берун бирезад, барф меояд; агар гарданбанди марворидаш пора шавад, жола меборад» (ғиёсободӣ Р. Шаби Ялдо: баргузории шаби чилла дар шаҳрҳои Эрон. Мавод аз Интернет).

Дар устони Озарбойҷон мардум ақида доранд, ки то поёни чиллаи кӯчак занҳо хонатаконӣ намекунанд. Агар тӯли ин ду чилла касе хона таконад, чилла ӯро нафрин мекунад ва он шахс ба накбату бадбахт меояд. (ғиёсободӣ Р., ҳамон асар).

Хулоса, дар аксари устонҳои Эрон имрӯз ин ҷашни бостонӣ боқӣ мондааст ва мардум бо суфраи маросимӣ ва махсусан гузоштан ва тановули тарбуз (ҳиндувона) ва анвои меваҳои тару хушк ин шабро пазироӣ мекунанд. Баъзе муҳаққиқон, масалан, Ризо ғиёсободӣ, ҳасани Зиндадил ва чанде дигар, тарбузро намод ё рамзи хуршед шумурдаанд, ки ҳангоми тулӯъ ва ғуруб сурхранг мешавад. Аммо ба андешаи мо, чун ин шаб шаби таваллуди Меҳр аст ва ранги рамзии Меҳр низ сурху заррин аст, дар ин маросим тарбуз рамзи батн мебошад, ки дар он Митра ҷойгир шудааст.

Дини митраизм дар замони ҳукумати ашкониён аз сарзамини Эрони бузург ба Рум ва кишварҳои Балкану романизабони Аврупо роҳ ёфтааст.

То ба асри 4 мелодӣ дар Империяи Рум ва баъзе мамлакатҳои аврупоӣ дини митраизм ҷорӣ будааст ва пасон масеҳият ҷойи меҳрпарастиро ишғол мекунад. Дар ин мамолик рӯзи 25-уми декабрро ҳамчун зодрӯзи Митра ҷашн мегирифтанд, шамъафрӯзӣ мекарданд ва шабнишиниҳо доштанд. Дар ҳоле ки зодрӯзи Исои Масеҳ 6-уми январ таҷлил мешуд. Чун масеҳият ҷойгузини митраизм дар империяи Рум гашт, мардум шабнишиниии зозрӯзи Митраро идома медоданд. Аз ин сабаб рӯҳониёни масеҳиро маъмур карданд, ки рӯзи таваллуди Исоро 25-уми декабр эълон кунанд ва таҷлил намоянд. ҳамин тавр шаби Ялдо дар кишварҳои аврупоӣ ба ҷашни Кристмас (Рождество = Мелод) ё худ зодрӯзи Исои Масеҳ табдил ёфт ва то ба имрӯз идома дорад.

Дар кишварҳои масеҳикеши Аврупо дар шаби ҷашни Мелод ҳоло ҳам шамъ рӯшан мекунанд ва он се ҳафта фурӯзон мемонад. Шамъгузорӣ ёде аз эзади фурӯғу рушноӣ Митра мебошад. Дарахти арча низ ҳамчун рамзи ҳаёти абадӣ аз митраизм ба масеҳият гузаштааст. Чи тавре ки муҳаққиқон собит кардаанд, масеҳият идомаи тағйирёфтаи меҳрпарастӣ мебошад. Зеро дар дар мифология, маросимҳо ва ақоиди масеҳӣ таъсири зиёди меҳрпарастиро хеле возеҳ мушоҳида менамоем. Барои намуна ҳаминро зикр кардан ба маврид аст, ки рӯзи ибодати масеҳиён, ки якшанбе аст дар лотинӣ Sunday ном дошт, ки маънояш «рӯзи офтоб» мебошад. Ё худ гумбазҳои тиллоиранги калисоҳои масеҳӣ, дар митроизм ҷой доштанд, ки инъикоси нурҳои офтоб ва ё рамзи эзад Меҳр мебошанд.

Аз ин баррасии кӯтоҳ бармеояд, ки идома ва унсурҳои ойини бостонии ниёгони мо – митраизм ҳоло ҳам дар фарҳанги халқҳои гуногуни ҷаҳон ба назар мерсанд.

Дар рӯзҳои ахир дар матбуот ва расонаҳои дигари тоҷик дар атрофи ҷашни соли нави масеҳӣ ва мансубияти он ба худиву бегонагӣ баҳсҳо сурат гирифтаанд. Ба андешаи инҷониб, чун соли нави масеҳӣ аз анъанаҳои бостонии ориёиҳо, зодрӯзи эзади тавонои меҳрпарастон – Меҳр маншаъ мегирад, таҷлили он барои мо бегона нест. Дуюм ин ки мо дар давлати дунявии демократӣ зиндагӣ дорем ва солшумории ҷории кишвари мо тақвими мелодӣ аст. Дар интиҳои сол кору бор ва нақшаҳоро ҷамъбаст менамоем, ҳисоботҳоро таҳия месозем, соли ҷадидро бо нақшаву барномаҳои нав шурӯъ мекунем, аз ин ҷиҳат оғози соли нави мелодӣ барои мо – тоҷикон падидаи аҳамиятнок мебошад. Аз нигоҳи дигар, дар тӯли 70-80 сол ин ҷашн ба фарҳанги мардуми тоҷик дар шакли аврупоии он ворид гашт ва дар қатори идҳои дигар мавқеи худро пайдо кард ва метавон гуфт, ки ба як ҷашни анъанавӣ табдил ёфтааст. ҷашни Ялдо ва Соли нави 2011 бар ҳамаи Шумо мубораку фархунда бод!


Дилшод Раҳимов

Номзади илми филология,

фолклоршинос

Комментариев нет:

Отправить комментарий