! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

01 декабря, 2010

"Мо намемирем, моро мекушанд"?

Каюмарси Ато
(Ин матни гузоришест, ки дар соли 2006 барои барномаи Фарҳанг ва андешаи Радиои Озодӣ бо дархости дӯсти азизам Дориюши Раҷабиён навишта будам) 

Ҳасад чист? Ба ин суол метавонанд кулли мардуми тоҷик посух диҳанд: ҳасад ин рашк, бахилӣ, бадхоҳӣ, бадандешӣ. 
Ҳамчунин дар фарҳанги забони тоҷикӣ ҳасад ба маънии нотавонбинӣ ва пешрафти касеро нахостан омадааст.

Муҳаммади Ҳиҷозӣ дар китоби «Ҳазору як сухан»-и худ менависад, «мавзӯи ҳасодат чӣ хармӯҳра бошад, чи дурри ғалтон асари он якест».

Ҳатто зарбулмасали «Агар ҳасад набошад, олам гулистон аст» миёни мардум хеле роиҷ мебошад.

Дар китоби мусалмонони дунё – Қуръон, дар сураи фалақ гуфта мешавад, «аз одамони ҳасуд дурӣ ҷӯйед ва аз ҳасади онҳо худро эҳтиёт кунед».

Латофат Назирова, номзади илмҳои равоншиносӣ ин андешаро ҳам инкор намекунад ва бовар дорад, ки ҳасад як маризии сироятшаванда ва ҳасуд - одами носолим мебошад.

Ӯ мегӯяд, аслан ҳасад дар зиндагӣ ҷанбаи мусбат надорад ва метавонад инсонро барои ҳамеша бадбахт гардонад:

Бисёре аз ҳамсӯҳбатони ман дар кӯча-хиёбонҳои Душанбе гуфтанд, ҳасад бурдан оқибати нек надорад. Онҳо мехоҳанд, дар ҳаёт ҳасуд набошанд. Аммо чӣ кунанд, ки ҳасудхӯрҳо дар ҷомеаи имрӯз хеле зиёданд.

Вожаи ҳасад барои ҳамаи мардум ошност. Онҳо медонанд, ки ҳасад оқибати нек надорад.
Аммо ба ин нигоҳ накарда шумораи бадхоҳон ва ҳасудон дар ҷомиаи имрӯз хеле ва хеле афзоиш меёбад.

Аз хушии мо ҳасудон нохушанд,
Мо намемирем, моро мекушанд!

Комментариев нет:

Отправить комментарий