! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

31 марта, 2008

"Хайём ва Путин". Муносибати сарди русҳо ба тоҷикони муҳоҷирро гарм мекунад?

Маҳмаднабӣ Ҷабборов, як хонандаи тоҷик, СиДии рубоиёти Умари Хайёмро нашр ва онро ба раиси ҷумҳури Русия оқои Путин тақдим кардааст. Маҳмаднабӣ ба расонаҳо гуфтааст, ки ин тасмими ӯ барои хотири меҳри беандоза доштани Путин ба рубоиёти Умари Хайём, яке аз шоъирони классики форсизабон анҷом шудааст. Дар СиДии «Шоистаҳо тақдир намешаванд» метавон рубоиёти Хайёмро ҳам ба забони русӣ ва ҳам ба забони тоҷикӣ шунид. Аз дастгоҳи раиси ҷумҳури Русия ба хабаргузориҳои ин кишвар гуфтаанд, ки Путин ба интишордиҳанди ин СиДи аллакай мактуби сипос фиристодааст. Қаблан ҳам дар яке аз шаҳрҳои Русия китоби «Хайём ва Путин»-и адиб ва рӯзноманигори тоҷик Бобоҷони Икром рӯи чоп омад ва ба яке аз серхаридортарин китоби рӯзи вилоёти Русия бадал гардид. Бобоҷони Икром дар як сӯҳбаташ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин талоши ӯ на барои рӯҳбаландии оқои Путин, балки барои мӯътадил кардани тасаввуроти русҳо дар нисбати тоҷикони муҳоҷир анҷом шудааст. Ба ин маънӣ, ки бояд русҳо низ бидонанд: тоҷикон мардуми ҳамин рӯз нестанд, балки гузаштаи тӯлониву арзишманде доранд. Аммо то куҷо ин ҳама ба дили русҳои мӯйзарду чашмкабуд таъсир хоҳад кард?

3 комментария:

  1. Сипос ба Махмаднаби,
    Бехтарин коре кардааст, Чое ки зур ва зар надорем, метавонем аз ин рох дилхоро то андозае ба худ гарм созем,
    Коре ки Махмаднаби кардааст, болотар аз хар гуна дипломатияи расмии ТЧК аст,
    Каюмарс, лутфан агар ин бачаро шахсан мешиносед, ташаккури маро ба у бирасонед,

    ОтветитьУдалить
  2. Сухани тозае буд, ки хабар надоштам. Сипос ба хар ду барои чушкории равобити гусехтаи мо бо хаммеханони пешин. Ва сипос ба Каюмарс барои ин матлаби хуб.

    ОтветитьУдалить
  3. Шахриёри азиз,

    Махмаднаби Чабборовро ман хам намешиносам. Аммо мухим ин нест. Мухим ин аст, ки вай як кори хайрро анчом додааст. Мо дар якчояги барои у ташаккур мегуем. Дасташ дард накунад.

    ОтветитьУдалить