! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

28 февраля, 2008

Даргириҳои дохилии Тоҷикистон: Ҷанги таҳмилӣ ё мубориза барои эҳёи СССР?

Замоне ки дар Тоҷикистон оташи ҷанг аланга мезад ва бародар бародарро мекушт, ҳамагӣ 8 сол доштам. Замоне ки ҳукумат ва мухолифин бо ҳам сари гуфтугӯ нишаста, созиш карданд, 13 – сола будам. Аммо то ҳанӯз дуруст сарфаҳм намеравам, ки чаро тоҷикҳо бо ҳам ҷанг карданд ва ҳамдигарро куштанд. Дар ин бора «Қурбонии дузахма», «Фарёди солҳо»-и Бӯрӣ Бачабеки Каримро хондам. «Табадуллоти давлатӣ»-и Сафаралӣ Кенҷаевро варақ задам. «Субҳи ситоракуш»-и Аслиддин Соҳибназаровро ҳам. Вале фикр мекунам, ин китобҳо бидуни ғараз ва воқеӣ навишта нашудаанд. Бубинед, яке аз ин муаллифон Қаҳҳор Маҳкамов ва дигарӣ Раҳмон Набиевро аз гунаҳкорони аслии ҷанги дохилии Тоҷикистон медонанд. Ҳақиқат куҷост? Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода бошад, ахиран дар яке аз сӯҳбатҳои худ ба ҳангоми таҷлил аз даҳумин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ (июни соли 2007) баён дошт, ки ҳақиқати ин ҷангро баъд аз 10-20 соли дигар ошкор мекунад. Яъне, ҳанӯз ҳам пардаи ҳақиқат аз рӯйи ин ҷанги бародаркуш бардошта нашудааст. Ҳар кас аз сояи худ метарсад. Аммо як сӯҳбати Хоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳадаф аз ташкили ҷанги дохилии Тоҷикистон дигар чиз буд. Оре, дигар чиз. Аммо чи чиз??? Як пора аз ин сӯҳбатро пешкаш мекунам ва хулосаву қазоват аз Шумост. Ҳар маълумотеро дар ин бора медонед, нависед. Биёед, ояндагонро фиреб надиҳем. Таърихро фиреб надиҳем!

Хочи Акбар Турачонзода:
«Сабаби асосӣ аз музокирот ин бозгашт буд. Бозгашти муҳоҷирин бо сари баланду рӯи сурх, на ҳамчун мағлуб. На ҳамчун гунаҳкор. Чунки мо ягонтоямон худро гунаҳкори ин фоҷиаҳо намедонистем. Бале, дар маҷмӯъ гунаҳкор ҳастем, аммо фақат мо (мухолифин) гунаҳкор набудем. Зеро ин ҷанг бо айби мо шурӯъ шудагӣ набуд. Ин ҷанг дар хориҷ тарҳрезӣ шуд, ин ҷанг аз хориҷ кӯмак шуд. Ин ҷангро ҳамонҳое ташкил карданд, ки тонку БТР ва ҳавопаймову миллионҳо тир ва даҳҳо ҳазор автомату пулемёту грантомёт доданд. Бояд ин нуктаро шаҳрвандони Тоҷикистон фаромӯш накунанд. Ҳамагӣ шонздаҳ сол гузаштааст. Бисёриҳо зинда ҳастем. Фронти Халқӣ аз куҷо ҳамаи ин муҳиммоту лавозимотро ёфт? Аз куҷо ин тонку БТР-ҳои бешуморро пайдо кард? Ҳукумати Тоҷикистон ин қадар силоҳ надошт-ку! Ман шаш моҳ узви Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон будам. Ман медонистам, ки дар Тоҷикистон чи қадар захира ҳасту кишвар чи имконият дорад. Вазорати корҳои дохилии мо ҳамагӣ чор БТР дошту халос. Ҳаминро ҳам дутоаш вайрон буд. Тонк надошт. Инҳо аз куҷо пайдо шуд? Инро ҳамон кишварҳое доданд, ки ҷангро болои мо таҳмилу тарҳрезӣ карданд. Барои саркӯб кардани он қисмати мардум, ки худшиносии милливу худшиносии динияшон хеле баланд буд. Аз ин рӯ, Фронти Халқӣ зери парчами сурх меҷангид. Барои барқарор кардани Иттиҳоди Шӯравӣ меҷангид. Аслан онҳо зидди истиқлолияти Тоҷикистон буданд. Ҳайрон ҳастам, ки чаро имрӯз ҳамагӣ инро фаромӯш мекунанд. Филмҳои ҳуҷҷатии ҳамон давраро бубинанд, ҳама байрақи сурх доштанд. Мегуфтанд, ки мо СССР-ро барқарор мекунем. Бояд инро фаромӯш накард...»

Шумо дар ин бора чи назар доред?

1 комментарий:

  1. Точикон хамчун бедортарин мардуми Осиёи Марказй дар охири солхои 80-уми садаи гузашта, тахдиде барои хамаи минтака буданд. Вакте онхо мехостанд, Русияро аз мулки худ берун ронанд, низоми амниятии хамаи минтака ва Русия аз хам мепошид. Агар Русия аз Точикистон мерафт, мачбур мешуд бо шитобзадагй марзашро дар Казокистон устувор кунад.

    Тошканд аз он харос дошт, ки Точикистони пуркувват сабаби майли мардуми точики Узбакистон, аз чумла Самарканд ва Бухоро ба Точикистон мегашт, нерухои демократик ва исломии Узбакистон пайрави ин нерухои Точикистон мешуданд ва агар Узбакистони сохтаву сунъй фуру хам ки намепошид, мумкин аст, тахти таъсири точикон карор мегирифт.

    Инхо тахдидхои чиддй буданд, ки хирсу рубохро ба хам дурага карданд ва аз каробати чинсии онхо иблиси чанги Точикистон зода шуд.

    Албатта, сабабхои дохилй низ зиёд буданд, вале Турачонзода хакикатро мегуяд, ки ин чанги онхое буд, ки силоху мухимот ва тонку зирехпуш доданд. Шумо агар манфиате надошта бошед, хасеро хам ба касе намедихед, чи монад ба ин кадар амволи гаронбахо.

    Ин хукумат бояд фаромуш накунад, ки чор-панч соли аввал дар хар вазораташ мушовирони узбак кор мекарданд ва ба Тошканд гузориш медоданд. Ин хукумат аз сари ночорй, барои дар кудрат мондан идеолужики миллиро кабул кард, вагарна бо шуъур ва хости худ харгиз ба ин рох намерафт. Холо ха маълум нест, то кучо самимист.

    ОтветитьУдалить