! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

30 октября, 2010

Насиҳати Эшони Нуриддин барои ҷавонони муҳоҷир


Эшони Нуриддин
(Акс аз Turajon.com)
Имрӯзҳо, чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, аз сабаби паст будани сатҳи иқтисодии кишвар ва мутазалзил будани сохтори иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар қисми зиёде аз шаҳрвандони кишвари мо ҷиҳати ба даст овардани рӯзии хонадонашон ночор кӯлбори мусофиратӣ ба дӯш карда, ба кишвари Русия ва кишварҳои дигар муҳоҷират менамоянд.

100 рубоии Умари Хайём

Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,
Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.
Ҳуш дор, ки сармояи мулки ҷаҳон,
Умр асту чунонаш гузаронӣ, гузарад.

29 октября, 2010

Сайидиброҳими Назар: Мухолиф будан ба хатти форсӣ бесаводист

Сайидиброҳими Назар
(Акс аз "Ойина")
Гузаштан ба ҳуруфи форсӣ ё арабиасос, гумон мекунам, зарурати зиндагӣ ва зарурати миллати мост. Яъне ин заруратро инкор карда намешавад. Фақат баҳс сари усул ва тарзи он аст, ки баргашт чӣ гуна сурат мегирад. Гурӯҳе ҷорӣ кардани хатти ниёгонро намедонанд ва мегӯянд, ки бо бозгашт ба хатти форсӣ мардум бесавод мемонанд, вале онҳо як қишри андаки ҷомеъа мебошанд. 

FARSI1-ро дубора пайдо кардам

(Акс аз интернет)
Тақрибан як соли пеш дар миёни шабакаҳои телевизионӣ номи Farsi1 -ро пайдо кардам. Дар ин шабака бештар сeриолҳои куриёӣ ва Амрикои Лотинро бо тарҷумаи форсӣ намоиш медиҳанд. Рости гапро бояд гӯям, ки забони намоишҳои ин шабака хеле олист ва барои ҳамаи мо - тоҷикон низ фаҳмо. Зеро забони тарҷумаи ин филмҳо аз он лаҳҷаи теҳронӣ, ки бештари эрониҳо бо он такаллум мекунанд, хеле фарқ дорад. 

28 октября, 2010

"КАЗДОН": Мӯрӣ аз мурӣ фарқ дорад?!

Додихудо Саймуддинов,
раиси Кумитаи забон ва истилоҳот
(Акс аз интернет)
Ё чигуна мӯҳтарам Додихудо Саймуддинов бе шӯъла шула мепазед?!

Илму фарҳанг ва маърифату маданияти имрӯзи миллати тоҷикро хусумату кину бадбиниву ниқорталабӣ ва маҳалгароиву қавмпарастӣ ба коми худ даркашидан дорад. Яке забони маҳаллашро, дигар гӯйиши хонаводагияшро севуми калимау ибораҳои аҷнабиро ба фарҳангистони миллати тамаддунпарвару мутамаддини тоҷик бо ҳар васила бор карда забони нобу шакарини тоҷикиро махлут карда истодаанд.

Таджикистанец стал победителем Международного конкурса чтецов Корана


В Исламском культурном центре Симферополя  (Украина) подведены итоги первого  Международного конкурса чтецов Корана имени шейха Абдуллах Аль Мубарак Аль Субах, который проходил с 24 по 26 октября 2010 года. Как сообщает пресс-служба Меджлиса крымско-татарского народа, в конкурсе приняли участие около 40 представителей из Азербайджана, Беларуси, Дагестана, Казахстана, Киргизии, Молдовы, России, Таджикистана, Узбекистана и Украины.  Конкурсанты демонстрировали знание текста Корана на следующих уровнях: знание наизусть всего Корана, половины, четверти Священной книги и последних трех джузов.

Ривояти Ҳаҷ - 2010

Шӯъбаи ҳаҷҷ ва зиёрати Кумитаи дин, ки дар даҳ соли гузашта риштаи танзими сафари ҳоҷиёнро ба даст гирифтааст, мегӯяд, имсол каме бештар аз 5 ҳазору 200 нафар аз сокинони Тоҷикистон ба зиёрати хонаи Каъба мушарраф хоҳанд шуд. Ин рақам дар муқоиса ба арқоми як соли пеш 200 нафар бештар, вале дар муқоиса бо он квотае, ки вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ имсол барои Тоҷикистон ҷудо кардааст, тақрибан 300 нафар камтар мебошад.

27 октября, 2010

Письмо Олега Панфилова таджикским коллегам и Президенту РТ Эмомали Рахмону

Олег Панфилов
(Акс аз интернет)
Уважаемые коллеги,

Господин Президент, 


События последних месяцев выражают тревогу за таджикскую журналистику. Многочисленные заявления международных организаций, создание Комитета «29 сентября» - показатель очередного этапа борьбы за свободу слова, которая опять оказалась неугодной чиновникам.