! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

20 июня, 2015

Пешниҳоди унвони "пешвои миллат" ба Эмомалӣ Раҳмон

Баъзе аз донишмандони тоҷик даъват кардаанд, Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури Тоҷикистон расман пешвои миллат номида шавад. Носирҷон Салимӣ, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Холмаҳмади Самеъ бо нашри як матлаб дар торнамои ҳизби халқии демократӣ гуфтаанд, хидматҳои оқои Раҳмон барои эътирофи пешвоӣ кофист, агарчӣ ба қавли онҳо, "пешвои миллӣ дар фарҳанги сиёсии кишварҳои тозаистиқлол падидаи наву нодир аст".

11 июня, 2013

Тоҷикистон як одам дорад?

То замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳамагӣ панҷ моҳи дигар боқӣ мондааст. Вале то ҳанӯз касе ҳам нагуфта, ки оё дар ин интихобот барои курсии президентӣ талош хоҳад кард, ё на.

08 июня, 2012

В Таджикистане шариат начал вытеснять из жизни людей светские законы


В Таджикистане с каждым годом растет роль религии. Большинство таджиков стремятся решать свои проблемы с помощью шариата. Они говорят, что в судах их вопросы не решаются из-за бюрократии и коррупции.

25 мая, 2012

Мавлавии Ҳиндустонӣ: Аз Бухоро то зиндонҳои Шӯравӣ


Дар ягон порчаи таърихи Тоҷикистони Шӯравӣ дар бораи Муҳаммадҷони Хуқандӣ ҳарфе гуфта нашудааст. Бо вуҷуди ин, ба бовари афроди огоҳ, ӯ аз ҷумлаи онҳоест, ки тавонистаанд мактаби як замон аз миёнрафтаи динии Бухороро дар Тоҷикистон ва дар маркази он - шаҳри Душанбе эҳё бикунанд.



Маводи мухаддир, шариат ва собиқ муҷоҳидини тоҷик

Оё метавон пули маводи мухаддирро сарфи хайру садақа, аз ҷумла садақаҳои ҷорияе, чун бунёди масоҷид кард?

Маводи мухаддир, қочоқу тиҷорат ва гирифторӣ ба он пас аз ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ба сурате чунин густурда зуҳур кард. То кунун даҳҳо тан аз гирифторӣ ба ин мавод ҷони худро бохтаву даҳҳо тани дигар аз пушти он бехонаву дар ва ё ятим шудаанд. Ва кам касе ҳаст, ки аз даҳони ин “аждаҳои марг” раҳо ёфта ба зиндагии одиву пешинаи худ бозгашта бошад.

"Напурсед, ки тоҷикам аввал, ё мусалмон"


Борҳо аз ман пурсидаанд, ки аввал тоҷикам, ё аввал мусалмон. Ин суол мисли он аст, ки аз ҳамаи мо дар хурдсолӣ мепурсанд, аввал падарамонро дӯст дорем, ё модарамонро. Шояд он вақт меҳрубонии модарро ба инобат гирифта аввал модар гуфта бошему сипас падар ва ё баръакс. Вале вақте дақиқ фикр мекунӣ, онҳо бо ҳам гӯшту нохунанд ва чӣ гуна мешавад гӯштро аз нохун ҷудо кард?  

21 мая, 2012

Гулрухсор: "Баски дар чашмаи чашмони занон ашк намонд..."

Баски оташгаҳи иноофи каён сард шудааст, 
Бардҳо мегирянд. 
Баски андар дили раҳмони замон шафқат нест, 
Дардҳо мегирянд.
Баски дар чашмаи чашмони занон ашк намонд, 
Мардҳо мегирянд, 
Мардҳо мегирянд!

Дар орзуи Инсоф ва Виҷдон

Агар Худованди карим ду фарзанди дигар бароям бидиҳад, якеро Инсофу дигариро Виҷдон ном хоҳам ниҳод. "К-аз деву дад малӯламу инсонам орзуст!.."