! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

01 июня, 2010

Устод Шакурӣ: "Инқилоб дар Бухоро фоҷиа буд!"

Ахиран китоби Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди маъруфи тоҷик бо номи “Фитнаи инқилоб дар Бухоро” нашр шудааст. Донишманди тоҷик дар ин китоб назари қолабиеро дар бораи инқилоби Бухоро, ки то ин дам “инқилоби мардумӣ” ном бурда мешуд, рад кардааст.

Дар сӯҳбате бо Муҳаммадҷон Шакурӣ аз ӯ роҷеъ ба паёми китоби “Фитнаи инқилоб дар Бухоро” пурсидем.

-Агарчӣ таърихшинос ва мутахассиси таърихи инқилоб нестам, вале азбакси бо адабиёти ҳамин давраи қарни бист, бо адабиёти шӯравии тоҷикӣ машғул будам, дар бораи инқилоби Бухоро маводи зиёде ба даст овардам ва лозим донистам, ки ин китобро нависам.

Ақидаи ман дар бораи инқилоби Бухоро хилофи он ақидаҳоест, ки то ин вақт дар байни мо вуҷуд дошт. Мо чанд вақт боз медонем, ки инқилоби Бухоро инқилоб набуд. Таҷовуз буд, ишғолгарӣ буд. Ин инқилоби пантуркистӣ буд.

Пантуркизми болшевикӣ дар солҳои аввали инқилоби Октябр дар Осиёи Миёна ба вуҷуд омад. Ва ин пантуркизм ба сари халқи тоҷик фоҷиаҳоеро овард, ки мо аз он тамоман бехабар ҳастем. Ман андак-андак фоҷиаҳои таърихиеро, ки ба сари мо инқилоб овард, дар ин китоб тасвир кардам. Акнун намедонам, мутахассисон дар ин бора чӣ мегӯянд.

-Ҳадафи “пантуркизми болшевикӣ” аз ташкили ин инқилоб чӣ буд, онҳо чӣ мехостанд?

-Болшевикон мехостанд, ки Бухороро забт кунанд. Ба ҳар ҳол Бухоро мустақил буд. Шомили ҳудуди имперотурии Русия набуд. Акнун инҳо вазифа гузоштанд, ки “инқилоби сурх” ба сӯйи Шарқ равад. Дар Эрон хостанд инқилоб кунанд. Дар Осиёи Миёна дар Хева ва Бухоро. Баъд мехостанд, ба Афғонистону Ҳиндустон раванд. Мақсади асосии онҳо Ҳиндустон буд.

Пантуркистҳое, ки соли 1917 аз Бухоро гурехтанд, аввал як қисми онҳо маорифпарвар ва ҷадид буданд. Баъд аз он ки соли 1917 маорифпарварӣ шикаст хӯрд, инҳо ба Самарқанду Тошканд гурехтанд. Дар Тошкнад ба “оғӯш”-и болшевикҳо афтоданд. Баъд болшевизм пантуркизмро барои забти Бухоро ва Хева истифода кард ва дар ин кор муваффақ ҳам шуд.

Ҳамин инқилоб пантуркистҳоро рӯйи кор овард ва ҳукуматдориро ба дасти онҳо дод. Аввалин коре, ки инҳо карданд, дар Бухоро забони тоҷикиро манъ карданд. Забони тоҷикӣ аз мактаб ва аз идораҳову ҳукумат ронда шуд. Дар ҳама ҷо забони узбекӣ ҷорӣ шуд. Даъво карданд, ки ҳамаи халқи Бухоро узбек аст. Раҳбарони инқилоб дар Бухоро, сар карда аз Файзуллохоҷаев, худашонро узбек навишта буданд ва тамоми халқро низ узбек навиштанд.

-Ин корҳое, ки пантуркистони болшевикӣ карданд, оё баъдтар дар тақсими Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ дошт ё мусбат?

-Тақсими ҳудуди миллӣ дар соли 1924 давоми ҳамин инқилоб буд. Чӣ натиҷа дод? Натиҷа ҳамин шуд, ки Бухоро ба сифати давлат нест шуд. Бухороро ба имперотурии Русия илҳоқ карданд. Баъд як Узбекистон ба вуҷуд оварданд, давлати бузург ва тавонои туркӣ. Дар натиҷаи он ки тоҷикро узбек навиштанд.

Дар муддати панҷ соли аввали инқилоб шумораи халқи узбек зиёд шуда, халқи тоҷик кам шуд. Чунки ҳамаи тоҷиконро узбек навиштанд. Чун мақсади онҳо ба вуҷуд овардани Узбекистон буд.

-Устод оё ин ҳарфхое, ки шумо мегӯед, дар китоби “Фитнаи инқилоби Бухоро” низ сабт ёфтаанд?


-Ман кӯшиш кардам, ки дар китоб сабабҳои пайдоиши инқилоб, рафти инқилоб ва оқибатҳои онро, натиҷаҳое, ки инқилоб барои халқи тоҷик дод, нависам. Ҳамаи воқеаҳои инқилоби Бухороро аз нигоҳи халқи тоҷик, миллати тоҷик ва манфиатҳои миллии мардуми тоҷик баррасӣ кунаму маънии воқеҳоро муайян кунам. Ин ҳама, албатта, дар китоб сабт шудааст.

-Ва Шумо омода ҳастед, ки ба вокунишҳову иддаоҳои таърихдодонони узбаку турк дар ин маврид посух диҳед, бахусус, нисбат ба он далелҳое, ки шумо дар мавриди инқилоб ва пантуркизм мегӯед?

-Агар умр боқӣ бошад ва агар эродҳои сахт пайдо шавад аз тарафи Узбакистон ва ё Тоҷикистон (дар Тоҷикистон касоне ҳастанд, ки аз узбекистониҳо дида дар ин масъалаҳо бадтар-М.Ш.), шавад, шояд ҷавоб гӯям. Аммо мақсади асосӣ ин нест, ки мубоҳиса кунему ман зӯран ақидаҳоямро исбот кунаму далелу бурҳон биорам. Ин гуна мақсад нест.

Мақсад ҳамин аст, ки ман ақидаҳоямро гуфтам. Ягон гап бе далелу бе бурҳон нест дар ин китоб. Мақсади асосӣ гуфтани ҳамин ақидаҳо буд. Ҳамин вазифаро иҷро кардам. Умр бисёр кам мондааст, замоне ки чашм пӯшидам, баъд сари ман санги маломат мерезанд.

-Оё қарор аст, ки боз ба ин зудиҳо рисола ё китоби дигари Шуморо хонем, устод?

-Акнун синнам ба 86 расид. Дигар қувват намондааст. На қуввати ҷистонӣ ва на қуввати рӯҳонӣ. Ман гӯиё дигар ҳеч чиз наменависам. Китоби дигарам бо номи “Пантуркизм ва сарнавишти таърихии халқи тоҷик” интишор ёбад, шуд. Он ҷо низ гуфтаниҳо бисёр аст дар бораи фоҷеаҳое, ки дар қарни бист ба сари мардуми тоҷик омадааст. 

www.ozodi.org

11 марта, 2010

Бадтарин ҳалол

Ё чаро азҳампошии хонаводаҳо дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш дорад?

Азҳампошии хонаводаҳои аксаран ҷавон дар Тоҷикистон замоне рӯйи забонҳо омад ва омори расмии он ҳам афзоиш ёфт, ки давлати ин кишвар қонуни танзими расму оинро тасвиб намуд ва тибқи он дар баробари никоҳи шаръӣ никоҳи қонуниро ҳатмӣ донист. Тибқи муқаррароти ин қонун никоҳи шаръӣ ё мусулмонӣ бидуни дарёфти санади расмии ақди никоҳ аз мақомоти сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ мамнӯъ аст.

Аммо то қабули ин қонун дар охирҳои соли 2007 бисёре аз издивоҷҳо дар Тоҷикистон танҳо бо никоҳи шаръӣ ва бидуни номнависи расмӣ сурат мегирифт. Ва иҷрои муқаррароти нав боис шудааст, ки шумораи сабти никоҳи расмӣ афзоиш пайдо кунад ва ҳам маълумоти воқеъӣ дар бораи азҳампошии оилаҳо рӯйи об барояд.

Қобилҷон Боев, мудири шӯъбаи фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, мегӯяд, дини ислом ба шиддат азҳампошии хонаводаҳоро маҳкум мекунад. Аммо ба гуфтаи ӯ, азҳампошии хонаводаҳо метавонад дар ҳолатҳои истисноӣ ва тибқи фармудаи шариати ислом анҷом шавад.

“Дар сурате, ки дар оила сӯйи тафоҳумҳо рӯ мезананд ва байни зану шавҳар носозгорӣ ба миён меояд, шариат иҷоза додааст, ки онҳо аз ҳамдигар ҷудо шаванд”,-афзуд ӯ.


Никоҳ - нисфи имон


Ин дар ҳолест, ки аз дидгоҳи дини ислом, ташкили хонавода маҳбубтарин ва азизтарин ниҳоди башарӣ назди Худованд эълом шудааст. Паёмбари ислом ҳам фармудаанд, ки “назди Худованд чизе маҳбубтар ва азизтар аз издивоҷ ва ташкили хонавода бунён нашудааст”.

Cайидюнуси Истаравшанӣ, донишманди тоҷик, ки дар Эрон ба сар мебарад, дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки “дарҳои осмон ҳангоми бурузи чаҳор падида кушода мешавад, ки ду маврид аз онҳо марбут ба хонавода аст. “Вақте ақди издивоҷ баргузор мешавад ва ҳангоме ки фарзанд ба чеҳраи волидайни худ нигоҳ мекунад”.

Ҳатто дар ҳадисе, паёмбари ислом издивоҷ ва ташкили хонаводаро барои марду зан нисфи имон дониста фармудаанд: “Ҳар кӣ издивоҷ намояд, нисфи имонашро комил карда, дар нисфи боқӣ, бояд аз Худованд битарсад”.

“Бо таваҷҷўҳ ба ин нукта, дигар маълум аст, ки ислом роҷеъ ба азҳампошии хонавода чӣ мавзее дошта бошад. Рӯшан аст, ки ислом шадидан бо падидаи барҳам задани як чунин конун ва ниҳоде мухолиф аст. Паёмбар талоқро, ки василаи азҳампошии хонавода ба шумор меравад, накӯҳиш карда мефармоянд: «Издивоҷ кунед ва талоқ надиҳед, зеро Арши илоҳӣ аз вуқӯи талоқ ба ларза медарояд”,-афзуд Сайидюнуси Истаравшанӣ.


Талоқ: Бадтарин ҳалол


Аммо чаро аз талоқ барои азҳампошии хонаводаҳо истифода мекунанд? Ва талоқ барои азҳампошии хонавода дар кадом ҳолат зарур аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ мегӯяд, Худованд талоқро танҳо дар ночорӣ машрӯъ донистааст. Вай мегӯяд, агар чорае пайдо нашавад барои ба ҳам омадан ва зиндагии якҷоя доштани зану шавҳар, яъне дигар умеде барои оштию созгорӣ миёни зану шавҳар вуҷуд надошт, танҳо дар ин сурат шариат иҷоза медиҳад, ки мард бо додани талоқ аз зани хеш ҷудо гардад.

Вай афзуд, “ислом мушаввиқи ҳифзи конуни хонавода аст ва шадидан бо азҳампошии он мухолиф, бинобар ин фақат дар вақти зарурат ва ночорӣ, талоқро машрӯъ донистааст. Паёмбар мефармоянд: “Бадтарин ва нафратангезтарин кори ҳалол назди Худованд, талоқ аст”.

Ба ҳамин ҷиҳат, шариати муқаддаси ислом, барои он ки зиндагии заношӯӣ зуд напошад, ба маҳзи ин ки марде аз ҳамсараш нохурсанд бошад, роҳи талоқро нишон намедиҳад, балки ўро ба бурдборӣ ва шикебоӣ даъват мекунад. Қуръон роҳи пешгирӣ аз ҷудоии зану шавҳарро ба беҳтарин тариқи амалӣ нишон додааст: “Ва агар аз ҷудоӣ миёни он ду (зану шавҳар) бим доред, пас доваре аз хонаводаи он (шавҳар) ва доваре аз хонаводаи он (зан) таъйин кунед. Агар сари созгорӣ доранд, Худо миёни он ду созгорӣ хоҳад дод...”.

Қобилҷон Боев, мудири шӯъбаи фатвои Шӯрои уламои маркази исломӣ низ ба ин назар аст. Вай мегӯяд, Худованд дар баробари ин ки никоҳро барои пайвандии ду нафар амр кардааст, талоқро ҳам барои ҷудоии онҳо пешниҳод кардааст. Вале ҷаноби Боев мегӯяд, пеш аз он ки талоқ гуфта шавад ва зану шавҳар аз ҳам ҷудо шаванд, бояд андеша кунанд, бояд мӯҳлате барои онҳо дода шавад, то бубинанд, ки дигарбора бо ҳам буда метавонанд ё на.


Гурез аз мушкил?


Дар ҳамин ҳол Марям Давлатова, фаъоли ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон ва сардабири маҷаллаи “Равзана”, мегӯяд, истифода аз вожаи талоқ барои азҳампошии хонаводаҳои ҷавон дар ҳолест, ки аксари онҳо никоҳи расмӣ надоранд. Ба гуфтаи вай, ин хонаводаҳо, ки сабти номи расмии никоҳ надоранд, бо як талоқ аз занҳои худ раҳо мешаванд ва зану фарзанди худро бе пуштибон ва бе хонаву дар мегузоранд.

“Вақте ки оиладор мешаванд, дар бисёр маврид аз кайди давлатӣ намегузаранд. Ин дар бисёр маврид боиси осон вайрон шудани оила мегардад. Зеро вақте шавҳар талоқ гуфт, ҳарду ҷониб гумон мекунанд, ки бо ҳамин тамом, дигар чорае нест”,-мегӯяд Марям Давлатова.

Ҷалолиддин Маҳмуд, таҳлилгари умури мазҳаӣ дар Душанбе, ҳам мегӯяд, имрӯз дар Тоҷикистон аз вожаи талоқ сӯйииситифода мекунанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, аксари онҳое, ки ин вожаро ба забон меоранд, аз пайомади он огоҳ нестанд ва фикр мекунанд, ки талоқ мисли як шӯхӣ аст ва мешавад бо он ҳамсари худро тарсонид ва ё ӯро ба ин васила аз роҳаш баргардонид.

Вай афзуд, “талоқ аз ҷумлаи ҳалолҳое аст, ки иҷрои онро Худованд мақбул намедонад. Дар Тоҷикистон, ки мардум аз ин аҳком огоҳӣ надоранд, гумон мекунанд, ки ин чизи хеле содда аст. Аз ин рӯ заруру нозарур аз ин калима истифода мекунанд. Якбора ду талоқ ё се талоқ кардан тибқи ҳадис гуноҳ аст”.


Талоқи мобилӣ


Ахиран Кумитаи занон ва оилаи назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, ки талоқ тавассути телефонҳои мобил аз сӯи муҳоҷирони тоҷик афзоиш ёфтааст. Масъулини ин кумита мегӯянд, аксари ин муҳоҷирон, ки мехоҳанд дар Русия шаҳрвандии ин кишварро ба даст оран два соҳиби ҷои кори хуб гарданд, аз занҳои худ раҳо мешаванд, ки ба азҳампошии хонаводаҳо оварда мерасоанд.

Ба саволи мо дар ин бора ки оё тавасути телефони мобилӣ баёни талоқ қабул мешавад ё не, Қобилҷон Боев, мудири шӯъбаи фатвои Шӯрои уламо чунин гуфт: “Тавассути телефон ҳам талоқ мешавад, агар садои ӯро шуниданд”.

Аммо баробари ба забон овардани талоқ мушкили хонаводаҳо аксаран ҳалли худро пайдо намекунанд. Қобилҷон Боев, мудири шӯъбаи фатво дар Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ба шӯъбаи онҳо даҳҳо тан занони аз шавҳаронашон талоқшуда шикоят мекунанд. Вай мегӯяд, аксари ин шикоятҳо дар бораи тақсими одилонаи мерос ва фарзандон аст. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ аксари онҳое ки талоқ додаанд баъд аз пушаймон шудан ба назди онҳо меоянд ва машварат мепурсанд.


Роҳи ҳал кадом аст?


Ҷалолуддини Маҳмуд, таҳлилгари масоили динӣ, мегӯяд, раванди аз ҳад афзуни азҳампошии хонаводаҳо барои ҷомеаи мусулмони Тоҷикистон пайомадҳои хуше ба дунбол надорад. Вай мегӯяд, бояд сари ин мавзӯъ мақомот ва диндорон андеша кунанд ва барои ҷилавгирӣ аз ин рухдод барномаи огоҳонидани сокинон аз ҳукмҳои шариатро рӯйи даст гиранд.

Аммо Марям Давлатова, фаъоли ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон, мегӯяд, бояд занҳое, ки бидуни баҳонае талоқ гирифтаанд, шавҳарони худро ба додгоҳҳо кашонанд, то онҳо ё ҷарима супоранд, ё ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ба назари ӯ, чунин бархӯрдҳо барои онҳое, ки мехоҳанд ба осонӣ ва он ҳам бо баёни вожаи талоқ аз хонаводаҳои худ раҳо шаванд, намунаи ибрат гардад.

09 марта, 2010

Қисмати севвуми ғарибномаи падар

Аёдат

Эй фарзанд, бидон ки иёдати ҳар вақтаи бемор низ аз корҳои савоб аст. Мусулмон бародари мусулмонашро, ки ӯ мариз (бемор) аст хабар бигирад. Дар назди болини ӯ нишаста сӯҳбат орад, аз Худованд барои сиҳатии ӯ омурзиш бипурсад, ӯ Аллоҳ таъоло шифояш диҳад. Дар ин маврид ҳеҷ гоҳ бемор ба хеш марг (дар ҳолати вазнин буданаш нахоҳад, ки гуноҳ аст. Ҳама вақт дар забон такрор кунад: “Ло илоҳа илаллоҳу Муҳаммадур Расулуллоҳ”-ро.

Ва дар ҳадиси 553 омадааст: Аз Савбон (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуд: Агар мусулмон бародари мусулмонашро иёдат намояд, ҳамеша дар ҳуруфи биҳишт аст, то бозгардад. Гуфта шуд: ё Расулаллоҳ, хурфаи биҳишт чист? Гуфт: мевааш, ки чида мешавад.

Ту бидон, ки диҳандаи маризӣ Худованд ва шифодихандааш ҳам худи ӯст. Оиди ин равза (боб) аз ҷониби ӯ дуъои шифо нозил шудааст. Пайғамбари охируз-замон салаллоҳу алайҳи вассаллам вақте ба иёдати бемор раванд, албатта, барои вай мехонданд, ин дуъоро.

Ва дар ҳадиси 558 омадааст: Аз Усмон ибни Абулос ривоят шуда, ки ӯ аз беморие, ки дар вуҷудаш эҳсос мекард, ба Расули Худо (с) шикоят намуд. Паёмбар (с) ба вай гуфт: Дастатро ба ҷое, ки дар вуҷудат дард мекунад, бигзор ва се бор “Бисмиллоҳ” бигӯ ва ҳафт бор бигӯ: “Аъузу биъизатиллоҳи ва қудратиҳи мин шарри мо аҷиду ва уҳозиру.” Яъне, паноҳ меҷӯям ба иззату қудрати Парвардигор шарри он чи меёбам ва аз он метарсам.

Ту ҳеҷ вақт аз шахси бемор ҳазар манамо. Ӯ дар кадом ҳолати бошад ҳам, ба дидорбинӣ бирав. Ҳар гоҳ ӯро дилдорӣ намо. Агар ӯро қисмат ба охир расад, ба ҷанозааш бишитоб. Ин амали пайравони уммати Муҳаммад Мустафо салаллоҳу алайҳи вассаллам мебошад. Дар чунин маврид гуфтаи бузургворе дуруст аст, андар некӯкорӣ: “Дилёбӣ беҳтар аз ҳаҷҷи Акбар” аст. Оре, аз одами фақат рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек боқӣ мемонад.

Дуову фотиҳа

Эй фарзанд, бидон ки бар арвоҳи (рӯҳ) падару модар, хешовандон ва силаи раҳм дуъою фотиҳа ҷоиз аст. Ва ҳар доим зиёрати мазораш кун. Ва аз Худованд барои онҳо омурзиш бипурсед. Мурдаро ҳеҷ вақт дашном мадеҳ. ӯро фақат бо некӣ ёд кун, чун шахси сутуда духули биҳишт гардад.

Дар ҳадиси 582 омадааст. Аз Абуҳурайра (р) ва пайғамбар (с) дар намози ҷаноза ривоят аст, ки фармуд: “Аллоҳумма анта раббуҳо ва анта халоиқтаҳо ва анта ҳадайтаҳо лил ислом ва анта қабозта руҳаҳо ва анта аъламу бисирриҳо ва ъалониятиҳо ҷиънока шуфаъоа лаҳу, фағфир лаҳу”. Бор, Худоё, ту Парвардигори ӯй ва ту ба ислом ҳидояташ намуда ва рӯҳашро қабз кардаӣ ва ту ба пайдову ниҳонаш донотарӣ, ҳузурат омада барои ӯ шафоъат мекунем, пас барояш омурзиш кун.

Эй фарзанди дилбанд, бидон ки ҳамаи инсонҳо бо муҳаббат ва сидқ ба ҳамдигар чун як тан ва аъзо ҳамранг аст. Яъне, бани одамӣ аъзои якдигаранд.
Касе, ки мушкили мусулмонеро осон кунад Парвардигор мушкиле аз мушкилоти ӯро дар рӯзи қиёмат осон кунад. Касе, ки айби мусулмонеро дар ин дунё бипӯшонад Худованд айби ӯро дар рӯзи охират бипӯшонад. Шайх Саъдии Шерозии ширинсухан дар масоил гуфтааст:
Агар мусулмон бо мусулмон якҷоя (яктан) бошанд, ягон аду (душман) муқобили онҳо сангар истода натавонад. Шахси мусулман бояд ба ҳамдигар зулм накунад. Бо ҳам бародар бошанд. Ва ба ҳамдигар ниёзмандӣ кунанд ва ҳоҷат бароранд.


Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ва дар ҳадиси 153 омадааст: Аз Нӯъмон писари Башир (р) ривоят аст, ки паёмбар (с) фармуд: Масали мусулмонҳо дар муҳаббат ва раҳмат ва меҳрубониашон ба ҳамдигар монанди як ҷасад аст, ки ҳар гоҳ узве аз он ба дард ояд, дигар аъзои ҷасад дар таб ва бедорхобӣ бо он ҳамроҳӣ мекунанд.

Худованд мефармояд: Ҳар он кӣ касеро ба ғайри ивази касе ва ба ғайри фасод дар замин бикушад, чунин аст, ки ҳамаи мардумро куштааст ва ҳар кӣ сабаби зиндагонии касе шуд, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро зинда намуда бошад. (Сураи Моида: 32)

Ҳамсар

Бидон, эй фарзанд, вақте ки зан хостӣ аз оилаи порсоён бихоҳ. Ва бубин, ки падару модараш чӣ гуна ашхосанд ва машғули чӣ амаланд. Зан аз гурӯҳи сарватмандон нахоҳ. Дар ин боб ҳеҷ вақт шитоб манамо. Мисли дигар фарзандҳои нохалаф бо волидайн баҳс макун.

Асрори (сири) қалб ба касе магӯ, то дар муҳаббат андӯхтан шармсор нагардӣ. Меҳр бастане, вафодориро ба дили инсонҳо Худованд ато кардааст. Аз ин лиҳоз, бидон, ки ҳамхона гаштани марду зан аз давраи Одам алайҳиссалом то имрӯз давом кардааст.

Шахс вақте ба айёми булуғӣ (балоғат) мерасад, албатта, дар дили ӯ муҳаббат нисбат ба духтар пайдо шавад. Муҳаббат оташест, ки қалби шуморо ба шӯр орад, дар шумо беқарорӣ ҳувайдо гардад.
Он соҳибҷамол бо ишваю (карашма) ноз шуморо мафтуни хеш созад, тез асираш (ғулом) машав. Аввал бубин, ки хислати (характер) ӯ чӣ гуна аст, рафтору гуфтораш чӣ тарз ва чӣ гуна кадбону бошад. Ҳамчун фарзанди мусалмон парҳезгор ва ибодаткунанда бошад. Хайру шарр бидонад ва аз пайи накӯиву сиддиқ (бисёр ростгӯ) бошад. Эй писар, агар ба ӯ сахт меҳр дошта бошӣ чун фарзанди мусалмон дар кӯчаву гулгаштҳо, изҳори Ишқ макун. Чунки дар миён сада (девор) падару модар ҳаст. Ва бе ризогии онҳо ба ин амал даст маёр, то ғазаби Худованд наояд. Дар ин маврид суханпардозони мулки Аҷам ва ровиёни баландпарвози каломи раббонӣ гуфтаанд: Ба қавли Ҳазрати Хайёми Нишопурӣ, ки барҳақ мегӯяд:

Хуршеди сипеҳри безаволӣ ишқ аст,
Мурғи чамани хуҷастафолӣ ишқ аст.
Ишқ он набувад, ки ҳамчу булбул нолӣ,
Ҳар гоҳ ки бимирию нанолӣ ишқ аст.

Ё худ адиби араб Ҷуброн Халил Ҷуброн дар асари хеш овардааст: “Дар муҳаббат гӯётарин забонҳо ҳам гум мегардад.” Бузургтарин классикони адабу илм ва фарҳангӣ аз Рӯдакӣ то Айнии сухансанҷ дар ин мавзӯъ ғазале (ишқ) гуфтаанд. Ҳазрати Ҷомии Ҳиротӣ алайҳи раҳма мегӯяд: кӯшиш кунед ба худ ҳамсари муносиб дарёбед ва куҷое бошед, ҳамроҳ буда, дар талоши зиндагӣ баробар ҷиҳоз намоед ва ҷое бе ҳам будан чун чашми кӯр аст, ки олам ба назарат торик аст.

Ҳар ҷо ки кунам хона ҳамхона туро ёбам,
Ҳаргиз маравам ҷое к-онҷо на туро ёбам.
Гар хоб кунам шабҳо в-ар хона равам танҳо,
Дар хоб туро бинам дар хона туро ёбам...

"Чашми бад"

Эй фарзанди азиз, айёми камолот кӯшиш кун, то ба занҳои бегона (духтари) бо чашми бад манигарӣ. Дар ин маврид Худованд мефармояд: “Бигӯ ба мардони мусулмон, ки бипӯшанд чашмони худро (аз зани бегона). (Сураи Нур, ояти 30)

Дар ҳадиси 974 омадааст: Аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки пайғамбар (с) фармуд: бар фарзанди одам баҳрааш аз зино навишта шуда, ки хоҳӣ нахоҳӣ дармеёбад ба чашм зинои он нигаристан аст ва ду гӯш зиноӣ бошед. Раво нест барои мусулмон, ки беш аз се рӯз бародарашро тарк кунад. Он шунидан аст ва забон, зинои он сухан гуфтан аст ва даст зинои он ба чанг гирифтан аст ва по зинои он гом (қадам) задан аст ва дил, умед ва орзу мекунад ва шармгоҳ онро ростгӯ ва ё дурӯғгӯ месозад.

Дар ҷавонӣ саъй кун бехалал хоҳӣ амал,
Мева бенуқсон бувад вар дарахти навбар аст. (А.Ҷомӣ)


Ба зани бегона нигоҳ кардан ва дар ҳаққи ӯ сухани ноҷо гуфтан аз гуноҳҳои бузург аст. Аз ин рӯ, то тавонӣ дар кӯчаву гузаргоҳҳо бо дӯстон машварат насоз, то чашм ба зан ё духтаре наафтад. Вақте ба хонаи касе равӣ аввал иҷозати даромадан пурс. Ё то се маротиба дарро тақ-тақ кун, то садое барояд. Дар ҳолати ҷавоб нашудан дохили онҷо машав. Ин аст рафтори хуби одамӣ. Бадахлоқӣ ин нишони шайтон аст. Бад шудан хеле осон, аммо кӯшиш кун аз ин хислат дур бошӣ. Ҳамеша аз пайи ростон бирав. (Идома дорад)

Рустами Ато, омӯзгор,
Русия, Перм, соли 2005

07 марта, 2010

Идомаи ғарибномаҳои падар

Дурӯғ

Дар бораи дурӯғ гуфтану дурӯя будани шахс Худованд мефармояд: “Чун сухани беҳударо шунаванд, аз он эъроз кунанд.” (Ароз, дур гуфтан) (Сураи Қасас: 55)

“Аз мардум пинҳон мекунанд ва аз Худо пинҳон намекунанд ва ӯ бо эшон аст, он гоҳ ки дар шаб машварат кунанд, дар мавриди он чи Худо намеписандад аз тадбир ва Худо ба он чӣ мекунанд муҳит ва дар баргиранда аст. (Сураи Нисо: 108)

Ҳадиси 916
Шарҳ: Мусалмон боист дар ҳузур ва ғиёби (ғоиби) дигарон ростгӯ бошад, на ин ки дар ҳузури касе тавре сӯҳбат кунад ва дар ғиёби ӯ ба шакли дигар.
Эй писар, бидон ки дар ҳозиру ғоибии кас дурӯғ магӯ. Дурӯягӣ хислати бади инсонӣ. Дурӯя мисли ҷодугарест, ки дар ҳозират дигар гап мезанаду аз оқибат сухани дигар мегӯяд. Агар болои коре ҳозир бошӣ ба тарафайн ростгӯ шав.

Ҳадиси 917
Аз ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: Ҳамоно ростӣ ба сӯи тоъат раҳнамоӣ мекунад ва тоъат ба сӯи биҳишт ва ҳароина шахс рост мегӯяд, то ин ки дар назди Худованд сиддиқ (ростгӯ) навишта мешавад ва ҳамоно дурӯғ ба сӯи маъосӣ раҳнамоӣ мекунад ва маъосӣ ба сӯи дӯзах ва ҳароина шахс дурӯғ мегӯяд, то ин ки дар назди Худованд каззоб (дурӯғгӯ) навишта мешавад.

Ҳасад

Эй писар, бидон ки ҳасад ба одамӣ бадбахтӣ орад. Аз ҳасад доимо бипарҳезед, зеро ҳасад аз шахс некиҳоро мехӯрад, чӣ тавре ки ҳезум дар оташ месӯзад. Ҳеҷ гоҳ аз хӯрдан ва пӯшидан ба сарватманд ҳасад мабар, то аз фазлу иҳсону неъматҳои Худовандӣ маҳрум нагардӣ. Дар ин бобат ақл ва фаросат ба кор ояд. Дар гуфтор парҳезгор бош, дурушт сухан магӯ. Ҳамаи ин каломро дар овони булуғи (балоғат) омӯз. Ва аз он чие ки найҳ (манъ) аст дурӣ ҷуй. Бо ашхоси ботакаббур, дурӯғгӯ ҳамсӯҳбат мабош.

Эй фарзанд, бидон ки дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ ба ҳоли бародари хеш маханд. Агар ӯ ғамхӯрда бошад, тасаллӣ бидеҳ. Дар кори нек мадад намо. Дар афтодагӣ дасташ бигир. Ин ҳам дунболи некӣ кардан аст. Ту бидон ки Рӯдакии панҷрӯдӣ дар даҳсолагӣ Қуръон аз бар карда, дар масоили накӯӣ кардан фармудааст:

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,
Не бад-он чашм к-андар ӯ бингарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз то бад-он гузарӣ.

Ҳадиси 945
Аз Восила ибни Асқаъ (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: Дар баробари ғами бародарат изҳори шодӣ макун, зеро шояд Худованд ӯро мавриди раҳмат қарор дода ва туро ба он мубтало созад.

Зиёрат

Эй фарзанд, бидон ки ҳангоми гузаштан аз водии хомӯшон (қабристон) аввал ба аҳли қубур салом гӯй. Он мавзеест, ки пас аз мавт рӯҳ аз тан (бадан) ҷудо гардад ва аҷсом (ҷисм) он ҷо гузоранд. Ту бидон, ки дар ин даҳри (дунё) фонӣ ҳеҷ кас намонад.

На сарватманду на дарвеш. Кадом рӯзе қисмат (умр) поён пазирад мадфани (дафнгоҳ) аҳли инсон он ҷост. Бинобар ин, кӯшиш бикун то дар ин гетӣ аз хеш накӯноми боқи монад. Чунин шахсро пас аз маргаш ҳам мардум зикри хайраш кунанд. Ту бидон, ки дар ин марзи рӯшану офтобӣ, нурпозу неъмат касе намонад ва ҳама реҳлат (сафар) кунанд. Дар ин боб гӯяндаи афкори Исломӣ Шайх Бобо Тоҳири Урёни Ҳамадонӣ чунин мегӯяд:

Ба қабристон гузар кардам каму беш,
Бидидам ҳоли сарватманду дарвеш.
На дарвеше ба гӯре бе кафан рафт,
На давлатманд бибурд зи як кафан беш.

Ёди гузаштагон

Фаромӯш масоз, ки пас аз марги падару модар, пайвандон ва силаи раҳм ба рӯҳи арвоҳон дуъо кун, ки Малоикаҳо омин бигӯянд, то савобе ёбӣ. Мурдани волидайн ҳақ аст. Ва бидон, ки марг дар гиребони инсон аст. Ҳар шаб ба тарафи дасти рост хоб кун. Ҳазрати Муҳаммад салаллоҳи алайҳи васаллам вақте мехобидан ба тарафи рост паҳлӯ мезаданд ва дасти рости хеш зери сар гузошта мегӯянд:

“Аллоҳумма қиний ъазобака явма табъасу ъибодака.” Яъне, “Парвардигоро, маро аз рӯзе ки бандагонатро бармеангезӣ аз азобат нигоҳ дор.”-Аз хоб низ бо тарафи рост бархоста “Субҳоналлоҳ” бигӯ ва ба даргоҳи Раззоқи Олам шукр кун. Шахси шокир доимо собир (сабркунанда) бошад. Чунин ашхос (шахс) рӯй ба даргоҳи Илоҳӣ оварад ва бо амри ӯ дари биҳишт кушода ва аз оби Кавсар сероб гардад.

Дӯсту душман

Эй фарзанди дилбанд, вақте ба айёми булуғӣ расидӣ дӯстро аз душман фарқ кун. Дӯст он аст, ки дар корҳоят ёрӣ диҳад, дар тангдастият даст бигирад, дар хурсандият хандон бошад, дар ғамгиният ғусса хӯрад. Ва бидон, ки дӯст се тайифанд: ҷонӣ, нонӣ ва забонӣ. Ба дӯсти ҷонӣ ҷонат бидеҳ.

Аз дӯсти нонӣ, ки гирди дастархонат нишаста хӯрад ва туро боз гумроҳат кунад. Дӯсти забонӣ дар забон аст. То тавонӣ аз дӯстони нониву забонӣ дурӣ ҷӯй. Душман он аст, ки ҳамеша дар муқобили ту истад. Ва ҳар вақт зиддат сухан гӯяд. Туро ба гурӯҳе бадном кунад. ӯ кӯшиш кунад, ки туро ба ҳалокат расонад. Аммо бидон, ки баъзеи дӯстон ҳам аз адуи ашадӣ гузаронанд. Ту ҳаракат намо, ки ба касе бухл наварзӣ ва ба азоби Худоят гирифтор нагардӣ. Ба қавли Саъдии суханпардоз, раҳматуллоҳи алайҳ, ки гуфта:

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳоливу дармондагӣ...

Эй фарзанд, бидон, ки вақти роҳ рафтан хушёр бош. Ба замин, гузаргоҳҳо оҳиста гом (қадам) зан, то аз зарби он замин зарб наёбад. Ҳеҷ вақт дар кор шитоб макун. Шитобкорӣ ба шахс зарар оварад. Худо накунад, ки пой бишканад. Ва тамоми умр дард кашӣ. Ва ҷойи бишкаста пайванд шавад, аммо бидон, ки мисли аввала набошад...

Бисмиллоҳ

Эй фарзанд ҳар вақт сари дастархон биншинӣ бигӯ “Бисмиллоҳ” пас аз адои хӯрока (томатӯъ) низ бигӯ “Алҳамдуллилоҳ” ва ба тӯъмаи аз гулӯят гузашта ба даргоҳи Илоҳӣ сипос гӯй. Вақте чой кашӣ бо дасти рост дароз кун. Гирди дастархон бо ҳамнишинон сӯҳбат ор бо нармӣ, сухан бе фаҳшо гӯй, то ҳамнишин аз каломи бемавзун ранҷур нагардад. Сари дастархон дар масоили Ислом, Имон ва Иҳсон ва шариъат, аз зиндагиномаи Ҳазрати Муҳаммад (с) сухан гӯй. Ин як меҳрабонӣ ба фармудаҳои Худои азза ва ҷалла.

Худованд мефармояд: Ва ҳукм кард Парвардигори ту, ки ҷуз Худоро ҳидоят макунед ва ба падар ва модари худ некӯкорӣ кунед. Ҳар гоҳ назди ту якеашон, ё ҳардуяшон ба калонсолӣ бирасад, пас бар эшон уфф магӯ ва бар онон бонг мазан ва сухани некӯ ба онҳо бигӯ ва барояшон бозӯи тавозӯъро ба хотири меҳрубонӣ паст гардон ва бигӯ Парвардигорам, бар онон бибахшой, чунон ки маро дар хурдсолӣ парвариш намуданд. (Сураи Исро: 23-24)

Ҳадиси 210
Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки пайғамбар (с) фармуд: Ба хок молида шавад, ба хок молида шавад ва боз ба хок молида шавад, биниш он ки яке аз волидайнашро ва ё ҳар дуро ҳангоми калонсолӣ дарёбад, вале ҳаққашонро адо накарда бошад, пас ӯ ба биҳишт дохил нашавад.

Ҷавонмардӣ

Ҳадиси 218
Аз Баро писари Озиб (р) ривоят аст, ки пайғамбар (с) фармуд: хола монанди модар аст.
Эй фарзанд бо футувват (ҷавонмардӣ) бош дар замона. Ҷавонмардӣ-адлгарӣ аст. Бо ин услуб ӯ ба мақоми маҳмудӣ расад. Дар ин боб асарҳои ҷавонмардӣ аз тарафи Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ “Футувватнома” дар асри ХV ва “Футувватнома”-и Раюзуллоҳ Абдуллозода дар солҳои навадуми асри ХХ навишта шудааст.

Ҷавонмард кист? Ҳотами Той, Нӯшервони Одил. Дар ватандорӣ Рустами Достон. Барои нигоҳ доштани як каф хоки марз Деваштичу Темурмалик ҳам ҷавонмардӣ нишон доданд. Ҷавонмард он аст, ки дар талоши зиндагӣ, ба ҳамаи инсонҳо дасти ёрӣ дароз намояд. Луқмаи (пораи) нон худ нахӯрда ба ятимон диҳад. Ба хотир ор оғози ҷанг дар авоили солҳои навад, дар Ватан аз дасти чанд нохалафе сар зад. Ғосибон мили яроқ бар синаи бародари хеш рост карданд. Писар сайф ба қалби падар кашид. Духтари шаттоҳ шиками модар дарид. Оҳ, он рӯз рӯзи растохез (қиёмат) буд. Ноҷавонмардон даст ба ғоратгарӣ зада, ошёни тоҷикро оташ заданд. Дар кӯчаҳои шаҳр қатор андар қатор ҷавонҳои ба камол нарасида, пирони кордида хуншор мехобиданд. Ҷӯйи хун равон асту равон. Дар гузаргоҳҳо модарони миллат бо ҷонгудози сари фарзанди хеш навҳагарӣ мекарданд. Ҳофизи Шерозии малакутӣ гуфтааст:

Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам,
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.
Духтаронро ҳама ҷанг асту ҷадал бо модарон,
Писаронро ҳама бадхоҳи падар мебинам...

Бар сари миллат ҷавонмардон омаданд. Мурданд, аммо ба моён осоиштагӣ боқӣ гузоштанд. Зикри хайрашон аз ёдҳо зудуда намешавад. Ту низ, эй фарзанд, кӯшиш кун то дар замона ҷавонмарди ҷовидон бимонӣ. Ва ҷаҳд намо бо дӯстон дар (доф) наҷоти миллат, забон, сарҳади Ватан. (Идома дорад)

Рустами Ато, моҳи феврали 2005, Русия, Перм

03 марта, 2010

Во ҳасрато зи ваҳшати айёми пурмиҳан!

(Қисмати охир аз 'Эшони Муфтӣ кӣ буд?')
(аввалаш ин ҷост)

Аз навиштаҳои нависанда Мирзо Шукурзода ва муҳаққиқи адабиёт Мирзо Аҳмадзода бармеояд, аз Эшони Муфтӣ барои мо як девони ашъор боқӣ мондааст, ки аз ғазалу мухаммас ва тарҷеъбанду қитъаву рубоӣ иборат буда зиёда аз се ҳазор байтро дар бар мегирад.

Мутаассифона, ба навиштаи Мирзо Аҳмадзода дар давраҳои шуми таъқиби солҳои сиюм як девони ашъори пешазинқилобии шоир ва баъзе китобҳояш ҳангоми аз Самарқанд озими Масчо шудан дар шаҳри Ӯротеппа (Истаравшан) ба дасти мақомоти маъмурӣ меафтанд ва то имрӯз аз онҳо ному нишоне намондааст. Ва ин ҷо қайд кардан ба маврид аст, ки Эшони Муфтӣ бедилшиноси машҳури ахири қарни нуздаҳ ва аввали асри бист будааст. Агар ғазалҳои навиштаи Эшони Муфтиро саросар хонда бароем, мебинем, ки аксари онҳо ба шоҳбайтҳои Бедил ва Хоҷа Ҳофиз тазмин шудаанд.

Шоири сулҳсаро

Аз адабиёти шӯравии тоҷик мардум то ҳол танҳо шоири сулҳсаро Мирзо Турсунзодаро мешиносанду дар ин маврид танҳо мисраъҳои ӯро ба хотир меоваранд. Вале тадқиқот гувоҳ аст, ки пеш аз Турсунзода шоири дигаре бо номи Муллоаҳмад Мираминзода буд, ки аз аксари шеърҳои ӯ буйи сулҳ меояд:

Ман ба сад ҷон мекунам имзои сулҳ,

Баҳрабахши мо бувад имзои сулҳ.

…Аҳдӣ доим сулҳро ҷӯё бувад

Мекунад аз ҷону дил имзои сулҳ.

Ҳатто роҷеъ ба сулҳ як бахши рубоӣ дорад. Баъд аз ин шояд адабиётшиносони номии мо ба таҳлили ашъори ӯ даст зананд ва ворисонашро ба гуфтаҳои ӯ ошно созанд.

Эй сулҳ туро ба ҷону дил мехонем,

Дар бистари роҳати ту сар мемонем.

Моро набувад хаёл ҷуз роҳ ба сулҳ,

Ин роҳи салоҳро ба дил ҷӯёнем.

Зери бори шиканҷа

Эшони Муфтӣ амсоли дигар шоирони замон, ки ҳамавақт таҳти фишору шиканҷа қарор доштанд, бо фармони Аҳмадхоҷа мири Масчо баъд аз Ҳофизҳусейн барои хидматҳояш дар барқарорсозии сулҳу амният дар муборизаи мардуми Кӯҳистон алайҳи Артиши Шӯравӣ дар рустои Пастиғави Масчо муддати тӯлонӣ зиндонӣ шудааст. Пасон бо дахолати афроди барӯманди Масчо аз банди асорати золимони Аҳмадхоҷа раҳоӣ меёбад ва дар мазаммати вай шеъре ҳам навиштааст.

Тибқи навиштаи Мирзо Шукурзода: “Мираминзода низ дучори режими ҳокимони вақт гардида, дар соли 1932-и милодӣ ба муддати 52 рӯз ва дар соли 1933 ба муддати 29 рӯз бидуни ҷурм аз озодӣ маҳрум мегардад”.

Ин ҷабри замонаро аз шеърҳои худи Муллоаҳмад Мираминзода ниҳ ба дурустӣ дарк кардан мумкин аст:

Во ҳасрато зи ваҳшати айёми пурмиҳан,

Хубон ба марги ногаҳе гаштанд мумтаҳан.

Оҳ аз фалак ба мо зи ҷафоҳои саршикан,

Субҳи сафедро зи шоми сияҳ кард пираҳан.

Бо ин ҳол, дар Масчо –зодгоҳи шоири ба пуррагӣ кашфнашудаи тоҷик, ҳамдраси устод Садриддин Айнӣ ва ҳомии шоир Нақибхон Туғрал Эшони Муфтӣ ё худ Муллоаҳмад Мираминзода ҳадди ақалл кӯчаву маҳаллаеро номгузорӣ накардаанд.

26 февраля, 2010

НАСИҲАТНОМАИ ПАДАР

Падарам аз соли 1995 то соли 2006 ба Русия барои муҳоҷирати корӣ мерафт. Ва дар соли 2005, замоне ки ӯ дар шаҳри Перм буду ҷойи кор надоштааст, дар хона нишаста барои ман чор дафтар насиҳатгуфтор навишта фиристода буд, ки аз ҳадисҳои пайомбару ояҳои Қуръон ва ҳамчунин ашъори панду андарзии шуарои тоҷик иборат аст. Ин дафтарҳоро ҳоло ҳарф ба ҳарф дар хотираи компутари худ мегирам ва пешопеш манзури шумо низ мегардонам. Худо умри падари бузургворамро дароз гардонад. Ман аз ӯ сипосгузорам. Бо эҳтиром, Каюмарси Ато
=============================

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Эй фарзанд, дар талаби илм бош. Дар таълими илм пайваста кӯшиш намо. Ҳаққи устоди илмро фаромӯш масоз. Тамоми умр устодро ҳурмату эҳтиром кун. Аз тадриси ӯ баҳравар гард ва бидон, ки амалаш хайр аст.

Агар волидайн туро тарбият кунанд, андар зиндагӣ баҳра ёбӣ. Устод туро таълим диҳад, соҳиби илм гардӣ, аз Қуръону аҳодиси набавӣ файзёб шавӣ, амали хайру шарр бидонӣ, аз корҳои номашрӯъ даст бикашӣ, рӯзи растохезро ба хотир биёрӣ, бинобар амалҳои накӯ бикӯшӣ ва ҳангоми гузаштан аз Пули Сирот наҷот ёбӣ.

Ва бидон, ки ҳаққи устоди Илм аз ҳаққи падар дар дараҷаи баланд аст. Дар ин масоил бузургон сухан гуфтаанд. Ҳақ ба ҷониби Камолиддин Биноист, ки мегӯяд:

Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,
Устод аз наҷот баҳра диҳад.

Эй писар, ҳамеша дар хизмати устод бош. Аз ӯ дарси одамият, некӯӣ кардан, хирадмандӣ, адолатпарварӣ омӯз, ки дар амал баҳраманд гардӣ. Мегӯянд, ки “устод муҳандиси қалби инсон” аст. Ӯст, ки бар дили фарзанди одамӣ меҳру муҳаббат пайдо мекунад. Дили худи устод мисли кафи дарё паҳност. Ҳар баду некро таҳаммул мекунад. Ӯ кошифи асрори дили шогирд аст. Худованд ба ҳар кас чунин мартаба надиҳад, ки гуфтаҳои ӯро чун парҳезгор ба иҷро расонад. Аллоҳ таъоло ба сарнавишти вай чунин меҳр додааст.

Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомии Ҳиротӣ хуб фармудааст:
Зи ҳар кас наояд ин устоду шогирдӣ,
На ҳар кӯҳе, Бадахшон бошаду ҳар сангпора лаъли рахшонаш.

Эй фарзанд, бидон, ки қадру манзалати устод дар байни қавм хеле калон аст. Ӯ раҳнамо ва пешбарандаи ҳама гуна амал дар ҷамъият мебошад. Ӯ таблиғгар ва ташвиқгар аст. Ӯ мададгори тангдастон, ятимон, пирон аст. Устод тарғибкунандаи Илм дар мавзеъ буда, ба шогирдон аз Қуръону аҳодиси набавӣ, илми имрӯ дарс гӯяд. Ҳар шогирд забони миллат аз ӯ омӯзад.

Сухан ва забондонӣ

Эй писар, доноён гуфтаанд: “Забон донӣ ҷаҳон донӣ.” Бале, каломи Худованд чун занҷир ба қабл пайваста бошад. Вақте забон донистӣ, пас сухандон гардӣ. Вақте сухан мегӯӣ ҳушёр бош то аз даҳонат сухани фаҳш наояд. Суханро дар мизони ақл баркашида, баъд бигӯй. Ҳангоми сӯҳбат бо калонсолон ва хурдсолон мавқеи хеш нигоҳ дор, то азизи дигарон бошӣ.

Ба қавли Мӯъмин Қаноат: “Суханро вазну тамкини замин бояд...” Сухани бо фасоҳат ва бо тамкин аз забон чун ноб барояд, ба дил хуш ояд. Аз ин ҷониб кӯшиш кун, то суханат пурқувват гардад, зиёдтар ашъор қироат кун аз назми пайғамбарони классики Аҷамзамин: чун: Фирдавсӣ, Саъдӣ, Мавлавӣ, Аттор, Ҳофиз, Бедил, Иқбол ва аз насро бихон: “Саргузашти Ҳотами Той”, “Чор дарвеш”, “Қасас-ул-анбиё”, “Чаҳор китоб”, “Дурул-аҷоиб”, “Дурратулвоизин”, “Дурулмаҷолис”, “Гулистон”, “Баҳористон”, “Насиҳатнома”-и Кайковус. Ва ту ин насиҳати падарро доимо дар ёд дор.

Қадри падару модар

Эй фарзанд, бидон ту меваи умри падару модар ҳастӣ. То сухандон гаштани ту қалби мо хунин гардид. Пас ҳаракат намо сарбаланд гардӣ дар байни қавм ва нишонаи беҳтарин дар оила бошӣ. Дар ибтидо гуфта будам, ки баҳри камолёбии ту модар ранҷ кашида, дар васоит ва охири шаб чашм сӯйи афлок то субҳгоҳон сари гаҳвора нишаста “алла” мегӯяд, то ту калон шавӣ. Эраҷ Мирзои Иронӣ мефармояд:

Писар рав қадри мон дон, ки доим,
Кашад ранҷи писар бечора модар...

Эй писар, бидон ин гетии оламафрӯз бақо надорад. Падару модар дар зиндагӣ нахоҳад доғи фарзанд бинад. Магарам (наузамбиллоҳ) ба сар ояд, хуншор гардад дили модар ва пуроб гардад чашми падар...

Дар ҳаққи салом

Эй писар, бидон одоби салом кардан. Бо хурдону калонсолон ва ба ҳама банда бояд салом кард. Салом гуфтан даст ба ҳам додан ва даҳонӣ (шифоҳӣ) гуфтани “Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи баракотуҳу” (Ба шумо аз даргоҳи Худованд саломатӣ ва баракат мехоҳам) мебошад. Фаромӯш масоз, ки ин ҳам қарз аст. Агар шахсе ба салом гуфтани ту ҷавоб надиҳад, маранҷ, воҷиботи хеш аз сар соқит кардӣ. Салом гуфтан аз пайравони уммати Муҳаммад Мустафо салаллоҳу ъалайҳи вассалам.

Дар хотир дор, ки вақти дуҳули масоҷид шавӣ салом гӯй, вақти адои намоз низ салом гӯй. Салом додан ба ҳамдигар ин нишонаи аҳволпурсии бандагони Худо Фаромӯш макун вақте ба хона даройи ба ҳозирин салом деҳ, то баракат аз он хона дур нагардад. Бидон, эй фарзанд, ҳангоми рафтан ба халоҷо ба кас салом макун ва он ҷой номи Худо ва ояту сураи Қуръон ба забон маёр.

Дар бораи фарзанд

Эй фарзанд, бидон ки орзую омоли волидайн дар талоши зиндагӣ соҳиби фарзанддор шудан аст. Фарзанд меҳру садоқат ба хонадон оварад. Байни падар ва модар фарзанд мисли занҷири пайваста бошад. Малоикаҳо ҳам ба он дуруд оранд.

Ба сабаби фарзанд хонадон пурфайзу пурниъмат гардад. Бо гиряи кӯдак, тифли навзод дар хонадон шодию сурур танинандоз гардад. Дасту по заданҳои атфол чун бачаи кабки кӯҳӣ, ки болзанон сӯйи само (осмон) парвоз мекунад, аз дидани ӯ дили падару модар масрур шавад. Ту бидон, ки омадани атфол ба дунё файзу баракат ва рафтани ӯ (реҳлат кардан) ба дунё боқӣ дарду доғ аст бар аҳли байт. Дар ин маврид Шайх Саъдии Шерозии раҳматуллоҳи алайҳ хуб гуфтааст:

Ёд дорӣ вақти зодани ту,
Ҳама хандон буданду ту гирён.
Он чунон зӣ, ки баъди мурдани ту,
Ҳама гирён шаванду ту хандон.

Ҳазар аз кибр

Эй фарзанд, бидон ки Худо дӯст надорад шахси бо такаббурро. Кибр, ғурур, рашк ва ҳасуд душмани инсон аст. Мӯъмин бародари мӯъмин аст” омадааст дар ҳадиси Пайғамбар салаллоҳу алайҳи васаллам. Аз ин ҷост, эй фарзанд, ҳеҷ гоҳ хешро бо кибр ба дигарон нишон мадеҳ. Ҳеҷ вақт худро аз дигарон боло магир. Ҳама вақт бо сару либоси озода бигард. Дар масрафи (сарф) авқот (вақт) шикебоӣ макун. Шахси ботакаббур дурӯғ гӯяд, хиёнат кунад, суханчин шавад ва хешро боло аз дигарон донад. Ту худро аз (дигарон) онҳо доимо дур дор. Бо онҳо ҳамнишин мабош. Дар ривояте аз ҳадиси Расули Акрам (с) омадааст, ки Худо рӯй набинад дар рӯзи ҳисобу китоби аъмоли шахс дар охират бо такаббурону суханчинон (Наузамбиллоҳ) Алҳазар! Дури ҷӯй аз онон, эй писар… (Идома дорад)

Рустами Ато, шаҳри Перм, Русия, соли 2005

Зане хушбахт, аммо бо андӯҳи гарон


Ӯ ба қавле зани “оҳанин” аст. Сахтиҳои зиндагиро ҳам дидаву гармиҳояшро низ. Аммо ҳанӯз дили пурмеҳр, чеҳраи хандон ва дасти бози худро аз даст надода.

Ҳамаи рӯзноманигорон, бахусус, онҳое, ки бо нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” ё собиқ “Комсомоли Тоҷикистон” кору ҳамкорӣ кардаанд, ӯро ҳамчун “модар”-и “Ҷавонон” мешиносанду эътироф мекунанд...

Маълумоти асосӣ

Даҳуми марти соли 1950. Гулчеҳра Фозилова дар хонаводаи коргари одӣ, дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1968 мактаби миёнаи рақами 36-ро ба итмом расонида, худи ҳамон ссол ба шӯъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики собиқ Университети давлатии Тоҷикистон дохил мешавад.

Падараш Ҳомид Фозилов иштирокчӣ ва маҷрӯҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, ки дар набардҳо алайҳи фашизм мардонавор размидааст. Модари ӯ Моҳбибиӣ Шамсиддинова бошад, дар мактаб-интернати рақами аввали шаҳри Душанбе кор кардааст. Гулчеҳра-апа иқрор мешавад, ки то ин муддат узви ҳич кадом аз ҳизбу ҳаракате набудааст.

Духтари “Комсомол”

Нахуст, 23-юми июли соли 1969 ба идораи рӯзномаи он замон маъруфи “Комсомоли Тоҷикистон” ҳамчун қосид ё курйер ба кор меояд. Дар он замон идораи эҷодии нашрия аз ҳисоби мутахассисони соҳаи мошинканависӣ танқисӣ мекашид. Гучеҳра Фозилова бо хоҳиши сардабири рӯзнома чопи матолиб дар мошинкаро ба зимма мегирад.

Муддате нагузашта, соли 1980 ӯро ба ҳайси мудири шӯъбаи мошинканависӣ таъйин мекунанд. “Маро Муқимҷон Абдураҳмонов хеле хуб истиқбол карданд ва барои иҷрои вазифаи қосидӣ даъват намуданд. Як моҳ ҳамчу қосид кор кардам. Рӯзе дар роҳрав маро Абдулло Зокир нигоҳ карда гуфтанд, ки аз ин ба баъд ман на қосид, балки ҳисобчии шӯъбаи мактубҳо ҳастам”- ёдоварӣ мекунад Гулчеҳра–апа.

Вай ҳамчунин бо Бахтиёр Муртазоев, Ато Ҳамдам, Абдулфаттоҳ Воҳидов, Талъат Нигорӣ, Давлат Назрӣ ва Раҳим Сайдалиев, ки дар муддатҳои гуногун сардабири “Ҷавонони Тоҷикистон” будаанд, кор кардааст.

Гулчеҳра-апа пас аз хатми мактаби олӣ якбора дар идораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои кор кардан монд. Ва аз 13-уми апрели соли 1993 то аб ҳол дар вазифаи мудири шӯъбаи коргузорӣ фаъолият мекунад. Ӯ бо ифтихорномаҳои КМ ИЛКҶТ ва медали “Ветерани меҳнат”, “Аълочии матбуоти Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст.

Ду Маскав

Соли 1987 аз тарафи Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӯро барои сафари хидматӣ аб Маскав мефиристанд. Ӯ дар он ҷо бо бародари Бобоҷон Ғафуров якҷоя кор мекард. Эшон кулли ҳуҷҷатгузориҳоро ба забони тоҷикӣ тарҷума мекарданду Гулчеҳра-апа ҳуруфчинӣ. Аммо ёди Тоҷикистони азиз ҳамеша дар хотири ӯ буд ва ба ёди волидону зодгоҳи худ гиря мекард.

“Бародари Бобоҷон Ғафуров дар тааҷҷуб меуфтоданд, ки ҳамаи одамон зиндагӣ дар Маскавро орзу мекунанду тӯ бошӣ Тоҷикистонро”,- нақл мекунад Гулчеҳра-апа.

Пас аз бозгашташ аз Маскав тақдир ӯро бори дигар ба ин шаҳри бегона бурд. Ин дафъа на барои адои сафари хидматӣ, балки барои муҳоҷират. Давроне, ки Тоҷикистон дар панҷаи оташу алангаи ҷанги дохилӣ месӯхт ва тоҷикон барои як бурида нон рӯзҳои дароз навбат мепойиданд. Ҳатто ҳангоми бозгашти ӯ аз Маскав дар поезд борҳояшро ба яғмо бурданд. Аммо имрӯз ин сафҳаҳои доғдори зиндагиро ба ёд овардан намехоҳад. Ӯ аз он хушҳол аст, ки осудаҳолона умр ба сар мебарад.

…Чанд ман об

Солҳои навадуми қарни бист дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун соли “сиёҳ” боқӣ мондааст. Дар ин солҳои вазнини ҳаёт , Гулчеҳра-апа тарки манзилу макон, тарки “Ҷавонони Тоҷикистон” накард. Ҳарчанд барои ӯву ҳамкоронаш маоши ночиз медоданд, Гулчеҳра-апа худу ҳамкорони ҷавонашро парасторӣ менамуд.

Сайёфи Мизроб, ки ҳоло сардабири ҳафтаномаи “СССР” аст, дар китоби “Пайванди пайкараҳо”-и Хуршеди Атовулло ёде аз чунин рӯзҳои сахт кардааст: “Ману Сулаймони аълам, Камол, акаи Раҷабаливу Нӯъмону Ҷумъа, апаи Гулчеҳра роҳи Мирзои Содиқро мепоем. Туп-тап-туп…Ин садои шиками мост. Моҳона нест, пул нест, нони қоқ нест. Мо ҷумлагӣ рӯй ҷониби апаи Гулчеҳра мегардонем. Ӯ як каф нахуд, ду каф лубӣ, ним каф биринҷ ва чанд ман обро ба як деги чилгӯша андохта меҷӯшонад, ҳай меҷӯшонад”.

Худи Гулчеҳра-апа низ як кунҷи он рӯзҳои мудҳишро пас аз пурсукобҳои беохири ман ба хотир меорад: “Соли 1995 Давлат Назриев гуфт, ки муваққатан мо корро хотима мебахшем. То замони барқарор кардани чопи нашрия ба ҳамаатон ҷавоб. Дигар илоҷи пул ёфтан набуд. Мо ҳамроҳи бачаҳо маслиҳат кардем. Ман дар бозор шишта савдо мекарду бачаҳо бор меоварданд”.

Гузашта аз ин, дар се сол (аз 1995 то 1998)-е, ки бо сабабҳои маълум рӯзнома чоп намешуд ва дар идора касе ҳам кор намекард, ӯ амволи “Ҷавонони Тоҷикистон”-ро чун гавҳаракаи чашм нигоҳ доштааст. Ва имрӯз ҳар нафаре метавонад шумораҳои хеле хеле қадим ва бойгониҳои рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”-ро бубинад.

Дар охир

Ман ҳоло садои мошинкаи ӯро намешунавам. Барои ин хеле нигарон будам ва аз худи ӯ пурсидам, ки ҳанӯз ҳам бо мошинка ҳуруфчинӣ мекунад ё на? Ҷавоби ӯ хеле сода, аммо фарҳбахш буд: Бо мошинка не, бо компутар чоп мекунам.

Ман дигар чӣ гӯям? Фақат орзу мекунам, ки: Танат ба нози табибон ниёзманд мабод, Гулчеҳра-апа!

Эшони Муфтӣ кӣ буд?

Эшони Муфтӣ ё Муллоаҳмад Мираминзода яке аз шоирони мутабарруки ахири қарни нуздаҳум аст, ки соли 1879 дар деҳаи Падроғи ноҳияи Масчо таввалуд шудааст.

Тавре мураттиби китоби “Девони ашъор”–аш Мирзо Аҳмадзода менависад: “…дар ҳафтсолагӣ аз падар ятим монда, ба хотири рӯзгузаронӣ хидмати хешовандони дуру наздикро адо мекард. Пас аз он ба қасди рафъи эҳтиёҷоти рӯзгор дар даргоҳи шахси фозиле бо номи Саидмуҳаммадхон дар гузари Мӯи Мубораки Тошканд машғули хидмат будааст”.

Воқиан чун ба ашъори худи Мираминзода ҳам назар меафканем, дармеёбем, ки то куҷо ин гуфтаҳои мураттиб қобили қабуланд:

Дар он ҳин Маҳвӣ буд ҳафтсола,
Ки зору зор кардаш тирабахтӣ.

Пас аз ин ҳама ранҷу азият, ки ба сари кулли шоирони гузашта низ фурӯ рехтааст, Мираминзода ба сӯйи Бухоро – маркази тамаддуни тоҷикон роҳ пеш мегирад. Соли 1899 дар мадрасаҳои Мири Араб ва Кукалтоши Бухоро машғули таҳсили илм мешавад.

Ба навиштаи Мирзо Шакурзода дар китоби “Кӯҳкане аз користони дил” (Теҳрон, 1379 ҳ.) “Дусти бо шахсиятҳои маъруфе чун Садриддин Айнӣ ва шоир Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дар пешрафт ва такомули истеъдоди шоирии ӯ кӯмак кардааст.

Туғралро кӣ гӯронд?

Бино ба навиштаи Мирзо Шукурзода, замоне ки Ҳофизҳусейн мири Масчо буд, бо даъвати мардуми Фалғар (ноҳияи Айнии имрӯза) барои тақсимоти одилонаи обу замин Аҳмад Мираминзодаро қозии минтақа таъйин мекунад. Як рӯз пеш аз омадани Эшони Муфтӣ ва ҳамраҳонаш ба дехаи Зосуни ноҳияи Айнӣ шоири хушкаломи мардумӣ Нақибони Туғрал аз дасти ду-се номардони он замона ба маҳкама кашида шуда, дар сангоби соҳили дарёи Зарафшон бегуноҳ парронида мешавад.

Мирзо Шукурзода менависад: “…ва аз бошандагони деҳа касе аз барои ба хок супоридани Туғрал ҷуръат намекард. Чун дар замони таҳсил дар Бухорои Шариф Эшони Муфтӣ бо Нақибхон Туғрал дӯстии дерина доштанд, Эшон аз шунидани қатли ӯ сахт андӯҳгин шуда, назди намояндагони ҳукумати Шӯравӣ - болшевикони онрӯза масъала мегузорад, ки баъд аз дафни шоир гуфтугӯ хоҳем кард”.

Аз рӯйи навиштаҳо рӯшан мешавад, ки худи Аҳмад Мираминзода ё худ Эшони Муфтӣ дар намози ҷанозаи Туғрал имоматӣ карда, шоирро гӯронидааст. Ин аст ҷавонмардии як шоири масчоӣ, ки нисбат ба ҳамқалами худ карду ин асрор гумон мекунам, тақрибан ноаён ва нокушуда боқӣ мондааст. Ва ҳамчунин барои ман то ҳанӯз маълум нест, ки чаро то имрӯз номи Эшони Муфтӣ барои аҳли илму адабиёти мо шахси кашфношуда аст. Чаро дар таърихи тарҷумаи ҳоли шоир Туғрал ин қаҳрамонии Аҳмад Мираминзода сабт наёфтааст?

Маҳвӣ ё Аҳдӣ?

Муллоаҳмад Мираминзода дар шеъри тоҷик ҳамин тавр шахсияти кашфнашуда аст. Аммо талошҳои нахустинро барои шиносонидани ӯ дар ин чанд соли ахир наивисандаи тоҷик Мирзо Шукурзода анҷом додааст, ки ҳанӯз кофӣ нест.

Аммо бо ин ҳол, тибқи навиштаи Мирзо Шукурзода Мулло аҳмад Мираминзода ё Эшони Муфтӣ дар аввал бо тахаллуси Маҳвӣ ва баъдтар бо тахаллуси Аҳдӣ ҳама ашъори худро эҷод кардааст. Барои мисол:

Дар он ҳин Маҳвӣ буд ҳафтсола,

Ки зору зор кардаш тирабахтӣ.

Ё худ:

Нест Аҳдӣ доимо дар ҷустуҷӯйи шоирӣ,

Медиҳад иршоди хотир назми шеъраш гоҳ-гоҳ…

(Идома дорад)