! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

30 октября, 2010

100 рубоии Умари Хайём

Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,
Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.
Ҳуш дор, ки сармояи мулки ҷаҳон,
Умр асту чунонаш гузаронӣ, гузарад.

2
Мақсуд зи ҷумла офариниш моем,
Дар чашми хирад ҷавҳари биниш моем.
Ин доираи ҷаҳончу ангуштарӣ аст,
Бе ҳеҷ шаке нақши нигинаш моем.
3
Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будааст,
Гарданда фалак низ ба коре будааст.
Зинҳор қадам оҳиста ба хок ниҳӣ,
К-он мардумаки чашми нигоре будааст.
4
Аз омадану рафтани мо суде ку?
В-аз тори вуҷуди умри мопуде ку?
Чандин сару пои нозанинони ҷаҳон,
Месузаду хок мешавад, дуде ку?
5
Асрори азалро на ту дониву на ман,
В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман.
Ҳаст аз паси парда гуфтугӯи ману ту,
Чун парда барафтад, на ту мониву на ман.
6
Онон, ки куҳан буданду онон, ки наванд,
Ҳар як паи якдигар якояк бишаванд.
В-ин мулки ҷаҳонба кас намонад ҷовид,
Рафтанду равему боз оянду раванд.
 
7
Гар бар фалакам даст будӣ чун яздон,
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.
В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,
К-озода ба коми дил расидӣ осон.
8
Ё раб, ту гилам сириштаӣ, ман чи кунам,
Пашму қасабам ту риштаӣ, ман чи кунам.
Ҳар неку баде, ки аз ман ояд ба вуҷуд,
Ту бар сари ман навиштаӣ, ман чи кунам.
9
Афсӯс, ки сармоя зи каф берун шуд,
В-аз дасти аҷал басе ҷигарҳо хун шуд.
Кас н-омад аз он ҷаҳон, ки орад хабаре,
Аҳволи мусофирон бигӯяд, чун шуд.
10
Аз омаданам набуд гардунро суд
В-аз рафтани ман ҷоҳу ҷалолаш нафузуд.
В-аз ҳеҷ касе низ ду гушам нашунид,
К-овардану бурдани ман аз баҳри чӣ буд.
11
Онон, ки муҳити фазлу одоб шуданд,
Дар кашфи улум шамъи асҳоб шуданд.
Раҳ з-ин шаби торик набурданд бурун,
Гуфтанд фасонаеву дар хоб шуданд.
12
Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд.
Акнун, ки ҳамебингарам аз рӯи хирад,
Умрам бигузашт, ҳеҷ маълум нашуд.
 
13
Он кас, ки Замину чарху афлок ниҳод,
Бас доғ, ки ӯ бар дили ғамнок ниҳод.
Бисёр лаби лаълвашу рӯи чу моҳ,
Дар табли замину ҳуққаи хок ниҳод.
14
Бархезу махӯр ғами ҷаҳон гузарон,
Биншину даме ба шодмонӣ гузарон.
Дар табъи замона гар вафое будӣ,
Ҳаргиз ба ту навбат нашудӣ аз дигарон.
15
Эй чархи фалак, харобӣ аз кинаи туст,
Бедодгарӣ шеваи деринаи туст.
Эй хок, агар синаи ту бишкофанд,
Бас гавҳари қимате, ки дар синаи туст.
16
Чун ҳосили одамӣ дар ин дайри дудар,
Ҷуз дарди дилу додани ҷон нест дигар.
Хуррам дили он ки як нафас беш набуд,
В-осуда касе, ки худ назод аз модар.
17
Афсӯс, ки номаи ҷавонӣ тай шуд,
В-он тоза баҳори зиндагонӣ дай шуд.
Он мурғи тараб, ки номи ӯ буд шабоб,
Афсӯс, надонам, кикай омад, кай шуд.
18
Бар ман қалами қазочу бе ман ронанд,
Пас неку бадаш зи ман чаро медонанд.
Дӣ бе ману имрӯз чу дӣ бе ману ту,
Фардо ба чӣ ҳуҷҷатам ба довар хонанд?
 
19
Гар кори фалак ба адл санҷида будӣ,
Аҳволи фалак ҷумла писандида будӣ.
В-ар адл будӣ ба корҳо дар гардун,
Кай хотири аҳли фазл санҷида будӣ.
20
Эй кош, ки чои орамидан будӣ,
Ё ин раҳи дурро расидан будӣ.
Кош, аз паи сад ҳазор сол аз дили хок,
Чун сабза умеди бардамидан будӣ.
21
Гар даст ба лавҳаи қазо доштаме,
Бар майлу муроди хеш бингоштаме.
Ғамро зи ҳон яксара бингоштаме,
В-аз шодӣ сар ба чарх афроштаме.
22
Эзид чу нахост он чӣ ман хостаам,
Қай гардад рост, он чӣ ман хостаам.
Гар ҷумла савоб аст, ки ӯ хостааст,
Пас ҷумла хатост, он чӣ ман хостаам.
23
Пок аз адам омадему нопок шудем,
Шодон ба дар омадему ғамнок шудем.
Будем зи оби дида дар оташи дил,
Додем ба дод умру дар хок шудем.
24
Аз ҷумлаи рафтагони ин роҳи дароз,
Бозомадае ку, ки ба мо гӯяд роз?
Пас бар сари ин дуроҳаи озу ниёз,
То ҳеҷ намонӣ, ки намоеӣ боз.
25
Афлок, ки ҷуз ғам нафизоянд дигар,
Бинҳанд яке, то бирабоянд дигар.
Ноомадагон агар бидонанд, ки мо
Аз даҳр чӣ мекашем, н-оянд дигар.
 
26
Ку маҳрами роз, то бигуям як дам,
К-аз гоҳи нахуст худ чи будаст одам.
Меҳнатзадае, сириштае аз гили ғам,
Якчанд ҷаҳон бигашту бардошт қадам.
27
То кай зи чароғи масҷиду дуди куништ ,
То чанд зиёни дӯзаху суди биҳишт?
Бар лавҳи қазо нигар, ки аз рӯзи азал,
Устод ҳар он чи буданӣ навишт.
28
Дар доирае, к-омадану рафтани мост,
Онро на бидоят, на ниҳоят пайдост.
Кас меназанад даме дар ин маънӣ рост,
К-ин омадан аз куҷову рафтан ба куҷост.
29
Чун огаҳӣ, эй дӯст, зи ҳар асроре,
Чандин чӣ хӯрӣба беҳуда теморе?
Чун менаравад ба ихтиёрат коре,
Хуш бош дар ин даме, ки ҳастӣ боре.
30
Хуш бош, ки ғусса бекарон хоҳад буд,
Бар чарх кирони ахтарон хоҳад буд.
Хиште, ки зи хоки ту бихоҳанд задан,
Девори сари дигарон хоҳад буд.
31
Аз тан чу бирафт ҷони поки ману ту,
Хоки дигарон шавад мағоки ману ту.
В-он гоҳ барои хишти гӯри дигарон,
Дар колбаде кашанд хоки ману ту.
 
32
Мо лӯъбатаконему фалак лӯъбатбоз,
Аз рӯи ҳақиқат, на ки аз рӯи маҷоз.
Бозӣ чӣ ҳамекунем бар натъи вуҷуд,
Афтем ба сандуқи адам як-як боз.
33
Ин гуна, ки ман кори ҷаҳон мебинам,
Олам ҳама ройгон бар он мебинам.
Субҳонниллаҳ, ба ҳар чӣ дар менигарам,
Нокомии хештан дар он мебинам.
34
Аз дӣ, ки гузашт, ҳеҷ аз ӯ ёд макун,
Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун.
Бар н-омадаву гузашта бунёд макун,
Ҳоли хуш бошу бар бод макун.
35
Чун кор на бар муроди мо хоҳад рафт,
Андешаву ҷаҳди мо куҷо хоҳад рафт?
Пайваста нишастаем дар ҳасрати он-к
Дер омадаему зуд мебояд рафт.
36
Нокарда гунаҳ дар ин ҷаҳон кист? Бигӯ!
В-он кас, ки гунаҳ накард, чун зист? Бигӯ!
Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ,
Пас фарқ миёни ману ту чист? Бигӯ!
37
Аз буданӣ, эй дӯст, чӣ дорӣ темор
В-аз фикрати беҳуда дилу ҷон афгор?
Хуррам бизию ҷаҳонба шодӣ гузарон,
Тадбир на бо ту будааст аввали кор.
 
38
Нақшест, ки бар вуҷуди ман рехтаӣ,
Сад булъаҷаби зи ман барангехтаӣ.
Ман з-он беҳ аз ин наметавонам будан,
К-аз бута маро чунин бурун рехтаӣ.
39
Ҳар ҷо, ки гулевулолазоре будаст,
Аз сурхии хуни шаҳриёре будаст.
Ҳар барги бунафша, к-аз замин мерӯяд,
Холест, ки бар рухи нигоре будаст.
40
Ин кузагарон, даст ба гил доранд,
Гар ақлу хирад нек бар ӯ бигмонанд.
Ҳаргиз назананд мушту силиву лагад,
Хоки падарон аст, накӯ медоранд.
41
Бар кӯзагаре парер кардам гузаре,
Аз хок ҳаменамуд ҳар дам ҳунаре.
Ман дидам, агар надид ҳар бебасаре,
Хоки падарон дар кафи ҳар кӯзагаре.
42
Тарсем, к-аз ин беш ба олам нарасем,
Бо ҳамнафасон низ фароҳам нарасем,
Ин дам, ки дар ӯем, ғанимат шумарем,
Шояд, ки ба зиндагӣ дар он дам нарасем.
43
Ин косагаре, ки косаи сарҳо кард,
Дар косагарӣ санъати худро пайдо кард.
Бар хонаи вуҷуди мо нагун коса ниҳод,
В-он косаи сарнагун пур аз савдо кард.
44
Дар коргаҳи кӯзагаре рафтам дӯш,
Дидам ду ҳазор кӯза гӯёву хамӯш.
Ногоҳ яке кӯза баровард хурӯш:
«Ку кӯзагару кӯзахару кӯзафурӯш?!»
45
Ҷомест, ки ақл офарин мезанадаш,
Сад бӯса зи меҳр бар ҷабин мезанадаш.
Ин кӯзагари даҳр чунин ҷоми латиф,
Месозаду боз бар замин мезанадаш.
46
Лаб бар лаби кӯза бурдам аз ғояти оз,
То з-ӯ талабам воситаи умри дароз.
Лаб бар даби ман ниҳоду баргуфт ба роз:
«Ман ҳам чу ту будам, даме бо ман соз».
47
Аҷзои пиёлае, ки дар ҳам пайваст,
Бишкастани ӯ раво намедорад маст.
Чандин сару пои нозанин аз сари даст,
Аз меҳри кӣ пайвасту ба кини кӣ шикаст?
48
Ин коса, ки бас накӯш пардохтаанд,
Бишкаставу дар раҳгузар андохтаанд,
Зинҳор ба ӯ қадам ба хорӣ наниҳӣ,
К-ин коса зи косаҳои сар сохтаанд.
 
 
49
Ин кӯза зи ман ошиқи зоре будаст,
Дар банди сари зулфи нигоре будаст.
В-ин даста, ки дар гардани ӯ мебинӣ,
Дастест, ки бар гардани ёре будаст.
50
Ин чарх чу тосест нагун афтода,
Дар вай ҳама зиракон забун афтода.
Дар дӯстии шишаву соғар нигаред,
Лаб бар лабу дар миёна хун афтода.
51
Чун абр ба наврӯз рухи лола бишуст,
Бархезу ба ҷоми бода кун азм дуруст.
К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,
Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст.
52
Мо бо маю маъшуқу шумо-дайру куништ,
Мо аҳли ҷаҳимему шумо аҳли биҳишт.
Тақсири ман аз рӯзи азал чист? Бигӯй!
Наққош чунин ба лавҳи тақдир набишт.
53
Ман зоҳири нестиву ҳастӣ донам,
Ман ботини ҳар фарозу пастӣ донам.
Бо ин ҳама аз дониши худ шармам бод,
Гар мартабае варои мастӣ донам.
54
Ба санг задам дӯш сабӯи кошӣ,
Сармаст будам, ки кардам ин авбошӣ.
Бо ман ба забони ҳол мегуфт сабӯ:
«Ман чун ту будам, ту низ чун ман бошӣ».
 
55
Ҳар рӯз бар онам, ки кунам шаб тавба,
Аз ҷому пиёлаи лаболаб тавба.
Акнун, ки расид вақти гул, тавба куҷост?
Дар мавсими гул зи тавба, ё раб, тавба!ъ
56
Гар гул набувад насиби мо хор бас аст,
В-ар нур ба мо намерасад, нор бас аст.
Гар хирқаву хонақоҳу шайхӣ набувад,
Ноқусу калисиёву зуннор бас аст.
57
Сад хона зи хуноби дилам вайрон аст
В-аз гиряи зор бим садчандон аст.
Аз ҳар мижа новадони аст хун равон,
Гар ман мижаро ба ҳам занам, тӯфон аст.
58
Он кас, ки ба хуноби лаби хандон додаст,
Хуни ҷигаре ба дардмандон додаст.
Гар қисмати мо надод шодӣ, ғам нест,
Шодем, ки ғам ҳазорчандон додаст.
59
Як даст ба мусҳафему як даст ба ҷом,
Гаҳ марди ҳалолему гаҳ марди ҳаром.
Моем дар ин гунбади фирӯзарухом,
На кофири мутлақ, на мусалмони тамом.
60
З-ин гунбади гарданда бадафъолӣ бин,
В-аз ҷумлаи дӯстон ҷаҳон холӣ бин.
То битвонӣ, ту як нафас худро бош,
Фардо маталаб, дӣ манигар, ҳолӣ бин!
 
 
61
То кай ғами он хурӣ, ки дорӣ ё не
В-ин умр ба хушдилӣ гухорӣ ёне?
Пур кун қадаҳи бода, ки маълумат нест,
К-ин дам, ки фурӯ барӣ, барорӣ ё не?!
62
Соқӣ, дили ман зи даст агар хоҳад рафт,
Дарёб, куҷо зи худ бадар хоҳад рафт.
Суфӣ, ки чу зарфи танги пур аз ҷаҳл аст,
Як ҷуръа агар хурад, ба сар хоҳад рафт.
63
Хайём агар зи бода мастӣ, хуш бош!
Гар бо санаме даме нишастӣ, хуш бош!
Поёни ҳама кори ҷаҳон нестӣ аст,
Пиндор, ки нестӣ, чу ҳастӣ, хуш бош!
64
Гӯянд, ки май махӯр ба шаъбон, на равост,
На низ раҷаб, ки он маҳи хоси худост.
Шаъбону раҷаб маҳи худоянду расул,
Мо май рамазон хурем, к-он хосаи мост.
65
Мову маю маъшуқ дар ин кунҷи хароб,
Чону дилу ҷому ҷома дар раҳни шароб.
Фориғ зи умеди раҳмату бими азоб,
Озод зи хоку боду аз оташу об.
66
Бархез дило, ки чанг бар чанг занем,
Май нуш кунему ном бар нанг занем.
Саҷҷода ба як пиёла май бифрушем
В-ин шишаи ному нанг бар санг занем.
 
67
Ҳаргиз ба тараб шароби нобе нахӯрам,
То аз кафи андӯҳ шаробе нахурам.
Ноне назанам дар намаки ҳеҷ касе,
То аз ҷигари хеш кабобе нахӯрам.
68
Майлам ба шароби ноб бошад доим,
Гӯшам ба наю рубоб бошад доим.
Гар хоки маро кӯзагарон кӯза кунанд,
Он кӯза пур аз шароб бошад доим.
69
Гар ман зи маи муғона мастам, ҳастам,
В-ар ошиқуринду будпараси, ҳастам.
Ҳар кас ба хаёли худ гумоне дорад,
Ман худ донам, ҳар он чӣ ҳастам, ҳастам.
70
Абр омаду боз бар сари сабза гирист,
Бе бодаи арғувон намебояд зист.
Ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи мост,
То сабзаи хоки мо тамошогаҳи кист?!
71
Соқӣ, гулу сабза бас тарабнок шудаст,
Дарёб, ки ҳафтае дигар хок шудаст.
Май нӯшу гуле бичин, ки то дарнигарӣ,
Гул хок шудасту сабза хошок шудаст.
72
Сустӣ макуну фаризаҳоро бигузор,
В-ин луқма, ки дорӣ, зи касон бозмадор.
Дар хуни касу моли касе қасд макун,
Дар ӯҳдаи он ҷаҳон манам, бода биёр!
 
 
73
Аз ҳодисаи замони зоянда матарс,
В-аз ҳар чӣ расад, чунест поянда матарс.
Ин як дами нақдро ба ишрат бигузор,
В-аз рафта маяндешу аз оянда матарс.
74
Шаб нест, ки ақл дар тахайюр нашавад,
В-аз гиря канори ман пур аз дур нашавад.
Пур менашавад косаи сар аз савдо,
Ҳар коса, ки сарнагун бувад, пур нашавад.
75
З-он май, ки шароби ҷовидонист, бихур,
Сармояи айши инҷаҳонист, бихур.
Сӯзанда чу оташ аст, лекин ғамро,
Созанда чу оби зиндагонист, бихур.
76
Соқӣ, дили ман зи мурда фарсудатар аст,
К-ӯ зери замин зи ман дилосудатар аст.
Ҳарчанд ба хуни дида доман шӯям,
Домони тараб зи дида олудатар аст.
77
Рав, бар сари афлоку ҷаҳон хок андоз,
Май мехӯру дил ба моҳрӯён мебоз!
Чӣ ҷои итоб омаду чӣ ҷои ниёз,
К-аз ҷумлаи рафтагон касе н-омад боз.
78
Мо хирқаи зуҳд бар сари хум кардем,
В-аз хоки харобот таяммум кардем.
Бошад, ки зи хоки майкада дарёбем,
Он умр, ки дар мадрасаҳо гум кардем.
 
 
79
Бемораму дил дар имтиҳонам дорад,
Нохӯрдани май қасд ба ҷонам дорад.
В-ин турфа нигар, ки ҳар чӣ дар беморӣ,
Ҷуз бода хӯрам, ҳама зиёнам дорад.
80
Май хӯр, ки туро бехабар аз хеш кунад,
Хун дар дили душмани бадандеш кунад.
Ҳушёр будан чӣ суд дорад, ҷуз он-к,
З-андешаи поён дили ту реш кунад.
81
Гарчанд аз гуноҳ бадбахтаму зишт,
Навмед наям чу будапарстони куништ.
Мирам чу гаҳи саҳар зи махмурӣ, боз,
Май хоҳаму маъшуқ, на масҷид, на биҳишт.
82
Ҳушёр набудаам даме, то ҳастам,
Гар худ шаби қадр бошад, он ҳам ҳастам.
Лаб бар лаби ҷому сина бар синаи хум,
То рӯз ба гардани суроҳӣ дастам.
83
Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад,
Дарёб даме, ки то тараб мегузарад.
Соқӣ, ғами фардои ҳарифон чӣ хӯрӣ?
Пеш ор пиёларо, ки шаб мегузарад.
84
Дар ишқи ту аз маломатам нанге нест,
Бо бехбарон дар ин сухан ҷанге нест.
Ин шарбати ишқ доруи мардон аст,
Номардонро аз ин қадаҳ ранге нест.
 
85
Гар бода хӯрӣ, то бо хирадмандон хӯр,
Ё бо санаме лоларухи хандон хӯр.
Бисёр махӯр, вирд макун, фош масоз,
Андак хӯру гаҳ-гоҳ хӯру пинҳон хӯр.
86
Дар пои аҷал чу ман сафарканда шавам,
В-аз бехи умеди умр барканда шавам.
Зинҳор, гилам ба ҷуз суроҳӣ макунед,
Шояд ки зи бода пур шавам, зинда шавам.
87
Эй соҳиби фатво, зи ту пуркортарем,
Бо ин ҳама мастӣ зи ту ҳушёртарем.
Мо хуни разон хӯрему ту хуни касон,
Инсоф бидеҳ, кадом хунхортарем?!
88
Чун даргузарам, ба бода шӯед маро,
Талқин зи шароби ноб гӯед маро.
Хоҳед ба рӯзи ҳашр ёбед маро,
Аз хоки дари майкада ҷӯед маро.
89
Гуфтам, ки дигар бодаи гулгун нахӯрам,
Май хуни разон аст, дигар хун нахӯрам.
Пири хирадам гуфт: «Ба ҷид мегӯй?»
Гуфтам, ки мазоҳ мекунам, чун нахӯрам.
90
Гӯянд, ки дӯзахӣ бувад мардуми маст,
Ҳафтест хилофу дил дар он натвон баст.
Гар ошиқу майхораба дӯзах бошанд,
Фардо нигарӣ биҳиштро чун кафи даст.
 
 
91
Бо моҳрухе бар лаби ҷӯю маю вард,
То ҳаст муяссарам, тараб хоҳам кард.
То будааму ҳастаму хоҳам будан,
Май хӯрдааму мехӯраму хоҳам хвард.
92
Моем харидори маи кӯҳнаву нав,
В-он гоҳ фурӯшандаи олам ба ду ҷав.
Гуфтӣ, ки пас аз марг куҷо хоҳӣ рафт?
Май пеши ман ору ҳар куҷо хоҳӣ рафт!
93
Ибриқи маи маро шикастӣ, раббӣ,
Бар ман дари айшро бастӣ, раббӣ.
Бар хок бирехтӣ маи гулгунро,
Хокам ба даҳан, магар ки мастӣ, раббӣ?
94
То ҳушёрам, тараб зи ман пинҳон аст,
Чун маст шудам, дар хирадам нуқсон аст.
Ҳолест миёни мастию ҳушёрӣ,
Ман бандаи он аст, ки зиндагонӣ он аст.
95
Ман бода хӯрам, валек мастӣ накунам,
Илло ба қадаҳ дароздастӣ накунам.
Донӣ, ғаразам зи майпарастӣ чӣ бувад,
То ман чу ту хештанпарастӣ накунам.
96
Сармаст ба майхона гузар кардам дӯш,
Пире дидам масту сабӯе бар дӯш.
Гуфтам, ки чаро надорӣ аз яздон шарм?
Гуфто, ки карим аст худо, бода бинӯш!
 
97
Мо афсари хону тоҷи Кай бифрӯшем,
Дастору қасаб ба бонги най бифрӯшем.
Тасбеҳ, ки пайки лашкари тазвир аст,
Ногоҳ ба як пиёла май бифрӯшем.
98
Гӯянд маро, ки май ту камтар хӯр аз ин,
Охир ба чӣ узр барнадорӣ сар аз ин?
Узрам рухи ёру бодаи субҳдам аст,
Инсоф бидеҳ, чӣ узр равшантар аз ин?!
99
Эй бода, маъшуқи мани шайдоӣ,
Ман мехӯраму натарсам аз расвоӣ.
Чандон хӯрамат, ки ҳар кӣ бинад, гӯяд:
«Эй хуми шароб, аз куҷо меоӣ?»
100
Ёрон чу ба иттифоқ меод кунед,
Худро ба ҷамоли якдигар шод кунед.
Соқӣ, чу майи муғона бар каф гирад,
Бечора маро ҳам ба дуо ёд кунад.

8 комментариев:

  1. Салом Каюмарс
    Вокеан ин корат кобили тахсин ва ситоиш аст, Даст марезод.

    ОтветитьУдалить
  2. Drud va siposguzori zieod baroi zahmathoe
    О Й И Н A. Ba hamai shumo salomati,obodi,oromi,sarbalandi orzumandam.
    Bo ehtirom KH.

    ОтветитьУдалить
  3. дар хакикат кори хуб кардед! Ташаккур ба шумо!!!

    ОтветитьУдалить
  4. рахмати калон барои рубоиети Хайем!

    ОтветитьУдалить
  5. ташакури зиёд барои рубоиёт агар аз хофизи шерозию шайх саъди мешуд бисёр хуб буд

    ОтветитьУдалить
  6. сбосибо за то что вы потрудилис и читайте философический книги!

    ОтветитьУдалить
  7. MashaAllah kandotona zanen!!!!!

    ОтветитьУдалить