Сайидиброҳими Назар (Акс аз "Ойина") |
Бале, масъала ин нест, ки мо дар як дам ба ин хат гузарем, ҳама гуна гузариш марҳалаи хешро дорад. Даҳ понздаҳсол зарурат дорад ва бо як тамкин ва оромона ин кор бояд сурат гирад. Имрӯз мебинем сари як ислоҳ ва ҳар ибора, махсусан техникӣ ва тиббӣ баҳсу мунозира сурат мегирад ва тарҷума мекунанд, аммо боз ҳам ба иштибоҳот роҳ медиҳанд. Ҳол он ки ҳамаи ин мафҳумҳо ва ибораҳо зарурати тарҷума надоранд, онҳо дар кишварҳои ҳамзабони мо мавриди истифода ҳастанд.
Мо ҳеҷ мушкил надорем, бо қабул кардани ибора ва мафҳумҳои тайёр, омӯзиши алифбои хешро аз мактабҳои миёна шурӯъ карда, дар мудатти 5-6 сол бо тадриҷ метавонем, бе ҳеҷ гуна халал дар равиши пешравии ҷомеъа, ворид шавем ба алифбои ниёгон. Он нафароне, ки дар сину соли боло ҳастанд ва барои худашон ин хатро мушкил медоданд, баъди чанде ба нафақа мераванд. Мо мушкил дар он дорем, ки баъзе донишмандон ба ин масъала мухолифати шадид нишон медиҳанд. Онҳо бо як ҷаҳли мураккаб сӯҳбат мекунанд.
Бояд ёдовар шавам, ки хатти сирилик хатти мо нест, соҳиби хат русҳо ҳастанд. Ва гоҳе мебинем, ки худи онҳо аз истилоҳоти зиёди инглисӣ ва лотин истифода мебаранд. Пас оё мо ниёз дорем ба ин хат?
Бисёре аз кишварҳои пасошӯравӣ ба хати лотин гузаштанд. қобили тазаккур аст, ки дар дунё хати форсӣ ё забони форсӣ эътирофи ҷаҳонӣ дорад. Ва дар раванди ҷаҳоншумулӣ ин хат муқовимат карда метавонад, аммо майдахатҳо ва майдамиллатҳо ба дигарон омехта мешаванд. Вале мо вақте худро дар баробари фарҳанги русҳо қарор медиҳем ва дар ҷое форсиву тоҷикӣ мегуем, мисли шутурмурғ менамоем.
Хандаовар аст, вақте мегуем забонамон форсӣ, ҳарафамон сирилик. Маҳз ҳамин гуна миллатҳо шомили раванди ҷаҳонгароӣ мешаванд. Ба ин хотир, ҷиҳати мусбӣ ва манфии масъала бояд мавриди омӯзиши дақиқ қарор бигирад ва баргашт ба фарҳанги ҳазорсолаи хешро амри зарурӣ ва табиъӣ донем.
(Аз ҳафтаномаи "Наҷот")
Комментариев нет:
Отправить комментарий