! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

21 марта, 2008

Филкушу мушпарвар

Имшаб дилам чандон танг нест. Ҳатто ҳамсояҳо низ намегӯянд, ки «илоҳо садоят гирад». Бо вуҷуди он ки мехоҳам ҳама аз хушӣ гӯям, аммо намешавад. Зеро ҳар қадами мо саропардаи дард аст. Дарде, ки аз дарун моро мехӯрад. Дарде, ки ғилофак пеши роҳи онро гирифта наметавонад...

Бегоҳи панҷшанбе (20 март) ба хонаи Фотима Ғуломова занг задам ва аз ӯ ҳолпурсӣ кардам. Вай нахустин барандаи ҷоизаи АвроОсиё барои иҷрои нақши зан дар филми «Овора» аст. Ин барои аввалин бор дар таърихи синамои тоҷик буд. Аммо касе аз мақомдорон ӯро табрик накардаанд.

Барзуи Абдураззоқ яке аз коргардонҳои камназири Тоҷикистон аст, аммо бечора қадр надорад. Гоҳ дар Тошканду гоҳ дар Бишкек, гоҳ дар Фаронсаву гоҳ дар Итолиё. Ҳама ӯро рӯ-рӯи даст мегиранд, аммо дар Тоҷикистон вайро хуш надоранд. Тоҷикистон як давлати филкушу мушпарвар шудааст. Истеъдод дар кишвари мо тақдир намешавад. Истеъдод аз Тоҷикистон фирор мекунаду халос мешавад. Касе, ки мағз дорад, дар ин кишвар зиндагӣ намекунад. Кишваре, ки ақибмондааст, аммо барои пешравӣ низ имкон намедиҳад. Баръакс, чоҳ меканад, ба зиндон меафканад. Дар ин маврид Лоиқ дуруст гуфтааст:

«Халқи фарзонапараст шуда девонапараст,
Дода дурдона зи каф шуда анбонапараст...
Рӯзе аз хеш нишон ҷӯӣ, наёбӣ гарде,
Эй ту бегонапараст, эй ту бегонапараст...»

Рӯдакӣ ҳанӯз ҳам сипари ифтихори мост. Аммо Рӯдакии дигар надорем. Рӯдакии дигарро тарбия намекунем. Дар ҳоле ки хеле барвақт Лоиқи зиндаёд гуфта буд, «То чанд ту бо гузаштагон менозӣ?»

Нақшаи роҳи моро ирониҳову русҳо ва ҳиндуҳо мекашанд. Аммо Бӯрӣ Карим, фарзанди ҳамин хоку диёр, ки ҳар ваҷаби онро ба хубӣ медонад, дар Маскав аст. Дар Тоҷикистон ба ӯ рӯз намедиҳанд. Мо дар кишвар математики зӯр надорем. Аммо Эргашбой Муҳаммадиев дар Донишгоҳи Вологдаи каронаи Маскав ба тадриси шогирдони рус машғул аст. Дар ин ҷо фалсафаи кишвари моро ду-се нодон мебофанд. Аммо мӯи сари Акбари Турсон дар Амрико сап-сафед шуду дастонаш ларзон. Аммо президент Раҳмон ба ҷои он ки гиря кунад, дар вохӯрӣ бо зиёиён ифтихор кард, ки фарзонагони кишвараш дар давлатҳои дигар аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд ва кору зиндагӣ доранд. Дар ҳоле ки базаи илмии кишвар сол то сол ба пӯсидан наздик мешавад.

Мо табиб надорем, то худамонро табобат кунад. Аммо табибони мо дар пайи дармони дигаронанд. Ҳамаи ин далели мавҷудияти маҳалгароист, на чизе бештар аз он...

9 комментариев:

  1. Каюмарси гиромй,

    Дуруст аст. Аммо шояд манзурат аз "наркушу модапарвар" чизе дар мояхои "шеркушу мушпарвар" буд. Ин таркиб ба назари ман андаке номуносиб аст. Чун давлати кунунй харгиз "модапарвар" хам набуда. Бештар дунпарвару бегонапарвар аст. Ва худи ин иборат хам аз дидгоххои занситезонаи кухна бармеояд, ки дубора роич шудааст.

    Поянда бошй.

    ОтветитьУдалить
  2. Салом. Хамин чизро илова кардани хастам,ки дар баробари устоди ман Эргашбой Мухамадиев ( дар фамилияааш дар хакикат як харфи м хаст), устоди дигарам яке аз математикхои чавону пуркуввати миллат Сулаймон Исхоков низ дар гурбат, дар Покистон ба сар мебарад.Математики бузурги асри 21 - и точик( ба фикри ман)академик Бойматов Камолиддин низ дар зиндагиаш дар назди хукумат кадру кимате надошт...
    Гилахо зиеданд,аммо...
    Махмадрахим.

    ОтветитьУдалить
  3. Як математики бузурги точик Мухаммадрахим Гадоев дар Донишгохи Екутистони Русия кор мекунад.

    Шояд "филкушу мушпарвар"?

    ОтветитьУдалить
  4. Дуруд бар хама азизон,

    Филкушу мушпарвар ва наркушу модапарвар, фикр мекунам, якест. Харчанд метавонанд дар худ маънихои мухталифро дошта бошанд. Мавлавии Балхи низ мегуяд, ки:
    "Гар нари, ишки дило, дур шаҷв аз модагон,
    Мода рахо кун даме, оташе дар нар бизан!

    ОтветитьУдалить
  5. Каюмарси гиромй,

    Ман ин байтро харгиз нашнидаам ва он гуна ки овардайи,вазнаш хам мелангад. Аммо таркиби "наркушу модапарвар" дар хакки духтарон, хамсарон, хохарон ва модарони мо тавхиномез аст. Бо ин ки медонам манзурат чизи дигар аст, аммо худи таркиб бисёр зананда ва занситез аст ва "зан"-ро мутародиф ё хаммаънои "дун", "паст" ва "фурумоя" овардааст. Бехтар аст аз корбурди он куллан пархез шавад. Ба таъбирхои архаик (архаический)-е ба монанди ин ва чанд-тои дигар (муштипар, очиза, мударози аклкутох ва г.) бояд барои хамеша хатти бутлон кашид, чун шармоваранд.

    ОтветитьУдалить
  6. Дориюши азиз,
    хадаф аз баёни "наркушу модапаравар" ЗАН набуд. Ин як ибораи тамсилист. Шояд шунида бошед, шояд на. Аммо ин байт аз як газали Мавлавии Балхи аст ва ман фардо онро дар шакли куллаш барои Шумо хохам навишт. Ман бо Шумо мувофикам, ки бояд аз ибороти тавхиномез дар нисбати зан даст кашид. Аммо, як бори дигар мегуям, ки хадаф аз наркушу модапарвар тахвину тахкиру паст задани шаъни занхо набуд. Бовар кунед. Факат маънии онро дошт, ки ин хукумат одамони заъифро дар атрофи худ чамъ кардаву хукумат меронад, шахсиятхои тавоно берун аз Точикистон сарсону овораанд. Тамом.

    ОтветитьУдалить
  7. Каюмарси гиромй,

    Дар хамон номаи каблй хам гуфтам, ки медонам манзурат чизи дигарест, аммо мушкили ман бо худи ин таркиби норавост. Он ба таври талвехй талкин мекунад, ки нар кависту мода заъиф. Ин гуна иборот дар забонхои пешрафта комилан аз байн рафтаанд. Ва хатто истифода аз вожаи "man" ба маънии "инсон" дар инглисй аз миёнахои садаи 20 мамнуъ шуд ва чои онро таркиби тозаи "human being" гирифт ва "man" акнун танхо ба маънии "мард" аст. Хатто вожаи "мардона" дар навиштахои порсй ба маънии "бошахомат" дигар маъмулан ба кор намеравад, чун онро сексистй ва тавхин ба зан медонанд. "Наркушу модапарвар" аз намунахои зишти таркиботи сексистй дар забони мост, ки бояд ба торих бипайвандад, чун ба таври талвехй бартарии мард бар занро талкин мекунад. Хамин.

    ОтветитьУдалить
  8. Сипос аз Дориюши фарзона,
    ин дафъа фахмидам. Бо тантана сарлавхаро дигар мекунам. Мо бояд иштибохи хамдигарро ислох кунем. Хуш шудам. Поянда бошед.

    ОтветитьУдалить
  9. Курбони хулуси калбат, Каюмарси арчманд.

    ОтветитьУдалить