Бозор Собир |
Билохира маҷмӯи нави шеърҳои ӯро дар Душанбе ва бо теъдоди 2 ҳазор нусха ба табъ расонданд, ки ба ёдбуди бародараш проффесор Темур Собиров бахшида шудааст.
Вай рӯзи 26-уми июл, вақте ба Душанбе омад, гуфта буд, чизе, ки мехоҳад дар идомаи ин сафараш ба Тоҷикистон анҷом диҳад, чопи Хуни қалам ва баргузории як шаби шеър аст.
Бозор Собир дар сӯҳбате, ки бо Радиои Озодӣ ҳанӯз чор соли пеш дошт, дар бораи “Хуни қалам”-аш чунин гуфта буд:
“Ҳанӯз дар мавриди чопи китоб ба ҳеҷ ҷое гуфтушуниду гуфтугузоре накардаам ва намедонам, ба кӣ муроҷиат кардан мумкин бошад. Вале ҳамаи он чизҳое, ки ман мехоҳам, дар сурати дастнавис омодаи чоп ҳастанд. Имсол ё шояд соли дигар чоп шаванд ва фикр мекунам, ки шеърҳои ганда ҳам нестанд. Пир шудаам дигар, чандон илҳом нест. Вале ба гумонам, шеърҳои бад нестанд. Пора-пораанд, шеърҳои мукаммал нестанд, аслан шеърҳое, ки ба дубайтиву рубоиву қитъа монанданд. Ва муҳимаш ин ки номашро нав пайдо кардам. Номаш медонӣ-чӣ? "Хуни қалам"! Хуни қалам, яъне... хайр, шеър чист, ҳамин хуни қалам аст ва, ба гумонам номаш аз китоб беҳтар аст...”
Дар ин маҷмӯи нав шеърҳое гирдоварӣ шудаанд, ки Бозор Собир дар солҳову манотиқи мухталиф эҷод кардааст.
“Чун қалам нест касе ҳамхунам”, “Дубора созамат Ватан”, “Аҷам ҷамъ аст” ва “Хати риш” аз ҷумлаи шеърҳоеанд, ки дар ин маҷмӯа ҷой гирифтаанд.
“Бо чамидан, бо чашидан” ва “Аз Гули хор то Симхор” маҷмӯи шеърҳои дигар Бозор Собиранд, ки то кунун ба табъ расидаанд.
Номи Бозор Собир барои ман аз даврони наврасиям ошно буд. Китоби Бо чамидан, бо чашидани ӯро доштам. Шеърҳои Забони тоҷикӣ ва Мебӯсаму мебӯсами ӯро аз ёд медонистам.
Ба ҳар ҳол, Бозор Собир аз аввал барои ман як шоир буд. Шоири шӯридадил. Ҳанӯз ҳам дар ёди ман ҳамон Бозор Собир боқӣ мондааст. Тағйир накардааст.
Бисёриҳо ӯро сиёсатмадор мегӯянд. Иштибоҳ мекунанд. Вай ҳич вақт сиёсатмадор набуд. Вай аз аввал шоир буд. Шоири мардум.
Баъзеҳо дар чанд соли ахир, вақте шеърҳои нави ӯро хонданд, ӯро барои тағйири мавқеъ ва накӯҳиши ришдорон танқид мекунанд. Ҳатто як идда ҳам гуфтанд, ки аз шеърҳои Бозор Собир бӯйи бехудоӣ меояд.
Вале хоҳиши ман ин буд, ки мо ҳамагӣ Бозор Собирро онгунае, ки ҳаст, бояд бишносем, эътироф кунем. Вай Бозор Собир буд ва мемонад! Хуни қалам муборак, устод!!!

Комментариев нет:
Отправить комментарий