(Акс аз интернет) |
Вале намедонистем, ки бояд дар рӯзномаи худ чиро нависем ва бо пули киву чигуна онро ба нашр расонем.
Аммо ҳафтаи аввали донишҷӯйӣ буд, ки мо аз ҳамдарсонамон 70 дирамӣ ҷамъоварӣ кардем. Ҳамагӣ 35 сомонӣ ё каме бештар аз он пул доштем.
Ҳамчунин, матлаби онҳоро низ гирди ҳам овардем. Ҳамаи онро бо кӯмаки устоди ҷавонамон Абдулқодири Шайх, ки он замон дар рӯзномаи Суғд ҳам фаъолият мекард, таҳрир намуда, ба як чорчӯбаи рӯзнома даровардем.
Бандубасти рӯзномаи мо ҳам анҷом шуд. Аз ёдам намеравад, ки болои номаш чӣ қадар баҳс кардем ва билохира он номи Паёми донишҷӯро гирифт.
Номи баде ҳам набуд. Воқеан он паёми мо буд. Паёме барои онҳое, ки дар ин даргоҳ мехонданд ва дипломи журналистиро мегирифтанду агар хушашон ояд, дар ягон рӯзнома мақола менавиштанду нахоҳанд на.
Хулоса, мо шакли компутарии рӯзномаро гирифта, ба чанд чопхона сар халондем. Аммо зӯри мо ба он ҳаққи хидмате, ки онҳо барои мо мегуфтанд, намерасид.
Гузашта аз ин, мо ҳамагӣ бояд 100 нусха рӯзнома чоп мекардем, ки ҳич чопхонае ҳам барои он розӣ намешуд. Чунки онҳо тақрибан аз чопи ин рӯзномаи мо манфиате намебардоштанд.
Аммо ҳанӯз баъзе одамоне ҳастанд, ки дили одамро мефаҳманд. Масъулони чопхонаи Нури маърифат, ки он ҳам ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд тобеъ буд, пешниҳоди моро қабул ва рӯзномаамонро ба чоп расонданд.
Тасаввур карданатон хеле душвор аст, ки он замон ману ҳамдарсонам чӣ қадар хушҳол будем. Охир, мо ба мақсадамон расидем ва рӯзнома чоп кардем. Маҳсули меҳнати худро дида меболидем.
Бо ин вуҷуд, баъзеҳо намефаҳмиданд, ки мо чӣ кор кардем ва ё чӣ кор кардан мехостем.
Ба ҳар ҳол, ҳамон рӯзе, ки Паёми донишҷӯ чоп шуд, мо дар толори бузурги факулта ҳамоише баргузор карда, саҳнаҳои ҷолиб нишон додему дар охир рӯзномаро муаррифӣ карда, ба ҳама тақсим намудем.
Пас аз ин моро аз беҳтарин гурӯҳҳои шӯъбаи журналистӣ дар факултаи филология медонистанд.
Ҳатто ёдам ҳаст, ки маро ба унвони муҳаррири ин рӯзнома нагузоштанд, ки дар мавсими пахтачинӣ ба ноҳияи Зафаробод равам.
Паёми донишҷӯ аз шумораи дувумаш сар карда, дар дохили рӯзномаи Нури маърифат, ки нашрияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд, ба чоп мерасид.
Яъне, мо фақат матлабҳои рӯзномаи худро, ки акнун замимаи Нури маърифат буд, омода мекардем ва чопашро худи маъмурияти донишгоҳ ба дӯш гирифтанд.
Аммо тақрибан баъди як сол, вақте ки маъмурияти шӯъбаи рӯзноманигорӣ дар кори эҷодии мо дахл мекарданд, ман аз ҳайъати таҳририи ин рӯзнома берун омадам. Баъзе ҳамдарсонам кори онро пеш мебурданд.
Ҳоло аз аҳволи ин рӯзномае, ки замоне хеле дусташ медоштам, ҳоло хабаре надорам. Шояд ҳанӯз ҳам нашр шавад ё шояд ҳам не. Вале ба ҳар ҳол, он аз мо буд ва дар дили мо мемонад.
Комментариев нет:
Отправить комментарий