! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

30 октября, 2010

Насиҳати Эшони Нуриддин барои ҷавонони муҳоҷир


Эшони Нуриддин
(Акс аз Turajon.com)
Имрӯзҳо, чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, аз сабаби паст будани сатҳи иқтисодии кишвар ва мутазалзил будани сохтори иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар қисми зиёде аз шаҳрвандони кишвари мо ҷиҳати ба даст овардани рӯзии хонадонашон ночор кӯлбори мусофиратӣ ба дӯш карда, ба кишвари Русия ва кишварҳои дигар муҳоҷират менамоянд.


Аз сабаби он, ки зиёде аз истифодабарандагони торномаи мо аз муҳоҷирони меҳнатии дар хоки кишварҳои ҳамсоя ва дур мебошанд ба унвони мо номаҳои зиёде аз эшон сарозер мешавад, ки баъзеи онҳо талаб доранд, ки ҳазрати Эшон бо онҳо чанд насиҳатҳое дошта бошад, ки то онро дар давоми будубошашон дар диёри ғурбат сармашқи худ қарор диҳанд.

Бо дар назардошти ҳамин дархост кормандони сомона аз ҷаноби ҳазрати Эшони Нуриддинҷон (Худованд эшонро дар ҳифзи худ нигаҳ дорад) дархост карданд, ки якчанд насиҳатҳову пандҳои падарона ва исломӣ хидмати ин қишри заҳматкаши ҷомеа тақдим намоянд.

Месазад, ки ин сатрҳои аз дилу имон ва шафқати ухуввати исломии он ҳазратро ҳар яки эшон балки ҳамаи мо бо ҷону дил дар хотир дошта бошем. Зеро олимони раббонӣ ворисони паёмбаронанд. Имруз, ки дар миёни мову шумо Ҳабиби Худо ҳазрати Паёмбари бузургвор (алайҳиссалоту вассалом) нестанд, аммо барои мо ворисони худро дар ҳар асру замон ҷо гузоштааст, то ҳидоятгари мо бошанд. Касонеро ҷонишин ва вориси худ гузоштааст, ки дар гуфтани калимаи ҳақ аз маломати ҳеҷ маломаткунандае ҳарос надоранд. Биёед лаҳзае худро дар иҳотаи сухани марди Худо тасаввур кунем. Инак суханони гуҳарбори ҳазрати Эшони Нуриддинҷонро, ки омехта бо меҳру муҳаббат ва саршор аз ҳидояти Қуръону суннат аст тақдими шумо мегардонем:

Ҳамду ситоиш Худоеро, ки рузидиҳандаи бандагонаш аст. Дуо ва дуруди Худо бар беҳтарини башарият ҳазрати Муҳаммад ва бар хонадону ёронаш бод. Аммо баъд.

Воқеан замоне, ки мешунавам иқболи бародарони муҳоҷири мо дар хориҷ аз кишвар, ки барои таъмини зиндагии хонаву фарзандонашон рахти сафар бастаанд, ба суи Худо, намозу руза ва исломи азиз ҳар рузу ҳар соат бештару бештар мешавад, Худоро шукр мегуям, ки исломи азизи моро ҳеч чиз наметавонад мутазалзил бикунад.

Оре, хеле мардонагӣ мехоҳад, ки ҷавони мусалмон дар кишваре, ки зиноро зери унвони озодӣ ва демократия меситояд ва шаробхорӣ ба дараҷаи олии худ ривоҷ дорад, худро ва фарҳангу диёнати худро маҳфуз дорад. Дар кишваре, ки разолат ва фаҳшу фуҷурро на танҳо қавонини вазъии он балки расму русуми мардумии он инкор намекунад, нигаҳдории нафс кори осон нест. Бояд тазаккур дод, ки шахсе агар дар кишвари исломӣ аҳли намозу руза аст ва каси дигаре мисли у накаму зиёд низ аҳли намозу руза аст, аммо дар кишваре, ки дарҳои фисқу фуҷур барояш боз аст, ҳечгоҳ ҳардуи онҳо назди Худо баробар нестанд.

Агарчи амалҳояшон баробар бошад. Зеро он як шароити гуноҳро камтар дорад, аммо ин дигарӣ ҳама шароити гуноҳ бар руяш боз аст, аммо аз муроқибаи Худо метарсад. Хушо ба ҳоли чунин ҷавонон!

Аввалин тавсияи ман барои шумо бародароне, ки пайи рузӣ дар кишварҳои бегона дур аз аҳлу иёл ҳастед ин аст, ки ҳамеша бо ёди Худо бошад. Ҳамеша дар куҷое, ки набошед тасаввур кунед, ки Худо ҳамроҳи шумо аст ва аз ҳама рафтору кирдори шумо огоҳ аст. Ҳамеша тақво ва тарси Худоро дар дил дошта бошад. Зеро, ки офаринандаи мову шумо ба мо чунин гушзад намудаст: «Ҳар касе, ки тақво ва тарси Худоро дар дил дошта бошад, Худованд уро аз роҳҳое ризқу рузӣ медиҳад, ки худаш тасаввур намекард».

Инчунин Паёмбари бузургвори ислом фармудаанд: «Дар ҳар ҷое, ки набошед тақвои Худоро пешаи худ кунед! Ва аз паси ҳар гуноҳе, ки аз шумо сар мезанад амали ҳасанае анҷом диҳед, то он гуноҳро маҳву нобуд созад! Бо мардум ба ахлоқи неку даромезед!». Инро Тирмизӣ ривоят кардааст. Боз дар ҷои дигар фармудааст: «Эй мардум Худоро ҳифз кунед, то Худованд шуморо ҳифз кунад. Худоро ҳифз кунед, то Ӯро ҳамроҳи худ дарёбед!».

Ҳамеша бо пайравони дигар диёнатҳо муомилаи исломии худро гум накунед. Баъзеҳо гумон мекунанд, ки ислом ҳусни муомиларо танҳо байни мусалмонон шарт намудааст. Ин гумони хатост. Яке аз бартариҳое, ки ин дини муқаддаси мо дорад ин аст, ки бо пайравони тамоми динҳову миллатҳои ғайри ислом муомилаи хубро тавсия мекунад.

Ҳабиби Худоро нигаред. Замоне, ки Маккаро фатҳ кард ва бо лашкари бузурге вориди он гардид, аҳли Макка гумон карданд, ки акнун Муҳаммад қасоси худро аз онҳо мегирад ва ҳамаи онҳоро сар мебурад. Аммо Паёмбари Худо (алайҳиссалоту вассалом) суханеро гуфт, ки ҳеч кас таваққуи онро надошт: «Биравед ҳамаи шумо озод ҳастед!».

Паёмбари бузургвор (алайҳиссалоту вассалом) дар ҳадиси мубораке фармуданд: «Ҳеч чизе дар рузи қиёмат бар болои тарозуи шахси мусалмон вазнинтар аз ахлоқи неку нест. Худованд шахси бадзабони ҳақоратчиро дуст намедорад». (ривояти Тирмизӣ). Азизон! оё медонед ба бузургтарин кишварҳои исломии имруза мисли Индонезия ва Малазия ислом чи гуна дохил шуд. Ислом ба роҳи ҷанг вориди ин кишварҳо нашуд.

Балки ин ахлоқи мусалмонон буд, ки боиси он шуд, ки мардуми ин кишварҳо исломро қабул кунанд. Оре азизон, шумо дар муомила бо пайравони дигар динҳо муомилаи хуб дошта бошед. Худованд замоне, ки фиреб ва ҳиллаву найрангро ҳаром кард онро натанҳо дар муомила байни мусалмонон балки дар муомила бо кофирон низ ҳаром шуморид. Агар шумо дар зери дасти ягон рус кор мекунед, кушиш кунед кори худро хуб анҷом диҳед. зеро шумо дар ивази кор музд мегирад.

Дар муомила бо якдигар хушмуомила бошед. Ҳамаи шумо дар он диёри ғурбат дур аз аҳлу хонавода барои як мақсад рафтаед. Бинобар ҳамин эҳтироми якдигарро дошта бошед. Паёмбари бузургвор мефармояд: «Хуни мусалмон, моли мусалмон ва ъирзи мусалмон бар бародари мусалмонаш ҳаром аст».

Намоз бузургтарин рукни ислом аст. Кушиш кунед то ин рукни асосии ислом ва калиди онро тарк накунед. Намозҳоятонро дар вақташ адо кунед. Рузаи моҳи шарифи Рамазонро бигиред. Он вақт Худованд дарҳои рузиашро ба шумо боз хоҳад гузошт.

Худованд таъмини нафақаи оиларо бар гардани мард воҷиб гардонидааст. Дар ин маврид Паёмбари Худо (алайҳиссалоту вассалом) фармуданд: «Диноре, ки дар роҳи Худо сарф мекунӣ ва диноре, ки барои озодии ғулом ё зиндоние сарф мекунӣ ва диноре, ки бар мискине садақа мекунӣ ва диноре, ки барои таъмини хонадонат сарф мекунӣ, бузургтарини ҳаминҳо дар савоб ҳамон диноре аст, ки барои таъмини хонаводаат сарф мекунӣ».

Инчунин аз Абдуллоҳ иби Амр ривоят аст, ки Паёмбари ислом (алайҳиссалоту вассалом) фармуданд: «Бузургтарин гуноҳи мард ҳамон аст, ки нафақаи хонаводаашро таъмин накунад». (ривоят Абудовуд).

Аз замоне, ки нияти ба берун аз кишвар рафтан мекунед, ҳамеша дар зеҳнатон бошад, ки шумо воҷибе дар гардани худ доред, ки барои адо намудани он тамоми азобҳоро мекашед. Ҳечгоҳ таъмини зиндагии оила ва фарзандонатонро фаромуш накунед. Ҳамвора дар хотир дошта бошед, ки фарзандони дуструяки шумо ва ҳамсаратон дар интизори шумо ҳастанд. Интизоранд, ки ҳечгоҳ марди хона онҳоро гушнаву ташна нахоҳад гузошт.

Зеро дар дил имоне дорад, ки уро водор мекунад, ки воҷиби имониятро адо намо. Бале таъмини зиндагии оила бар гардани мард ҳам фарз асту ҳам воҷиб. Чуноне, ки аз хондани намозу руза бар номаи аъмоли мо савоб навишта мешавад, инчунин ҳар заҳмате, ки барои бо роҳи ҳалол ба даст овардани ризқу рузии хонадон мекашем бароямон савоб навишта мешавад. Ба ибораи дигар ранҷу азоб дар роҳи ба даст овардани рузии фарзандон ин худ ибодат аст мисли соири ибодатҳо.

Яке аз масъалаҳое, ки имруз байни ҷавонони мо дар он аҳамияти кам дода мешавад, масъалаи беилму дониш фатво содир кардан аст. Имрузҳо бисёр вохурда мешавад касоне, ки саводи кофӣ надоранд аммо бар худ ҷуръат медиҳанд то дар бисёре аз масъалаҳо фатво диҳанд. Бинобар ҳамин бародарони исломӣ агар бар шумо масъалае пеш омад, ки гиреҳкушоӣ мехоҳад шумо онро аз донишмандону олимон бипурсед. Чуноне, ки Худованди карим фармудааст: «Аз донишмандону олимон бипурсед агар намедонед».

Имомони мазҳабҳоро ривоят мекунанд, ки вақте аз онҳо дар масъалае савол пурсида мешуд, пеш аз ҷавоб гуфтан ба он тамоми бадани онҳоро ларза мегирифт. Зеро ин хеле масъулияти бузург аст. Паёмбари Худо (алайҳиссалоту вассалом) дар мавриди шахсе, ки сараш дар ҷанг захмӣ шуда буд ва баъзе аз мардум ба вай дар вақти ҷанобат ғуслро фатво дода буданд ва баъд аз ғусл он мард ҷон дод, чунин гуфтанд: «Уро куштанд Худо онҳоро бикушад. Чаро вақте намедонистанд савол накарданд?

Бидонед, ки дармони нодонӣ танҳо пурсиш аст!». Бинобар ҳамин ба шумо тавсия мекунам, ки ҳаргиз аз доираи мазҳаби худамон берун фатво содир накунед. Инчунин ба ҳамагон тавсия мекунам, ки фатво ва гиреҳкушоии масъалаҳои диниро танҳо аз донишмандони худамон пурсуҷу кунед. Алҳамду лиллоҳ имруз шароити дастрасӣ ба донишмандони бумии худамон агарчи дур аз онҳо ҳам бошед муҳайё аст. Зеро чизе, ки ман бар ҷавонони мусалмони ҳамхуни худамон метарсам ин кушода шудани решаи фитна ва ихтилоф аст.

Худованд ҳамеша ҳамбастагӣ ва якдилиро байни мо побарҷо нигаҳ дорад.
Яке аз масъалаҳои муҳимми дигар, ки имруз бародарони исломии дар ғурбат будаи мо онро бояд аҳаммият диҳанд ин масъалаи кумак ва дастгирии дигар бародарони ҳамхун дар хоки ғурбат аст. Бисёр ҷои таассуф аст, ки гоҳо аз баъзе бародарон мешунавем, ки аз тарафи дигар бародарони ҳамхуну ҳамдини худ мавриди фиреб ва ё ғорат қарор гирифтаанд. Ин рафторро тамоман исломи азиз инкор мекунад.

Пуле, ки ба зур ва ё бо роҳи фиреб аз шахси меҳнаткаш гирифта мешавад, ба Худо қасам аз гушти хук барояшон ҳаром аст. Худованди бузургвор моро ҳамвора ташвиқ ба кумаку дастгирии якдигар мекунад. Худованд фармудааст: «Дар корҳои неку ва тақво ҳамдигарро кумак кунед!». Дустони азизи ман, ин амри Парвардигоратонро ҳамеша дар гуш дошта бошед ва ҳамеша дастгиру ёвари ҳамдигар бошед. Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Паёмбари бузургвор фармуданд: «Шахсе, ки аз бародари мусалмонаш ғаму машаққатро дур кунад, Худованд уро аз машаққати охират дур хоҳад кард.

Ва касе, ки мушкилии шасхи дармонда ва фақиреро осон кунад, Худованд дар дунёву охират мушкилии уро осон хоҳад гардонид. Шахсе, ки айби мусалмонеро бипушонад, Худованд айби уро хоҳад пушонид. Ҳамеша Худованд дар кумаку дастгирии банда аст модоме, ки ҳамон банда кумаку дастгирии дигар бародарони исломиашро мекунад». Ривоят Муслим.

Дар охир ба якояки шумо аз даргоҳи Худованд аввалан тақвову имони комил ва сониян ризқи фарох барои ҳамаи шумо таманно дорам. Ҳамеша солиму бардам бошед ва Худованд ёвари шумо бошад.

(Баргирифта аз сойти turajon.com)

Комментариев нет:

Отправить комментарий