(Бо сипос аз дӯсти азизу арҷмандам Дориюш, ки ин шеъри зебои Фаридуни Мушириро барои мо фиристодааст)
Гуфт доное, ки гурге хирасар,
Ҳаст пинҳон дар ниҳоди ҳар башар.
Лоҷарам ҷорист пайкоре сутург,
Рӯзу шаб мобайни ин инсону гург.
Зӯри бозу чораи ин гург нест,
Соҳиби андеша донад чора чист.
Эй басо инсони ранҷуру пареш,
Сахт печида гулӯи гурги хеш,
В-эй басо зӯрофарин – марди далер,
Ҳаст дар чанголи гурги худ асир.
Ҳар ки гургашро дарандозад ба хок,
Рафта-рафта мешавад инсони пок.
В-он ки аз гургаш хӯрад дар ҳам шикаст,
Гарчи инсон менамояд, гург ҳаст.
В-он ки бо гургаш мудоро мекунад,
Хулқу хӯи гург пайдо мекунад.
Дар ҷавонӣ ҷони гургатро бигир,
Вой, агар ин гург гардад бо ту пир.
Рӯзи пирӣ гарчи бошӣ ҳамчу шер,
Нотавонӣ, дар масофи гурги пир.
Мардумон гар якдигарро медаранд,
Гургҳошон раҳнамову раҳбаранд.
Каюмарси гиромй,
ОтветитьУдалитьЗохиран дар ду маврид "у"-ро бо "е" ивазй гирифтаам. Аз бас хаттамон "чахонгиру якто"-ст, хар бор аз як хат ба хатте дигар мегузарам, чунин ошуфтагихои хаттй аз дастам дар меравад.
Он ду маврид зер аст. Агар мехохй, лутфан дар матни аслй хам ислох кун.
Lojaram jorist paykore suturg,
Ruzu shab mobayni in insonu gurg.
ва:
Ey baso insoni ranjuru paresh,
Saxt pechida gului gurgi xesh.
Комраво бошй
Ташаккур, Дориюши азиз
ОтветитьУдалитьДастат дард накунад. Аммо дигар ин шеъри зебои Мушириро ба хати сириллик баргардон кардам.
Чи бехтар. Курбонат.
ОтветитьУдалить