! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

18 ноября, 2010

Тоҳо Каюмарс. Чӣ гуна барои писарам ном гузоштем...

Ин сурати Тоҳо нест
(Акс аз интернет)
Аз замони оиладор шуданам тақрибан як солу панҷ моҳ мегузашт. Тӯли ин муддат аз ман яксаду панҷоҳ бор пурсидаанд, ки оё соҳиби фарзанд шудаам ё на. 

Ҷавоби ман барояшон ин буд: “ҳа, мешавад”. Вале хеле интизорӣ мекашидам ва уммедвор будам, ки ин рӯз кай фаро мерасад. 

Билахира, фаро ҳам расид. Шаби 14-уми ноябр, соати дувиним маро огоҳ карданд, ки соҳиби писар шудаам. Вазнаш 3 килову 300 грамм. 

Урра, хурсандиву хушҳолии маро ба ҳазор тарозу ҳам баркашида намешуд. Ҳисоб карда ҳам намешуд. 

Ман ҳамвора ашк мерехтам, ашки шодӣ... 

Падару модарам ҳам, ки аз ман чорсад километр дуртар зиндагӣ мекунанд, баробари шунидани ин хабар хушҳол шуданд. Онҳо нахустин набераи писарии худро медиданд. 

Ба ҳар ҳол, ҳамаи набераҳо набераанд, вале ҷойи фарзанди писарӣ дигар будааст. 

Ман пеш аз тавлиди писари азизам орзу мекардам, ки чор фарзанд дошта бошам. Ва барои ҳар кадоме онҳо ном низ ёфта будам. Масалан, мехостам, номи чор фарзандамро Порис, Порсо, Парисо, Порсӣ бигузорам. 

Вале пас аз як рӯзи фарзанддор шуданам, аз падарам хоҳиш кардам, то номи писарамро бигузоранд. Дар тӯли умрашон падарам барои даҳҳо тан аз наздиконамон ном гузоштаанд. Дар деҳа низ бисёриҳо барои номгузории фарзандонашон ба назди падарам меоянд. 

Ин қудрати падарамро нодида гирифта натавонистам. Хоҳиш кардам, то барои фарзандам ва набераи худашон ном ёбанд. 

Бегоҳӣ дубора ба падарам занг задам ва гуфтам, ки оё барои писарам ном ёфтаанд, ё на. Он кас фикр карданд, ки ё ман хеле бетоқатам ва ё ин ки номе дораму гуфта наметавонам. 

Вале исрор кардам, ки номе барои гузоштан надорам. Баъд он кас гуфтанд, ки агар ту чизе надошта бошӣ, пас, номашро Тоҳо мегузорем. 

ТОҲО. Ин калима барои ман ошно буд. Номи сураи Қуръон. Шунида будам, вале ҳич ба ёдам намерасид, ки он рӯзе номи писари ман мешавад. 

Он номи хеле кӯтоҳ ва ҷолиб буд. Агар Тоҷикистонро тагурӯ кунед, шояд ин номро пайдо накунед. 

Барои ман маъқул шуд. Чунки ҳамеша аз номи худам ифтихор мекардам ва иншооллоҳ, писарм низ аз ин номи гузоштаи бобояш як умр ифтихор хоҳад кард. 

Зеро ҳар куҷое меравад, ҳатман аз номи ӯ тааҷҷуб мекунанд ва мегӯянд, Тоҳо чӣ маъно дорад. Мисли ин ки ҳаррӯз ба ман занг мезананду номи писарамро мепурсанд ва баробари шунидани номи Тоҳо ҳатман суроғи маънӣ мекунанд. 

Падарам гуфтанд, ки тибқи баъзе ривоятҳо гӯиё Тоҳо номи паёмбар низ бошад. Субҳи рӯзи душанбе, 15-уми ноябр, ба Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонҳо низ занг задам ва гуфтам, ки мо мехоҳем номи фарзандамонро Тоҳо бигузорем. Оё мумкин аст? 

Он кас ҳам пурсиданд, ки ин номро кӣ интихоб кардааст? Гуфтам, ин номро падарам барои набераашон гузоштаанд. 

Гуфтанд, ки гапи падарро нагардонед ва бигузоред. Вале гуфтанд, ки Тоҳо мисли Ёсин аз ду ҳарф иборат аст. Агар хато накунам, гуфтанд, ки ҳарфҳои муқаттаот. 

Ва ҳам илова карданд, ки калимаи Тоҳо аз тарафи уламои аҳли суннат ва ҷамоат то ҳол тафсир нашудааст ва ҳар боре ки гап болои мазмуни ин калима меояд, мегуфтаанд, ки аллоҳу аълам. 

Аммо бисёриҳо мегуфтанд, ки барои писарам номи ҳиндӣ гузоштаам ва баъзещо мегуфтанд, ки номи зардуштӣ ва иддае ҳам буданд, ки мегуфтанд, ин ном ба исмҳои яҳудӣ шабеҳ аст. 

Ҳар чӣ ҳам набошад, мо писари азизамро Тоҳо номгузорӣ кардем. Худо кунад, ки вай ба ин ном сазовор ва хидмати бобояшро ба ҷо орад. Номи маро ҳам бобоям гузоштаанд ва ман ҳамеша бобоямро дӯст медоштам ва то лаҳзаи фавташон ҳамроҳи он кас будам. 

Тоҳо, писари азизам, ҳанӯз ҳарф намезанад. Вале ӯ ҳама чизро мефаҳмад. Ҳатто номашро. 

Шояд гӯед, ки муҳобот мекунам. Шояд...Вале ин лаззатро онҳое медонанд, ки ин лаҳзаҳоро дидаанд ва ё дар интизори ин рӯз ҳастанд. 

Тоҳо, писари азизам, ман туро дӯст медорам!!!

3 комментария:

  1. salom Kayumars,
    muborak shavad,

    ОтветитьУдалить
  2. баракаллаху фил мавхуби лака худованд баракат дихад. хар номе ки гузошта мешавад маънои он ном ба сохибаш хатман таъсири худро мерасонад. ин ном ки номи курони аст иншааллах таъсири неки худро мерасонад

    ОтветитьУдалить