! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

17 ноября, 2010

Ҷадид-Онлайн: "Манижа, ситораи пинҳон"

Манижаи Давлат
Шӯҳрат номи одамҳоро кӯтоҳ мекунад. Масалан, агар дар Эрон бигӯям “Ҳоида”, шояд камтар касе ба ёди Ҳоидае ғайр аз Маъсумаи Дадаболо биуфтад, ки дар ҷаҳони мусиқии форсӣ бо номи “Ҳоида” шинохта шуд. Ва ҳамин тавр дар Тоҷикистон ҳам, агар бигӯед “Манижа”, ҳатман манзуратон Манижа Давлатова аст, ки шӯҳрату маҳбубияташ бамаротиб тӯлонитар аз умри кӯтоҳи ҳунариаш аст.

Шояд қазоват дар мавриди кӯтоҳӣ ё дарозии умри ҳунариаш бисёр зуд бошад ва шояд дубора Манижаро рӯи саҳна бибинем. Аммо феълан Манижа танҳо ситораи мусиқии мудерни Тоҷикистон аст, ки дар авҷи дурахшиши фавқулъода аз саҳна канор рафт ва гӯшагирии ӯ мавзӯъи шоеъоту достонҳои фаровоне шудааст.

Эҳтимоли бозгашти Манижа ба саҳнаи ҳунар зиёд аст, чун ин ситораи пинҳон тоза 28 сол дорад. Падару модари ӯ, ки се духтар доштанд, орзуманди доштани як писар буданд, ки Манижа ба дунё омад. Падараш Давлат, ки омӯзгори мадраса буд, номашро аз “Шоҳнома” баргузид.

Ватан, тозатарин оҳанги Манижаи ДавлатМанижа, аммо, духтаре мутафовит буд; бебок ва гоҳ густох, ки тарҷеҳ медод пероҳану шалвори писарона бипӯшад ва бо писарҳои маҳалла бозӣ кунад. Еахустин таронаҳояшро ҳам дар кӯдакистон хондааст ва дар маҳфилҳои хонаводагӣ.

Дар мадраса ба шеър алоқа пайдо кард ва шеърҳои шогирдона менавишт ва барои падараш мехонд ва орзу дошт рӯзе шоъир шавад ва шеърҳояшро дар саросари кишвар бихонанд.

Аз мадраса, ки фориғ шуд, ба фикри омӯзиши забонҳои хориҷӣ уфтод ва як сол дар Донишгоҳи забонҳои шаҳри Кӯлоб дарс хонд. Пас аз муҳоҷирати хонавода ба Душанбе дарёфт, ки гароишаш ба мусиқӣ қавитар аст ва мехост вориди Донишкадаи ҳунарҳои зебо шавад, аммо бо тавсия ва исрори падар дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон риштаи рӯзноманигорӣ ва тарҷумаро хонд.

Ошноиаш бо Зикруллоҳ, ки дар он солҳо аз маъруфтарин овозхонони ҷавони мусиқии мудерн буд, дубора шавқу алоқаи Манижа ба рафтан рӯи саҳнаро бедор кард. Ӯ ду оҳанги сохтаи Зикруллоҳро ҳамроҳ бо ӯ иҷро кард, ки пас аз муддате кӯтоҳ маҳбуб шуданд. Овози мунҳасир ба фарди Манижа бедиранг таваҷҷуҳ оҳангсозонро ба худ ҷалб кард ва оҳангҳое барояш сохта шуд.

Рӯзи якуми жонвие (январ)-и 2002 буд, ки нахустин намоҳанг (клип)-и Манижа аз тариқи шабакаи саросарии телевизюни Тоҷикистон пахш шуд ва ғулғула бапо кард. Аз он ба баъд садою симои Манижаро мешуд ҳама ҷо шуниду дид. Ва дар ҳамон сол буд, ки Манижа нахустин олбумашро зери унвони “Сарнавишти ман” вориди бозор кард ва ба як овозхони ҳирфаӣ табдил шуд. Интишори олбум дар соли нахусти вуруд ба саҳнаи мусиқии ҳирфаӣ як амри камсобиқа аст.

Баргузории нахустин кунсерти Манижа дар Кохи Борбад, бузургтарин кохи кунсертии Душанбе, рӯзи 21 септомбри 2002 бавузӯҳ маҳбубияти ин ситораи навзуҳурро ба намоиш гузошт. Билетҳои кунсерт ба суръат ба фурӯш рафтанд, толор лабрез аз тамошобин буд ва садҳо тани дигар пушти дарҳои кох монда буданд.

Ин гуна буд, ки Манижа дар муддате кӯтоҳ пиллакон (зинаҳо)-и ҳунарро тай кард ва ба қулла расид ва ба унвони “маликаи мусиқии попи тоҷикӣ” шинохта шуд ва тайи се соли паиҳам муваффақ ба дарёфти ҷоизаи аввали “Суруди сол”, муҳимтарин мусобиқаи мусиқии Тоҷикистон, шуд.

Бархе аз оҳангҳои Манижа нафаси тоза ба пайкари мусиқии тоҷикӣ дамиданд ва баҳсҳоеро барангехтанд. Таронаи “Дурӣ” дар соли 2005, ки омезае аз мусиқии тоҷикӣ, ҳиндӣ ва ғарбӣ буд, гунаи тозаеро вориди мусиқии мудерни тоҷикӣ кард ва бо ин ки бархе аз мусиқидонон ҳушдор доданд, ки “ин оҳанг қолиби мусиқии тоҷикиро мешиканад”, таронаи “Дурӣ” ба завқи алоқамандони мусиқӣ бисёр наздик буд ва бедиранг ҷо уфтоду маҳбуб шуд. Акнун ин гунаи мусиқӣ дар попи Тоҷикистон ҳамаҷогир шудааст.

Дар воқеъ, Манижа омада буд, ки қолибҳоро бишканад ва шикаст. Ва маҳбубияташ марзҳоро шикаста буд. Овозаи Манижа дар кишварҳои ҳамсоя, бавежа Афғонистон, печида буд. Ҳамин овоза боъис шуд, ки Манижа соли 2006 нахустин ва танҳо сафари ҳунарии хориҷиашро анҷом диҳад.

Сафари Манижа ба Афғонистон тайи рӯзҳои 17 то 20 жонвие (январ)-и 2006 ва баргузории кунсертҳои бесобиқаи ӯ дар шаҳрҳои Кобул ва Мазори Шарифро муътабартарин хабаргузориҳои ҷаҳон гузориш карданд. Як расонаи омрикоӣ навишта буд: “Ҳар ду кунсерт таҳти тадбирҳои шадид амниятӣ баргузор шуд. Алорағми қимати нисбатан гарони билет (ҳудуди 40 дулор) толорҳо пур буданд. Ин нахусин маврид аз ҳунарнамоии як зан тайи беш аз бист соли ахир дар ҷомеъаи башиддат муҳофизакори Афғонистон аст”.

Дар паи он кунсертҳо маҳбубияти Манижа дар Афғонистон суъуд кард ва тайи чандин назарпурсӣ алоқамандони мусиқӣ дар Афғонистон Манижаро дар садри ҷадвали “Маҳбубтарин овозхонони форсизабон” нишонданд.

Пас аз давраи муваффақият ва шуҳрати бисёр буд, ки Манижа хомӯшӣ баргузид ва аз саҳна канор рафт. Оё ӯ дучори ҳарос аз шуҳрат шуд? Ва ё рашки дигаронро чунон барангехт, ки эҳсос кард бояд муддате гӯшагирӣ кунад? Рафтани ӯ аз саҳна ҳаводоронашро дар миёни ҳадсу гумонҳои бисёр дар буҳту ҳайрат фурӯ бурд.

Худи Манижа ҳанӯз намехоҳад далели сукуташро тавзеҳ диҳад. Аммо беҳтарин мужда барои ҳаводоронаш шояд пахши тозатарин оҳанги ӯ бо номи “Ватан” дар моҳи гузашта аст, ки метавонад нишонае аз шикастани сукут аз сӯи ӯ ва умед ба бозгашташ барои ҳаводоронаш бошад.

Манижа, ки бо иҷозаи худаш оханги тозаи ӯро рӯи ҳамин сафҳа қарор додаем, дар гузориши мусаввари ин сафҳа аз худу дунёи худаш мегӯяд.



Зеваршоҳ Муҳаммадов

(Бознашр аз сойти ҶадидОнлайн - www.jadidonline.com)

Комментариев нет:

Отправить комментарий