! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

28 марта, 2008

«Фитна»-и навбатӣ?

Узви ростгарои парлумони Ҳолланд Гирт Вилдерс дирӯз (27 март) филми зиддиисломиаш бо номи “Фитна”-ро тавассути шабакаи ҷаҳонии Интернет нашр кард. Ин филм ҳанӯз то нашр шуданаш эътирозҳои густардаеро аз сӯи мусалмонон ба бор овард ва нашри он тавассути Интернет нигарониҳоро дар бораи эҳтимоли бурузи мавҷи нави эътирозот бештар мекунад. Вилдерс гуфтааст, филми ӯ китоби “фашистӣ” будан ва мардумро ба хушунат таҳрик додани “Қуръон”-ро намоиш медиҳад. Давлати Ҳолланд расман аз ин филм фосила гирифта, изҳори ташвиш кардааст, ки нашри филми “Фитна” метавонад мардуми ин кишвар ва ҳам тиҷораташро дар хориҷ ба хатар рӯбарӯ кунад. (www.ozodi.org)

«Фитна»-ро мешавад аз ин ҷо тамошо кард:
http://www.liveleak.com/view?i=7d9_1206624103

4 комментария:

  1. Офарин бар суръати амалат, Каюмарс! Филм хамин дишаб, соъати 7-и шомгох ба вакти Амстердам руи Интернет рафт ва ба ин зудй руи торнигори ту хам пайдо шуд.

    Филмро дидам. 16 дакика аст. Хич як аз шабакахои телевизюнии Хуланд чуръат накардаанд онро ба таври комил нишон диханд. Мачмуъае аз сухбатхои ифротгароёнаи имомхо дар кишвархои мухталиф бо тасвирхои руъбангези катлу каъм ва оёте аз Куръон бидуни шархе тавзехи созандагони филм. Бархе аз созмонхои исломии Хуланд бедиранг вокуниш нишон доданд ва гуфтанд, ки филм дар чорчуби кавонини Хуланд сохта шуда ва хеле тавхиномез нест. Тасаввурашон бадтар аз ин будааст. Нахуствазири Хуланд хам соъоте пеш баёнияе мунташир кард ва гуфт, ки аз бардошти Херт Вилдерс аз ислом химоят намекунад ва умедвор аст, ки ин филм хушунати мусалмононро барнаангезад. Аммо истифода аз корикотури Мухаммад дар огоз ва поёни филм мусалламан бисёре аз мусалмонхоро шадидан хашмгин хохад кард.

    ОтветитьУдалить
  2. Ин филмро ман низ тамошо кардам, аммо ба гуфтаи Шумо - Дориюш ин филм хашми мусулмонхоро бармеангезад. Махсусан, он мусулмонхоеро, ки бенихоят фанат астанд. Рости гап, хар кас андешаи хоси худро ва сохиби ин филм, ба назари ман, хак хам аст, ки чунин кард. Зеро вай аз Ислому пайравонаш чунин бардошт, на бештар аз он. Ба андешаи сохиби "Фитна" Ислом озодихоро махдуд мекунад ва барои озоди хатар дорад. Ман чандин наворхои мазхабии рухониёни Исломро дидам, ки дар он наворхо барои исботи фикри худ рухониён аз чахони Гарб мисол овардаанд ва чахони Гарбро барои Ислом хатарзо донистаанд. Яъне, ин чиз дакик аст, ки хамеша ду чиз ба хам мукобил хоханд буд. Яке хатман худро аз дигари боло мегузорад. Вале, бадбахтии ин филм дар он аст, ки карикатураи Мухаммад (с)-ро тачассум мекунад ва ин ба оташи хашми мусулмонони дунё дигарбора равган хохад рехт.

    ОтветитьУдалить
  3. "Я резко осуждаю показ оскорбительного и антиисламского фильма Герта Вилдерса, - говорится в заявлении Генерального секретаря ООН. - Право на свободу самовыражения здесь ни при чем. Свобода всегда должна сопровождаться социальной ответственностью".

    ОтветитьУдалить
  4. Андешаи хоси худро доштан, маънои онро надорад, ки порахое аз суханони касеро зери акси каси дигар биёриву бигуи ки чунин гуфтану чунон кардан бад аст.

    ОтветитьУдалить