Бештари веблогҳо баҳсҳои сиёсиву иҷтимоъӣ дар Тоҷикистонро бозтоб медиҳанд. Веблогҳои тоҷикии сириллик бо мӯҳтавои ватанпарастона монанди веблогҳои Каюмарс дар интернет зиёд ба назар мерасанд. Бархе аз веблогнависони тоҷик мутмаинанд, ки маҳдудият дар баёни афкори сиёсӣ дар дохили Тоҷикистон водор мекунад, ки афроди бештаре ба майдонҳои баҳси веблогнависон ворид шаванд ва ибрози андеша кунанд.
Дар ҳамин ҳол, фарде бо номи мустаъори Тоҷвар, ки соҳиби яке аз веблогҳои маъруф дар миёни веблогнависони тоҷик аст, мегӯяд, ки ҳадафи ӯ расондани афкори худ, озмоиши ин афкор дар майдонҳои баҳсу вокунишҳои интернетӣ ва кӯмак ба озодии сухан дар Тоҷикистон аст. Ӯ ба далоили амниятӣ, нахост худро муаррифӣ ва бо ман мусоҳиба кунад, аммо дар посухе катбӣ навишт: «Ба ин хотир менависам, ки насли ҷавонро аз иштибоҳҳои насли миёнаи муъосир огоҳ кунам ва то тавонам, нагузорам, онҳоро дигар намояндагони насли ман бо вируси марговари маҳалгароӣ ва рӯҳафтодагӣ заҳролуд кунанд». Ба бовари оқои Тоҷвар веблогнависӣ пулест байни тоҷикон, ки тавассути марзҳои сиёсӣ аз ҳам дур мондаанд. Аммо барои хонум Шаҳзода, нависандаи веблоге ба номи «Самарқанд», веблог ба василае барои гуфтугӯ миёни на танҳо тоҷикони Тоҷикистон ва Узбакистон, балки фаротар аз он табдил шудааст.Ба бовари коршиносон веблогҳо, майдонҳои баҳси интернетӣ ва истифода аз Интернет дар маҷмӯъ падидаи тозаест, аммо маҳбубият ва таваҷҷӯҳи ҷавонон ба он дар ин авохир ба шиддат боло меравад. Бархе аз веблогнависон мегӯянд, ки тавассути ангехтани баҳсҳои мухталиф дар вебблогҳо мехоҳанд ҷавононро ба баррасии матолиби сиёсӣ ҷалб кунанд ва умедворанд, ҷавонони тоҷикро, ки гуфта мешавад ба умури сиёсӣ алоқа надоранд, аз назари сиёсӣ огоҳ созанд. Бо ин ҳол, ба гуфтаи коршиносон, ҳарчанд кунтрули веблогҳо дар интернет дар бисёре аз кишварҳо душвор аст, аммо давлатҳои худкома ҳамеша талошҳое барои масдуд кардани блогҳо ва ё танбеҳи веблогнависон ба харҷ медиҳанд.
(Ин матлаб ба Бахши форсии радиои BBC мансуб аст)
Комментариев нет:
Отправить комментарий