! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

29 октября, 2010

FARSI1-ро дубора пайдо кардам

(Акс аз интернет)
Тақрибан як соли пеш дар миёни шабакаҳои телевизионӣ номи Farsi1 -ро пайдо кардам. Дар ин шабака бештар сeриолҳои куриёӣ ва Амрикои Лотинро бо тарҷумаи форсӣ намоиш медиҳанд. Рости гапро бояд гӯям, ки забони намоишҳои ин шабака хеле олист ва барои ҳамаи мо - тоҷикон низ фаҳмо. Зеро забони тарҷумаи ин филмҳо аз он лаҳҷаи теҳронӣ, ки бештари эрониҳо бо он такаллум мекунанд, хеле фарқ дорад. 


Ҳатто ҳамсари ман, ки дар як кунҷи Тоҷикистон тавлид шуд, дар канори кӯҳҳо ба воя расидаасту ҷуз тоҷикӣ забони дигарреро намедонист, ӯ ҳам аз Fars1 хушаш омад. Мо дар ин шабака филмҳои Дар ҷустуҷӯйи падар, Руёъҳои шишаӣ, Ҳамсояҳо, Сафари дигарро бо ҳавас тамошо мекардем.

Аммо ин шабака рӯзе аз миёни каналҳои мо "гум" шуд. Ҳамин қадар кардем, дигар ёфта натавонистем. Ҳатто дар шабакаи интернет ҳам диданаш ғайримумкин буд.
Имрӯз онро дубора пайдо кардам. Шумо низ бебаҳра намонед, ин шабакаро бубинед. Шояд ҳадди аққал барои равон шудани лафзи шумо кӯмак кунад. Бо Форсӣ1 бимонед!

БАРОИ ТАМОШОИ ШАБАКАИ FARSI1 ДАР ИНТЕРНЕТ ИН ҶОРО ПАХШ КУНЕД:

http://www.iranibash.com/live-tv/persian-tv/farsi-1/

Комментариев нет:

Отправить комментарий