! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

28 октября, 2010

"КАЗДОН": Мӯрӣ аз мурӣ фарқ дорад?!

Додихудо Саймуддинов,
раиси Кумитаи забон ва истилоҳот
(Акс аз интернет)
Ё чигуна мӯҳтарам Додихудо Саймуддинов бе шӯъла шула мепазед?!

Илму фарҳанг ва маърифату маданияти имрӯзи миллати тоҷикро хусумату кину бадбиниву ниқорталабӣ ва маҳалгароиву қавмпарастӣ ба коми худ даркашидан дорад. Яке забони маҳаллашро, дигар гӯйиши хонаводагияшро севуми калимау ибораҳои аҷнабиро ба фарҳангистони миллати тамаддунпарвару мутамаддини тоҷик бо ҳар васила бор карда забони нобу шакарини тоҷикиро махлут карда истодаанд.


Олимону академикони бешумори мо ҷойи он ки як навигарӣ, як кашфиёт ва ё як ихтироъоте намоянд, даст заданд ба сиёҳкунии якдигар. Яке бобояшро Валию дигару падарашро уламою удабо ва сеюми авлоди пайғомбар ба қалам дода, сари беин ҳам дардманди мардумро боз дардмадтар карданд.

Аз ин гуна олимону академикони хасакиву хому хатала дигар чи ҷои гила? Охир ин зиёиён танҳо «ӯ» ва «ӣ» задаро мекобанду мавқеи онро дар баён меҷӯянд. Ё оид ба мавқеи вергулу нуқта вергул дар ҷумла ва ё оид ба мавқеи болт дар муҳаррик рисолаи номзадӣ дифоъ мекунанд. Ин аст дастоварди олимони арҷманди мо.

Ин хатои нобахшидание, ки имрӯзҳо миёни «донишмандони мо» домон густурдан дорад, моро ба маҳфшавӣ оварда мерасонад. Кашмакашҳои беҳудаи иддае аз олимони мо ба он мақсаде равона гаштаистодаст, ки риштаи андешаи рӯшанфикронро ба тарафи худ кашида, мағзҳои онҳоро бо ҳар гуна баҳсҳои номатлуб банд созанд.

Он нафароне, ки маърифату тамаддуни даҳҳазорсолаи мо тоҷиконро нодида мегиранду ғулғулаҳои бебунёде доир менамоянд яқинан душмани ин маърифату маданияти кӯҳан мебошанд. Наузамбиллоҳ чун ба ҳар маърифатисони кишвар менигарам нолоиқе, аҷнабие, кӯрдиле, бехабареро аз он тамаддун мебинам, ки сарварии ин ё он муассисаи фарҳангиро ба даст дораду аз мавқеи ишғолкардаш истифода карда, даст ба ҳаргуна дасисаҳо мезананд. То миёни ин қавм бо чунин роҳ рахнагиҳо ворид созанд. Он каждумоне, ки зери бӯрё пинҳон шудаанд, ҳамакнун ба нешзадан оғоз намудаанд. То ақлҳоро заҳрогин намоянд.

Намедонам ба донишманде чун Додихудо Саймиддинов чи шуда, ки якбора даст ба бардоштани «ӯ» аз забони тоҷикӣ шудааст. Магар ин кашфиёт аст? Оё ин хизмати шоёнест, ки баҳри фарҳангу маърифати хеш мекунем? Магар ба ин васила донишманди гиромии мо боз «донишмандии хешро» исбот карданӣ мешавад? Баҳ, баҳ чӣ кашфиёти бузурге? Акнун Саймуддинов бе шӯъла шула мепазад! Ва ё мӯлкро мулк мекунад?!
Наход, дар ин калимаҳо тафовуте набошад?

Бӯр-бур,
бӯз -буз,
гӯл-гул,гӯм-гум ,гӯр-гур,
ғӯла- ғула, ғӯр-ғур,
дӯз-дуз,дӯғ-дуғ, дӯл-дул,дӯн-дун,
кӯл-кул, кӯш-куш, кӯрра-курра, кӯб-куб,қӯр-қур,
мӯр-мур, мӯлк-мулк,
сӯд-суд, сӯр-сур, сӯм-сум,
тӯр-тур, тӯс-тус,тӯш –туш,
шӯр-шур ва ҳоказо.

Шояд чунин баҳсҳои бебунёд замоне байни уламои гузаштаи мо матраҳ буда, ки мутафаккир ва шоири санҷидасухан Имлои Бухороӣ дар ҷое бо истиҳола мегӯяд:Хат ғалат, маъно ғалат, имло ғалат…

Бо чунин баҳсҳои пучу бемаънӣ чунин ба назар мерасад, ки зиндагии мо ба тамом гаплалогия шудааст. Яъне мисле, ки кашфиёту ихтироъоту пешрафту тарақиёту истеҳсоламон танҳо гап бошад, дигар ҳеҷ. Тӯли ҳазорсолаҳо бузургони мо дастовардҳои назаррас доштанд. Вале, мо думболи он дастовардҳо нагаштем. Роҳи осон ҷӯстем. Гапбофӣ ба гапи гуфта шуда. Маънӣ: тафсирҳо навиштем ба як калимае, ки ҳеҷ аст даҳҳо ҷилд китоб.

Даҳсолаҳо баҳс кардем, ки себ чӣ маънӣ дорад. Бидуне, ки себ дар асл себ аст. Ва бе ҳеҷ шарҳу тафсире ҳар нафаре ки тафаккур дорад, ба осонӣ дармеёбад, ки он шабеҳ ба чист? Он қадар шаф-шаф гуфтем, ки аз шафтолу олуяш монд. Ман хеҷ фаҳмидан намтавонам, ки ин қадар суханпардозиҳои аз ҳад зиёди дилбазан, ба дарди кӣ мехӯрда бошанд? Рӯдакиву Фирдавсиву Носири Хусраву, Саъдию ҳофиз сухани худро гуфтанд, Мавлавию Аттору Мансуру ҷомӣ ҳарфи худро гуфтанд, пас чаро мо сухану ҳарфи худро надошта бошем? Чи зарурате мемонад ба он ки мо 570 сол баҳс ороем сари он ки:
Кишти нишастагонем ё киштишикастагонем…?
Мардуми дигар кишварҳои дунё дар саёраҳои дигар орзӯи зиндагӣ карданро доранду ба саёраҳои нав ба нав парвозҳо доир менамоянд, техникаҳои нави замонавиву дастовардҳои азимеро соҳибанд, мо бошем бо чоруқи бобоию чароғи он ва юғу омоч дилбастаем…

Ин албатта пеш аз ҳама вазифаи олимону рушанфикрони ҷомеаи мост.То мардумро бо дастовардҳои илмиву техникиву маърифатияшон рӯҳбананду дилгарм созанд. Ифтихори ҷомеаро бавуҷуд оваранд. Аммо ҷои он ки донишманде чун Д.Саймуддинов ҳамчун раиси Кумитаи истилоҳот баҳри беолоишии забони адабӣ кӯшише ба харҷ диҳад, даст мезанад ба ҷузъиёт, ки он ба ҷуз шикаст дигар чизе ба бор нахоҳад овард. Имрӯз ки бо истифодаи лаҳҷагуфторӣ пардохтаему забонро олудаи ҳамагуна носозгориҳо намудааем, чаро барои поксозии он аз ҳаргуна ғашҳояш кӯшише наменамоем?

Тайи қариб даҳ сол боз байни рӯзноманигорон ва мақомоти судӣ баҳсҳое доир мешаванд, ки оид ба та 114;қир ва тӯҳмат нигаронида шудаанд. Пас чаро мӯҳтарам Д. Саймуддинов як гурӯҳи корие иборат аз 7 нафар коршиносу забондону ҳуқуқдонро гирд намеовард, ки онҳо номгӯи калимау ибораҳои дорои хусусияти таҳқирдоштаро фароҳам оваранд, ки як сармашқи кори барои доираи васеъи мардум гардад. Воқеан ин як хизмати басо назарраси эшон ҳамчун расиси Кумитаи истилоҳот мебуд.

Аммо фикр мекунам, ки ин ҷиҳати масъала то ҳанӯз аз мадди назари эшон дур аст. Ва ё чаро то имрӯз ҳамчун раиси кумита он ҳатулкории мураттибони фарҳанги тозанашри забони тоҷикиро мавриди омӯзиш ва накӯҳиш қарор надода?!

Як гӯшшуниди дигаре ҳаст, ки иддае мехоҳанд, ки ҳам радиф бо ҳарфи ӯ сари ҳарфи «ъ»-ро низ бихӯранд.

Агар қудрате дореду алифбои забони тоҷикиро метавонед, ки аз 32 ҳарф ба 12 ё 8 ҳарф пойин оваред Худованд мададгоратон бод. Вагарна, айни ҳол бо бардоштани ҳарфи «ъ» аз алифбои тоҷикӣ чи суде ба мардум мерасад.
Тасавур кунед, ки Д.Саймуддинов ба нафаре, ки шеъреро барои аз назаргузаронӣ ба ӯ медиҳад баъди хондан тариқи нома ва ё сомонаи интернетӣ ба соҳиби шеър посух менависад (бо ҳамон тарзи ихтсор намудаи ҳарфи Ъ»:

«Бубахшед, ин шери шумо манӣ надорад…» . Аз ин посух муаллиф чӣ мефаҳмад?

Ё биёед як ба тарзи талафӯзи ин калимаву иборҳо дидадӯзӣ кунем:
Аъзо-азо,
Баъд-бад, ваъда-вада,вазъ-ваз,даъво-даво, даъвӣ-давӣ,
Маънӣ-манӣ, маън-ман,Наъра-нара, навъ-нав,
Раъд-рад, рафъ-раф,
Саъдӣ-садӣ, саръӣ-сарӣ,
Таъна-тана, таъриф-тариф,
Шӯъла-шула, шеър-шер, шаръӣ-шарӣ, шӯъба-шуба.

Ин рӯйхатро метавон ба дрозо кашид, вале гумон мекунам, ки барои хонандаи закӣ ҳамин миқдор басандааст, ки моҳиятеро фаҳм кунад.
Ин ҷо намехоҳам, ки ба иззати нафси донишманд мӯҳтарам Додихудо Саймиддинов бирасам, танҳо ҳаминро гуфтаниям, ки андӯхтаи худро паси ин хараҷу мараҷҳо сарф накарда, балки думболаи таҳаввулоти арзандае дар пояи илму фарҳанг масраф бикунанд. То ҷомеа аз он сӯде бардошт намояд.

Дигар қазоват ҳар хонандаву баҳсоророст!

Сайидмухтори Сайидбурҳони Боқизода

Комментариев нет:

Отправить комментарий