! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

21 декабря, 2009

Чодурӣ: “Мусулмонон дар Аврупо табъйиз мешаванд”

Гузориши Институти Ҷомеаи кушод, ки ҳафтаи ҷорӣ дар Лондон муаррифӣ шуд, ҳокист, ки барои ҷилавгирӣ аз табъйизи мазҳабӣ дар Аврупо дар сатҳи шаҳриву давлатӣ ва ҳам дар пояи Иттиҳодияи Аврупо андешидани тадбирҳои фаврӣ зарур аст. “Аврупо бояд ӯҳдадориҳояшро барои эҷоди як ҷомеаи бозу фарогир иҷро кунад”,- мегӯянд муаллифони ин гузориш.

Ин таҳқиқот бар пояи мусоҳибаҳои рӯ ба рӯ бо ду ҳазор сокини 11 шаҳри Иттиҳодияи Аврупо - ҳам пайравони оддии дини ислом ва ҳам бо рӯшанфикрон ба мисли донишмандону журналистон, фаъолони ҷамъиятӣ, аъзои ҳукумат ва раҳбарони мазҳабӣ анҷом шудааст.

Дар пурсиш ҳамчунин аврупоиҳои ғайримусалмон ҳам иштирок кардаанд. Ин нафарон аз миёни сокинони Парижу Амстердам, Роттердам ва Антверпен, Берлину Ҳамбург, Копенҳагену Лондон, Марселю Стокҳолм ва Лейсестер интихоб шудаанд. Дар саросари Иттиҳодияи Аврупо, асосан дар шаҳрҳои калону пойтахтҳо айни замон 20 миллион пайрави дини Ислом ба сар мебаранд.

Раҳбари гурӯҳи таҳқиқотии Институти Ҷомеаи кушод ва мушовири аршади ин созмон Туфайл Чодурӣ дар як сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Лондон розӣ шуд ба пурсишҳои мо дар бораи вазъи мусулмонон дар Аврупо посух диҳад.

-Aслан, мусулмонҳо дар Аврупо аз чӣ нигаронӣ доранд? Оё чӣ мушкиле дар Аврупо онҳоро дунболагир аст?

Чодурӣ: “Хулосаи калидие, ки ба даст овардем, ин аст, ки қисмати қобили мулоҳизаи мусалмонҳо худро мансуби давлате мешиносанд, ки дар он зиндагӣ доранд: яъне онҳо худро бритониёӣ, фаронсавӣ, белжикӣ, ё ҳолландӣ мегуфтанд. Вале дар айни замон нисфи онҳое, ки худро табааи ин ё он давлат мешиносанд, мегуфтанд, ки чунин бархӯрдро аз ҷониби аъзои дигари ҷомеа дар нисбати худ намебинанд. Яъне масалан агар мусалмони фаронсавие худро фаронсавӣ эҳсос кунад, дар айни замон ҳис мекунад, ки шаҳрвандони дигар ӯро ҳамчун фаронсавӣ қабул намекунанд. Масалан, нисфи мусалмонҳои бритониёӣ, ки худро чун табааи Бритониё муаррифӣ мекунанд, мегӯянд, ки аз ҷониби дигар бритониёиҳо ба ҳайси шаҳрванди комилҳуқуқи ин кишвар қабул мешаванд. Ба назари ман, масъалаи калидӣ дар ин аст, ки ин мусалмонҳо чӣ тавр қабул мешаванд, бархӯрд бо онҳо чӣ тавр оддӣ мешаваду боиси он мегардад, ки мусалмонҳо чун бахшеа аз Аврупо ба ҳайси шаҳрвандони комилҳуқуқи Аврупо қабул шаванд”.

- Бархӯрди аврупоиҳо бо мусулмонон чӣ гуна аст? Оё аврупоиҳо аз ҳузури мусулмонон дар кишварҳои худ то чӣ ҳадд розӣ ҳастанд ва то чӣ ҳад нигарон?

Чодурӣ: “Дар таҳқиқоти худ мо ҳам бо мусалмонҳо ва ҳам ғайримусалмонҳои сокини як маҳал мусоҳиба кардем. Аксарият гуфтанд, ки ба ҳамзистӣ бо ҳамдигар одат кардаанд, омодаанд ба ҳамдигар кӯмак кунанду ба ҳамдигар эътимод доранд. Ин аломати хуби ваҳдат аст. Вале вақте сӯҳбат аз арзишҳо рафт, аксари мусалмонҳову ғайримусалмонҳо гуфтанд, ки онҳо арзишҳои муштарак надоранд. Ва ин масъалаи тафовути назари онҳо гоҳо боиси эҷоди мавқеи манфӣ мегардад. Тавре гуфтам, ҷиҳати хуби масъала ин аст, ки мардум бо ҳамдигар равобити хуб дошта омодаи кӯмак ва эътимод ба ҳамдигар ҳастанд”.

- Оё мусулмонҳо дар Аврупо ҳамон ҳаққеро доранд, ки масалан як масеҳӣ ва ё як яҳудӣ дорад?

Чодурӣ: “Дар маҷмӯъ дар кишварҳои мухталиф қонунҳои ҳимояткунандаи озодиҳои мазҳабӣ амал мекунад, вале боз ҳам ҳар кишвар вижагиҳои худро дар равобити миёни калисову давлат дорад, ки ба равобити онҳо таъсир мегузорад. Дар сатҳи расмӣ ҳимояту баробарӣ вуҷуд дорад, ҳарчанд барои расидан ба ин баробарӣ мушкилоти зиёд будааст. Масалан дар Ҳолланд барои маблағгузории мактабҳои мазҳабӣ буҷаи махсус вуҷуд дорад, вале дар айни замон, дарёфти маблағ дар сатҳи расмӣ барои кори мактабҳои мусалмонӣ як кори душвор аст. Ин ҷо мушкил дар мутобиқати барномаҳои таълимӣ ва мутақоидсозии мақомот дар ин аст, ки ингуна мактабҳо ҳақи амал карданро доранду ба талаботи низоми маориф мутобиқат мекунанд”.

-Натиҷаи куллии шумо чист? Оё маҳалли созгор барои зиндагии мусалмонҳо дар шаҳрҳои аврупоӣ кадом аст?

Чодурӣ: “Мо дарк кардем, ки аксари мардуме, ки дар ин шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд, аз маҳалли зисти худ розӣ ҳастанд. Онҳо бештар майли зиндагӣ дар маҳалҳои омехтаро доранд, ки на танҳо аз мусалмонҳо, балки аз намояндаҳои миллату мазҳбаҳои дигар ҳам бошад. Ҳадафи онҳо ҳамоиши зудтару беҳтар ва муошират мебошад. Дар ин маҳалҳо албатта мушкилоти худ вуҷуд дошта метавонад, вале хулосаи аслӣ ин аст, ки онҳо бештар зиндагиро дар муҳити рангаву сермиллат мепазиранд”.

03 апреля, 2009

Идомаи Нардбони ТАРС

Салими АЮБЗОД
--------------------
...Рег кадамхои маро фуру мебарад. Мабод ман дарвокеъ хазанда бошам? Аммо тарс ва хохиш маро ба пеш меафкананд. Тарс ва хохише ки ном доранд. Ном надоранд, вале чизе кавитар аз онхо нест.

То он ки поямро ба зинаи аввали нардбон гузорам, се нафарро, ки мехоханд маро душманона дар огуш гиранд ва рохбандон кунанд, чапгалат медихам, дуйи дигарро аз бари чомаашон кашида, ба замин меафканам ва яки дигарро бо кумаки хампахлуям аз пояи нардбон дур меапртоям. Ду ангуштамро ба чашмони хариси дигаре мехалонам ва дахони гормонанди уро мебинам. Дасту сар, соку сурин, мушту лагад, оринчу китф ва пешонаамро аб кор меандозам. Чуби надбон дар нигохам зарнигор мешавад.

Хазанда?

Хазандаи баланд ба гушам мерасад.

Оё хазанда парвоз тавонист кард?

Оё ботлокнишин ба абрхо хохад расид? Ё Баховаддин!

Аз руйи реги маканда ба зинаи аввал баромадан кори аз хама мушкил аст. Ин зинаи хак ва хукук аст. Ин зина огози бархостан ва ибтидои парвоз аст. Туро нахоханд гузошт, ки ба ин зина кадам нихи, чун зинаест, ки рохро боз мекунад. Аз боло фишоре руйи ту меояд, ки сангину нафастангат мекунад ва поён садхо даст домонаро сар намедихад, ки рах ва сабук шави ва ба боло рави. Аммо вакте ки аб зина баромади, дигар хама ба як бор хотима меёбад, дигар касе ба ту кордор намешавад. Дар они вохидфишор махв мегардад ва адстхо поятро рахо мекунанд. Озод мешави. Монанди паррандае, ки аз дом рахо шудааст ва мехохад болу пар бикшояд. Чахд мекунам, чон меканам. Садоеро мешунавам, ки ба садои худам монанд нест, вале гуё аз умки вучуди ман берун меояд:

-Зури бехду миён мешиканад. Барои расидан ба зинаи аввал бояд дар минтакаи кехон зода шави. На, аниктараш, волидайнат бояд дар ин води таваллуд шуда бошанд. Кадом води? Бояд дар дехае зода шави, бигзор дар хонаводаи як шубон, аммо ин деха ном дорад. Агар на, дастикам як когаз дошта боши, ки гуё хамин тур аст. Когазе, ки аввалин нафаси туро дар ин дунё ба дуруг омезад ва хамаи хастии туро аз як дург таркиб дихад.

Ё аз миёни сабукпотарин душизаи онхо хамсар баргузини, ки ба ном хамсари ту бошаду шабхо зери пойи онхо. Ё хохаратро ба пучтарини онхо бидихи, ки аз у як сабукпо ва хамзамон як хамсар бисозанд. Он гох корат осонтар мешавад. Факат хамин мухим аст, дигар хич чиз. Агра бидонанд, ки ту аз он деха ва ё вохаи, рохатро боз мекунанд. Гуё модарат туро на дар он деха, балки дар руйи зинаи аввали ин нардбон зоидааст. Танхо модарони як махалли муайян сарнишинони Нардбони Бузургро ба дунё меоранд. Бачадони онхо шакли вика дорад ва чанини вижа мепарварад. Аслан мухим нест аз кадомин тухма – тухмаи дузд , рахзан, худи ва ё бегона. Бигзор хатто аз тухмаи шайтон бошад.

Тухма мухим нест, бачадон мухим аст. Овах, ин аст, ки гуфтанд, хану з чанин пайдо нашуда, дар зинае аз Нардбони Бузург барои у чой мукаррар хохад буд. Хуб, билфар, бо сад росту дуруг ба зинаи аввал даст ёфти, часпиди ва ба лагадмоли болоихову домангирии поинихо рубару шуди, баъдаш чи пеш хохад омад?

Баъдаш бояд дар зинахои болотар акрабо ва дустон дошта боши, ки бо белу каланду чубдастхо ба сари хар кадоме ки мехохад, ба зинаи аввал барояд, бикубанд ва аз дасти ту гирифта, туро ба болотар кашанд. Он гох корат осонтар мешавад.

Дар хар сонияи ин мочаро бояд ба курбони омода боши. Онхое, ки кумакат мекунанд, дар посух дасти тар мехоханд.

Харчи дори. Ва ё надорию аммо рузе хохи дошт. Хеч кас ройгон ангушт ба ангушт нахохад зад. Хар чи дори, биёр. Бисёртар – хубтар.

Бояд омоа боши, ки на танхо мол, балки зехнатро низ ба онхо бидихи.

Бояд омода боши, ки вичдонатро ба онхо бидихи.

Ва хатто имону номусатро...

Ман намедонам ин хамаро ба худам мегуям ва ё танхо аз дил мегузаронам. Аммо садои бегонае меояд:

- Бубин, шояд факат як бор зиндаги ба ту пайт медихад, ба ин нардбон наздик ойи. Барои баъзеи дигар харгиз чунин фурсат даст нахохад дод. Пас, бо хар рохи мумкину номумкин бояд аз ин зинахо боло рави. Афроде ин парвозро ба баъд вомегузорад, чун фикр мекунад, кори аз ин мухимтаре дорад. Аммо рузе, ки вай ба пояи нардбон меояд, мебинад, ки ситезачуёни мусаллахе онро давра гирифтаанд ва ба вай рох намедиханд, ба пояи нардбон хатто наздик оя. Онхо уро дар фосилаи як тир нигах хоханд дошт. Пас, чун фурсат туро даст додааст, чуби нардбонро бо дандонат бигазу худро болои он бигир!
Баъди кашокашхо ва афтударафтхо, бо сари пургавгою пурдард, дандонхои шикаста, гушу бини ва оринчхои хуншор, нихоят ба зинаи аввал мебароям ва чойи тангеро, ки танхо як нафар дар он мегунчад, сохиб мешавам. Хама часпуталшхо ин чо ба поён мерасад. Рафъи якбораи фишор аз сару танам ба ман сабуки медихад ва сархушам мекунад. Дастхои бешумордомони дарида ва пойхои урёну харошхурдаамро сар медиханд. Гулдузихои аргувонии нохуни онхо дар пойхоям боки мемонад. Ох мекашам, вазанмро ба чорчубаи нардбон пахш мекунам ва аз баландии зинаи аввал ба атроф менигарам. Зери поям шахреро мебинам. Хонахои хурду калон, пасту баланд, кучахо, чарогхо, мошинхо, одамон. Дар канори шахр Чахорбоги шукуфоне зери нури нигохам меафтад. Ман худамро офтобе фикр мекунам, ки аб ин регзор шахр ва богистон нурпоши мекунад ва аз анвори н бояд дар Чахорбог гулхо бишкуфанд.
Садоеро мешунавам, ки ба овози худам монанд аст:
- Ин чорбог пур аз муъчиза аст. Вале хисори атрофаш хароб шудааст. Хар кас чизе мехост, аз он бидуздад, дузди ва чахорпоён аз рахнахои девор дохили бог рафта, гулбаргхои нафисро мехуранд, сабзаи нозукро поймол мекунанд, танаи дарахтонро дандон мезананд. Он гулхои пажмурда, ки мебини, хамеша ин гуна набуданд. Факат садбаргхо зинда мондаанд ва дар субхидам бо овози ширадори махмали тарона мехонанд, мачнунбедхо шабонгах шеър мегуянд, сарвхо мераксанд, садахои пир панду андарз меоранд.

Ман лабханд мезанам. Зонуи хуншрамро мемолам ва меандешам. Меандешам ва тасмим мегирам, ки Чахорбогро обод кунам. Ин нафосату зебои набояд нобуд шавад.
Дар пояи нардбон кашокаш хануз идома дорад...
(Думбола дорад. Аз китоби "Каме Латра")

02 апреля, 2009

Нардбони ТАРС

Салими АЮБЗОД
---------------------

Биёбон...
Кавири беохир, шуразор, хокистон...
Кавири Кабир...
Сохилхои хушкида, сангхои ашкшуда ва ё ашкхои сангшуда дар суги обшорон...
Решахои сухта, баргхои хокбод...
Осмони беранг ва абрхои хоколуд...


Аз тафти хавову рег хама чизи сафед сиёх метобад ва сиёх сафед.
Дар хаври уфук саробе мавч мезанад. Саробхое. Бодбоне. Бодбонхое...
Киштие, ки дар укёнуси мехолуду нилии беканор бо шукухи тамом шино мекунад, мисли ин ки гуиё дар парвоз аст ва бо дурахши гулгуни бодбонхояш ба сохилнишастагони сабукбори бехабар паём мефиристад. Паёмаш шабех ба фарёди хотирахои дуру мурда ва шабех ба сукути фанои фанохост.

Ин кишти бо он бодбонхои баландаш шабех ба хайкалхои абулхавлист, ки дар хечистон комат афрохтаанд ва рузе ба шахпули онхо ресмон хоханд андохту вожгунашон хоханд кард. Магар на? Аз хештан бипурс, ки ёдгори биёбон чист?

Ин кишти бо он бодбонхои баланду дурахшону гулгуну парафшонаш хазорон сурох ба тан дорад ва ногузир гарк хохад шуд ва хохад рафт баумки мавчхои кухманзар ва ё обхо дар ин укёнус хоханд хушкид ва бухор хоханд шуд ва кишти ба руйи регхо фуру хохад уфтод монанди колбади укоби хаста. Ва ба рег табдил хохад ёфт.

Ман намедонам, дар ин кавир чи гум кардаам ва ба дунболи чи мегардам. Дар ин хоки мурда дигар гиёхе нахохад руйид ва ба ин сохилхои хушкида дигар обе нахохад чори шуд. Дигар Кавир худое нест, ки фаровони орад, дар каъри худ оташро панох дода бошад ва киштихоро дар дарёи пуртуфон химоят кунад. Хама худохои антики оди ва холи аз мазмун, пиру бечор ва дастнигару муштипаранд. Ва пайкарахои осмонбуси онхо на аз зару на биринчанд. Он лахзахо, ки издихом онхоро вожгун мекунад, хохад дид, ки аз гачкорихои пуку тухоли беш нестанд.

Ва ман дар ин хокистони лус соя надорам. Сояамро гум кардаам. Оё кас вакте соя надорад, киммате хохад дошт? Магар ба думболи сояи худ мегардам? Ва ё шояд ман хам монанди ин мучассамахо сояе беш нестам, саробе хаёле, бодбоне?

Аммо фагонаи дуди гализе ба думболам меояд, маро таъкиб мекунад ва ман аз он мегурезам. Ва ин дуд аз пасам мехазад, маро таъкиб меунад, мисли ресмон ба даври гарданам печ мехурад ва нафаси маро акиб мегардонад, рахи фарёди маро мебандад ва димогамро месузонад. Ин дудест, ки ман онро ламс мекунам. Дуд соя надорад, ман надорам.

Ва муште ба сар мехураму аз хуш меравам.

Аз хуш меравам ва аз дард беор мешавам.

Бедор мешавам. Дар хоб бедор мешавам. Хоб мебинам, ки бедор мешавам. Бедор мешавам, ки хоб мебинам. Дилам меларзад. Гуё беморам. Гуё дарди сахте азиятам медихад, аммо намедонм ин чи дардест ва аз кучост.
Гирдоб лулаест ба шакли конуси сарчаппа ва об дар он бо суръати баланд давр мезанад ва каъри укёнусро ба андозаи як пиёла во мекунад. Румавчхои гирдоб киштиро ба чанг меоранд ва девоб бодбонхои гулгунро ба коми худ мекашад, онгуна, ки оби гилолуди руди касиф гулбаргхои нафисро. Дар они вохид укёнус мехушкад ва дар бистари он киштиро мебинам, ки дар пеши чашмам аввал ба шикастпорахо ва баъд ба як лошаи беисм ва сипас ба хоктудае табдил меёбад. Реги бистари укёнус як каф бештар мешавад.

Рух аз махбаси танам берун мешавад. Начот меёбад ва дуруду сано бар начот мегуяд. Лабханд мезанад, харчанд чашмонаш сурхидаву андухгину варамидаанд. Лабханд мезанад ва нигохшаро аз ман барнамедорад. Дар токи хона парвоз мекунад ва баъд аз равзанаи боз берун меравад. Вахй мегирам, ки он дигар човидона барнахохад гашт.

Батадрич мефахмам, ки на аз дард, балки аз тарс бедор шудаам. Рух аз танам нарафтааст, аммо мехохад биравад. Зиндаам, аммо метарсам. Аз чи метарсам, намедонам. Ин бадтарин тарс аст, вакте намедони аз чи чиз метарси. Намедони, вале дилат меларзад.

Фаввораи дуд парешон мешавад ва дар паси он нардбони борику баландеро мебинам. Нардбонеро, ки поя дар ботлок дорад, аммо иртифояш дар фосилаи чашмрас нест. Иртифояш дар осмонхо нопадид мегардад.

Ман ба сакфи дудагирифта чашм медузам ва мекушам дубора ба огуши абрии хобхои худ фуру равам. Пилкхоям гарм мешаванд. Мешумурам: як, ду, се, себ, себ, себ...на, аз нав: як, ду, дуд. Дуд?! Чор...Дор. Дор?! Ба ёдам мерасад, ки фагонаи дуди ситабр ба ресмони дор монанд буд. Ин ресмоне буд, ки мехост маро ба дор кашад. Як мол, як андеша ва ё як хис исрор меварзад, ки фармушаш накунам. Дард? Бим? Дил? Соя? На, хоб. Хоб ба ман мегуяд, бихоб ва манро бубин, зеро ман туро бедор хохам кард. Хазён. Онхое, ки ба хоб сачда мекунанд, харгиз ширинии бедории намози бомдодро нахоханд донист.

Кавире..

Пахнои бегиёху бешакл ва бе осмону бе сомон.

Реги сафед, буттахо, хорхо. Реге монанди барф, буттахое монанди пилкхои баста. Ва нардбони бузурге дар миёни биёбон руста рост суйи боло. Ду пояи нардбон ду танае хастанд, ки аз ин хоки лус руйидаанд. Онхо дар рег фуру рафтаанд ва аз зехашон оби ганда дамидаасту рег шура бастааст. Хашароте ба пояи нардбон часпидааст, то аз шура начот ёбад ва аташи худро дар нами чубхои нардбон гарка кунад. Ва нардбон ба фалак меравад, он кадар баланд, ки дар фаросуйи абрхои хоколуд нопадид мешавад. Он суйи абрхо чист, намедонам. Ва шояд хич кас намедонад.

Овозеро мешунавам, ки ба садои худам монанд аст:
- Ба нардбон баромадан барои ту осон нест. Ту ба ин хак надори. Ту аз онхое нести, ки хануз чанинашон дар батни зане ба вучуд наомада, дар зинахои ин нардбон чойи хоссаи худро доранд. Ту хазандаи ва харгиз парвоз нахохи кард.
Пас, чойи ман биёбон аст, на миёни абрхо? Ёдгори биёбон чист? Киштии гулгунбодбон ва ё як каф реги бистари дарё?

Аз пушти сарам садои мардум меояд.

Сели одамизод ба кавир мерезад монанди обе, ки омадааст дарёро зинда кунад. Одамчахои бешумор катрахои онанд.

Издихоми анбух ба суйи нардбон медавад. Одамон баробар ба пояи нардбон мепечанд. Онхо танхо начоти худро дар ин нардбон мебинанд. Онхо дар гояти тарс аз чизе фирор мекунанд ва худро ба ин нардбон мерасонанд. Онхо хамдигарро тела медиханд, мезананд, дастхои якдигарро, ки аз пояи нардбон гирифтаанд, мегазанд, мехарошанд, мепучанд, остинхои хамдигарро медарронанд.

Як тоссаре, ки тосии сараш дар офтоб месечад, дандонхояшро гиз кардааст. Он дигаре, ки пахлуи уст, муйлаби кутох, руйи поктарош ва чашмони харисе дорад. Гуийо кудрати нигохаш одамонро ду атраф меафканад ва ба худ рох мекушояд. Сеюми каландриш аст ва мехохад, бо ришаш чашми одамонро кур кунад ва аз нардбон боло равад. Вай ришашро ба сару руйи одамон месобад. Пашм ба чашмхо мемолад. Издихом чехраи худро намоён мекунад.

Дахоне во мешавад. Гори морро мемонад. Гуё фарёд мезанад, аммо садояш нест. Фарёди бесадо ва ё азоне ба гуши кар. Чи мегуяд? Чи мехохад? Овах, дар авчи худхохи ва танаффур дасташро газидаанд ва аз нуки ангуштонаш хун мешорад. Хун медурахшад. Пашму чашму хашм.

Овозеро мешунавам, ки гуйо ба садои худам монанд аст, аммо аз лабхои баста ва дандонхои зиреххурдаи ман берун меояд:
-Ба пеш, ба суйи... Нардбон! Ба пеш, ба боло, вагарна шура хохи баст...

(Думбола дорад. Аз китоби "Каме Латра")

16 апреля, 2008

Қиссаи веблогҳои тоҷикӣ

Веблогнависӣ дар ҷаҳон тайи солҳои ахир падидае маъмулист ва гуфта мешавад дар саросари ҷаҳон милюнҳо нафар барои ибрози андешаҳои шахсии худ дар Интернет сафаҳоти хусусӣ ва ё ҳамагонӣ боз кардаанд. Ҳарчанд мизони дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон маҳдуд аст ва ба гуфтаи коршиносон каме болотар аз 5 дарсади ҷамъияти 7 миллюннафарии ин кишварро ташкил медиҳад, вале гуфта мешавад сафи веблогнависон дар Тоҷикистон ахиран дар ҳоли афзоиш аст. Гуфта мешавад, нахустин вебблогнависони тоҷикӣ тоҷикони бурунмарзӣ будаанд, ки фарҳанги веблогнависиро аз миллатҳои дигар омӯхтаанд. Аз сӯи дигар, веблогнависӣ дар миёни тоҷикони хориҷ аз кишвар ба ин хотир бештар будааст, ки дастрасӣ ба Интернет дар дохили Тоҷикистон маҳдуд ва суръати Интернет кунду хастакунанда аст.

Бештари веблогҳо баҳсҳои сиёсиву иҷтимоъӣ дар Тоҷикистонро бозтоб медиҳанд. Веблогҳои тоҷикии сириллик бо мӯҳтавои ватанпарастона монанди веблогҳои Каюмарс дар интернет зиёд ба назар мерасанд. Бархе аз веблогнависони тоҷик мутмаинанд, ки маҳдудият дар баёни афкори сиёсӣ дар дохили Тоҷикистон водор мекунад, ки афроди бештаре ба майдонҳои баҳси веблогнависон ворид шаванд ва ибрози андеша кунанд. Дар ҳамин ҳол, фарде бо номи мустаъори Тоҷвар, ки соҳиби яке аз веблогҳои маъруф дар миёни веблогнависони тоҷик аст, мегӯяд, ки ҳадафи ӯ расондани афкори худ, озмоиши ин афкор дар майдонҳои баҳсу вокунишҳои интернетӣ ва кӯмак ба озодии сухан дар Тоҷикистон аст. Ӯ ба далоили амниятӣ, нахост худро муаррифӣ ва бо ман мусоҳиба кунад, аммо дар посухе катбӣ навишт: «Ба ин хотир менависам, ки насли ҷавонро аз иштибоҳҳои насли миёнаи муъосир огоҳ кунам ва то тавонам, нагузорам, онҳоро дигар намояндагони насли ман бо вируси марговари маҳалгароӣ ва рӯҳафтодагӣ заҳролуд кунанд». Ба бовари оқои Тоҷвар веблогнависӣ пулест байни тоҷикон, ки тавассути марзҳои сиёсӣ аз ҳам дур мондаанд. Аммо барои хонум Шаҳзода, нависандаи веблоге ба номи «Самарқанд», веблог ба василае барои гуфтугӯ миёни на танҳо тоҷикони Тоҷикистон ва Узбакистон, балки фаротар аз он табдил шудааст.

Ба бовари коршиносон веблогҳо, майдонҳои баҳси интернетӣ ва истифода аз Интернет дар маҷмӯъ падидаи тозаест, аммо маҳбубият ва таваҷҷӯҳи ҷавонон ба он дар ин авохир ба шиддат боло меравад. Бархе аз веблогнависон мегӯянд, ки тавассути ангехтани баҳсҳои мухталиф дар вебблогҳо мехоҳанд ҷавононро ба баррасии матолиби сиёсӣ ҷалб кунанд ва умедворанд, ҷавонони тоҷикро, ки гуфта мешавад ба умури сиёсӣ алоқа надоранд, аз назари сиёсӣ огоҳ созанд. Бо ин ҳол, ба гуфтаи коршиносон, ҳарчанд кунтрули веблогҳо дар интернет дар бисёре аз кишварҳо душвор аст, аммо давлатҳои худкома ҳамеша талошҳое барои масдуд кардани блогҳо ва ё танбеҳи веблогнависон ба харҷ медиҳанд.


(Ин матлаб ба Бахши форсии радиои BBC мансуб аст)

15 апреля, 2008

Мардумон гар якдигарро медаранд...

(Бо сипос аз дӯсти азизу арҷмандам Дориюш, ки ин шеъри зебои Фаридуни Мушириро барои мо фиристодааст)

Гуфт доное, ки гурге хирасар,
Ҳаст пинҳон дар ниҳоди ҳар башар.
Лоҷарам ҷорист пайкоре сутург,
Рӯзу шаб мобайни ин инсону гург.
Зӯри бозу чораи ин гург нест,
Соҳиби андеша донад чора чист.
Эй басо инсони ранҷуру пареш,
Сахт печида гулӯи гурги хеш,
В-эй басо зӯрофарин – марди далер,
Ҳаст дар чанголи гурги худ асир.
Ҳар ки гургашро дарандозад ба хок,
Рафта-рафта мешавад инсони пок.
В-он ки аз гургаш хӯрад дар ҳам шикаст,
Гарчи инсон менамояд, гург ҳаст.
В-он ки бо гургаш мудоро мекунад,
Хулқу хӯи гург пайдо мекунад.
Дар ҷавонӣ ҷони гургатро бигир,
Вой, агар ин гург гардад бо ту пир.
Рӯзи пирӣ гарчи бошӣ ҳамчу шер,
Нотавонӣ, дар масофи гурги пир.
Мардумон гар якдигарро медаранд,
Гургҳошон раҳнамову раҳбаранд.

07 апреля, 2008

Маргро дӯст дорам...

«Маргро дӯст дорам, чун маро аз одамҳое наҷот медиҳад, ки мепиндоранд ман аз онҳо бегонаам. Чун ман он чиро, ки аз фариштагон мешунавам, ба забони башар тарҷума мекунам. Дӯст дорам. Дӯст дорам, ки бо иштиёқ бимирам ва бо дилмурдагӣ зинда набошам. Мехоҳам аъмоқи нафасам гуруснаи ишқ ва зебоӣ бошад».

Ҷуброн Халил

04 апреля, 2008

Парешонгуфтор

Имшаб аз ҳар шаби дигар ваҳшатбор буд. Ҳама аз марг меандешидам ва тоза фаҳмидам, ки барои ҷомеъаи мо журналист танҳо барои як рӯзи вомондагӣ зарур асту халос. Ӯро фардо аз хотираҳо фаромӯш мекунанд. Бар замми ин боз ҳам таъна ҳам мезнанд, ки «журналистон мардуми дурӯғгӯянд». Аммо намедонанд, ки вақте журналист ба дунё омада буд: мӯйи сари сафед надошт; бемори саратон набуд; бисёр ғам намехӯрд ва касеро намешинохт. Танҳо ин қалами сиёҳ мӯйи сарашро сафед карду зуд ба хоки сиёҳаш бурд.

Гоҳо аз журналистон дар вақти зинда буданашон гули сари сабад месозанд. Баъд аз маргашон хори сари гӯр. Дуъою фотиҳаашон ҳам бад нест: Хайрият, халос шудем.

Ҳоло аз як ҳамкасби азизам, ки шаш сол инҷониб миёни мо нест, ёд мекунам. Бори аввал ӯро даруни кабинети корияш дида будам. Зане, бо ҷуссаи хурд, аммо меҳрубону кордон. Вақте шеъру навиштаҳои нахустини маро медид, мепурсид, ки дар оянда кӣ хоҳам шуд. Мани бехабар аз дунёи макру фиребҳо бо даҳони пур ҷавоб додам: журналист. Ҳамон дам оҳи бадард кашид. Ин оҳи сарди бадардро то ҳанӯз наметавонам фаромӯш кунам ва он маро то ҳол ором намегузорад. Акнун ман ба ёди ӯ оҳи сард мекашам. Охир, ҳоло ҷуз хоки сард дигар касе ҳамдаму ҳамрози ӯ нест. Ҳатто ҳукумати ноҳия (манзур ҳукумати ноҳияи Ашти вилояти Суғд), ки ҳамавақт ӯро болои даст мекард, фаромӯш кардааст, ки замоне як журналист Солеҳамоҳ Раҳматуллоева ҳам буд. Ҳамон журналисте, ки тақрибан бисту ҳафт сол ақидаҳои ҳукумат, демократия, сулҳу ваҳдатро тарғиб мекард.

Солеҳамоҳ умри чилу нӯҳсолаи худро беҳуда нагузаронидааст. Вай ғаму андӯҳи мардумро рӯйи коғаз овард. Дарди дили занони деҳаи Муломирро, ки гоҳе рӯйи офтобро мебинанду гоҳе не, китобат кард. Қиссаи азёдрафтаи Зулайхоро зинда намуд. Вай мурдан намехост, ки «Ман намеирам, оча»-ро навишт. Очааш ҳам намехост, ки ӯ бимирад. Аммо хок ӯро бурд. Бурд, то лаҳзае ҳамсӯҳбати ин зани фархунда шавад. Чун дарди дилашро инсоният шунидан нахост, хок бурд, то ғаму ҳасрати Солеҳамоҳро бишунавад.

Як шаб ба хобам омада буд ва мегуфт, ки қиссаи дигаре менависад. Хандидам. Гуфтам, ки «муаллима ин тавр нагӯед. Агар мардум ин суханатонро бишунаванд, боз мазоҳ мекунанд, ки дурӯғ мегӯед». Солеҳамоҳ гиря кард: Охир, бо чашмони худам гӯрро дидам. Бовар мекунанд ё не, ҳатман қиссаи гӯрро хоҳам навишт. Мани аблаҳ боз хандидам. Ин дафъа баландтар. Чашмонамро боз кардам, ки сураташ рӯи китобҳоям хобидааст.

Ман қабл аз ин қабристони деҳаамонро чашми дидан надоштам. Чунки ин гӯшаи хоки сиёҳ бобову бибӣ ва тағову аммаи ҷавонмарги маро ба коми худ бурда буд. Ҳар вақте барои дидани онҳо мерафтам, хоки сиёҳи бераҳм рӯйи онҳоро ба ман нишон намедод, то бӯсаашон кунам ва ҳолпурсӣ намоям. Нооилоҷ, ба ҷойи рӯяшон хоки сари гӯрашонро мебӯсидам. Бовар кунед, қаҳрам омад ва гуфтам, ки дигарбора сӯйи ин хоки сиёҳ нахоҳам омад. Аммо марги Солеҳамоҳ боз маро ба ин «диёр» овард. Ин дафъа ҳам хоки сиёҳ бераҳмӣ кард. Гуфтам, ки Солеҳамоҳро як бор бубинам, нишон надод. Намедонам, пас аз ин ӯро кай медида бошам?

Солеҳамоҳ Раҳматуллоева дар тамоми рӯзгори чилу нӯҳсолааш ба касеву чизе хиёнат накардааст. Аммо гӯри чӯкидаашро дида, дилам таҳ кашид. Наход, поёни рӯзгори ҳамаи мо чунин бошад?

Солеҳамоҳ саропо ғам буд. Ҳассос. Дардфаҳм. Ҳар афтодаро таскин медод.
Агар дил мемурд, ин қадар дил об намекардам. Афсӯс, ки боз як дилдору дилбардори мо мурд!

Солеҳамоҳ ишқро медонист. Ошиқ буд. Агар ишқ мемурд, дигар ошиқ намебудам. Афсӯс, ки боз як ошиқу ёри мо мурд.

Афсӯс, ки Солеҳамоҳи мо мурд…


PS: Солеҳамоҳ Раҳматуллоева 10 апрели соли 1953 дар ноҳияи Ашт таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаб, соли 1970 ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин дохил мешавад. Чанд муддат дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ҳам кор кардааст. Аммо баъд ба зодгоҳи худ баргашта, дар идораи нашрияи маҳаллии «Шӯҳрати Ашт» кор мекунад ва соли 1993 сардабири ин нашрия таъйин мешавад. Асарҳои навиштааш, аз ҷумлаи «Зулайхо», «Абармарди матин», «Қиссаҳои маҷнунбед», «Гадоӣ», «Ман намемирам, оча» ва моҳномаи «Маҳрам» (муассисаш Солеҳамоҳ) номи ӯро миёни мо зинда медорад.

02 апреля, 2008

Рудакии мо кадом аст?

Аксҳои гуногуни асосгузори адабиёти классики форсу тоҷик Устод Рӯдакиро аз саҳифаҳои гуногуни интернетӣ ҷустуҷӯ кардан имкон дорад. Аммо бештари аксҳо ба ҳам шабеҳ нестанд ва аз миёни онҳо Рӯдакии шоирро шинохтан мушкил аст. Ин мавзӯъро дар як нашрияи маҳаллӣ (Озодагон) рӯзноманигор ва нависандаи хушсалиқа Қодири Рустам низ дар миён гузошта таъкид карда буд, ки «Рӯдакии мардумро аз онҳо нагиред». Яъне, сурати Рӯдакиро дигар накунед. Аксе, ки мардум аз аввал Рӯдакиро аз рӯи он мешинохтанд. Ман ҳам имрӯз дар миёни саҳифаҳои мухталифи интернетӣ ва аксҳои мухталифи Устод Рӯдакӣ гум шудам. Вале Рӯдакӣ барои ман ҳамоне буд, ки ҳоло аксашро мебинед.
Ва боз ин аксҳоро низ бо номи Рӯдакӣ дар Интернет дарёфтан мумкин аст: