! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

04 апреля, 2008

Парешонгуфтор

Имшаб аз ҳар шаби дигар ваҳшатбор буд. Ҳама аз марг меандешидам ва тоза фаҳмидам, ки барои ҷомеъаи мо журналист танҳо барои як рӯзи вомондагӣ зарур асту халос. Ӯро фардо аз хотираҳо фаромӯш мекунанд. Бар замми ин боз ҳам таъна ҳам мезнанд, ки «журналистон мардуми дурӯғгӯянд». Аммо намедонанд, ки вақте журналист ба дунё омада буд: мӯйи сари сафед надошт; бемори саратон набуд; бисёр ғам намехӯрд ва касеро намешинохт. Танҳо ин қалами сиёҳ мӯйи сарашро сафед карду зуд ба хоки сиёҳаш бурд.

Гоҳо аз журналистон дар вақти зинда буданашон гули сари сабад месозанд. Баъд аз маргашон хори сари гӯр. Дуъою фотиҳаашон ҳам бад нест: Хайрият, халос шудем.

Ҳоло аз як ҳамкасби азизам, ки шаш сол инҷониб миёни мо нест, ёд мекунам. Бори аввал ӯро даруни кабинети корияш дида будам. Зане, бо ҷуссаи хурд, аммо меҳрубону кордон. Вақте шеъру навиштаҳои нахустини маро медид, мепурсид, ки дар оянда кӣ хоҳам шуд. Мани бехабар аз дунёи макру фиребҳо бо даҳони пур ҷавоб додам: журналист. Ҳамон дам оҳи бадард кашид. Ин оҳи сарди бадардро то ҳанӯз наметавонам фаромӯш кунам ва он маро то ҳол ором намегузорад. Акнун ман ба ёди ӯ оҳи сард мекашам. Охир, ҳоло ҷуз хоки сард дигар касе ҳамдаму ҳамрози ӯ нест. Ҳатто ҳукумати ноҳия (манзур ҳукумати ноҳияи Ашти вилояти Суғд), ки ҳамавақт ӯро болои даст мекард, фаромӯш кардааст, ки замоне як журналист Солеҳамоҳ Раҳматуллоева ҳам буд. Ҳамон журналисте, ки тақрибан бисту ҳафт сол ақидаҳои ҳукумат, демократия, сулҳу ваҳдатро тарғиб мекард.

Солеҳамоҳ умри чилу нӯҳсолаи худро беҳуда нагузаронидааст. Вай ғаму андӯҳи мардумро рӯйи коғаз овард. Дарди дили занони деҳаи Муломирро, ки гоҳе рӯйи офтобро мебинанду гоҳе не, китобат кард. Қиссаи азёдрафтаи Зулайхоро зинда намуд. Вай мурдан намехост, ки «Ман намеирам, оча»-ро навишт. Очааш ҳам намехост, ки ӯ бимирад. Аммо хок ӯро бурд. Бурд, то лаҳзае ҳамсӯҳбати ин зани фархунда шавад. Чун дарди дилашро инсоният шунидан нахост, хок бурд, то ғаму ҳасрати Солеҳамоҳро бишунавад.

Як шаб ба хобам омада буд ва мегуфт, ки қиссаи дигаре менависад. Хандидам. Гуфтам, ки «муаллима ин тавр нагӯед. Агар мардум ин суханатонро бишунаванд, боз мазоҳ мекунанд, ки дурӯғ мегӯед». Солеҳамоҳ гиря кард: Охир, бо чашмони худам гӯрро дидам. Бовар мекунанд ё не, ҳатман қиссаи гӯрро хоҳам навишт. Мани аблаҳ боз хандидам. Ин дафъа баландтар. Чашмонамро боз кардам, ки сураташ рӯи китобҳоям хобидааст.

Ман қабл аз ин қабристони деҳаамонро чашми дидан надоштам. Чунки ин гӯшаи хоки сиёҳ бобову бибӣ ва тағову аммаи ҷавонмарги маро ба коми худ бурда буд. Ҳар вақте барои дидани онҳо мерафтам, хоки сиёҳи бераҳм рӯйи онҳоро ба ман нишон намедод, то бӯсаашон кунам ва ҳолпурсӣ намоям. Нооилоҷ, ба ҷойи рӯяшон хоки сари гӯрашонро мебӯсидам. Бовар кунед, қаҳрам омад ва гуфтам, ки дигарбора сӯйи ин хоки сиёҳ нахоҳам омад. Аммо марги Солеҳамоҳ боз маро ба ин «диёр» овард. Ин дафъа ҳам хоки сиёҳ бераҳмӣ кард. Гуфтам, ки Солеҳамоҳро як бор бубинам, нишон надод. Намедонам, пас аз ин ӯро кай медида бошам?

Солеҳамоҳ Раҳматуллоева дар тамоми рӯзгори чилу нӯҳсолааш ба касеву чизе хиёнат накардааст. Аммо гӯри чӯкидаашро дида, дилам таҳ кашид. Наход, поёни рӯзгори ҳамаи мо чунин бошад?

Солеҳамоҳ саропо ғам буд. Ҳассос. Дардфаҳм. Ҳар афтодаро таскин медод.
Агар дил мемурд, ин қадар дил об намекардам. Афсӯс, ки боз як дилдору дилбардори мо мурд!

Солеҳамоҳ ишқро медонист. Ошиқ буд. Агар ишқ мемурд, дигар ошиқ намебудам. Афсӯс, ки боз як ошиқу ёри мо мурд.

Афсӯс, ки Солеҳамоҳи мо мурд…


PS: Солеҳамоҳ Раҳматуллоева 10 апрели соли 1953 дар ноҳияи Ашт таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаб, соли 1970 ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин дохил мешавад. Чанд муддат дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ҳам кор кардааст. Аммо баъд ба зодгоҳи худ баргашта, дар идораи нашрияи маҳаллии «Шӯҳрати Ашт» кор мекунад ва соли 1993 сардабири ин нашрия таъйин мешавад. Асарҳои навиштааш, аз ҷумлаи «Зулайхо», «Абармарди матин», «Қиссаҳои маҷнунбед», «Гадоӣ», «Ман намемирам, оча» ва моҳномаи «Маҳрам» (муассисаш Солеҳамоҳ) номи ӯро миёни мо зинда медорад.

2 комментария:

  1. Равони Солехамохи шодравонро шод кардй, Каюмарси гиромй. Сухани нек мояи нишоти равони гузаштагон аст. Ман эшонро намешинохтам ва пас аз хондани навиштаи ту афсус мехурам, ки намешинохтам. Даст марезод.

    ОтветитьУдалить
  2. Бехтарин суханхоро руйи сайт оварди, хонандаро ба фикр кардан водор месози, баъди мутолиа намудани ин матлаб хар касе бошад чунин гуфтахоро ба ёд меорад:
    Хар шаб зи худат бипурс, агар ту марди,
    Ки имруз чи хидмате ба мардум карди!

    R-E-S-P-E-C-T

    ОтветитьУдалить