! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

10 ноября, 2010

Ҷонон Икромӣ: "Мо низ дар баробари Узбакистон гуфтаниҳо дорем"

Корхонаи арзизи Тоҷикистон
Ҷонон Икромӣ, донишманди тоҷики риштаи кимиё ва фарзанди нависанда Ҷалол Икромӣ, сукути мақомоти расмии Тоҷикистон дар баробари даъвоҳои батакрори Узбакистонро роҳи ҳал намедонад. 


Cӯҳбати Ҷонон Икромӣ бо Радиои Озодиро дар ин ҷо гӯш кунед: 
 

Вай мегӯяд, бояд мақомот бо сарҷамъ овардани донишмандон, ҳам дар масъалаи обанбори Роғун ва ҳам дар масъалаи экологии корхонаи арзиз ё ширкати Талко ба давлати Узбакистон посухи илмӣ диҳанд. 

Ҷонон Икромӣ ҳоло дар як матлабе даъвои Узбакистон дар бораи зарари экологии корхонаи арзизи Тоҷикистон ба сокинони наздимарзии кишвари ҳамсояро рад карда, баръакс зарари коргоҳҳои санъатии Узбакистон ба сокинони шимоли Тоҷикистонро хатарбор донистааст. 

Вай мегӯяд, ин номаи ӯ дар пайи мухолифатҳои ду кишвари ҳамсоя навишта шудаанд, ки ба ҷои дарёфти роҳи ҳали масъала, ҳарчӣ амиқтар вориди баҳсҳо мешаванд. 

СӮҲБАТИ ҶОНОН ИКРОМИРО ИН ҶО БИШНАВЕД:
   

Комментариев нет:

Отправить комментарий