! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

04 ноября, 2010

"Фараж": Вазирон абадзинда нестанд!

бо Радиои Озодӣ дар ин ҷост:
(Акс аз интернет)
Ҳафтаномаи сиёсии “Фараж”, ки се ҳафта ба ин сӯ наметавонист рӯйи чоп ояд, ин ҳафта дар дохили нашрияи “Факты и коментарии” ба теъдоди 4 ҳазор нусха ба табъ расидааст.

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи “Фараж”, мегӯяд, Зафар Абдуллоев талош кардааст, то нашрияи онҳо дар дохили ҳафтаномаи “Факты и комментарии” ба унвони “Нашрия дар меҳмонии нашрия” чоп шавад.


“Фараж” дар дохили “Факты и комментарии” дар матбааи “Оила-принт” ба табъ расидааст, ки қаблан ба далели мушкили фаннӣ аз нашри ин ҳафтанома худдорӣ карда буд.

Тақрибан як моҳ мешавад, ки чопхонаҳои давлативу ғайридавлатии Тоҷикистон ҳафтаномаҳои мустақили “Фараж” ва “Пайкон”-у “Нигоҳ”-ро бо баҳонаи мушкили фаннӣ чоп намекунанд.

Созмонҳои хабарнигорӣ ва ҳомии матбуоти дохиливу байналмилалӣ “дари баста”-и чопхонаҳо ба рӯйи се нашрияи мустақилро монеае медонанд, ки мақомоти давлатӣ барояшон эҷод кардаанд.

Аммо мақомот мегӯянд дар чоп нашудани нашрияҳо даст надоранд ва ин ҳаққи чопхонаҳост, ки кадоме аз нашрияҳоро ба чоп мерасонанду кадомеро на.

Ахиран сафирони кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла сафири Амрико дар Тоҷикистон низ аз ин вазъи пешомада барои нашрияҳои мустақил дар кишвар изҳори ташвиш карда, ба унвони вазорати умури хориҷии Тоҷикистон нома навиштанд, то вазъиятро беҳбуд бахшад.

Вале гуфта мешавад, то ҳанӯз мақомот ба ин номаи сафирон посухе расмӣ ва ҳамин тавр вазъиятро тавзеҳ надодаанд.

Дар сӯҳбате, ки бо Хуршеди Атовулло, сардабири “Фараж” доштем аз ӯ пурсидем, ки оё дар чопи ин шумораи ҳафтаномааш бо матбаа мушкил ё ихтилофи назар надошт?

Хуршеди Атовулло: Аз он хотир ки “Фараж” меҳмони “Факты и комментарии” буду дар дохили он ба чоп расид ва ман ҳангоми чопи нашрия ҳузур надоштам, беҳтар мебуд, ки ин савол ба Зафар Абдуллоев дода шавад.

Лекин аз рӯйи он ки Абдуллоев аз соати 7-и рӯзи сешанбе то 3-и баъд аз зӯҳри рӯзи чоршанбе барои чопи “Фараж” талош кард, метавон гуфт, ки кори осон набуд.

Баъдан, баъзе тағйироте, ки дар макет ва дар маӯолаҳо буданд, низ гувоҳи онанд, ки “Фараж” ба ин осониҳо меҳмони “Факты и комментарии” нашдуааст.

Озодӣ: Оё ҳафтаҳои оянда низ нашрияи шумо дар ҳамин шакл ба табъ хоҳад расид ё нақшаи дигаре доред?

Хуршед Атовулло: Аз аввал гуфта будам, ки ҳоло вазъияти соли 2004 нест. Ва ин бори аввал ҳам нест, ки рӯзномае, ки ман дар он кор мекунам ва ё ман масъулаш ҳастам чопи онро манъ мекуннад ва ё шумораҳояшро оташ мезананд. Ба ин чиз одат кардаам.

Ҳафтаи оянда агар кадоме аз нашрияҳои Тоҷикистон “Фараж”-ро меҳмони худ накунанд, бори дигар ба чопхонаҳо муроҷиат мекунем. Агар чопхонаҳо радд кунанд, мо дар шакли коғазӣ “Фараж”-ро чоп мекунем.

Фикр мекунам, хонанда ба он ки ҳафтаномаи мо чи рангу шакл дорад, нигоҳ намекунад. Дар кадом шакле набошад, онро мекобаду меёбаду мехонад.

Озодӣ: Вале мешавад гуфт, ки “Фараж” барои он ки рӯйи чоп ояд, мавқеи пешинаашро тағйир дода бошад?

Хуршеди Атовулло: Не. Ҳамон тарве ки дар шумораҳои пешин буд, “Фараж” боз ҳам аз манфиатҳои миллӣ ҳимоя кардааст. Барои мисол, мавзӯи асосии ин ҳафтаи нашрияи мо баста шудани дидбонгоҳи Ҷартеппа аст, ки метавонад модаршаҳрҳои тоҷиконро аз Тоҷикистон ҷудо кунад.

Ва маводи дигари мо дар мавриди Юрий Лужков, собиқ шаҳрдори Маскав аст, ки солиёни сол дар сари қудрат буд ва фикр дошт, ки аз сари қудрат намеравад. Зерсарлавҳаи “Фараж” ҳам ба ин маънист, ки вазироне ҳастанд, ки аз оғози ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар сари қудратанд ва фикр доранд, ки абадзиндаанд. Аммо сарнавишти Лужков нишон дод, ки онҳо адабзинда нестанд.
 

Комментариев нет:

Отправить комментарий