То кай ашки модарону кӯдакони мо мерезад? |
Пиёда аз назди чойхонаи “Роҳат” гузашта, ба хона мерафтам. Ногоҳ тӯдаи мардумро дидам, ки дар назди қасри раиси ҷумҳур ё дар назди бинои дафтари раёсатҷумҳурӣ меистоданд.
Чунин мардуми зиёдро дар назди дафтари раёсатҷумҳурӣ барои севумин бор аст, ки медидам.
Аввалин бор соли 2007 буд. Як гурӯҳ нобиноён бо шикоят аз шароити зисту корашон ба назди раиси ҷумҳур барои додхоҳӣ омада буданд.
Валекин ин гурӯҳи нобиноёнро бо ваъдаҳои зиёд мақомот аз назди бинои дафтари раёсатҷумҳурӣ дур карданд. Дигар на ман ва на каси дигар аз ҳоли ин нобиноён пурсид, ки чӣ кор карданду чӣ ҳол доранд.
Дувумин бор, соли 2008, замоне ки шаҳрдори Душанбе мехост манзили ҳудуди сӣ хонавода дар маҳаллаи Сементзаводро тахриб кунад, чиҳил зан бо кӯдакони худ ба назди ҳамин бино омада буданд.
Лекин ин гурӯҳи занонро мақомоти полис дарҳол дар автобусе бор карда, ба маҳаллаи Гулистон, ки он ҷо боздоштгоҳи муваққати полис аст, бурданд.
Ин барои севумин бор буд, ки медидам тӯдаи бузурги занон дар назди бинои раиси ҷумҳур додхоҳӣ мекарданд. Баробари наздик шудан аз якеи он занон пурисдам, ки дар ин ҷо чӣ мегузарад?
Он зан рӯй турш намуд ва ҷавобе ҳам надод. Ман ҳам дигар болои сӯхт намакоб нашавам гуфта, аз ӯ чизе напурсидам. Аммо як тани дигар, ки он ҷо меистод, асли воқеаро гуфт.
Вай гуфт, ки мардум барои гирифтани пули хонаҳояшон, ки ба ширкати Мовароуннаҳр пешпардохт кардаанд, ба ин ҷо омадаанд. Раиси ширкати Мовароуннаҳр – Ҷӯрабек Охуновро мақомоти интизомӣ рӯзи 9-уми ноябр барои сӯистифода аз пули аҳолӣ боздошт карданд.
Ин гурӯҳи занон мехостанд, ки мақомот то раиси ширкати хонасозӣ ё бинокории Мовароуннаҳрро суд накунанд, то пули онҳо насӯзад.
Моргазида аз ресмони ало метарсад. Занон бо ишора ба сарнавишти мӯҳрабизнеси Ҷамол компанӣ, ки то кунун садҳо нафар дар ғами пули сӯхтаи худанд, намехостанд, ки пули бо ҳазор азоб ба дасттовардаашон ба бод равад.
Аммо ин тазоҳури занон дарҳол аз тарафи маъмурони полис пахш карда шуд. Полис талош мекард, мардумро мутмаин кунад, ки дар ин бино ҳастанд нафароне, ки ба доди мардум мерасанд ва ҳатман ба номае, ки занон ба раиси ҷумҳур овардаанд, посух дода хоҳад шуд.
Мардум дигар ба ин ваъда ва ваъдаҳои дигар бовар надошт.
Як зан рӯйирост бо шариконаш ба маъмурони полис гуфтанд, ки агар лозим ояд, онҳо худро оташ мезананд. Чун дигар дарёфтаанд, ки дар ин кишвар дигар касе ба додашон намерасад.
Як зани дигар мегуфт, ки худро метарконад, то аз ин ҳама ҷабр раҳо хӯрад.
Як зани дигар мегуфт, ки вай барои сохтмони панҷ манзил пул додааст ва намедонад, оё метавонад пулашро пас бигирад ё на.
Яъне, одами дардманд дар назди бинои раиси ҷумҳур зиёд буду касе табибӣ намекард ё наметавонист бикунад.
Аз дасти ман ҳам чизе намеомад. Агар фарёд ҳам мезадам, садои маро ҳам касе намешунид. Бо ин ҳол, иддае аз хабарнигорон ба монеҳои полис нигоҳ накарда, аксбардориву наворбардорӣ мекарданд.
То ҷое дидам, Шӯҳрат Шодиев, хабарнигори тоҷик, ки феълан дар ҷое расман кор намекунад, низ буд. Як полис шаҳодатномаи журналистии ӯро гирифт. Занон аз ӯ ҳимоят карданд ва нагузоштанд, ки мақомоти полис ӯро ба мошинаи навбатдори милиса шинонида ба отдел баранд.
Аммо полис мехостанд, ки зӯри худро ба намоиш гузоранд ё воқеан мехостанд, ки ҳарчӣ зуд аз ин дарди сар, ки метавонад дардисарҳои дигаре ба дунбол дошта бошад, раҳо шаванд. Барои ҳамин як занро, ки садояш хеле баланд мебаромад, дарҳол ба мошинаи худ шинонида гирифтанду бурданд. Ҳамчунин, дар охир Шӯҳрат Шодиевро ҳам ба дохили мошинаи полис кашола мекарданд.
Ин ҳолатро дида, як қисми мардум таҳти фишори полис аз назди қасри раиси ҷумҳур рафтанд. Ман ҳам дигар ба сӯйи хона равон шудам.
Ҳама мерафтанд... Ба умеде, ки раиси ҷумҳур номаи онҳоро хонда, пулашонро бармегардонад. Худо ноумедашон нагардонадeeeeeeeeeeee!

Комментариев нет:
Отправить комментарий