! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

06 октября, 2010

ҚУРЪОН ВА СУННАТ ДАР "МАСНАВӢ"

Ҷалолуддини Балхӣ
(Акс аз Интернет)
Ё ҷустуҷӯе аз оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ дар «Маснавии маънавӣ»–и Ҷалолуддини Балхӣ


Шеърро мақсуд агар одамгарист,
Шоирӣ ҳам пешаи пайғомбарист.
(Муҳаммад Иқбол)
Дар саҳнаи адабиёти беш аз ҳазорсолаи форсу тоҷик садҳо нобиғаи илму адаб ба майдон омаданд, ки номи онҳо бо осори пурғановаташон дар ганҷинаи тамаддуни милливу ҷаҳонӣ сабт ёфтааст.
Муҳаммад Ҷалолуддини Балхӣ, ки бо тахаллуси Румӣ низ маъруф аст, аз бузургтарин шоир ва мутафаккири намоёни қарни XIII аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Вай дар 6-уми рабеъулаввали соли 604-и ҳиҷрӣ дар хонаводаи фозил ва донишманди вақт Баҳоуддин Валад чашм ба дунёи ҳастӣ боз кардааст. Муҳаммад таълимоти ибтидоиро аз падари худ мегирад ва баъдан дар мадрасаҳои Ҳалабу Димишқ таҳсил карда, ҳамчун як суханвар ба камол мерасад.


Муҳаммад Ҷалолуддин дар мадрасаи шаҳри Қуния, дар Туркия, ба муридон аз илми фиқҳ ва тафсири Қуръон дарс мегуфт. Баъзе аз сарчашмаҳо мегӯянд, вай дар синни 38-солагӣ, яъне дар соли 642-и ҳиҷрӣ дар Қуния бо шахсе мусоҳиб мешавад, ки он фард орифи баҳақрасида Шамсулҳақи Табрезӣ буда, дар миёни аҳли тасаввуф аз обрӯву эътибори хосе бархӯрдор будааст. 
Тибқи навиштаҳо, ин устоду шогирд 16 моҳ паси дарҳои баста бо ҳам мулоқот меварзанд. Аммо пас аз ин, Шамси Табрезӣ гӯиё фирор мекунад.
Муҳаммад Ҷалолуддин бошад, ӯро «раҳнамои маънави»-и худ пазируфта, аз рӯйи эҳтиром ва ихлоси бепоёне, ки нисбат ба ӯ доштааст, дар ғазалҳояш ба худ тахаллуси «Шамс» ё «Шамси Табрезӣ»-ро мегирад.

Дар осори Муҳаммад Ҷалолуддини Балхӣ «Маснавии Маънавӣ» ҳамчун асари пурарзиши динию ахлоқӣ мақоми шоистаро касб кардааст. Забон ва услуби «Маснавии маънавӣ» оммафаҳм аст. Ин асари пурарзиш нуқтаи олии худро надорад, вале мавзӯъҳояш тақрибан таърихи тамоми динҳоро фаро мегиранд.
Инчунин, дар ин асар дар бораи паёмбарон, хулафои рошидин (чор нафар аз наздиктарон пайравони Муҳаммад (с) ва мӯъҷизаҳои онон низ маълумот дода, барои тақвияти андешаҳои худ ҳикоятҳои тамсилӣ низ оварда шудааст.
«Маснавии маънавӣ» дарёи гуҳарбори ҳикматҳои пандомезро мемонад, ки тӯли садсолаҳо инҷониб мардуми зиёде дар кунҷу канори дунё аз ин ганҷ ба таври фаровон истифода мекунанд.
Ҷойи ёдоварӣ аст, ки Ҷалолуддини Балхӣ дар «Маснавии маънавӣ» аз оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои паёмбари ислом низ чун марворидҳои ноёб истифода кардааст. Аксар адабиётшиносон низ ба ин нукта ишора кардаанд, ки «Маснавии маънавӣ» барои он шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфт, ки услуби нигориши он сода ва зеварбанди маънии онро оёти Қуръону аҳодиси набавӣ комил мегардонанд.
Ҳатто дар адабиёт «Маснавии маънавӣ»-ро ба истилоҳ «Қуръони аҷамиён» меноманд. Дар ин робита, суханваре ҳам гуфтааст:
Ман чӣ гӯям васфи он олиҷаноб,
Нест пайғамбар, вале дорад китоб.
Маснавии маънавии Мавлавӣ,
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.
«Маснавии маънавӣ» аз шаш дафтар иборат буда, бештар аз 25 ҳазору 600 байтро фаро мегирад.
Мо дар як ҷустуҷӯ танҳо ба тафсири каме бештар аз 100 байти «Маснавии маънавӣ» ё худ иқтибоси Мавлавӣ аз Қуръони маҷид ва ҳам ҳадисҳои паёмбари ислом пардохтем ва ҳоло онро пешкаши дӯстдорони каломи мавзуни шоир ва, ҳамчунин, дӯстдорони каломи раббонӣ мегардонем.
Рустами Ато, ноҳияи Ашт, соли 2007-2010
Ба номи Худованди ҷону хирад
1. Қуръон, ояти 114, сураи Моида (Таъом), саҳ.127:
قَالَ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ اللَّهُمَّ رَبَّنَا أَنْزِلْ عَلَيْنَا مَائِدَةً مِنَ السَّمَاءِ تَكُونُ لَنَا عِيدًا لِأَوَّلِنَا وَآخِرِنَا وَآيَةً مِنْكَ وَارْزُقْنَا وَأَنْتَ خَيْرُ الرَّازِقِينَ (114)
-Қола Исо ибну Марйама-л-лоҳумма раббано анзил ъалайно мо'идатан мина-с-самои такуну лана ъидан ли-аввалино ва охирино ва ойатан минка ва-рзуқно ва анта хайру-р-розиқин.
(Исо ибни Марйам гуфт: «Бор Худоё, эй парвардигори мо, барои мо дастархоне аз осмон бифирист, то мо ва ононро ки баъд аз мо меоянд, иде ва нишоне аз ту бошад ва моро рӯзӣ бидеҳ! Ва ту беҳтарини рӯзидиҳандагон ҳастӣ.»)

Мавлавӣ:
Боз Исо чун шафоат кард Ҳақ,
Хон фиристоду ғанимат бар табақ.
Моида аз осмон шуд оида,
Чунки гуфт: «анзил алайно моида»

2. Қуръон, ояти 12, сураи Ҳуҷурот (Утоқҳо), саҳ.517:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اجْتَنِبُوا كَثِيرًا مِنَ الظَّنِّ إِنَّ بَعْضَ الظَّنِّ إِثْمٌ...
-Йо аййуҳа-л-лазина оману-ҷтанибу касиран мина-з-занни инна баъза-з-занни исмун...
(Эй мӯъминон, аз бештари гумонҳо бипарҳезед, зеро порае аз гумонҳо гуноҳ аст.)

Мавлавӣ:
Бигзар аз занни хато, эй бадгумон,
«Инна баъза занни исмун»ро бихон.

3. Қуръон, ояти 15, сураи Ёсин, саҳ.441:
قَالُوا مَا أَنْتُمْ إِلَّا بَشَرٌ مِثْلُنَا وَمَا أَنْزَلَ الرَّحْمَنُ مِنْ شَيْءٍ إِنْ أَنْتُمْ إِلَّا تَكْذِبُونَ (15)
-Қолу мо антум илло башарун мислуно ва мо анзала-р-Раҳмону мин шай'ин ин антум илло такзибун.
(Гуфтаанд: «Шумо инсонҳое ҳаммонанди мо ҳастед ва Худои раҳмон ҳеч чиз нафиристодааст ва шумо ҷуз дурӯғ намегӯед»)

Мавлавӣ:
Гуфта: «Инак мо башар, ишон башар»,
Мову ишон бастаи хобему хӯр.

4. Қуръон, ояти 39, сураи Раъд (Тундар), саҳ.254:
يَمْحُو اللَّهُ مَا يَشَاءُ وَيُثْبِتُ وَعِنْدَهُ أُمُّ الْكِتَابِ (39)
-Йамҳуллоҳу мо йашо'у ва йусбиту ва ъиндаҳу Умму-л-китоб.
(Худо ҳар чиро бихоҳад, маҳв ва собит мекунад ва Уммулкитоб назди ӯст)

Мавлавӣ:
Ҳар зарф омад дар ӯ маъно чу об,
Баҳри маъно индаҳу Уммулкитоб.

5. Қуръон, ояти 19-20, сураи Раҳмон (Бахшоянда), саҳ.533:
مَرَجَ الْبَحْرَيْنِ يَلْتَقِيَانِ (19) بَيْنَهُمَا بَرْزَخٌ لَا يَبْغِيَانِ (20)
-Мараҷа-л-баҳрайни йалтақийон. Байнуҳумо барзахун ло йабғийон.
(Ду дарёро пеш ронд, то ба ҳам расиданд. (Лекин) дар миёни ин ду (дарё) ҳиҷобе ҳаст, ки ба ҳам намерасанд)

Мавлавӣ:
Баҳри талху баҳри ширин ҳаминон,
Дар миёншон барзахи лоябғиён.

6. Қуръон, ояти 18, сураи Каҳф (Ғор), саҳ.296:
وَتَحْسَبُهُمْ أَيْقَاظًا وَهُمْ رُقُودٌ....
-Ва таҳсабуҳум айқозан ва ҳум руқуд.
(Мепиндорӣ, ки ишон бедоранд ва ҳол он ки ишон хуфтагонанд.)

Мавлавӣ:
Ҳоли ориф ин бувад бехоб ҳам,
Гуфта яздон: ҳум рақидун з-ин марам.

7. Қуръон, ояти 45, сураи Фурқон (Қуръон), саҳ.364:
أَلَمْ تَرَ إِلَى رَبِّكَ كَيْفَ مَدَّ الظِّلَّ وَلَوْ شَاءَ لَجَعَلَهُ سَاكِنًا ثُمَّ جَعَلْنَا الشَّمْسَ عَلَيْهِ دَلِيلًا (45)
-Алам тара ило раббика кайфа мадда-з-зилла ва лав шо'а ла-ҷаъалаҳу сокинан, сумма ҷаъална-ш-шамса алайҳи далилан.
(Оё надидӣ, ки Парвардигори ту чӣ гуна сояро кашид? Агар мехост, дар як ҷо сокинаш мегардонд. Сипас, офтобро бар ӯ далел гардонидем.)

Мавлавӣ:
Гуфт маддаз-зилу нақши авлиёст,
К-ӯ далили нури хуршеди зиёст.

8. Қуръон, ояти 76, сураи Анъом (Чорпоён), саҳ.138:
فَلَمَّا جَنَّ عَلَيْهِ اللَّيْلُ رَأَى كَوْكَبًا قَالَ هَذَا رَبِّي فَلَمَّا أَفَلَ قَالَ لَا أُحِبُّ الْآفِلِينَ (76)
-Фа-ламмо ҷанна алайҳи-л-лайлу ра'о кавкабан қола ҳозо раббӣ. Фа-ламмо афала қола ло уҳиббу-л-офилин.
(Чун шаб ӯро фурӯ гирифт, ситорае дид. Гуфт: «Ин Парвардигори ман аст!» Чун фурӯ шуд, гуфт: «Фурӯшавандагонро дӯст надорам.»)

Мавлавӣ:
Андар ин водӣ марав бе ин далил,
Ло уҳиб-бул-офилин гӯ чун Халил.

9. Қуръон, ояти 125, сураи Бақара (Гов), саҳ.20:
وَإِذْ جَعَلْنَا الْبَيْتَ مَثَابَةً لِلنَّاسِ وَأَمْنًا وَاتَّخِذُوا مِنْ مَقَامِ إِبْرَاهِيمَ مُصَلًّى وَعَهِدْنَا إِلَى إِبْرَاهِيمَ وَإِسْمَاعِيلَ أَنْ طَهِّرَا بَيْتِيَ لِلطَّائِفِينَ وَالْعَاكِفِينَ وَالرُّكَّعِ السُّجُودِ (125)
-Ва из ҷаъална-л-Байта масобатан ли-н-носи ва амнан ва-т-тахизу мин мақоми Иброҳима мусаллан ва ъаҳидно ило Иброҳима ва Исмоъила ан таҳҳиро байтийа ли-т-то'ифина ва-л-ъокифина ва-р-руккаъи-с-суҷуд.
(Ва ёд кун, чун Каъбаро бозгаштгоҳи мардум эмин гардонидем. Ва мақоми Иброҳимро намозгоҳи хеш бигиред! Ва Иброҳим ва Исмоилро фармон додем, ки Хонаи моро барои тавофкунандагону муқимон ва рокеъону соҷидон покиза доред!»)

Мавлавӣ:
«Таҳҳиро байтӣ» баёни покӣ аст,
Ганҷи нур аст, ар тилисмаш хокӣ аст.

10. Қуръон, ояти 285, сураи Бақара (Гов), саҳ.49:
آمَنَ الرَّسُولُ بِمَا أُنْزِلَ إِلَيْهِ مِنْ رَبِّهِ وَالْمُؤْمِنُونَ كُلٌّ آمَنَ بِاللَّهِ وَمَلَائِكَتِهِ وَكُتُبِهِ وَرُسُلِهِ لَا نُفَرِّقُ بَيْنَ أَحَدٍ مِنْ رُسُلِهِ وَقَالُوا سَمِعْنَا وَأَطَعْنَا غُفْرَانَكَ رَبَّنَا وَإِلَيْكَ الْمَصِيرُ (285)
-Омана-р-расулу бимо унзила илайҳи мин раббиҳим ва-л муъминуна. Куллун омана биллоҳи ва малоикатиҳи ва кутубиҳи ва русулиҳи, ло нуфарриқу байна аҳадин мин русулиҳи. Ва қолу самиъно ва атаъно, ғуфронака раббано ва илайка-л-масир.
(Паёмбар худ ба он чӣ аз ҷониби Парвардигораш ба ӯ нозил шуда, имон дорад. Ва ҳамаи мӯъминон ба Худову фариштагонаш ва китобҳояш ва паёмбаронаш имон доранд. Миёни ҳич як паёмбаронаш фарқе намедиҳем. Гуфтанд: «шунидем ва итоат кардем, эй Парвардигори мо, омурзиши Туро хосторем, ки саранҷоми ҳама ба сӯйи Туст»)

Мавлавӣ:
Утлубу-л-маъно мина-л-Фурқони ва қул:
«Ло нуфарриқу байни аҳади-р-русул».

11. Қуръон, ояти 36, сураи Бақара (Гов), саҳ.6:
فَأَزَلَّهُمَا الشَّيْطَانُ عَنْهَا فَأَخْرَجَهُمَا مِمَّا كَانَا فِيهِ وَقُلْنَا اهْبِطُوا بَعْضُكُمْ لِبَعْضٍ عَدُوٌّ وَلَكُمْ فِي الْأَرْضِ مُسْتَقَرٌّ وَمَتَاعٌ إِلَى حِينٍ (36)
-Фа-азаллаҳуму-ш-шайтону ъанҳо фа-ахраҷаҳумо миммо коно фиҳи ва қулна-ҳбиту баъзукум ли-баъзин ъадуввун ва лакум фи-л-арзи мустақаррун ва матоъун ило ҳин.
(Пас, шайтон он дуро билахшонд ва аз биҳиште ки дар он буданд, берун ронд. Гуфтем: «Поин равед, бархе душмани бархе дигар ва қароргоҳу ҷои бархӯрдории шумо то рӯзи қиёмат дар замин бошад.»)

Мавлавӣ:
Чун ба амри «иҳбиту» бандӣ шуданд,
Ҳабси хашму ҳирсу хурсандӣ шуданд.

12. Қуръон, ояти 38, сураи Шуро (Машварат кардан), саҳ.487:
وَالَّذِينَ اسْتَجَابُوا لِرَبِّهِمْ وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ وَأَمْرُهُمْ شُورَى بَيْنَهُمْ وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنْفِقُونَ (38)
-Ва-л-лазина-стаҷобу ли-раббиҳим ва ақому-с-салота ва амруҳум шуро байнуҳум ва миммо разақноҳум йунфиқун.
(Ва онон ки даъвати Парвардигорашонро посух мегӯянд ва намоз мегузоранд ва корашон бар пояи машварат бо якдигар аст ва аз он чӣ ба онҳо рӯзӣ додаем, инфоқ мекунанд.)

Мавлавӣ:
Ақлро бо ақли ёре ёр кун,
«Амруҳум шуро» бихону кор кун.

13. Қуръон, ояти 46, сураи Иброҳим, саҳ.261:
وَقَدْ مَكَرُوا مَكْرَهُمْ وَعِنْدَ اللَّهِ مَكْرُهُمْ وَإِنْ كَانَ مَكْرُهُمْ لِتَزُولَ مِنْهُ الْجِبَالُ (46)
-Ва қад макару макраҳум ва ъиндаллоҳи макруҳум ва ин кона макруҳум ли-тазула минҳу-л-ҷибол.
(Онон найрангҳои худ намуданд ва Худо аз найрангҳояшон огоҳ буд. Ҳарчанд ки аз найрангҳояшон кӯҳ аз пой дармеомад)

Мавлавӣ:
Кард васфи макрашонро зул-ҷалол,
«Ло-тазулу минҳу ақлолул-ҷибол».

14. Қуръон, ояти 156, сураи Бақара (Гов), саҳ.24:
الَّذِينَ إِذَا أَصَابَتْهُمْ مُصِيبَةٌ قَالُوا إِنَّا لِلَّهِ وَإِنَّا إِلَيْهِ رَاجِعُونَ (156)
-Аллазина изо асобатҳум мусибатун қолу инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун.
(Касоне, ки чун мусибате ба онҳо расид, гуфтанд: «Мо аз они Худо ҳастем ва ба ӯ боз мегардем»)

Мавлавӣ:
Сурат аз бесуратӣ омад бурун,
Боз шуд к-«инно илайҳи роҷиъун».

15. Қуръон, ояти 31, сураи Бақара (Гов), саҳ.7:
وَعَلَّمَ آدَمَ الْأَسْمَاءَ كُلَّهَا ثُمَّ عَرَضَهُمْ عَلَى الْمَلَائِكَةِ فَقَالَ أَنْبِئُونِي بِأَسْمَاءِ هَؤُلَاءِ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ (31)
-Ва ъаллама одама-л-асмо'а куллаҳо сумма ъаразаҳум ъала-л-малоикати фа-қола анбиунӣ биасмо'и ҳоуло'и ин кунтум содиқин.
(Ва номҳоро ба тамомӣ ба Одам биомӯхт. Сипас, онҳоро ба фариштагон арза кард. Ва гуфт: «Агар рост мегӯед, маро ба номҳои инҳо хабар диҳед»)

Мавлавӣ:
Бул-башар к-ӯ алимал асмобак аст,
Сад ҳазорон илмаш андар ҳар раг аст.

16. Қуръон, ояти 1, сураи Наср (Ёрӣ), саҳ.604:
إِذَا جَاءَ نَصْرُ اللَّهِ وَالْفَتْحُ (1)
-Изо ҷо'а насруллоҳи ва-л-фатҳ.
(Чун ёрии Худо ва пирӯзӣ биёяд.)

Мавлавӣ:
Мар зарифонро ту бехасме надон,
Аз Набӣ «изо ҷо'а насруллаҳ бихон».

17. Қуръон, ояти 3, сураи Фил, саҳ.602:
وَأَرْسَلَ عَلَيْهِمْ طَيْرًا أَبَابِيلَ (3)
-Ва арсала ъалайҳим тайран абобил.
(Ва бар эшон паррандагоне фавҷ-фавҷ фиристод.)

Мавлавӣ:
Гар ту пилӣ, хасми ту аз ту рамид, «
Нак ҷазо «тайран Абобил»-ат расид.

18. Қуръон, ояти 7, сураи Нӯҳ, саҳ. 571:
وَإِنِّي كُلَّمَا دَعَوْتُهُمْ لِتَغْفِرَ لَهُمْ جَعَلُوا أَصَابِعَهُمْ فِي آذَانِهِمْ وَاسْتَغْشَوْا ثِيَابَهُمْ وَأَصَرُّوا وَاسْتَكْبَرُوا اسْتِكْبَارًا (7)
-Ва иннӣ кулламо даъавтуҳум литағфира лаҳум ҷаъалу асобиъаҳум фӣ озониҳим ва-стағшав сиёбаҳум ва асарру ва-стакбару-стикборан.
(Ва ман ҳар бор, ки даъваташон кардам, то ту онҳоро биёмурзӣ, ангуштҳояшон дар гӯшҳои худ карданд ва ҷома бар сар кашиданд ва исрор варзиданд ва бештар саркашӣ карданд.)

Мавлавӣ:
Нӯҳро гуфтанд уммат: ку савоб,
Гуфт ӯ: з-он сӯйи в-астағшав сиёб.

19. Қуръон, ояти 16, сураи Аъроф (Баландиҳо), саҳ.153:
قَالَ فَبِمَا أَغْوَيْتَنِي لَأَقْعُدَنَّ لَهُمْ صِرَاطَكَ الْمُسْتَقِيمَ (16)
-Қола фа-бимо ағвайтанӣ ла-ақъуданна лаҳум сиротака-л-мустақим.
(Гуфт: «Бад-ин (сабаб) ки маро гумроҳ сохтӣ (ва аз раҳмати худ бирондӣ), савганд, ки албатта, ман дар роҳи рости ту бар камини эшон бинишинам (, то эшонро аз роҳи рости ту мунҳариф кунам)».

Мавлавӣ:
Гуфт шайтон, ки «бимо ағвайтанӣ»,
Кард феъли худ ниҳон деви данӣ.
***
20. Қуръон, ояти 23, сураи Аъроф (Баландиҳо), саҳ.153:
قَالَا رَبَّنَا ظَلَمْنَا أَنْفُسَنَا وَإِنْ لَمْ تَغْفِرْ لَنَا وَتَرْحَمْنَا لَنَكُونَنَّ مِنَ الْخَاسِرِينَ (23)
-Қоло раббано заламно анфусано ва ин лам тағфир лано ва тарҳамно ла-накунанна мина-л-хосирин.
(Гуфтанд: «Эй парвардигори мо, ба худ ситам кардем ва агар моро наёмурзӣ ва бар мо раҳмат наёварӣ, аз зиёндидагон хоҳем буд».)

Мавлавӣ:
Гуфт одам, ки «заламно нафсано»,
Ӯ зи феъли Ҳақ набуд ғофил чу мо.

21. Қуръон, ояти 204, сураи Аъроф (Баландиҳо), саҳ.177:
وَإِذَا قُرِئَ الْقُرْآنُ فَاسْتَمِعُوا لَهُ وَأَنْصِتُوا لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ (204)
-Ва изо қури'а-л-Қуръону фа-стамиъу лаҳу ва анситу лаъаллакум турҳамун.
(Чун Қуръон хонда шавад, ба он гӯш фаро диҳед ва хомӯш бошед, шояд, раҳм карда шавед.)

Мавлавӣ:
Ту чи гӯшӣ, ӯ забон, не ҷинси ту,
Гӯшҳоро Ҳақ бифармуд: «анситу».

22. Қуръон, ояти 106, сураи Бақара (Гов), саҳ.18:
مَا نَنْسَخْ مِنْ آيَةٍ أَوْ نُنْسِهَا نَأْتِ بِخَيْرٍ مِنْهَا أَوْ مِثْلِهَا أَلَمْ تَعْلَمْ أَنَّ اللَّهَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ (106)
-Мо нансах мин оятин ав нунсиҳо на'ти би-хайрин минҳо ав мислиҳо. Алам таълам анна-л-Лоҳа ъало кулли шайъин қадир.
(Ҳеҷ оятеро мансух ё фаромӯш намегардонем, магар он ки беҳтар аз он, ё ҳаммонанди онро биоварем. Оё намедонӣ, ки Худо бар ҳар чизе тавоност?)

Мавлавӣ:
Гар-т бурҳон бояду ҳуҷҷат меҳо,
Аз Нубӣ хон ояи «ав нунсиҳо».

23. Қуръон, оятҳои 109-110, сураи Муъминун, саҳ.350:
إِنَّهُ كَانَ فَرِيقٌ مِنْ عِبَادِي يَقُولُونَ رَبَّنَا آمَنَّا فَاغْفِرْ لَنَا وَارْحَمْنَا وَأَنْتَ خَيْرُ الرَّاحِمِينَ (109)
فَاتَّخَذْتُمُوهُمْ سِخْرِيًّا حَتَّى أَنْسَوْكُمْ ذِكْرِي وَكُنْتُمْ مِنْهُمْ تَضْحَكُونَ (110)
- Иннаҳу кона фариқун мин ъибодӣ яқулуна раббано оманно фа-ғфир лано ва-рҳамно ва анта хайру-р-роҳимин.
- Фа-т-тахазтумуҳум сихриййан ҳатто ансавкум зикрӣ ва кунтум минҳум тазҳакун.
(Оре, гурӯҳе аз бандагони ман мегуфтанд: «Эй парвардигори мо, имон овардем, моро биёмурз ва ба мо раҳмат овар ва ту беҳтарини раҳматоварандагонӣ»)
(Ва шумо ришхандашон мекардед, то ёди маро аз хотиратон бизудуданд. Ва шумо ҳамчунон бар эшон механдидед.)

Мавлавӣ:
«Хузтуму сихрията аҳла-с-суму»,
Аз Нубӣ хонед, то «ансавкуму».

24. Қуръон, ояти 4, сураи Балад (Шаҳр), саҳ. 595:
لَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنْسَانَ فِي كَبَدٍ (4)
- Лақад халақна-л-инсона фӣ кабад.
(Ки одамиро дар ранҷу меҳнат биофаридем)

Мавлавӣ:
Ошиқи ранҷ аст нодон то абад,
Хезу «ло уқсим» бихон то «фӣ кабад».

25. Қуръон, ояти 23, сураи Ҳиҷр, саҳ.264:
وَإِنَّا لَنَحْنُ نُحْيِي وَنُمِيتُ وَنَحْنُ الْوَارِثُونَ (23)
-Ва инно ла-наҳну нуҳйӣ ва нумиту ва наҳну-л-ворисун.
Ҳар оина мо ҳастем, ки зинда мекунем ва мемиронем ва моем ирсбарандагон (ки баъд аз ҳама боқӣ мемонем).

Мавлавӣ:
Ҷабру эҳсон ранҷу шодӣ ҳодис аст,
Ҳодисон миранду Ҳақшон ворис аст.

26. Қуръон, ояти 29, сураи Раҳмон (Бахшанда), саҳ.533:
يَسْأَلُهُ مَنْ فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ كُلَّ يَوْمٍ هُوَ فِي شَأْنٍ (29)
- Йас'алаҳу ман фи-с-самовоти ва-л-'арзи кулла йавмин ҳува фи ша'н.
(Ҳар кас ки дар осмонҳову замин аст, аз ӯ (ниёзҳои худро) мехоҳад ва ҳар рӯзе Ӯ дар корест.

Мавлавӣ:
Баҳри ин фармуд Раҳмон, эй писар,
«Кулла явмин ҳува фӣ шон», эй писар.

27. Қуръон, ояти 63, сураи Фурқон, саҳ.366:
-Ва ъибоду-р-раҳмони-л-лазина йамшуна ъала-л-'арзи ҳавнан ва изо хотабаҳуму-л-ҷоҳилуна қолу саломан.
وَعِبَادُ الرَّحْمَنِ الَّذِينَ يَمْشُونَ عَلَى الْأَرْضِ هَوْنًا وَإِذَا خَاطَبَهُمُ الْجَاهِلُونَ قَالُوا سَلَامًا (63)
Ва бандагони Худои раҳмон касоне ҳастанд, ки дар рӯйи замин ба фурӯтанӣ роҳ мераванд. Ва чун нодонон ононро хитоб кунанд, (бо хушӣ) гӯянд: Саломе бар шумо бод!

Мавлавӣ:
Нафс аз бас мадҳҳо Фиръавн шуд,
Кун залила-н-нафси ҳавнан ло тасуд.

28. Қуръон, ояти 33, сураи Раҳмон (Бахшанда), саҳ. 533:
يَا مَعْشَرَ الْجِنِّ وَالْإِنْسِ إِنِ اسْتَطَعْتُمْ أَنْ تَنْفُذُوا مِنْ أَقْطَارِ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ فَانْفُذُوا لَا تَنْفُذُونَ إِلَّا بِسُلْطَانٍ (33)
- Йо маъшара-л-ҷинни ва-л-инси ин истатаътум ан танфузу мин ақтори-с-самовоти ва-л-'арзи фа-нфузу ло танфузуна илло би-султон.
Эй гурӯҳи ҷинниёну одамиён, агар метавонед, ки аз канораҳои осмонҳову замин берун равед, берун равед! Вале берун натавонед рафт, магар бо доштани қудрате.

Мавлавӣ:
Маъшарал–ҷин сураи раҳмон бихон,
«Тастатиъу танфузу»-ро боздон.

29. Қуръон, ояти 72, сураи Аҳзоб (Гурӯҳҳо), саҳ.428:
إِنَّا عَرَضْنَا الْأَمَانَةَ عَلَى السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَالْجِبَالِ فَأَبَيْنَ أَنْ يَحْمِلْنَهَا وَأَشْفَقْنَ مِنْهَا وَحَمَلَهَا الْإِنْسَانُ إِنَّهُ كَانَ ظَلُومًا جَهُولًا (72)
- Инно ъаразна-л-амоната ъала-с-самовоти ва-л-арзи ва-л-ҷиболи фа-абайна ан йаҳмилнаҳо ва ашфақна минҳо ва ҳамалаҳа-л-инсону, иннаҳу кона залуман ҷаҳулан.
Мо ин амонатро бар осмонҳову замин ва кӯҳҳо арза доштем, пас, аз таҳаммули он сар боз заданд ва аз он тарсиданд. Инсон он амонатро бар дӯш гирифт, ки ӯ бисёр ситамкору бисёр нодон аст.

Мавлавӣ:
Худ зи бими ин дами бемунтаҳо,
Бозхон «фа-байна ан яҳмалнаҳо».

30. Қуръон, оятҳои 41-42, сураи Сод, саҳ. 456:
وَاذْكُرْ عَبْدَنَا أَيُّوبَ إِذْ نَادَى رَبَّهُ أَنِّي مَسَّنِيَ الشَّيْطَانُ بِنُصْبٍ وَعَذَابٍ (41) ارْكُضْ بِرِجْلِكَ هَذَا مُغْتَسَلٌ بَارِدٌ وَشَرَابٌ (42)
- Вазкур ъабдана Аййуба из нодо раббаҳу аннӣ массанийа-ш-шайтону би-нусбин ва ъазоб. Уркуз би-риҷлика ҳозо муғтасалун боридун ва шароб.
Ва аз бандаи мо Айюб ёд кун, он гоҳ ки парвардигорашро нидо дод, ки маро шайтон ба ранҷу азоб афкандааст. (Худо фармудаш:)«Поятро бар замин бикӯб, ин обест барои шустушӯ ва сард барои ошомидан».

Мавлавӣ:
Мурғи оби ғарқи дарёи асал,
Айни Айюби шароби муғтасал.

32. Қуръон, ояти 14, сураи Оли Имрон (Хонадони Имрон), саҳ.52:
زُيِّنَ لِلنَّاسِ حُبُّ الشَّهَوَاتِ مِنَ النِّسَاءِ وَالْبَنِينَ وَالْقَنَاطِيرِ الْمُقَنْطَرَةِ مِنَ الذَّهَبِ وَالْفِضَّةِ وَالْخَيْلِ الْمُسَوَّمَةِ وَالْأَنْعَامِ وَالْحَرْثِ ذَلِكَ مَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَاللَّهُ عِنْدَهُ حُسْنُ الْمَآبِ (14)
- Зуййина ли-н-носи ҳубу-ш-шаҳавоти мина-н-нисо'и ва-л-банина ва-л-қанотири-л-муқантарати мина-з-заҳаби ва-л-физзати ва-л-хайли-л-мусаввамати ва-л-анъоми ва-л-ҳарси, золика матоъу-л-ҳайоти-д- дунйо валлоҳу ъиндаҳу ҳусну-л-ма'оби.
Дар чашми мардум ороиш ёфтааст дӯстдории шаҳватҳо ва дӯст доштани занону фарзандон ва ҳамёнҳои зару сим ва аспони доғбарниҳода ва чорпоён ва зироат. Ҳамаи инҳо матоъи зиндагии инҷаҳонист. Ва Аллоҳ бозгаштангоҳи хуб назди ӯст.

Мавлавӣ:
Зайяна лин-нос Ҳақ оростаест,
З-ончи Ҳақ орост, чун тонанд рост?

32. Қуръон, ояти 189, сураи Аъроф (Баландиҳо),саҳ.176:
هُوَ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَجَعَلَ مِنْهَا زَوْجَهَا لِيَسْكُنَ إِلَيْهَا فَلَمَّا تَغَشَّاهَا حَمَلَتْ حَمْلًا خَفِيفًا فَمَرَّتْ بِهِ فَلَمَّا أَثْقَلَتْ دَعَوَا اللَّهَ رَبَّهُمَا لَئِنْ آتَيْتَنَا صَالِحًا لَنَكُونَنَّ مِنَ الشَّاكِرِينَ (189)
ува-л-лазӣ халақакум мин нафсин воҳидатин ва ҷаъала минҳо завҷаҳо ли-йаскуна илайҳо фа-ламмо тағашшоҳо ҳамалат ҳамлан хафифан фамаррат биҳи фаламмо асқалат даъаваллоҳа раббаҳумо ла-ин отайтано солиҳан ла-накунанна мина-ш-шокирин.
Ӯст, ки ҳамаи шуморо аз як тан офарид. Ва аз он як тан занашро низ биофарид, то ба ӯ оромиш ёбад. Чун бо ӯ даромехт, ба боре сабук борвар шуд ва муддате ба он сар кард. Чун бор сангин гардид, он ду Аллоҳ-парвардигори хешро бихонданд, ки агар моро фарзанде солеҳ диҳӣ, аз сипосгузорон хоҳем буд.

Мавлавӣ:
Чун пайи яскун илайҳаш офарид,
Кай тавонад Одам аз Ҳавво бурид?

33. Қуръон, ояти 53, сураи Зумар (Ҷамоатҳо), саҳ.465:
قُلْ يَا عِبَادِيَ الَّذِينَ أَسْرَفُوا عَلَى أَنْفُسِهِمْ لَا تَقْنَطُوا مِنْ رَحْمَةِ اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ يَغْفِرُ الذُّنُوبَ جَمِيعًا إِنَّهُ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ (53)
- Қул йо ъибодийа-л-лазина асрафу ъало анфусиҳим ло тақнату мин раҳматиллоҳи, инналлоҳа йағфиру-з-зунуба ҷамиъан, иннаҳу ҳува-л-ғафуру-р-раҳим.
Бигӯ, «эй бандагони ман, ки бар зиёни хеш исроф варзидаед, аз раҳмати Худо навмед машавед, зеро Худо ҳамаи гуноҳонро меомурзад. Ӯст омурзандаву меҳрубон».
Мавлавӣ:
Бандаи худ хонд Аҳмад дар ришод,
Ҷумла оламро бихон: Қул ё ибод.

34. Қуръон, оятҳои 13-14, сураи Шамс (Офтоб), саҳ.596:
فَقَالَ لَهُمْ رَسُولُ اللَّهِ نَاقَةَ اللَّهِ وَسُقْيَاهَا (13) فَكَذَّبُوهُ فَعَقَرُوهَا فَدَمْدَمَ عَلَيْهِمْ رَبُّهُمْ بِذَنْبِهِمْ فَسَوَّاهَا (14)
-Фа-қола лаҳум расулуллоҳи ноқаталлоҳи ва суқйоҳо.
Фа-каззабуҳу фа-ъақаруҳо фа-дамдама ъалайҳим раббуҳум би-занбиҳим фа-саввоҳо.
Фиристодаи Худо (Солеҳ) ба онҳо гуфт, ки модашутури Худоро бо обишхӯраш вогузоред! Пас, такзибаш намуданд ва шутурро пай карданд. Онгоҳ, Парвардигорашон ба сабаби гуноҳашон бар сарашон азоб овард ва бо хок яксон сохт.

Мавлавӣ:
То бар он уммат зи ҳукми маргу дард,
Ноқатал-лоҳи ва суқёҳо чӣ кард.

35. Қуръон, ояти 2, сураи Анъом (Чорпоён), саҳ.129:

هُوَ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ طِينٍ ثُمَّ قَضَى أَجَلًا وَأَجَلٌ مُسَمًّى عِنْدَهُ ثُمَّ أَنْتُمْ تَمْتَرُونَ (2)
-Ҳува-л-лазӣ халақакум мин тинин, сумма қазо аҷалан ва аҷалун мусамман ъиндаҳу, сумма антум тамтарун.
Ӯст, ки шуморо аз гил офарид ва муддате (барои умр) муқаррар кард, ки муддате муайян дар назди ӯст. Бо ин ҳама, шумо шак мекунед.

Мавлавӣ:
Баҳри ин фармуд Ҳақ азза ва ҷал,
Суратул-анъом дар зикри азал.
(ИДОМА ДОРАД)

Комментариев нет:

Отправить комментарий