Шаҳри Хуҷанд (Акс аз сомонаи khujand.tj) |
Утоқҳои калону барҳаво ва роҳравҳои пур аз донишҷӯ барои ман ошно набуд. Чунки синфхонаҳои мактаби деҳаи ман кӯчак буданду дар чанд соли ахир роҳравҳояш шогирдони зиёдеро ҳам надидаанд.
Ҳамаи донишҷӯён гарданбанду шиму костюм доштанд. Куртаҳои сафед пӯшида буданд.
Духтарон ҳам аз якдигарашон зеботар буданд. Чашми ман барои дидану шинохтани зебоии онҳо фурсат пайдо намекард.
Аммо, баръакси онҳо, ман хеле одӣ менамудам. Як куртаи рах-рахи рангаш кабуди моил ба сиёҳӣ доштам.
Пойафзолам низ бо бандҳои дарозаш аз туфлии дигар ҳамдарсонам фарқ мекард. Шимам низ бар хилофи шими дигарон, ки аксарашон сиёҳу рахдор буданд, шими Jeans буд ва ранги кабуде дошт.
Шояд ба як дидан кас гумон намекард, ки донишҷӯ бошам. Вале ман донишҷӯ будам.
Аз аввал озодиро мехостам ва намехостам либосҳоеро бипӯшам, ки ба ман мақбул нест. Бахусус, галстук ё гарданбанде, ки ҳич вақт чашми дидан надоштам.
Ба ҳар ҳол, зиндагии ман дар Хуҷанди бостон оғоз ёфт. Дар манзили тағоям Лутфиддин, ки қисмати зиёди умрашро барои кор дар раёсати умури дохилии вилоят сарф кардааст, зиндагӣ мекардам.
Ин манзил бароям бегона набуд. Янгаам маро дар қатори ду писари дигараш Бунёд ва Дилшод хеле эҳтиром мекард ва дӯст медошт. “Писарам” мегуфт маро. Либосҳоямро мешуст. Бароям ғизо мепухт.
Аммо бозгардем ба донишгоҳ. Дар факултаи суханшиносӣ дарҳол барои худ дӯст пайдо кардам. Ин Рустам Давлатов буд, аз ноҳияи Айнӣ.
Мо зоҳиран ва аз рӯи нодориву содагӣ ба ҳам монанд будем. Шояд ин сабаб шуд, ки мо зуд унс гирифтем ва дӯст шудем.
Мо дар курси аввал ду гурӯҳ будем. Як гурӯҳро Марҳамат Ҳабибуллоева, ки он вақт мудири кафедраи журнализм буд, ва гурӯҳи дигарро, ки ман ҳам шомилаш будам, Дилбар Самадова, раҳбари сотсиал-демократҳои Суғд, роҳбарӣ мекарданд.
Дар ҳардуи ин гурӯҳ муаллима Ҳабибуллоеваро чандон хуш надоштанд. Зеро ӯ агар сухан мегуфт, ҳатман ё нафареро дилозурда мекард ё ҳамаро ба фикр фурӯ менишонд.
Ҳама сухани ӯро заҳрдор мегуфтанд. Вале, ҳоло фикр мекунам, ки муаллимаи баде ҳам набуд. Шояд ҳадафи ӯ роҳнамоии дурусти мо буд, на чизи дигар.
Дилбар Самадов баръакси Ҳабибуллоева зани озодписанд буд. Аз ин рӯ, кам касеро дар факултаи суханшиносӣ ёфтан мумкин аст, ки дар баробари ӯ ҳарфи баде гӯяд.
Аз ин ҳама бигзарем, ду гурӯҳи донишҷӯёни шӯъбаи журналистикаи факулати суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз гурӯҳҳои дигари факулта фарқ доштанд. Бо густохӣ, серталошӣ ва ҳақиқатҷӯйӣ.
Мо намегузоштем, ки кадом омӯзгоре ҳаққи моро поймол кунад. Мо дарсро ба хубӣ аз худ мекардем ва ҳамингуна баҳои муносибро мехостем.
Аз он рӯзҳо ҳашт сол гузаштааст. Бо вуҷуди ин ки дар чанд соли ахир ҳамдарсон аз ҳоли ҳамдигар камтар мепурсем ва гӯиё, ки ҳама андармони зиндагии худ аст, ман ҳамаи онҳоро дар хотир дорам.
Сайида аз Исфара, Рустам аз Айнӣ, Хайрулло ва Алишер аз Истаравшан, Ҷонибеку Лутфиддин, Гулрухсор аз Мастчоҳ, Шабнам аз Паҷакент, Гулрӯ ва Муқаддас аз Қайроққум, Хуршеда аз Конибодом, Нигора, Маҳина ва Ирода аз Ашт, Мунзифа, Наргис, Замира, Иброҳимова, Мавзунаҳо ва Гулнораҳо аз Хуҷанд ва дигарон. Номи ҳар кадоме аз онҳо аз хотири ман зудуда намешавад.
Вале сад афсӯс, ки мо мисли даврони донишҷӯйӣ, манзурам соли аввали донишҷӯйӣ, ба ҳам қарину меҳрубон нестем. Зиндагӣ моро ба ҳар кӯй афканда. Аксари духтарон шавҳар карадву аз пайи зиндагии худанд. Писарон бошад, баъзе дар Русия ва баъзеи дигар дар дохили кишвар сарсону саргардон...
Каюмарсҷон, чун аз дил бархоста буд, бар дил нишаст. Маро ба ёди давраҳои бисёр кӯтоҳи донишҷӯии худам андохт. Ҳамеша ташнаи донишҷӯӣ будам ва ҳаргиз ба он сароб нарасидам... Ба худат ва дӯстону ҳамдарсиҳои хубат орзуи беҳтаринҳоро дорам.
ОтветитьУдалить