Каюмарси Ато (Акс аз "Ойина") |
Албатта, хиёнат ва боз ҳам хиёнат...
Аммо ҳоло ҳамагӣ ба хиёнат омӯхта шудаанд: бародар ба бародар, писар ба падар ва шавҳар ба ҳамсару зан ба шавҳар хиёнат мекунанд.
Вале мо бояд аз хиёнат фосила бигирем ва нагузорем, ки шайтони лаъин ба рӯйи қалбҳои мо мӯҳри шайтонияшро бизанад.
Бовар кунед, ман баъд аз 24 соли умрам ба қудрат ва тавоноӣ ва беназирии Худованди ягона қоил мешавам.
То имрӯз ҳам, албатта, бовар доштам, аммо на онгуна, ки ҳоло.
То имрӯз ҳамроҳи ҳама менишастам ва фурсати бештари худро ба беҳудагардию вақтхушӣ ва таънаву маломату сӯҳбатҳои фачу лач сарф мекардам.
Ҳоло фаҳмидам, ки ниёиш ба Худои ягона муҳимтарин фурсати зиндагии мо будааст.
Тоза фаҳмидам, ки бояд ба бовари худ содиқ бошем ва аз Худои худ имдод талаб кунем.
Медонед, чи қадр Худои мо бузург аст ва ба чи маънӣ ин ҳама дунёро барои мо халқ кардааст?
Агар боре саҳнаи театрро дида бошед, ин ҳамаро мефаҳмед ва дарк мекунед, ки мо чи қадар хунармандони тавонои ин рӯзгор ҳастем.
Аммо гоҳо муваффақ ва гоҳо шармандаву номуваффақ...
Худованд моро офарид, то рӯйи ин дунё имтиҳон кунад. Барои ҳамин, барои мо фармони худро содир кард.
Вале шоҳону бузургонро низ офарид, то онҳо низ барои мо фармон содир кунанд. Ӯ мехост ва мехоҳад, ба ин васила бубинад, ки мо ба кадоме аз ин ду фармон сар мефарорем ва итоат мекунем.
Бубинед, мо баъзан ҳамчунон аз фармони як раис ва ё раҳбар метарсем, ки аз фармони худо на.
Мо гоҳо барои имдоди бузургон меравем ва аз мушкили худ мегӯему мегирйем, аммо чаро пеши Худованди бузург намегирйем ва чаро аз Худованди бузург намепурсем?
Дар ҳоле ки ӯ тавонтар аз ҳамаи мост ва аз ҳамаи раисони мост. Ва танҳо ӯст, ки моро халқ карда ва ин ҳама тақдиру нозу неъматҳоро барои мо дода???
Ман шахси сирф рӯҳонӣ нестам. Аммо рӯҳоният як ҷузъи зиндагии ман аст.
Дигар субҳҳо барвақт мехезам ва сӯйи масҷид мешитобам. Номи Худованд дар забонам такрор ба ҳам меояд ва синаи пуртаппиши маро ором мебахшад.
Ман аз ӯ имдод мехоҳам ва бовар дорам, ки танҳо ӯ метавонад ба доди ман бирасад ва танҳо ӯ метавонад, ки ба мушкили мо расидагӣ кунад.
Ин ҳамаро менависам. Аммо на ба он маънӣ, ки ба шумо вазъ мегӯям. Ба ин маънист, ки агар пайрави худовандед ва ӯро мепарастед, хеле мутмаин ва содиқ бошед.
Ба имони худ ва Худои худ хиёнат накунед, ба Худое, ки шуморо офарида ва ин ҳама ризқро арзонӣ дода...

Худованд Шуморо дар паноаш нигах дорад...
ОтветитьУдалить