“Побег”, “Фирори аср”, “Гурезогурез” ва “Фирори зиндониён кори дасти кист?” намоёнтарин сарлавҳаҳои матолиби нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта аст, ки ба фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ ихтисос дорад ва мавзӯъҳои дигари рӯзро зери сояи худ гирифтааст.
Нашрияҳо акси фирориён ва феҳристи онҳоро низ интишор дода, ин қазияро “муаммои сарбастае” донистаанд, ки аз кадом чашма об хӯрдани он то ҳол на барои мақомоти расмӣ ва на барои мардуми одӣ рӯшан нест.
Аммо “Фараж” бо такя ба қавли таҳлилгарон қазияро “дасти абарқудратҳо ва кишварҳои норизо аз сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон” арзёбӣ кардааст, ки мехоҳанд дар ин ё он гӯшаи кишвар минтақаи доғеро ба вуҷуд оранд.
Ҳарчанд “Озодагон” низ тахмин задааст, ки “дасти бегона” дар ин қазия дароз аст ва ин даст берун аз Тоҷикистон идора мешавад, вале гуфтааст, ҳич як аз коршиносони тоҷик ҷуръат накарданд, ки дар ин маврид аз кишвари хосе ном баранд.
Абдулло Ҳабибов, генерали мустафъӣ дар сӯҳбаташ ба “Озодагон” гуфтааст, фирор аз зиндони Кумитаи амнияти миллӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ин маҳбасхона қоидаи муқарраршуда риоя нагашта, дағалона вайрон шудааст. Ӯ афзудааст, “бояд сохторҳои қудратӣ хулосаи зарурӣ бароварда, гунаҳкорон дар назди қонун ҷавоб гӯянд ва аз вазифа фаврӣ сабукдӯш шаванд.”
Ҳафтаномаи “Пайкон” дар саҳифаи аввали худ, ки акси Неъмат Азизов, Мирзо Зиёев, Ғаффор Мирзоев, Ёқуб Салимов ва Мирзохӯҷа Аҳмадовро низ чоп кардааст, ин суолро дар миён гузошта, ки “чаро ин воқеа баъд аз мулоқоти Раҳмон бо Медведев ба вуқӯъ пайваст?”
Нашрия ҳамчунин менависад, “эҳтимол дар ин ҷо пул нақши асосиро бозидааст. Ё ин ки мақомот ба хотири пайдо кардани баҳонаи боздошти дигар мухолифон замина муҳайё мекунанд.”
“Боргоҳи сухан” низ худҷӯш будани фирори 25 маҳбус аз зиндони собиқ КГБ-ро машкук хондааст. Ин ҳафтанома навиштааст, маҳз баъд аз пахши изҳороти сафорати Русия дар бораи омӯхтани ҳукми додгоҳ дар нисбати панҷ атбои ин кишвар, ки барои даст доштан дар ошӯбҳои соли гузаштаи Тавилдара равонаи зиндон шудаанд, фирори маҳбусон шубҳаовар менамояд. “Кӣ кафолат дода метавонад, ки ин маслиҳати пешакӣ набуд?”, - таъкид кардааст нашрия.
Ҳафтаномаи “Нигоҳ” низ дар матлабе зери сарлавҳаи “Фирор аз маҳбас” изи русиро бар сари ин қазия ҷустуҷӯ кардааст. Нашрия таркиш дар наздикии як қисми низомии марбут ба двизияи 201-и Русия дар маҳаллаи Гипроземро дар ҳамон лаҳзаҳои фирори зиндониён камтар аз “отвлекающий маневр” ё чапғалат намедонад.
Ин нашрия ҳамчунин аз ҳуҷуми милиса ба маҳбусони фирорӣ дар ноҳияи Файзобод хабар дода ва аммо гуфтааст, ин иттилоъро то ҳол мақомот тасдиқ кардан намехоҳанд. “Магар дар чунин шароит паҳн кардани иттилои дақиқ вазифаи ҷонии онҳо, хоса масъулони Ситоди ҷумҳуриявӣ нест?”, -савол гузоштааст “Нигоҳ”.
“Миллат” бошад, ин қазияро бар сари худ бесобиқа хонда ва навиштааст, ки “чунин ҳодисаро таърихи кишвар то ба ҳанӯз ёд надорад”.
Аммо ин ҳамаи гуфтумонро ҳафтаномаи “СССР” дар як ҷумла чунин хулоса кардааст: “воқеан СИЗОҳои моро метавон бо тантана ба китоби рекордҳои Гиннес шомил карду номашро “проходной двор” гузошт.”
Сардабири “СССР” дар саҳифаи дигари ин нашрия аз додрасҳо танқид кардааст, ки ҳангоми додани ҳукм ба гунаҳкорон шонси ислоҳ шуданро намедиҳанд. Вай гуфтааст, агар ба ин маҳбусони фирорӣ 7-8 солӣ ҳукм баровардаву дар зиндони умумӣ ҷой мекарданд, онҳо ба ин ҷинояти гӯшношунид даст намезаданду фирор ҳам намекарданд.
Комментариев нет:
Отправить комментарий