! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

13 января, 2012

"Афрӯз" ҳамла ба Додоҷони Атовуллоро маҳкум кард


Додоҷони Атовулло бо
раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Акс аз бойгонӣ
"АФРӮЗ" - Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон ҳамлаи ваҳшиёна ба Додоҷони Атовулло, муассис ва сардабири нашрияи «Чароғи рӯз»-ро қатъан маҳкум мекунад. 

Захми корд ва захми сухан

Хабари захмӣ шудани Додоҷони Атовуллоҳ ва он ҳам дар ғарибӣ дили маро ба дард овард. Дарди сангину бе дармон. Ӯ ҳамеша ҷасур буд, ки ҷасурона ба мулоқот рафт. Вале номарде ба синаи ӯ корд зад. 

06 января, 2012

Салафия: Фитна ва ё эҳёи суннат? (Бо 656 шарҳи хонандагон)


(Ин матлабро панҷ соли пеш навишта будам, ки дар саҳфаи ozodi.org рӯи чоп омада буд. Матлабе буд, ки садҳо шарҳи хонандагон дар пайи он нашр шуд)

Муллозамон, ҷавони тақрибан 34 – солаи сарбараҳна, бо шурӯи адои намоз дастҳои худро ба тарафи шона ва сипас ҳарду дастро рӯи сина гузошта, зери лаб сура мехонд.

"Ин хелашро дар ҷояш паррондан лозим" (Чингиз Айтматов)


(Идомаи "Пораабри сафеди Чингизхон". Тарҷумаи Низом Қосим)
Оре, метавон гуфт, ки дар он рӯзҳои баҳманмоҳи соли 1953 таърих ба Тансиқбоев лутф кард; гӯиё таърихи кишвар барои ҳамин ҳам вуҷуд дошт, ки мутеона ба манфиати ӯ хидмат бикунад. ӯ, бештар бо фаросат, ин лутфи таърихро, ки аҳамияти аввалиндараҷаи хидматашро рӯз ба рӯз меафзуд ва бо ҳамин эътиборашро назди худаш торафт баландтар мекард, эҳсос менамуду қабат-қабат гӯшт мегирифт ва болидарӯҳ мешуд. 

03 января, 2012

Чингиз Айтматов. "Пораабри сафеди Чингизхон"

(Тарҷумаи Низом Қосим)

Чингиз Айтматов

Қатораҳо дар ин бару бум аз ғарб ба шарқ мерафтанду аз шарқ ба ғарб… Дар он шабҳои бӯронии баҳманмоҳ, ҳини убури тумани сафеди парон, ки бодҳо аз ҳамвории сарди Сарой бармехезонданд, қаторабонҳоро ҷидду ҷаҳди зиёд лозим буд, то миёни барфтӯдаҳои дашти бекарон нимистгоҳи Бӯрониро ташхис бикунанд. Қатораҳои нимишабии гирдбодолуд дар он тирагӣ, чун дар хобҳои ноорому пуризтироб, меомаданду мерафтанд…

29 декабря, 2011

Сонӣ: "Ҳангомаи сол -- сарнишин шуд..."


Ай соли равандаи милодӣ,
Андар дили мо чӣ пай ниҳодӣ?
Бо валвалаҳо чу пайнавиште,
Дар саҳфаи ёди мо чӣ киштӣ?

26 декабря, 2011

"Хирадмон то куҷо эъҷоз карду мо куҷо мондем?"


Дилам бигрифт аз ҷанги гиребонҳои садпора,
Биё аз як гиребон сар барорем, эй накӯкора!


Намебинӣ, намесӯзӣ, чаро аз ғам намегирйӣ,
Ки механдад ба ҳоли мо ҳама аҷроми сайёра?

25 декабря, 2011

Сарватмандони тоҷик -- мансабдорон?!


(Ин гузориш моҳи январи соли 2011 навишта шуд, вале рӯи чоп наомад)


Танҳо 3 дарсад аз ҷамъияти тақрибан ҳафтуним миллионафарии Тоҷикистон ба гурӯҳи афроди доро шомил ҳастанд. Коршиносони Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯянд, ба ин гурӯҳ кормандони сатҳи баланди давлатӣ ва соҳибони тиҷорати бузург дохил мешаванд.