Додоҷони Атовулло бо раисиҷумҳури Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ |
АФРӮЗ
ҳамла ба Додоҷони Атовуллоро сӯйиқасд
ба озодии баён ва ҳуқуқи инсон медонад.
Ва аз мақомоти марбутаи Русия хостори
таҳқиқи сареъи ин қазия, ошкор кардани
иҷрокунанда ва фармоишгари ин сӯйиқасд
мебошад.
Ҳамчунин
интизор дорем, ки мақомоти Тоҷикистон
низ дар амри ҳимоят аз шаҳрванди худ,
ошкор кардани омилони ин ҷиноят аз
тамоми имконоти ихтиёрашон кор хоҳанд
гирифт. Зеро ин сӯйиқасд ба ҷони як
журналисти маъруф ва шинохта ба обрӯ
ва эътибори ҳар ду кишвар соя меафканад.
Анҷумани
байналмилалии
рӯзноманигорони
форсизабон - АФРӯЗ
13.01.2012,
Душанбе
Комментариев нет:
Отправить комментарий