! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

30 сентября, 2010

Ба Худои худ хиёнат накунед!

Каюмарси Ато
(Акс аз "Ойина")
Фақат аз як чиз метарсам. Шояд шумо низ. Медонед, ин чист?

Албатта, хиёнат ва боз ҳам хиёнат...

Аммо ҳоло ҳамагӣ ба хиёнат омӯхта шудаанд: бародар ба бародар, писар ба падар ва шавҳар ба ҳамсару зан ба шавҳар хиёнат мекунанд. 


Вале мо бояд аз хиёнат фосила бигирем ва нагузорем, ки шайтони лаъин ба рӯйи қалбҳои мо мӯҳри шайтонияшро бизанад.

“Фронти халқӣ ба Ғарм медарояд?”

Ҳафтаномаҳои Тоҷикистон
(Акс аз манбаъи номаълум)
Изҳороти созмонҳои хабарнигорӣ дар посух ба баёнияи вазорати дифоъ, қиссаҳои Рашту Мирзохӯҷа ва заъфи аҳзоби мухолиф аз муҳимтарин матолиби ҳафтаномаҳои чопи Душанбе аст.

“Фараж” зери сарлавҳаи “Лӯхтакҳои гилин” матлаберо, ки ҳанӯз ду соли пеш дар ҳамин нашрия рӯйи чоп омада буд, дубора интишор дода, онро посух ба баёнияи вазорати дифоъ хондааст, ки ахиран хабарнигоронро дар баррасӣ ва тафсири “нодуруст”-и қазияи Камароб муттаҳам кард.

Хуршеди Атовулло, сардабири “Фараж” дар пешсухани ин матлаб бо таъкид ба вазорати дифоъ навиштааст, “мо аз ҷиноятҳои Мирзохӯҷа Аҳмадов ва гурӯҳи ӯ оғоз аз соли 2007 менавиштем ва хатари ӯро барои шумо барин масъулон мерасондем.”

Вай дар идомаи ҷавобномаи худ гуфтааст, “ин ватан, ин миллат - ватани мо миллати мо низ ҳаст ва ин ки чархи гардун шумобаринҳоро сари курсӣ овардааст, маънои онро надорад, ки бо сӯистифода аз мансаб ба ҷои ислоҳи камбудӣ аз нафарони ислоҳи камбудиро мехоста душман созед.”


29 сентября, 2010

Масъуд Собиров: “Ҳодисаҳои Рашт бояд таҳқиқ шаванд”

Масъуд Собиров, раиси ҲДТ
(Акс моли "Озодӣ")
Ҳизби демократи Тоҷикистон бо пахши баёнияи расмӣ хостори ташкили комиссияи мустақиле шудааст, ки ба таҳқиқи ҳаводиси шарқи Тоҷикистон пардозад.

Дар ин баёния омадааст, “даргирӣ ва ноамниҳое, ки вақтҳои ахир дар қаламрави ҷумҳурӣ ба вуқӯъ пайвастанд, дар миёни аҳли ҷомеа андешаҳои мухталифро ба миён овардааст. Табиист, ки чунин андешаҳо нобоварии мардум нисбат ба мақомоти давлатӣ ва ҳизбҳои сиёсиро эҷод мекунад.”

Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, мегӯяд, аъзои комиссияи мустақил бояд аз ҳисоби намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, CММ, САҲА, ИДМ ва СҲШ ташкил ёбад.

Ҳизби демократи Тоҷикистон уммедворӣ кардааст, ки ин пешниҳодаш барои омӯзиш, таҳлил ва баҳодиҳии воқеӣ ба ҳаводиси минтақаи Рашт аз тарафи аҳли ҷомеа ва ҳизбҳои сиёсиву мақомот пазируфта хоҳад шуд.

Бархӯрдҳо дар водии Рашт, ки ду ҳафтаи ахир аст миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва собиқ размандагони иттиҳоди нерӯҳои мухолифин - Мулло Абдулло, Аловуддин Давлатов ва ахиран Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки ба ин қатор шомил шуд, идома дорад.

Дар натиҷаи ин бархӯрдҳо 26 сарбози нерӯҳои ҳукуматӣ кушта ва 15 тан маҷрӯҳ гаштаанд. Мақомот мегӯянд, 6 тан аз афроди марбут ба собиқ размандагон, ки акнун аз онҳо ба унвони террорист ном бурда мешавад, низ куштаву чанд тани дигар боздошт шудаанд.

Дар сӯҳбате, ки бо Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, доштем, аз ӯ дар бораи ҷузъиёти ин баёния пурсидем:

-Дар ду ҳафтаи ахир расонаҳои хабарӣ мегӯянд, нооромиҳое, ки дар минтақаи Рашт сар заданд, нооромиҳои аз пеш тарҳрезишудаанд. Ҳамзамон, ин нашрияҳо мегӯянд, ки ҳизбҳои сиёсӣ танҳо ҳарф мезананду халос. Коре аз дасташон намеояд. Дар ин маврид наметавонам аз ҳизбҳои сиёсӣ пуштибонӣ кунам. Зеро расонаҳо дуруст мегӯянд.


Ҳизбҳои сиёсӣ бо пахши изҳорот ва пайгирии ҳалли баъзе масоил машғуланд. Ба ҳамин хотир, Ҳизби демократи Тоҷикистон изҳоротеро дар бораи ташкили комиссияи мустақиле барои таҳқиқи ҳаводиси Рашт ва барои аз миён бурдани сарусадоҳову сӯйи тафоҳумҳо қабул кард.

Бигузор комиссия вазъи ба амаломадаро таҳлил кунад. Баҳогузорӣ кунад. Ва натиҷаи фаъолияти ин комиссия ба мардум дастрас шавад.

-То куҷо мӯътақидед, ки давлат ин пешниҳоди ҳизби шуморо хоҳад пазируфт? 

-Агар баръакс мебуд, яъне агар ҳизби демократ ҷилави қудратро дар даст медошту ҳизби халқӣ-деморкатӣ ин пешниҳодро мекард, мо ба хушӣ истиқбол мекардем. Бояд мақомоти давлатӣ аз ин имконият истифода барад ва гӯяд, “мардум шумо дар мавриди мо фикри нодуруст накунед, мо ҳамоне ҳастем, ки комиссия натиҷагирӣ кард.”

-Ва аммо нагуфтед, ки ин давлат то куҷо омодаи пазируфтани пешниҳоди ҳизби шумост?

-Давлат то имрӯз бе ҳизбҳои мухолиф кор кард ва ростӣ, ба нокомиҳои бисёр мувоҷеҳ шуд. Имконият дод, ки ҳизбҳои сиёсии мухолиф дар мавриди он ҳар гуна хулосабарорӣ кунанд.

Имрӯз барои мақомоти давлатӣ имкон пайдо шуд, ки аз ин мавқеи ҳизби демократ ба нафъи худ истифода кунад. Агар истифода кунад, бурди давлат аст. Давлат дар оянда хоҳад, ки эътирозҳо нисбат ба он камтар шавад, ҳамин тур баёнияҳоро ба назари эътибор бигирад ва дар ҳамкорӣ бо ҳизбҳои сиёсии мухолифаш бошад.

-Шумо гуфтед, ки давлат бе ҳизбҳои мухолиф кор кард. Оё ҳамкории ҳукумат бо аҳзоби сиёсӣ дар ин чанд соли ахир воқеан чӣ тур буда? 

-Бохти ҳукумати Тоҷикистон ин аст, ки бо ҳизбҳои сиёсие, ки дар мавриди иштибоҳҳояш эрод мегирад, ҳамкорӣ намекунад. Гӯиё, ки ин ҳизбҳо бегонаанд.

Ҳукумати Тоҷикистонро лозим аст, ки бо собиқ мухолифинаш низ дар ҳамкорӣ бошад. Онҳо низ шаҳрвандони кишваранд ва ободиву оромии ватанро мехоҳанд. Афсӯс, ки мақомоти расмии Тоҷикистон роҳи ҳамкорӣ бо ҳизбҳои сиёсиро пеш намегирад.

-Фикр мекунед, чаро ҳамингуна як фарҳанги муколама натанҳо бо ҳизбҳои сиёсӣ, балки бо ҳама қишрҳои ҷомеа аз миён рафтааст? 

-Бубахшед, ҳамин сабаб шудааст, ки нуфузи ҳукумат дар миёни ҷомеа ҳам намондааст. Ин бохти ҳукумат аст.

Барои ман ҳам муаммост, ки барои чӣ пешниҳоди дурустро қабул намекунанд. Баръакси пешниҳоди дуурст ҳукумат амал мекунад, ки натиҷааш зарари молӣ ва ё монеае барои пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ мешавад. Кореро ба дурустӣ ба анҷом расонида наметавонад. Фикр мекунам, атрофиёни президент намегузоранд, ки маълумоти дақиқ то ӯ бирасад ва ӯ қарори дурустро қабул кунад.
(ozodi.org)

22 сентября, 2010

Ҳамсари Мулло Абдулло: "Ӯро 10 сол боз надидаем"

Шамсия Раҳимова,
ҳамсари Мулло Абдулло
(Акс моли "Озодӣ" аст)

Шамсия Раҳимова, ҳамсари Абдулло Раҳимов, маъруф ба Мулло Абдулло, собиқ фармондеҳи нерӯҳои мухолифин, ки нооромиҳои ахир дар шарқи Тоҷикистонро ба номи ӯ пайванд медиҳанд, мегӯяд, даҳ сол боз аз вуҷуди ӯ иттилое надорад.

Хонум Шамсия ҳоло аз бемории буғумдард азият мекашад ва наметавонад роҳ гардад.

Вай мегӯяд, Мулло Абдулло дар оғози солҳои 2000-ум аз кишвар берун рафта, дигар ба манзили худ барнагаштааст ва барои фарзандонаш низ кӯмаке нафиристодааст.

“Мегӯянд, ки дар Тавилдара аст. Лекин як бор ҳамроҳи мо гап назад. Дар ҳамин ҷо бошад, як бор телефон намекунад? Ман беморам, мӯҳтоҷам, ки як нафар нигоҳубин кунад, кӯмак кунад. Дар ҳамин ҷо бошад, наход нафаҳмад, ки беморам ва барои мо чизе бифиристад?”,-афзуд ӯ.

Шамсия Раҳимова соли 1975 Мулло Абдулло (Абдулло Раҳимов)-ро барои ҳамсарӣ интихоб карда, оиладор шудааст.

Вай дар сӯҳбат ба мо “мисли Лайливу Маҷнун будем”-ро низ ёдоварӣ кард, ки ҳосилаш 7 фарзанд, 5 писар ва 2 духтар, будааст. Аммо ӯ гуфт, писари калонияш - Оятуллоро дар охири солҳои навадум гурӯҳе номаълум куштаанд.

Хонум Шамсия ҳоло дар як кулбаи одие дар маҳаллаи Камонгарони Поён дар ҳудуди ноҳияи Ваҳдат зиндагӣ мекунад. Кулбае, ки ба гуфтаи ӯ 15 сол зиндагии муштараки ӯ бо Мулло Абдулло дар ин ҷо гузаштааст.

Шамсия Раҳимова мегӯяд, аммо Мулло Абдулло дар зиндагӣ шахсияте набуд, ки он тавре дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳоло муаррифӣ мешавад.

Ба нақли хонум Шамсия, ҳамсари ӯ то оғози даргириҳои дохилӣ дар Ромити Боло ба унвони барқчӣ кор карда, зиндагии орому осудае доштааст.

“Аз аввал мулло буд. Кӯча мебаромад, бо касе кор надошт. Намепурсид, ки чаро сарат луч ё чаро намоз намехонӣ. Масҷид мерафт, намозашро мехонду меомад. Истироҳат мекард, ғизояшро мехӯрду кор мерафт. Ҳамроҳи фарзандон низ муомилааш хуб буд. Бадхашм набуд...”, -илова мекунад хонум Шамсия.

Шамсия Раҳимова мегӯяд, бо вуҷуди ин ки онҳо хонаводаи Мулло Абдуллоянд, ҳамсояҳо ва ақрабои ҳамсараш муносибати хуб ва равуо доранд. Вай мегӯяд, ҳоло бародари Мулло Абдулло ба онҳо кӯмак мекунад. Ҳоло ягона писари ӯ Бадриддин устоди фанни забони англисӣ буда, духтаронаш оиладоранду ҳар кадоме соҳиби фарзанд.

Аммо фарзандони хурдии Мулло Абдулло аз ӯ ҳич хотирае надоранд. Духтари кӯчаки ӯ, ки дар замони даргириҳо ба дунё омадааст, то ҳол акси падари худро надида ва ҳам намедонад, ки падараш чӣ сурате дорад.

Шамсия Раҳимова низ мегӯяд, Мулло Абдулло аз оғоз аксбардориро хуш надошт ва аз ин рӯ аксе барои хотира ҳам нагузоштааст.

Танҳо аксе, ки ӯ доштааст, мақомот бо худ бурдаанд, то барои ҷустуҷӯйи ӯ дар сатҳи байналмилал истифода кунанд. Аксе, ки акнун дар қатори даҳҳо афроди мавриди пайгард дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе насб шудааст.

Дар кӯчаҳои Камонгарони Поён вақте номи Мулло Абдуллоро ба забон мегиред, ба ҳайрат нигоҳ мекунанд.

Насли ҷавони ин маҳал мегӯянд, аслан Мулло Абдулло барои онҳо шахсияти ношинос аст ва намедонанд, ки марде бо ин ном дар маҳалли онҳо зиндагӣ карда ё на.

“Ин номро аз забони шумо шунидам. Дар деҳаи мо ин хел одам нест. Аз замоне ки ба дунё омадам, ин хел одамро дар ин ҷо надидам”, -ҷавоб дод яке аз ин ҷавонҳо.

Насли нисбатан калонсони Камонгарони Поён аз Мулло Абдулло хотираҳое доранд.

Онҳо мегӯянд, Мулло Абдуллоро бештар дар масҷид ҳангоми ибодат дидаанд: “Як вақтҳо буд. Дида будам. Ҳолo намедонам дар куҷост. Одами хуб буд. Ба ҳич кас кор надошт. Баъд аз ин ки аз ин ҷо баромад, дигар намедонам.”

Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло, ки ҳоло ба синни 60 расида, чор бародару панҷ хоҳар дорад, солҳои навадум ба нерӯҳои мухолифин пайваст.

Соли 1997, замоне ки ҷонибҳо созишномаи сулҳро имзо карданд, ӯ ба хилофи ҳамсангарони худ аслиҳаашро ба замин нагузошта, вориди Ҳаракати исломии Узбакистон шуд ва соли 2002 ба Афғонистон рафт.

Мақомоти Тоҷикистон аз 2005 ба ин сӯ Мулло Абдуллоро дар пайгарди қонунӣ қарор додаанд.

Мулло Абдуллое, ки ба гуфтаи Шамсия Раҳимова қисме аз шушу як гурдааш набуд, вале ногаҳонӣ аз хонаводаву зиндагии осудаи худ бурида, ба ҷангу кӯҳу дара пайваст. Муллое Абдуллое, ки ҳама аз ӯ мегӯянду вале ӯ сукут кардааст. Маълум нест, ки ӯ зинда ё мурда.

(аз ozodi.org)

Рӯйхати 25 нафаре, ки дар Камароб кушта шуданд

1. Полковник -- Маҳмудов Абдуҳаким Раҳмонович, соли таваллудаш 1961 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Айнӣ);

2. Подполковник -- Сайвалиев Акрам Давлатович, соли таваллудаш 1974 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Фархор);

3. Капитан -- Саидҷамол Саидов, соли таваллудаш 1976 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Восеъ);

4. Капитан -- Исоев Наврӯз Раҷабмадович, соли таваллудаш 1984 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Шӯробод);

5. Лейтенант -- Гиёев Давлатҷон Бурҳонович, соли таваллудаш 1987 (Комиссарияти ҳарбии шаҳри Сарбанд);

6. Сержант -- Шодиев Фарҳод Хушвахтович, соли таваллудаш 1989 (Комиссарияти ҳарбии шаҳри Данғара);
7. Сержант Мирзанов Элмурод Саиддинович, соли таваллудаш 1990 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Зафаробод); 

8. Аскар Чиянов Зуҳуриддин Пардабойуғлӣ, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ);

9. Аскар -- Акрамалӣ Абдураҳмон, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Рашт);

10. Аскар -- Раҷабов Фаррух (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Шаҳристон); 11. аскар Расулов Мансур Орифович, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Ашт);

12. Аскар -- Алишери Умаралӣ, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ);

13. Сержант 
-- Ҳотамов Даврон Аъзамович, соли таваллудаш 1989 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Данғара); 

14. Аскар 
-- Холиқов Эмомалӣ Аҳмадшоевич, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Шаҳринав); 

15. Аскар -- Оймаҳмадов Насриддин Авлиёқулович, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Темурмалик);

16. Аскар -- Раҳмонов Неъматулло Ҳасанович, соли таваллудаш 1985 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе);

17. Аскар -- Авазов Нурмаҳмад Тоҷиддинович, соли таваллудаш 1986 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Шаҳринав);

18. Аскар -- Одинаев Файзмаҳмад Қурбонович, соли таваллудаш 1984 (Комиссарияти ҳарбии шаҳри Хуҷанд);

19. Аскар -- Абдураҳмонзодаи Раҷабалӣ Мирзоалиевич, соли таваллудаш 1992 (Комиссарияти ҳарбии шаҳри Норак);

20. Аскар -- Каримов Сиддиқ Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1988 (Комиссарияти ҳарбии шаҳри Сарбанд);

21. Аскар -- Норинбекзода Фаридуни Тӯхта, соли таваллудаш 1990 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Қубодиён);

22. Аскар -- Аҳмадқул Мурод ӯғлӣ, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии шаҳри Панҷакент);

23. Аскар -- Хурматов Неъматулло Қодирович, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Қумсангир);

24. Хизматчӣ -- ронанда Абдуллоев Баҳрулло, соли таваллудаш 1985 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе);

25. Аскар Норов -- Фармонқул Ҳамроҳқулович, соли таваллудаш 1991 (Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Ғончӣ).

21 сентября, 2010

Мирзохӯҷа Аҳмадов: "Агар таъқиб идома кунад..."

Мирзохӯҷа Аҳмадов
(Акс моли Бибисӣ аст)

Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи собиқ нерӯҳои мухолифин дар Рашт мегӯяд, таъқиби сарбозони собиқи мухолифин ва кофтукоби хонаҳои мардуми минтақа боис ба нигаронӣ аст ва метавонад, ки авзоъро аз ин ҳам печидатар кунад.

Ӯ мегӯяд, ин амалиёт субҳи рӯзи 21-уми сентбяр, дар деҳаи Такоба оғоз шуд ва наздики 30 нафар аз муҷоҳидини собиқ, пас аз он ки нерӯҳои ҳукуматӣ манозили онҳоро мавриди кофтукоб қарор додаанд, хонаҳояшонро тарк кардаанд.

Вай афзуд, “бачаҳое, ки дар гузашта ҳамроҳи мо буданду ҳаёти мулкӣ доштанд, нерӯҳои ҳукуматӣ ба кофтукоби манзили онҳо шурӯъ кардаанд. Худи ин бачаҳо дар сари замини картошка будаанд, вале вақте ба онҳо дар ин бора хабар мерасад, гурехтаанд, то ба дасти нерӯҳои ҳукуматӣ наафтанд. Афсӯс, ки кор ранги дигар гирифта истодааст ва аз дасти нерӯҳои ҳукуматӣ...”

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон, мегӯяд, ҳузури нерӯҳо дар минтақа ба манзури анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ-фаврӣ аст, на таъқиби собиқ размандагон.

“Дар ҳама минтақаҳо ҷузъу томҳои ҳама сохтори қудратии кишвар амалиёти ҷустуҷӯиро доир мекунанд. Ин воқеият дорад. Зеро ҳар маълумоте, ки аз ҷониби разведкаи ҳарбӣ ба ситоди доимамалкунанда фиристода мешавад, ҳатман мавриди тафтиш қарор хоҳанд гирифт”,-афзуд вай.

Оқои Маҳмадалиев ҳамчунин гуфт, тафтиши ин ё он маълумот ва ё кофтукоби манзили сокинон худсарона сурат нахоҳад гирифт: “Фаъолияти нерӯҳои Тоҷикистон ҳама зери назорати роҳбарони мақомоти қудратӣ қарор доранд. Яъне, ягон нафар худсарона ва бидуни фармон ва бе супориши қатъӣ амал карда наметавонад.”

Аммо нигаронии Мирзохӯҷа Аҳмадов аз кофтукоби манзили размандагони собиқ дар Такоба дар ҳоле будааст, ки ба гуфтаи ӯ размандагони собиқ ҳаёти осоишта дошта, нияташон набудааст, ки дар умури давлат дар минтақа халал ворид кунанд.

Оқои Аҳмадов афзуд, дар сурати идома пайдо кардани чунин таъқибҳо, наздик ба 30 нафаре, ки аз Такоба берун рафтаанд, эҳтимол ба гурӯҳе бипайванданд, ки дар Камароб 25 сарбози вазорати дифоъро куштаанд.

“Ба ҳар як деҳае, ки мераванд, собиқ нафароне, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ буданд, онҳоро мекобанд. Агар дастгир карданд, хуб. Нақапиданд, мегурезад ва меравад ба кӯҳ. Боз пеши Мулло Абдулло ё Аловуддин Давлатов...”,-афзуд вай.

Аммо оқои Аҳмадов гуфт, худи ӯ феълан дар манзилаш қарор дорад ва ҳоло ҳеҷ амалиёте алайҳаш оғоз нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ бо пахши як баёния аз чунин ранг гирифтани авзоъ дар минтақаи Рашт нигаронӣ карда, аз марги 25 сарбози вазорати дифоъ ҳам таассуф хӯрдааст.

Дар ин баёния омадааст, “ахиран рӯҳия ва фазои моломол аз хушунат, адами боварӣ, ки гувоҳӣ аз рушди андешаҳои ифротии диниву дунявӣ медиҳанд, қадам ба қадам ҷойи фазои созишу эътимод ва боварии якдигарро гирифта истодааст...”

Ҷалолуддини Маҳмуд, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломӣ, дар ин бора ба Озодӣ чунин гуфт: “Маълум аст, ки кофтукобҳо пас аз ин гуна ҳодисаҳо зиёд мешаванд. Ҳизби наҳзати исломӣ ҷонибҳоро, чун ду ҷониб даргир шуданд ва ҳамдигарнофаҳмӣ карданд, ба муколама даъват мекунад. Дар матни муроҷиатнома ҳам омадааст, ки ҳар гоҳ муколама аз байн рафт, ҷойи онро хушунат мегирад ва ҳар ҷое, ки ҳамдигарфаҳмӣ ноком шуд, ҷойи онро таҳдиду тарсонидан ишғол мекунад. Ҳизби наҳзати исломӣ авзоъро зери назар дорад ва ҳар лаҳза омӯзиш мекунад”.

Аммо Парвиз Муллоҷонов, коршиноси умури сиёсӣ дар Тоҷикистон, дар ҳамлаи пурқурбонии Камароб ва дар маҷмӯъ аз он чӣ дар шарқи кишвар мегузарад, дасти як гурӯҳи берунаро мебинад.

Аз ин рӯ вай мегӯяд, ҳоло фурсати он аст, ки бояд аз собиқ размандагони мухолифин истифода кард, на ин ки онҳоро аз худ гурезонд.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи оқои Муллоҷонов, “ҳоло чи собиқ мухолифон ва чи мардуми одии Рашт дар фикри ин нестанд, ки дубора вориди даргирӣ шаванд, балки омодаанд, манзилу ҳамсару фарзандони худро дар канори худ ҳифз кунанд.”

Бо ин ҳол, ҳанӯз гуфтан мушкил аст, ки оё ин оғози ноамниҳо дар Рашт аст ё анҷоми он. Ҳамчунин, маълум нест, ки имрӯз чӣ касе коҳҳои кӯҳнаро бод додан мехоҳад: ҳукумат ё мухолифон собиқ. Гузашта аз ин, муаммост, ки ҳоло ба зери деги ноамниҳо дар Рашт кӣ оташ мемонад: худиҳо ё бегонаҳо.
(Аз www.ozodi.org)

ГЖК ва “Марги журналист” (Саҳифаҳои зиндагӣ)


...Мо бояд ҳарчӣ зуд ба Хуҷанд мерафтем. Замони дарси ман ҳам фаро расида буд. Аммо наметавонистем, ҳадди ақалл як рӯз дар Душанбе намонем. Мехостам пойтахти орзуҳоямро низ бубинам.

Ба хонаи амакам, ки додари ӯгайи падарам аст, омадем. Манзили ӯ дар наздикии бинои Сирк, дар шаҳри Душанбе, ҷой гирифтааст. Дар хонаи ӯ ҳамагӣ як рӯз меҳмон шудем.

Дили ман барои рафтан ба бинои ГЖК ё маркази табъу нашри “Шарқи озод” тангӣ мекард. Биное, ки ба нишонии он даҳҳо нома фиристодаму нашрияҳо ҳамаи онро дар саҳифаҳои худ ҷо додаанд.

Бахусус, ҳафтаномаи “Оила”, ки он замон саҳифаи махсусе барои навҷавонон дошту муаллифи фаъолаш будам.

Хулоса, ба бинои шонздаҳошёнаи ГЖК ҳам омадам. Бовар мекунед ё не, ин барои аввалин бор буд, ки лифтро медидам ва мехостам тавассути он ба боло бароям, ба назди Маҳмадалии Мақсадулло, аз дӯстони наздики банда, ки он замон сардабири ҳафтаномаи “Оила” буд.

Ёдам намеравад. Аз сабаби он ки намедонистам аз лифт чӣ гуна истифода кунам, ночор дар ошёнаҳои поёнии бино аз лифт берун омадам ва пиёда аз зинапояҳо ба боло ҳаракат кардам.

Маҳмадалӣ маро бо эҳтироми хос пешвоз гирифт. Мо бо ҳам сӯҳбат кардем. Вақти хайрухуш чеҳраи нафареро дидам, ки дар утоқе дар рӯбарӯи утоқи Маҳмадалӣ меистод.

Иштибоҳ накардам. Ин чеҳари ошно буд, ки фақат дар саҳифаи матбуот дида будаму халос. Шояд садояшро ҳам мешунидам, хуб мешинохтам. Барномаҳои ҷавонии ӯро дар Радиои Тоҷикистон бисёр гӯш карда будам.

Ин нафар Хуршеди Атовулло, он замон муҳаррири ҳафтаномаи маъруфи “Тоҷикистон” буд.

“Тоҷикистон”-ро барои он маъруф гуфтам, ки воқеан он замон маъруфият дошт ва бо матолиби ҷолибу хонданӣ ва интиқодӣ дар сафи аввал буд. Дар он солҳо дар ин ҳафтанома Мазҳабшои Муҳаббатшо, Хуршеди Атовулло, Султони Ҳамад, Раҷаби Мирзо, Сайёфи Мизроб, Муҳиддин Идизода ва чандеи дигар кор мекарданд. Нафароне, ки ҳар кадомеашон ҳар ҳафта як матлаби хубу хонданӣ ба чоп мерасониданд.

Аммо ҳар бор ин ҳафтаномаро ба хотири навиштаҳои Хуршеди Атовулло ва Мазҳабшои Муҳаббатшо ҷустуҷӯ мекардаму мехондам.

Хуршеди Атовулло мисли ҳамеша бо эҳсос дар бораи скинҳедҳо менавишт ва аз рӯзгори пур аз ғурбати тоҷикони мардикор дар Русия мегуфт.

Бо хоҳиши ман, Маҳмадалӣ маро ба назди Хуршеди Атовулло овард. Дар лабонаш сигор гузошта буд ва беист дуд мекард. Шояд назараш намегирифт, ки як ҷавон барои дидани ӯ ба ин ҷо омада. Шояд...

Вале мо ба ҳамдигар даст додем, пурсидем. Маҳмадалӣ гуфт, ки як ҷавон барои диданат аз Ашт омада. Хуршед хандид ва мағрурона пурсид: чӣ кор мекунӣ, мехонӣ?

“Бале, нав донишҷӯ шудам”,-посухи ман ин буд.

Аммо вақте фаҳмид, ки журналист шудан мехоҳам гуфт, ки беҳтараш ин касбро ихтиёр намекардам. Ӯ шояд намедонист, бо вуҷуди ин ки журналист шудан дар дили ман набуд, аммо ӯ ва чанд тани дигар дар дили ман тухми меҳр нисбат ба ин касбро (аксарият хато мекунанд, ки мегӯянд журналистика касб нест!) коштаанд.

Ман журналист шудан ва журналист будан мехостам. Аллакай дар ин роҳ ба сафар баромада будам.

Хуршед, аз ҷои худ бархосту китоберо ба дасти ман дод. Китобе бо номи “Марги журналист”. Китобе, ки детектив асту худи ӯ навишта.

Детективе, ки фикр мекунам, Хуршед дигар натавонистааст мисли он детектив ва қаҳрамонҳояш детективе биофарад. Ҳарчанд дар ин чанд соли ахир детективҳои зиёдеро рӯйи чоп овард, мисли Доғи як бӯса ва Хунро бо хун мешӯянд.

“Марги журналист”-ро он шабе, ки дар Душанбе будам, хондам. Хеле сода, аммо ҷолиб навишта буд. Дилам ба ҳоли Ҷамшед (қаҳрамони ин детектив) месӯхт.

Ин китоб ҳоло дар дасти кадом як духтараке дар Хуҷанд аст, ки солҳои донишҷӯйӣ аз ман гирифта, вале барнагардонида буд. Китобе, ки маро маҷбур кард, то воқеан журналист бошам. “Марги журналист”...

20 сентября, 2010

"Ҳамла кори дасти Алии Бедакӣ буд"

Ҳусниддин Давлатов, бародари Аловуддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ ва аз размандагони пешини мухолифин, ҳамлаи пурқурбонии рӯзи 19-уми сентябр болои сарбозони вазорати дифоъ дар дараи Камаробро кори дасти бародараш хонд.

Шоми рӯзи душанбе, 20-уми сентябр, телевизионҳои давлатии Тоҷикистон навореро намоиш доданд, ки дар он Ҳусниддин Давлатов гуфт, Алии Бедакӣ шахсан дар ин ҳамла иштирок кардааст ва ҳоло дар зери итоати ӯ бештар аз 100 ҷангиён ва он ҳам аз ҳисоби ҷавонҳои маҳаллӣ қарор доранд.

Вай афзуд, ин ҷавонҳо асосан дар зери ниқоби таълимоти исломӣ бо таълимоти ҷангӣ фаро гирифта шудаанд.

Ин хабарро дар вазорати умури дохилӣ ҳам таъйид карданд.

Аммо дар чанд рӯзи пеш наздикони Аловуддин Давлатов хабари пайвастани ӯ ба гурӯҳи Мулло Абдуллоро шадидан радд карда ва гуфта буданд, ки феълан Аловуддин ба тиҷорати худ машғул аст ва ҳаёти мулкӣ дорад.

Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон аз боздошти Ҳусниддин Давлатов, бародари Алии Бедакӣ дар ҳоле хабар дода, ӯро барои ҳамдастӣ ба бародараш Аловуддин Давлатов муттаҳам донистанд, ки ӯ дар рӯзи иди Рамазон дар шаҳри Душанбе аз тарафи нерӯҳои амниятӣ боздошт шуда буд.

Аз Ҳусниддин Давлатови 33-сола ба унвони намояндаи маҷлиси маҳаллии Рашт ва аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷиикстон ном бурда мешавад. Агарчӣ масъуолони ҲНИТ гуфта буданд, ки иллатҳои боздошти ӯ рӯшан нест, вале баъзе расонаҳо навишта буданд, ки Ҳусниддин Давлатов барои харидории либосҳои низомӣ боздошт шудааст.

Худи Ҳусниддин Давлатов ҳам дар навори видеоие, ки телевизонҳои давлатии Тоҷикистон намоиш доданд, гуфт, ӯ ҳар сари вақт барои харидории хокаи алюминий ва нурии минералӣ ба Душанбе меомад, вале намедонист, ки ин ҳамаро бародарашу ҳаммаслакони ӯ ба чӣ ҳадафе истифода мекарданд.