! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

21 сентября, 2010

Мирзохӯҷа Аҳмадов: "Агар таъқиб идома кунад..."

Мирзохӯҷа Аҳмадов
(Акс моли Бибисӣ аст)

Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи собиқ нерӯҳои мухолифин дар Рашт мегӯяд, таъқиби сарбозони собиқи мухолифин ва кофтукоби хонаҳои мардуми минтақа боис ба нигаронӣ аст ва метавонад, ки авзоъро аз ин ҳам печидатар кунад.

Ӯ мегӯяд, ин амалиёт субҳи рӯзи 21-уми сентбяр, дар деҳаи Такоба оғоз шуд ва наздики 30 нафар аз муҷоҳидини собиқ, пас аз он ки нерӯҳои ҳукуматӣ манозили онҳоро мавриди кофтукоб қарор додаанд, хонаҳояшонро тарк кардаанд.

Вай афзуд, “бачаҳое, ки дар гузашта ҳамроҳи мо буданду ҳаёти мулкӣ доштанд, нерӯҳои ҳукуматӣ ба кофтукоби манзили онҳо шурӯъ кардаанд. Худи ин бачаҳо дар сари замини картошка будаанд, вале вақте ба онҳо дар ин бора хабар мерасад, гурехтаанд, то ба дасти нерӯҳои ҳукуматӣ наафтанд. Афсӯс, ки кор ранги дигар гирифта истодааст ва аз дасти нерӯҳои ҳукуматӣ...”

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон, мегӯяд, ҳузури нерӯҳо дар минтақа ба манзури анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ-фаврӣ аст, на таъқиби собиқ размандагон.

“Дар ҳама минтақаҳо ҷузъу томҳои ҳама сохтори қудратии кишвар амалиёти ҷустуҷӯиро доир мекунанд. Ин воқеият дорад. Зеро ҳар маълумоте, ки аз ҷониби разведкаи ҳарбӣ ба ситоди доимамалкунанда фиристода мешавад, ҳатман мавриди тафтиш қарор хоҳанд гирифт”,-афзуд вай.

Оқои Маҳмадалиев ҳамчунин гуфт, тафтиши ин ё он маълумот ва ё кофтукоби манзили сокинон худсарона сурат нахоҳад гирифт: “Фаъолияти нерӯҳои Тоҷикистон ҳама зери назорати роҳбарони мақомоти қудратӣ қарор доранд. Яъне, ягон нафар худсарона ва бидуни фармон ва бе супориши қатъӣ амал карда наметавонад.”

Аммо нигаронии Мирзохӯҷа Аҳмадов аз кофтукоби манзили размандагони собиқ дар Такоба дар ҳоле будааст, ки ба гуфтаи ӯ размандагони собиқ ҳаёти осоишта дошта, нияташон набудааст, ки дар умури давлат дар минтақа халал ворид кунанд.

Оқои Аҳмадов афзуд, дар сурати идома пайдо кардани чунин таъқибҳо, наздик ба 30 нафаре, ки аз Такоба берун рафтаанд, эҳтимол ба гурӯҳе бипайванданд, ки дар Камароб 25 сарбози вазорати дифоъро куштаанд.

“Ба ҳар як деҳае, ки мераванд, собиқ нафароне, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ буданд, онҳоро мекобанд. Агар дастгир карданд, хуб. Нақапиданд, мегурезад ва меравад ба кӯҳ. Боз пеши Мулло Абдулло ё Аловуддин Давлатов...”,-афзуд вай.

Аммо оқои Аҳмадов гуфт, худи ӯ феълан дар манзилаш қарор дорад ва ҳоло ҳеҷ амалиёте алайҳаш оғоз нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ бо пахши як баёния аз чунин ранг гирифтани авзоъ дар минтақаи Рашт нигаронӣ карда, аз марги 25 сарбози вазорати дифоъ ҳам таассуф хӯрдааст.

Дар ин баёния омадааст, “ахиран рӯҳия ва фазои моломол аз хушунат, адами боварӣ, ки гувоҳӣ аз рушди андешаҳои ифротии диниву дунявӣ медиҳанд, қадам ба қадам ҷойи фазои созишу эътимод ва боварии якдигарро гирифта истодааст...”

Ҷалолуддини Маҳмуд, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломӣ, дар ин бора ба Озодӣ чунин гуфт: “Маълум аст, ки кофтукобҳо пас аз ин гуна ҳодисаҳо зиёд мешаванд. Ҳизби наҳзати исломӣ ҷонибҳоро, чун ду ҷониб даргир шуданд ва ҳамдигарнофаҳмӣ карданд, ба муколама даъват мекунад. Дар матни муроҷиатнома ҳам омадааст, ки ҳар гоҳ муколама аз байн рафт, ҷойи онро хушунат мегирад ва ҳар ҷое, ки ҳамдигарфаҳмӣ ноком шуд, ҷойи онро таҳдиду тарсонидан ишғол мекунад. Ҳизби наҳзати исломӣ авзоъро зери назар дорад ва ҳар лаҳза омӯзиш мекунад”.

Аммо Парвиз Муллоҷонов, коршиноси умури сиёсӣ дар Тоҷикистон, дар ҳамлаи пурқурбонии Камароб ва дар маҷмӯъ аз он чӣ дар шарқи кишвар мегузарад, дасти як гурӯҳи берунаро мебинад.

Аз ин рӯ вай мегӯяд, ҳоло фурсати он аст, ки бояд аз собиқ размандагони мухолифин истифода кард, на ин ки онҳоро аз худ гурезонд.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи оқои Муллоҷонов, “ҳоло чи собиқ мухолифон ва чи мардуми одии Рашт дар фикри ин нестанд, ки дубора вориди даргирӣ шаванд, балки омодаанд, манзилу ҳамсару фарзандони худро дар канори худ ҳифз кунанд.”

Бо ин ҳол, ҳанӯз гуфтан мушкил аст, ки оё ин оғози ноамниҳо дар Рашт аст ё анҷоми он. Ҳамчунин, маълум нест, ки имрӯз чӣ касе коҳҳои кӯҳнаро бод додан мехоҳад: ҳукумат ё мухолифон собиқ. Гузашта аз ин, муаммост, ки ҳоло ба зери деги ноамниҳо дар Рашт кӣ оташ мемонад: худиҳо ё бегонаҳо.
(Аз www.ozodi.org)

1 комментарий:

  1. Салом и пучаки сари халки Точикистон кай гум мешавад.Чи Лангариев хам барои додараш метавонист боз ярок гирифта чангу кунад барои бобои салмон хам ширин буд бачаш неки гуфт бгирен кушенуш ё турмаш кунен ки тенч бгардан одамо.А и мардак бошад якто ГБАО аст то Рашти алохида карданиай.Чи мразе аст ба xjb хами аскарбачахои шахид кушта шавад!!!!

    ОтветитьУдалить