! Ин саҳифаи хусусии Каюмарси Ато, хабарнигори Радиои Озодист. Аммо навиштаҳои ӯ дар ин саҳифа мавқеъ ва дидгоҳҳои Радиои Озодӣ нест.

21 сентября, 2010

ГЖК ва “Марги журналист” (Саҳифаҳои зиндагӣ)


...Мо бояд ҳарчӣ зуд ба Хуҷанд мерафтем. Замони дарси ман ҳам фаро расида буд. Аммо наметавонистем, ҳадди ақалл як рӯз дар Душанбе намонем. Мехостам пойтахти орзуҳоямро низ бубинам.

Ба хонаи амакам, ки додари ӯгайи падарам аст, омадем. Манзили ӯ дар наздикии бинои Сирк, дар шаҳри Душанбе, ҷой гирифтааст. Дар хонаи ӯ ҳамагӣ як рӯз меҳмон шудем.

Дили ман барои рафтан ба бинои ГЖК ё маркази табъу нашри “Шарқи озод” тангӣ мекард. Биное, ки ба нишонии он даҳҳо нома фиристодаму нашрияҳо ҳамаи онро дар саҳифаҳои худ ҷо додаанд.

Бахусус, ҳафтаномаи “Оила”, ки он замон саҳифаи махсусе барои навҷавонон дошту муаллифи фаъолаш будам.

Хулоса, ба бинои шонздаҳошёнаи ГЖК ҳам омадам. Бовар мекунед ё не, ин барои аввалин бор буд, ки лифтро медидам ва мехостам тавассути он ба боло бароям, ба назди Маҳмадалии Мақсадулло, аз дӯстони наздики банда, ки он замон сардабири ҳафтаномаи “Оила” буд.

Ёдам намеравад. Аз сабаби он ки намедонистам аз лифт чӣ гуна истифода кунам, ночор дар ошёнаҳои поёнии бино аз лифт берун омадам ва пиёда аз зинапояҳо ба боло ҳаракат кардам.

Маҳмадалӣ маро бо эҳтироми хос пешвоз гирифт. Мо бо ҳам сӯҳбат кардем. Вақти хайрухуш чеҳраи нафареро дидам, ки дар утоқе дар рӯбарӯи утоқи Маҳмадалӣ меистод.

Иштибоҳ накардам. Ин чеҳари ошно буд, ки фақат дар саҳифаи матбуот дида будаму халос. Шояд садояшро ҳам мешунидам, хуб мешинохтам. Барномаҳои ҷавонии ӯро дар Радиои Тоҷикистон бисёр гӯш карда будам.

Ин нафар Хуршеди Атовулло, он замон муҳаррири ҳафтаномаи маъруфи “Тоҷикистон” буд.

“Тоҷикистон”-ро барои он маъруф гуфтам, ки воқеан он замон маъруфият дошт ва бо матолиби ҷолибу хонданӣ ва интиқодӣ дар сафи аввал буд. Дар он солҳо дар ин ҳафтанома Мазҳабшои Муҳаббатшо, Хуршеди Атовулло, Султони Ҳамад, Раҷаби Мирзо, Сайёфи Мизроб, Муҳиддин Идизода ва чандеи дигар кор мекарданд. Нафароне, ки ҳар кадомеашон ҳар ҳафта як матлаби хубу хонданӣ ба чоп мерасониданд.

Аммо ҳар бор ин ҳафтаномаро ба хотири навиштаҳои Хуршеди Атовулло ва Мазҳабшои Муҳаббатшо ҷустуҷӯ мекардаму мехондам.

Хуршеди Атовулло мисли ҳамеша бо эҳсос дар бораи скинҳедҳо менавишт ва аз рӯзгори пур аз ғурбати тоҷикони мардикор дар Русия мегуфт.

Бо хоҳиши ман, Маҳмадалӣ маро ба назди Хуршеди Атовулло овард. Дар лабонаш сигор гузошта буд ва беист дуд мекард. Шояд назараш намегирифт, ки як ҷавон барои дидани ӯ ба ин ҷо омада. Шояд...

Вале мо ба ҳамдигар даст додем, пурсидем. Маҳмадалӣ гуфт, ки як ҷавон барои диданат аз Ашт омада. Хуршед хандид ва мағрурона пурсид: чӣ кор мекунӣ, мехонӣ?

“Бале, нав донишҷӯ шудам”,-посухи ман ин буд.

Аммо вақте фаҳмид, ки журналист шудан мехоҳам гуфт, ки беҳтараш ин касбро ихтиёр намекардам. Ӯ шояд намедонист, бо вуҷуди ин ки журналист шудан дар дили ман набуд, аммо ӯ ва чанд тани дигар дар дили ман тухми меҳр нисбат ба ин касбро (аксарият хато мекунанд, ки мегӯянд журналистика касб нест!) коштаанд.

Ман журналист шудан ва журналист будан мехостам. Аллакай дар ин роҳ ба сафар баромада будам.

Хуршед, аз ҷои худ бархосту китоберо ба дасти ман дод. Китобе бо номи “Марги журналист”. Китобе, ки детектив асту худи ӯ навишта.

Детективе, ки фикр мекунам, Хуршед дигар натавонистааст мисли он детектив ва қаҳрамонҳояш детективе биофарад. Ҳарчанд дар ин чанд соли ахир детективҳои зиёдеро рӯйи чоп овард, мисли Доғи як бӯса ва Хунро бо хун мешӯянд.

“Марги журналист”-ро он шабе, ки дар Душанбе будам, хондам. Хеле сода, аммо ҷолиб навишта буд. Дилам ба ҳоли Ҷамшед (қаҳрамони ин детектив) месӯхт.

Ин китоб ҳоло дар дасти кадом як духтараке дар Хуҷанд аст, ки солҳои донишҷӯйӣ аз ман гирифта, вале барнагардонида буд. Китобе, ки маро маҷбур кард, то воқеан журналист бошам. “Марги журналист”...

Комментариев нет:

Отправить комментарий